Forwarded from Маркази мусоидат оид ба ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ (ЦТС)
Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ба миёнаравҳои хусусӣ гузаронидани имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон манъ мекунад️ ❗️
Акнун танҳо муассисаҳои давлатӣ метавонанд имтиҳонҳо гузаронанд ва шаҳодатномаҳоро супоранд.
📝 Тағйиротҳо пас аз 30 рӯзи нашр эътибор пайдо мекунанд ва ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" ворид карда мешаванд. Ҳоло гузаронидани имтиҳонҳо ва додани шаҳодатномаҳо танҳо ба муассисаҳои давлатӣ аз рӯи рӯйхати аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда дода, иҷозат мешавад.
Барои муҳоҷирон имтиҳон барои тасдиқи дониши забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русия ҳатмист. Ин барои гирифтани иҷозатномаи будубоши муваққатӣ (РВП), иҷозатнома истиқоматӣ (ВНЖ), иҷозатномаи кор ё патент зарур аст.
Ҳукумат дар асоси пешниҳодҳои Вазорати Илм, Вазорати корҳои дохилӣ ва Рособрнадзор қарор хоҳад дод, ки кӣ ба рӯйхати имтиҳонкунандагон дохил карда шавад. Инчунин, Махкамаи Вазирон арзиши имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон муайян мекунад.
Пештар чунин имтиҳонҳоро ташкилотҳои хусусӣ низ гузаронида метавонистанд, аммо ҳоло ҳама чиз таҳти назорати сохторҳои давлатӣ хоҳад буд 🔒

👍67❤10🤔5👏3👌3🥰2🤡2
🧑🤝🧑ДӮСТОНИ АЗИЗ❗️
ХОҲИШ💬 АЗ САҲИФАИ ТЕЛЕГРАММ НАБАРОЕД❗️
➡️ БА ДИГАРОН👨💻ФИРИСТОНЕД, ТО ДАР ХУСУСИ МУҲОҶИРАТ ВА НАВГОНИҲОИ ВАЗОРАТ ОГОҲӢ ЁБАНД❗️
➡️ МО ХАБАРҲОИ РАСМӢ ВА ВОҚЕИРО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ❗️
➡️ МО ТАЛОШ МЕКУНЕМ ТО ШУМО САРГАРДОН НАШАВЕД❗️
➡️ СИПОС🙏 БАРОИ БО МО БУДАНАТОН👍
ХОҲИШ💬 АЗ САҲИФАИ ТЕЛЕГРАММ НАБАРОЕД
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍145❤18👎5👏4🥱3
Ба саҳифаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиктстон @mlmert обуна шавед.
👍78❤9👎9🔥3👏2🤔1
Хабарҳои бардурӯғ
Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғл (номи дуруст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунед.
Эълони мазкур асоси воқеӣ надорад. Хабарҳои расмии вазоратро дар ин ҷо https://www.facebook.com/mlmert/ ва сомонаи вазорат www.mehnat.tj пайгирӣ намоед.

👍63❤5💩5😁4👏2
ВКД Русия сар аз имрӯз шаҳрвандии шахсонеро бекор мекунад, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале савганд ёд накарданд.
Меъёрҳои дахлдор дар фармони президенти Русия оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ муқаррар карда шудаанд.

👍44💩25👎8❤7🎄2
Иштирок дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Қатар
Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2024 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади пайгирии супоришҳо аз натиҷаи сафарҳои сатҳи олии Тоҷикистону Қатар ба шаҳри Дохаи Давлати Қатар сафари хизматӣ анҷом дод. Тибқи барномаи сафар 25 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баргузор гардида, дар идома ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 баргузор гардид.

👍86❤7🔥7👎6🤔3
Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз кишвар гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1 декабри соли 2024 то 30 июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии в. Москва (Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский), инчунин тавассути убури марз аз нуқтаи гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд бигиранд.
Дар марҳилаи дуюм, аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад.
Инчунин профилро мустақилона дар барномаи “RuID” ташкил додан имкон дорад. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд хоҳад буд ва имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад (масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират).
Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Госуслуги” ворид карда мешавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм, яъне аз 30.06.2025 то 30.06.2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан) -ро пешниҳод намоянд.
Бояд қайд кард, ки ин навоварӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти соҳаи муҳоҷират равона гардидааст.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

👍63❤7😱5😭1👀1
Ба маълумоти шаҳрвандон расониданием!
Ёдовар мешавем, ки Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли 2024 ба кор шурӯъ кард. Он дар бинои Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, ҷойгир буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Россияро доранд, аз ҷумла санҷиши воридшавӣ, гирифтани изи даст, муҳоҷирати қонунӣ, бехатар ва муназзам дар ҳудуди Федератсияи Россия ба фаъолият оғоз намудан, муосидат менамояд.
Ин имконият медиҳад, ки Шумо дар Фурудгоҳҳои қаламрави Россия мунтазири омодашавӣ ва назорати ҳуҷҷатҳоятон нашуда дар муҳлати кутоҳтарин, бемамоният аз санҷишҳои мақомотҳои салоҳиятдор бе мамоният гузаред.
Ҳамзамон, бо дарназардошти дархосту пешниҳодҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо аз ҷониби Намояндагӣ кам карда шуд, яъне аз 1 декабри соли 2024 – арзиши хизматрасонӣ ба 153 сомонӣ оварда расонида шуд. Пеш аз ин, хизматрасонӣ - 460 сомониро ташкил медод. Инчунин, агар шаҳрванд хоҳиши гирифтани изи даст дошта бошад, он вақт ӯ метавонад онро бо нархи арзон 60 сомони дастрас намояд. Бояд қайд кард, ки гирифтани изи даст да ФР 3000 рублро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, хоҳиш карда мешавад, ки шаҳрвандоне, ки ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади фаъолияти корӣ сафар менамоянд, аз хизматрасониҳои Намояндагӣ истифода намоянд.
#Тоҷикистон #Россия #муҳоҷират #мигранты #кор #сафар #айрапорт #отпечатокпальца

👍44👎5❤1
Ба ватсап гурӯҳи #Хати оҷилӣ ворид шуда, дар хусусӣ муҳоҷират ва дигар масъалаҳои вобаста ба он маълумот гиред. https://chat.whatsapp.com/HxWXiMeXuo9LbeCXkSsxIz
WhatsApp.com
WhatsApp Group Invite
👍17
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Хати оҷилӣ дар самти муҳоҷират хидматгузори Шумо! Бо мо саволи Шумо бе ҷавоб нахоҳад монд.
👍43👎9🤡3
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶОПОН🇯🇵 ДАР 🇹🇯ДУШАНБЕ
9 декабри соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо Сафири Ҷопон дар Душанбе Тошиҳиро Аики мулоқоти арзи адаб (хайрбодӣ) намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.
Гулнора Ҳасанзода миннатдории худро ба Сафир барои мусоидат ва саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми “Мутахассиси соҳибмалакаи махсус” аз 8 августи соли 2024 баён дошта, ҳавасмандии худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санади мазкур бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар ва ҳарчӣ зудтар сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷопон изҳор кард.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.
Ба @mlmert обуна шавед!

👍70❤17
Мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати 🇶🇦Қатар
10 декабри соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир, МД “Агентии бокортаъминкунӣ ба хориҷа”, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва суъбектҳои хоҷагидор дар шакли маҷозӣ мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ, пеш аз ҳама бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар мебошад.
Бояд қайд кард, ки намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар даъват карданд, ки тамоми шароитро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ - мутахассисон фароҳам меоранд. Тибқи қонунҳои давлати Қатар ҳуқуқи коргаррон ҳамаҷониба ҳимоят карда мешавад ва дар назди кордеҳ ё корфармо масъулияти бештаре гузошта шудааст.
Дар рафти мулоқот зиёда аз 20 субъектҳои хоҷагидор, ки иҷозаи интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар доранд, розигии худро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлати Қатар доданд.
Ҳамзамон, мутобиқи Созишномаи Тоҷикистону Қатар теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар сафарбар мегарданд.

👍68🔥5