KOMANDATJ
888 subscribers
2.43K photos
788 videos
104 links
Барои дустдорони футболи меҳан ва хориҷ. Инҷо обуна шавед ва аз бурду бохти футболи меҳан ва ҷаҳон бохабар шавед.

Канал оиди футболи тоҷик - @futbolvarzish

Admin - @komandatj_admin
Download Telegram
Футзал: «Истиқлол» ва "Соро компария" финали Суперлига роҳхат гирифтанд
Дастаи футзали «Истиқлол» ба бозии ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар вохурии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоӣ дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 7:6 бар дастаи «Истаравшан» пирӯз гардид. Бо ҳамин тартиб шогирдони Ҳусейн Шодиев дар ду бозӣ бар рақиб дастболо гашта (11:2, 7:6) ба финали Суперлига баромаданд.

Дар бозии нихоӣ тими «Истиқлол» бо қахрамони феълии Тоҷикистон дастаи «Соро компания» неру месанҷад.

Қайд менамоем, ки марҳилаи финалии Суперлигаи Тоҷикистон аз се ғалаба иборат мебошад.
Капитани дастаи Бунёдкор ва мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Эргашев аз руи ду фарзияи нашрияҳои Узбекистон, шомили ҳайати рамзии даври 23-юми Суперлигаи Узбекистон гардид.
Мунтахаби Россия чи футзал ва чи футбол, моҳи ноябр ҳарду ба Тоҷикистон меоянд.

7-8 ноябр. Бозии дустонаи мунтахабҳои футзали Тоҷикистон ва Россия дар шаҳри Душанбе.

17 ноябр. Бозии дустона байни мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Россия дар Душанбе.
Чи тавре, ки расонаҳои хабарии Россия менависанд, мунтахаби Россия 17 ноябр дар Душанбе бо мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ин баъд аз гузашти 18 моҳ аввалин дидори хонагӣ барои мунтахаби Тоҷикистон хохад буд ва аввалин бозии ин мунтахабҳо аст.

Инчунин 20 ноябр Россия ният дорад, ки дар Тошкент бо мунтахаби Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом диҳад.

Чи фикр доред мо метавонем зидди Россия мубориза нишон диҳем? 👇
Бо даъвати Федератсияи футболи Эрон ҳайати доварон аз Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Эрон ва Никарагуаро, ки 10 ноябр дар Теҳрон баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.

Довари марказии бозии дастаҳои Эрон ва Никарагуа довари ФИФА Гулмуроди Саъдуллои 31-сола хоҳад буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриеви 36-сола ва Фарҳод Куралови 29-сола кӯмак мекунанд. @fft_official @komandatj
То анҷоми мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ ҳамагӣ 4 даври дигар мондааст ва яке аз дастаҳои таърихии кишвар Хуҷанд, ки 5 соли охир мақоми 2-юмро соҳиб шуда буд, дар ин мавсим ҳоло дар мақоми 4-ум аст.

Роҳбарияти клуб дар назди даста мақсад гузоштаанд, ки мақоми 2-юм соҳиб шаванд ва роҳхат ба Ҷоми АФК-ро соҳиб шаванд.

Аз ӯҳдааш мебаромада бошанд? 👇
ИМРӮЗ ФИНАЛИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» - «КУКТОШ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Бохтар имрӯз, 29 октябр дар доираи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Куктош» бо ҳам вомехӯранд. Бозӣ соати 14:00 оғоз мешавад.

🏆 Ҷоми Тоҷикистон-2022
⚽️ Финал
📆 29 октябр (шанбе)
Оғоз - соати 14:00
🔴 «Истиқлол» - 🟡 «Куктош»
🏟 Бохтар, Варзишгоҳи "Пахтакор"
Давид Де Хеа ба Қатар намеравад 🙄. У шомили тими мунтахаби Испания нашуд

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 Сарварҷон Хамидов ( 13-0 ) аз расмиёти вазнбардорӣ гузашт ва бо 🇧🇷 Хосе Том ( 40-9-3 ) мулоқот кард
Имрӯз, муборизи мо бори аввал дар Лигаи Bellator, дар чорабинии # BELLATOR287 дар Милан баромад хоҳад кард.

Мусобиқа соати 21:30 оғоз мешавад ( TJK )
🏟 « Allianz Cloud Arena »
📺 Live дар канали YouTube Bellator

Мо муборизи худро дастгирӣ мекунем! Ба пеш!!!

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
«Истиқлол» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022.

Дар бозии финалӣ вақти асосӣ ва изофӣ мусовӣ 2:2 ба анҷом расид. Дар силсилазарбаҳои 11-метра бошад дақиқтар бозигарори “Истиқлол” буданд.

#TFL #PariMatch #TajikistanFootballLeague #TajikistanCup
Брайтон бо ҳисоби бузург бар Челси пирӯз гашт

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
Бавария ҳарифи худро голборон намуд ва муваффақат ба мақоми аввали Бундеслига баромад

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ҒАЛАБАААА!!!!

🇹🇯 Сарвар Хамидов ( 14-0 ) бар ҳарифи худ 🇧🇷 Хосе Мария Том ( 40-10-3 ) ғолиб омад. У дар раунди аввал ҳарифро нокаут намуд ва аввалин бозиашро дар Bellator бо ғалаба оғоз намуд

Табрик мекунем!

@komandatj - футбол якҷоя бо мо
Diario SPORT: Рубен Невес метавонад моҳи январ ба Барселона гузарад.

Каталониҳо ба ҷои Бускетс ҷустуҷӯ доранд ва Невешро дар қатори дигар номзадҳо баррасӣ мекунанд.

Агенти ин футболбози 25-солаи португалӣ Хорхе Мендеш, ки дар Вулверхэмптон нуфузи зиёд дорад, аллакай ба Барса якчанд вариантҳоро барои имзои бозигар пешниҳод кардааст.

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
💬 Инйеста: Ман барои Лео Месси хеле шод хоҳам буд, агар ӯ дар Ҷоми Ҷаҳон ғолиб ояд.

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
🏆 «Фламенго» Ғолиби Ҷоми Либертадорес 2022! 👏

Ин ҷоми сеюми онҳо дар таърих аст.

🇧🇷 Фламенго 1: 0 Атлетико Паранаенс 🇧🇷

Гол: 🔴 1: 0 - 45 + 4 ’ Габигол.

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Барселона бо як голи задаи Роберт Левандовски дар дақиқаи 90+3 дар сафар бар Валенсия пирӯз омад.

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ПСЖ дар майдони худ бо азобе Труа-ро бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуд ва Месси дар ин дидор аз дурии тақрибан 30 метр бо зарбаи сахт гол ба самар расонид

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
Ливерпул дар АПЛ боз дучори бохт гардид.

Ин дафъа дар майдони худ аз Лидс, ки дар ҷадвал мақоми охирин буд 🤦‍♂️

@komandatj | Фақат варзиш 🥋
Пештар Ювентус ба ҳама дастаҳои Серия А таълим медод, вале ҳоло бошад, дигар дастаҳо ба ӯ таълим дода истодаанд

@komandatj | Фақат варзиш 🥋