Вазорати меҳнат
11.6K subscribers
292 photos
49 videos
5 files
53 links
Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Download Telegram
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
👍7
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Санаи 4 октябри соли 2024 бо роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рузи забони давлатӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа Ҳайати меҳмонон вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳарбону ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро хайрамақдам намуданд ва ҳозиринро ва бо ин санаи мубораки сиёсӣ муборакбод намуда, ба ҳамагон неруву мувафаққиятҳои беназир таманно намуданд.

Ҳамзамон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз талошу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат ва ғамхориҳои пайвастаашон дар рушду нумуъи забони давлатӣ ёдовар шуданд ва маҳз кайд намудан, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли комили миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
👍11