Аз силсилаи дубайтиҳо бо номи "РАНГИНКАМОН"
Ало модар, ба номат тавба дорам,
Ба сеҳри ҳар каломат тавба дорам.
Ба як меҳрат наарзад меҳри сад кас,
Ба меҳри нотамомат тавба дорам.
* * *
Ало модар, дуо кун, марди роҳам,
Дуои ту давои дарду оҳам.
Сарои зиндагӣ пурмоҷароест,
Дуо кун, модаро, дар нимароҳам.
* * *
Ало модар, макун парвои манро,
Макун андешаи фардои манро.
Маро дирӯз худ оварда будӣ,
Бубин имрӯз худ дунёи манро.
* * *
Ало модар, маро овардаӣ ту,
Ба он шири сафед парвардаӣ ту.
Ба гӯшам "Алла" гуфтӣ шоирона,
Маро чун хеш шоир кардаӣ ту...
Ин дубайтиҳо сурудаҳои ҳофизаи хушадо Манижа ДАВЛАТОВА аст.
Абдураззоқи РАЗЗОҚ

ҒАЗАЛИ ШАМСИДДИН ШОҲИНИ ХАТЛОНӢ
Имшаб чӣ шаб аст ин, ки дар оғӯши ман астӣ!
Дар сина чу дил, балки чу ҷон дар бадан астӣ.
Шабнамсифат аз рӯи ту фирдавс ниҳон аст,
Эй тозагул, охир зи кадомин чаман астӣ?
Умр он ҳама норафта, ки реше бадар орам,
Кан решаи ҷони ман, агар решакан астӣ.
Ту шамъиву парвонасифат гирди ту гардам,
Чандон, ки ба ҷону дили ман шуълазан астӣ.
Ин Кавсари нақд аст, мапиндор даҳонаш,
В-ин чашмаи Замзам, на ки чоҳи зақан астӣ.
Беҳуда қадам во магузор аз дили Шоҳин,
Азми сафарат чист, ки хуш дар ватан астӣ?

Хуршеди оламафрӯз бидҳад саломи Наврӯз.
Бин, боди бомдодӣ орад паёми Наврӯз.
Сӯи чаман нагаҳ кун мурғони хушсадоро,
Аз лаҳни андалебон ояд каломи Наврӯз.
Аз накҳати баҳорон олам муаттар ин дам,
Гулбез бар машомам ҳар субҳу шоми Наврӯз.
Деҳ мужда, эй бародар, шуд рӯзу шаб баробар,
Баҳман бирафт аз мо, омад қиёми Наврӯз.
Хони идона ҳар ҷо густурда пиру барно,
Бар лаб суруди шодӣ, дар даст ҷоми Наврӯз.
Илҳоми навбаҳорӣ, Раззоқ, ояд аз нав,
Табрик кун ҷаҳонро ин дам зи номи Наврӯз.
(аз китоби "Замзамаи диёру ишқ")

НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!
Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!
Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,
Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!
Бар боғу чаман бингар, себаргаву гул бар сар,
Ваҳ боғ чу гул безад, Наврӯз муборак бод!
Боди саҳар аз гулшан, гӯё ба машоми ман,
Сад бӯи хуш омезад, Наврӯз муборак бод!
Бар нола бишуд булбул, бишкуфту бихандид гул,
Гул хандаду бистезад, Наврӯз муборак бод!
Бингар нигорамро, бонуи баҳорамро,
Бар гӯш гул овезад, Наврӯз муборак бод!
Ин фасли арӯси сол орад ӣари мо иқбол,
Шодӣ ба дил ангезад, Наврӯз муборак бод!
Раззоқ, расид Наврӯз, имрӯз шуда нав рӯз,
Ҳар сӯй нидо хезад, Наврӯз муборак бод!

Руъё УсмонӣХӯшае аз ҳар гӯшае* خوشه ای از هر گوشه ای
Ман дигар он дилбари раҳинтизорат нестам,
Ман дигар лабташнаи сози дуторат нестам.
Ман дигар бо ту наям ҳатто даруни хобҳо,
Ман дигар шайдои он чашми хуморат нестам
Ман дигар он дилбари раҳинтизорат нестам,
Ман дигар лабташнаи сози дуторат нестам.
Ман дигар бо ту наям ҳатто даруни хобҳо,
Ман дигар шайдои он чашми хуморат нестам
Тифл мондам аз ту, модар, рўи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрўи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кўю дар,
Чунки то имрўз, модар, кўи ту дар ёд нест.
Рафтам, аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷў,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугў,
Гўш кардам, рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рў ба рў.
Рўд мегуфтам, ки ў оби маро нўшида буд,
Кўҳ мегуфтам, ки дар оғўши ман кўшида буд,
Ғўза мегуфтам, ки карбоси маро пўшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дўшида буд.
Чашма мегуфтам, ки омад кўза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд.
Модари бечораи ту мухтасар сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.
Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
Модарат,-мегуфт ў,-дар кунҷи лаб як хол дошт,
Кулчарў, занҷирмў, дар қадду қомат чун ниҳол,
Гар саволе ояд аз мулло забони лол дошт.
Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
Шеър гўям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гўям, бар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхўрда гар зане рўзе дучор ояд ба ман,
Гўямаш, ки бош, то ҳастем, ба ҷои модарам!
ДИЛИ МОДАР
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ, манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба умеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
Намурдам, гарчӣ бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман.
Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тўи арўсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам.
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сўхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бе падар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
Мирзо Турсунзода

Қориисмат образи кадомин қиссаи С.Айнӣ мебошад?
Anonymous Quiz
4%
”Ятим”
9%
”Одина”
87%
”Марги судхур”
0%
Мактаби кӯҳна”
Бачагии устод С.Айнӣ дар кадоме аз ин деҳаҳо гузаштааст?
Anonymous Quiz
89%
Соктаре
4%
Афшана
3%
Боғи майдОН
4%
Регистон
УСТОД БОЗОР СОБИР
БӮСА БА ДУНЁ ЗАДАМ
Зулфата боло задам,
Сила ба шабҳо задам,
Ҳарду лабат гул намуд,
Бӯса ба гулҳо задам,
Бӯса ба гулҳо задам.
Навбати чашмат расид,
Дар лаби ман нам расид,
Чашми ту дарё намуд,
Бӯса ба дарё задам,
Бӯса ба дарё задам.
Навбати мӯят расид,
Моҳ ба кӯят расид,
Мӯи ту тилло намуд,
Бӯса ба тилло задам,
Бӯса ба тилло задам.
Бозуву боло намонд,
Дар бари рӯ ҷо намонд,
Дар қадамат хам шудам,
Бӯса ба дунё задам,
Бӯса ба дунё задам.
БӮСА БА ДУНЁ ЗАДАМ
Зулфата боло задам,
Сила ба шабҳо задам,
Ҳарду лабат гул намуд,
Бӯса ба гулҳо задам,
Бӯса ба гулҳо задам.
Навбати чашмат расид,
Дар лаби ман нам расид,
Чашми ту дарё намуд,
Бӯса ба дарё задам,
Бӯса ба дарё задам.
Навбати мӯят расид,
Моҳ ба кӯят расид,
Мӯи ту тилло намуд,
Бӯса ба тилло задам,
Бӯса ба тилло задам.
Бозуву боло намонд,
Дар бари рӯ ҷо намонд,
Дар қадамат хам шудам,
Бӯса ба дунё задам,
Бӯса ба дунё задам.
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯйи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар...
Лоиқ Шералӣ.

Ба он рухсори хуршедӣ,
Ба он пироҳани чити кабуду сабз,
Ба он рӯймоли испеде ба даври сар,
Ба он чашмони доим дар фироқи бачаҷонат тар,
Бимирам ман, аё модар!
Кунам хоки раҳат бар сар!
Дилам садпора мегардад,
Ки чандест ман намебинам гули хушрӯйи лабхандат,
Намебинам дигар доира бар дастат,
Намехони дигар байте
ба он лаҳни шакаролудаву қандат,
Намехобӣ, хамӯшу бесадо
То субҳ менолӣ,
Ба ёди он ҷигарбандат...
Фақат розат Худо медонад, эй модар!
Чӣ сон месӯзию бар кас намегӯӣ,
Чӣ қадр аз дардҳо серӣ,
Чӣ душвор зиндагӣ кардӣ,
Вале даст бар дуо бикшода мегӯӣ:
Худоё шукр!
Худо хорам макун дар айни пирӣ...
Манам дасти дуо бикшода мегӯям:
Илоҳо шод бошӣ, модари пирам,
Дигар ашкат наборад рӯйи рухсорат,
Дигар пур ғам набинам қалби беморат,
Ва ояд бачаат соқу саломат, аз ғарибиҳо,
Шавад саршори шодӣ, рӯзу рӯзгорат,
Худо ёрат, аё модар, Худо ёрат!!!
Рӯъё🌼

Ало ишқи навини ман, куҷоӣ?
Нигори нозанини ман, куҷоӣ?
Манам ангуштару кобам нигине,
Ту бошӣ он нигини ман, куҷоӣ?
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
Нигори нозанини ман, куҷоӣ?
Манам ангуштару кобам нигине,
Ту бошӣ он нигини ман, куҷоӣ?
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
Forwarded from Х Ҳамидов
Олим ПАНҶИЗОДА
Татаббӯъ бар ғазали Озар Салим
«Модар фаришта буд»
Нуре, ки дошт модарам, шамсу қамар надошт,
Меҳре, ки дошт дар дилаш, худ як нафар надошт.
Сӯзе, ки дошт синааш, дар оламе набуд,
Аз дуди оҳи модарам кайҳон хабар надошт.
Дарду ғами ҷаҳон ба дӯши ӯ нишаста буд,
Ранҷу азоби ӯ яке муштипар надошт.
Ногашта пир, қоматаш хам гашту тан заиф,
Боре, ки дошт бар сараш, гетӣ ба сар надошт.
Дар ҷисму ҷони хеш беморӣ бупарварид,
Бар дард ӯ вафо намуд, дармон асар надошт.
Чун “Қаҳрамонмодар” ар номаш навишта шуд,
Тоқат ба марги бемаҳали он падар надошт.
Шебу фарози зиндагӣ тай кард ӯ ба сабр,
Сабре, ки дошт модарам, кӯҳу камар надошт.
Аз баҳри ҳар нафас нишоти рӯзгори мо,
Ҳатто даме ҳузури ҳар шому саҳар надошт.
Ӯро чу як фаришта мегуфт аҳли деҳи мо,
Мекард хидмати ҳама, бар кас зарар надошт.
Оре, фаришта буд, ки модар биҳишт рафт,
Ҳамчун фаришта гарчи ӯ як болу пар надошт.

ШОҲКОР (шоири номаълум)
РӮЗИ МАРГ
Рӯзи маргам ҳамаро маст кунед аз маи ноб,
Бода нӯшед фаровон ҳамагӣ масту хароб.
Баҳри омурзиши ман майкада хайрот кунед,
Баҳри оромиши ман ғусл диҳедам ба шароб.
Ҷумла симинбаданон рақскунон ноз кунанд,
Ҳайфи зебоияшон аст лачак боз кунанд.
Ҳама амволи маро майкадае боз кунанд,
Он қадар маст намоянд, ки парвоз кунанд.
Боварам нест ба ракъат, ки саросар адад аст,
Сари худрову Худо ҷинси кулоҳ аз намад аст.
Порсӣ назди Худованд намозам хонед,
Ки Худованди ҷаҳон ҷумла забонҳо балад аст...
روز مرگم همه را مست کنید از می ناب
باده نوشید فراوان همگی مست و خراب
بهر آمرزش من ، میکده خیرات کنید
بهر آرامش من غسل دهیدم به شراب
جمله سیمین بدنان رقص کنان ناز کنند
حیف زیباییشان است لچک باز کنند
همه اموال مرا میکدهای باز کنند
آنقدر مست نمایند که پرواز کنند
باورم نیست به رکعت که سراسر عدد است
سر ِ خود را و خدا ،جنس ِکلاه از نمد است
پارسی نزد خداوند نمازم خوانید
که خداوندِ جهان، جمله زبانها بلد است...

Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо,
Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо.
Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада
Бар сарнавишти бад гардан ниҳодаҳо.
Дар чеҳри одамон нақши ғами замон –
Ин аст баҳраи Беҳзодзодаҳо.
Аз дасти ғосибу дуздони хонагӣ
Дору надори худ аз даст додаҳо.
Дар назди бонкҳо бо қаҳру бонгҳо
Дар интизори пул сархам ситодаҳо.
Холӣ мағозаҳо мисли кафи гадо
Шарманда раҳгузар дар кӯю ҷодаҳо.
Дар ёди хушкнон гардида хушкҷон
Дар кӯча мехазад анбӯҳи ходаҳо.
Дасти кушода ку? Дарюзае маҷӯ
Ҳам рехт абруи абрӯкушодаҳо.
Ҳарчанд гардане андар қилода нест,
Эҳсос мешавад дарди қилодаҳо.
Тақдири халқро тақрир мекунанд
Андар идораҳо пур беиродаҳо.
Дар пойтахти мо ҷуз рӯзи сахти мо
Дигар чӣ диданист, эй лавҳсодаҳо?!
💫Садриддин Наҷмиддинов (музикант)
Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо.
Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада
Бар сарнавишти бад гардан ниҳодаҳо.
Дар чеҳри одамон нақши ғами замон –
Ин аст баҳраи Беҳзодзодаҳо.
Аз дасти ғосибу дуздони хонагӣ
Дору надори худ аз даст додаҳо.
Дар назди бонкҳо бо қаҳру бонгҳо
Дар интизори пул сархам ситодаҳо.
Холӣ мағозаҳо мисли кафи гадо
Шарманда раҳгузар дар кӯю ҷодаҳо.
Дар ёди хушкнон гардида хушкҷон
Дар кӯча мехазад анбӯҳи ходаҳо.
Дасти кушода ку? Дарюзае маҷӯ
Ҳам рехт абруи абрӯкушодаҳо.
Ҳарчанд гардане андар қилода нест,
Эҳсос мешавад дарди қилодаҳо.
Тақдири халқро тақрир мекунанд
Андар идораҳо пур беиродаҳо.
Дар пойтахти мо ҷуз рӯзи сахти мо
Дигар чӣ диданист, эй лавҳсодаҳо?!
💫Садриддин Наҷмиддинов (музикант)
Ҳар гаҳе, ки кокулат дар оби дарё тар шавад,
Об гардад қалби дарё боз дарётар шавад.
Мезанад борон ба рӯят, рӯи зебо тар шавад,
Рӯи зеборо бишӯяд, боз зеботар шавад.
Ишқи ту кимёгари бахти ману толеъи ман,
Зар бигардад бе ту хоку, хок бо ту зар шавад.
Дур аз оғӯши ту дар дарду ғам оғӯштаам,
Завқ кӯру, бахт гунгу, гӯши толеъ кар шавад.
Нӯшдору дар танам заҳраст бе лабҳои нӯш,
Неш гардад нӯшҳову, бусаҳо ништар шавад.
Қалби ман ойинаву ойини ӯ покӣ бувад,
Қалби чун ойина ҳам мӯҳтоҷи хокистар шавад.

Деҳ муждаи наврӯзӣ, имрӯз Ҳамал омад.
Пайғом ба гӯши ман аз Шоҳи Азал омад.
Ҷамшед ба мо гӯяд суғдона биёр оташ,
Хуршеди ҷаҳоноро аз бурҷи Ҳамал омад.
Эй банда, расидӣ боз бар соли нави дигар,
Аз хоби зимистон хез, айёми амал омад.
Аз лаъли лаби ёрон хомӯш чӣ мебӯсӣ?
Занбӯр ба шаҳди гул бо ҷангу мағал омад.
Дар оғӯши гул бингар, булбул ба наво омад,
Дар оғӯши гулгаште ёре ба бағал омад.
Мурғони чаманро бин, машғули сурудхонӣ,
Раззоқ, чӣ хомӯшӣ, айёми ғазал омад!

Forwarded from СУFДИЁН (Саидали Авазов ММИБДӮ 38 мактаб)
Дилогоҳон, дилогоҳон, дилам танг аст, медонед?
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?
Нафасгирй чй душвор аст ҳангоми нафасгирй!
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоханг аст, медонед?
Гурўхе дар найистони замона ранг мерезанд,
Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?
Бисўзад решаи он оштй, к-аз ҷанг бархезад!
Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштиҷанг аст, медонед?
Ба чашми танги Чингизй само хунрез метобад,
Ба пои ланги Темурй замин ланг аст, медонед?
Чй ҷои осмони тираи таърихи инсонй!
Замин як пора гўристони фарҳанг аст, медонед?
Садо ояд ба гўшам, Озарахш, аз Зуҳраи чангй,
Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?.
Шеъри: Озарахш.
@sugdion

Мавлуд.pdf
222.3 KB
Мавлуди Набӣ бо забони тоҷикӣ дар шакли китоб тайёр барои чоп
Тест таърих ҳуқуқ.doc
47.5 KB
Барои мустаҳкамкунии дарс