Вазорати меҳнат
11.6K subscribers
292 photos
49 videos
5 files
53 links
Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Download Telegram
ХАБАРИ ФАВРӢ!
Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия(ФР) низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд бо таври автоматӣ ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда(депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ(депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Агар шумо дорои душаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.
Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.
Рӯйхати шаҳрвандон аз ВМКБ: https://shrtlinks.online/1091d5
Рӯйхати шаҳрвандон аз ш.Душанбе: https://shrtlinks.online/b4ced8
Рӯйхати шаҳрвандон аз в.Хатлон: https://shrtlinks.online/31cd45
Рӯйхати шаҳрвандон аз в.Суғд: https://shrtlinks.online/cda956
Рӯйхати шаҳрвандон аз ШНТҶ: https://shrtlinks.online/68de60
Телефон барои маълумот:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,
Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.
Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 938762626; 939220684.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия:
Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)
1. Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 prmstj@mail.ru
2, Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 prmstj@mail.ru
3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 prmstj@mail.ru
4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 .prmstj@mail.ru
5. Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 prmstj@mail.ru
6. Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 prmstj@mail.ru
7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 prmstj@mail.ru
Минтақаи Урал
Минтақаи Сибир
Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 bahrom.yusufaliev1972@mail.ru
Минтақаи Приволжск
Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 zafarmuhojirat@mail.ru
Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)
Джонмахмадов Фурузон Фархудинович
+7 (977) 963-25-69 jonmahmadovfuruzon@gmail.com
Минтақаи Ҷануб (Краснодар)
Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 hursedm129@gmail.com
https://mehnat.tj/.../88f15f61-186e-43f0-a051-83f341ca10d5
👍12217👎8🥰5🤡5🔥4😁2👏1😍1💯1
БОТи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
@mehnat_tj_bot
бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.
👍20👾11🤔53💯2🥰1
Созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати ООО “ТС-Сервис”-и шаҳри Ижевски Федератсияи Россия

Созишномаи ҳамкориро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ва директори генералии ширкати ООО “ТС Сервис” –и шаҳри Ижевск Новокрещенов С.В ба имзо расониданд.
Бояд иброз намуд, ки аз ҷониби ширкати мазкур барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои холии корӣ, аз қабили ронандаи автобус, троллейбус, трамвай, кондуктор, автослесарь, слесарь электрик, упаковщик, разнарабочий, дорожный рабочий, оператор ЧПУ, токарь, фрезеровщик, сварщик, сезонный рабочий ва строитель пешниҳод гардиданд. Музди меҳнат вобаста ба тахассус ҷудо карда мешавад, аз 50 то 150 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки чиптаи рафту омад, ҷойи истиқомат, бақайдгирӣ, Патент, пардохти моҳона, либоси махсус, рафтан ба ҷойи кор ва бозгашт бо нақлиёти ширкат, се вақт бо хӯрока аз ҳисоби ширкат пурра таъмин мегарданд.
👍64😁4🔥21
Forwarded from Вазорати меҳнат (Mirqurbon Naimov)
БОТи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
@mehnat_tj_bot
бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.
👍14👎532💩2
До сведения граждан Республики Таджикистан доводится, что в федеральный закон о пребывании иностранных граждан в Российской Федерации внесены изменения и дополнения, вступающие в законную силу с 5 февраля 2025 года.
Министерство внутренних дел Российской Федерации ввело специальный режим депортации, в «списке контролируемых лиц» зарегистрировано более 120 тысяч наших граждан, как нарушивших закон.
Для определения вашего правового статуса пользуйтесь официальными сайтами Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан mehnat.tj, migration.tj https://t.me/mlmert и Министерства внутренних дел Республики Таджикистан vkd.tj.
Телефоны для справок:  250-32-40; 250-32-09; 250-32-42, 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77; 227-86-31; 221-98-12; 93-922-0684; 93-876-26-26.
👍50👎54🤯4🤪2
Ин боти сохтаи мо барои осонии кори Шумост. Бо истифода аз ин бот Шумо метавонед номи худро аз рйхати дар боло буда бо дарҷи сана моҳ ва соли таваллуд ёбед. @mehnat_tj_bot
бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.
👍51👎5😁2
Соҳиби касб шудан мехоҳед, инак имконияти хубест барои омӯзиши Шумо Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон.
👍23🖕4👎32
Ин боти сохтаи мо барои осонии кори Шумост. Бо истифода аз ин бот Шумо метавонед номи худро аз рйхати дар боло буда бо дарҷи сана моҳ ва соли таваллуд ёбед. @mehnat_tj_bot
бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.
👍316👎4😁1
Дар омӯзиши касб саргардонед ва намедонед ба куҷо муроҷат кунед? Мо барои омӯзиши касб Маркази таълимии калонсолони Тоҷистонро тавсия медиҳем.Пас биёд ва касбу ҳунар омӯзед!
👍29👎106🔥4