Вазорати меҳнат
11.6K subscribers
292 photos
49 videos
5 files
53 links
Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Download Telegram
Ифтитоҳи “Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ” дар шаҳри Бохтар

Дар Марказ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, дар ин ҷо ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шаванд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Бохтар #Bokhtar

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍367🔥4😁2
Дар ин марказ Шумо метавонед касбҳое, ки мутобиқ ба талаботи замон аст ройгон аз худ намоед. Марҳамат муроҷиат намоед мо дар хидмати Шумо!
👍907👏6🔥5😁4🥴2
Вазорати меҳнат pinned «Ин боти сохтаи мо барои осонии кори Шумост. Бо истифода аз ин бот Шумо метавонед номи худро аз рйхати дар боло буда бо дарҷи сана моҳ ва соли таваллуд ёбед. @mehnat_tj_bot бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.»
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Ҳамватанони азиз! Агар Шумо дар бораи 📖қонунӣ будани будубоши 🧍худ нигарон бошед ё мехоҳед 🛃тафтиш кунед, ки оё шумо 🚫вуруд ба қаламрави 🇷🇺Федератсияи Русияро манъ кардаед, пас Шумо метавонед ин корро👨‍⚕️худатон 💲ройгон анҷом диҳед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍87👎1410👏6🤡3😁1
#БЕХАБАР НАМОНЕД❗️
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍5
Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ба миёнаравҳои хусусӣ гузаронидани имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон манъ мекунад️ ❗️
Акнун танҳо муассисаҳои давлатӣ метавонанд имтиҳонҳо гузаронанд ва шаҳодатномаҳоро супоранд.

📝 Тағйиротҳо пас аз 30 рӯзи нашр эътибор пайдо мекунанд ва ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" ворид карда мешаванд. Ҳоло гузаронидани имтиҳонҳо ва додани шаҳодатномаҳо танҳо ба муассисаҳои давлатӣ аз рӯи рӯйхати аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда дода, иҷозат мешавад.

Барои муҳоҷирон имтиҳон барои тасдиқи дониши забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русия ҳатмист. Ин барои гирифтани иҷозатномаи будубоши муваққатӣ (РВП), иҷозатнома истиқоматӣ (ВНЖ), иҷозатномаи кор ё патент зарур аст.

Ҳукумат дар асоси пешниҳодҳои Вазорати Илм, Вазорати корҳои дохилӣ ва Рособрнадзор қарор хоҳад дод, ки кӣ ба рӯйхати имтиҳонкунандагон дохил карда шавад. Инчунин, Махкамаи Вазирон арзиши имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон муайян мекунад.

Пештар чунин имтиҳонҳоро ташкилотҳои хусусӣ низ гузаронида метавонистанд, аммо ҳоло ҳама чиз таҳти назорати сохторҳои давлатӣ хоҳад буд 🔒
👍6710🤔5👏3👌3🥰2🤡2
🧑‍🤝‍🧑ДӮСТОНИ АЗИЗ❗️
ХОҲИШ💬 АЗ САҲИФАИ ТЕЛЕГРАММ НАБАРОЕД❗️
➡️БА ДИГАРОН👨‍💻ФИРИСТОНЕД, ТО ДАР ХУСУСИ МУҲОҶИРАТ ВА НАВГОНИҲОИ ВАЗОРАТ ОГОҲӢ ЁБАНД❗️
➡️МО ХАБАРҲОИ РАСМӢ ВА ВОҚЕИРО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ❗️
➡️МО ТАЛОШ МЕКУНЕМ ТО ШУМО САРГАРДОН НАШАВЕД❗️
➡️СИПОС🙏БАРОИ БО МО БУДАНАТОН👍
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍14518👎5👏4🥱3
Ба саҳифаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиктстон @mlmert обуна шавед.
👍789👎9🔥3👏2🤔1
👍28658👏14🤮10🤝10👎6😁3🖕3🥱2
Хабарҳои бардурӯғ

Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғл (номи дуруст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунед.

Эълони мазкур асоси воқеӣ надорад. Хабарҳои расмии вазоратро дар ин ҷо https://www.facebook.com/mlmert/ ва сомонаи вазорат www.mehnat.tj пайгирӣ намоед.
👍635💩5😁4👏2
ВКД Русия сар аз имрӯз шаҳрвандии шахсонеро бекор мекунад, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале савганд ёд накарданд.

Меъёрҳои дахлдор дар фармони президенти Русия оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ муқаррар карда шудаанд.
👍44💩25👎87🎄2
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
119👍88🔥8🥰3😍3
Иштирок дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Қатар
Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2024 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади пайгирии супоришҳо аз натиҷаи сафарҳои сатҳи олии Тоҷикистону Қатар  ба шаҳри Дохаи Давлати Қатар сафари хизматӣ анҷом дод.  Тибқи барномаи сафар 25 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа  бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баргузор гардида, дар идома ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 баргузор гардид. 
👍867🔥7👎6🤔3
Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз кишвар гузаронида мешавад.

Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1 декабри соли 2024 то 30 июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии в. Москва (Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский), инчунин тавассути убури марз аз нуқтаи гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд бигиранд.

Дар марҳилаи дуюм, аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад.

Инчунин профилро мустақилона дар барномаи “RuID” ташкил додан имкон дорад. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд хоҳад буд ва имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад (масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират).

Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Госуслуги” ворид карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм, яъне аз 30.06.2025 то 30.06.2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан) -ро пешниҳод намоянд.

Бояд қайд кард, ки ин навоварӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти соҳаи муҳоҷират равона гардидааст.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;

5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
👍637😱5😭1👀1