Фарорасии фасли зебои табиат — баҳорро бештар бонувон интизорӣ мекашанд. Чун табиати эшон бо ин айёми табиат тавъам ва бастагӣ дорад, рӯҳу равонашон ҳам ба ҳукми баҳор тағйир мехӯрад. Аз нахустин рӯзҳои баҳорӣ дар вуҷуди инсон беихтиёр радду бадали биологӣ ва рӯҳию равонӣ ба вуҷуд меояд.
Эҳсоси нишот, хуррамӣ, беқарорӣ ва ҳавасҳо дар қалбҳо хуруҷ мекунанд. Зан мисли баҳор аст ва баҳор амсоли зан, яъне ҳар ду манбаи зебоӣ, нафосату латофат ва хушию хуррамиянд.
Аввалин эҳсоси баҳор дар вуҷуди зан падид меояд ва туғёни беқарориҳо дар қалбу рӯҳи зан панҷа мезанад. Бесабаб баҳорро фасли муҳаббат нагуфтаанд,зеро он бо навои обшорону насими фораму рӯҳбахшаш, бо нағмаи ҳазордастону чаҳ-чаҳи мурғаконаш ва бо таровати гулу сабзаҳои атрогинаш дар қалбҳо эҳсоси ширину гуворо ва нотакрореро эҳё мекунад, ки ном ишқ аст. Ва ин эҳсос аз ҳама зудтар ба дили зан лона мегузораду ӯро аз нав тавлид месозад бо ҳама зебоию меҳру вафо.

.
ҲАШТУМИ МАРТ
Ба гӯш омад садои Ҳаштуми март,
Ҷаҳон дорад навои Ҳаштуми март.
Сароғози ҳама ҷашни баҳорист,
Ҳавои пурҷилои Ҳаштуми март.
Ҳама зеборухон чун гул шукуфта,
Ба тан карда қабои Ҳаштуми март.
Яке гул, дигаре лутфи хуш орад,
Ба табрик аз барои Ҳаштуми март.
Ҷигарбандаш кунад табрики модар,
Ба ҷону дил сабои Ҳаштуми март.
Кушояд рози дил дилдору дилбар,
Давои ишқ сахои Ҳаштуми март.
Шуморо лутфи Раззоқ армуғон аст,
Ба ҷашни пурсафои Ҳаштуми март.
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
ҲАШТУМИ МАРТ
Ба гӯш омад садои Ҳаштуми март,
Ҷаҳон дорад навои Ҳаштуми март.
Сароғози ҳама ҷашни баҳорист,
Ҳавои пурҷилои Ҳаштуми март.
Ҳама зеборухон чун гул шукуфта,
Ба тан карда қабои Ҳаштуми март.
Яке гул, дигаре лутфи хуш орад,
Ба табрик аз барои Ҳаштуми март.
Ҷигарбандаш кунад табрики модар,
Ба ҷону дил сабои Ҳаштуми март.
Кушояд рози дил дилдору дилбар,
Давои ишқ сахои Ҳаштуми март.
Шуморо лутфи Раззоқ армуғон аст,
Ба ҷашни пурсафои Ҳаштуми март.
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
.
ҲАШТУМИ МАРТ
Ба гӯш омад садои Ҳаштуми март,
Ҷаҳон дорад навои Ҳаштуми март.
Сароғози ҳама ҷашни баҳорист,
Ҳавои пурҷилои Ҳаштуми март.
Ҳама зеборухон чун гул шукуфта,
Ба тан карда қабои Ҳаштуми март.
Яке гул, дигаре лутфи хуш орад,
Ба табрик аз барои Ҳаштуми март.
Ҷигарбандаш кунад табрики модар,
Ба ҷону дил сабои Ҳаштуми март.
Кушояд рози дил дилдору дилбар,
Давои ишқ сахои Ҳаштуми март.
Шуморо лутфи Раззоқ армуғон аст,
Ба ҷашни пурсафои Ҳаштуми март.
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
ҲАШТУМИ МАРТ
Ба гӯш омад садои Ҳаштуми март,
Ҷаҳон дорад навои Ҳаштуми март.
Сароғози ҳама ҷашни баҳорист,
Ҳавои пурҷилои Ҳаштуми март.
Ҳама зеборухон чун гул шукуфта,
Ба тан карда қабои Ҳаштуми март.
Яке гул, дигаре лутфи хуш орад,
Ба табрик аз барои Ҳаштуми март.
Ҷигарбандаш кунад табрики модар,
Ба ҷону дил сабои Ҳаштуми март.
Кушояд рози дил дилдору дилбар,
Давои ишқ сахои Ҳаштуми март.
Шуморо лутфи Раззоқ армуғон аст,
Ба ҷашни пурсафои Ҳаштуми март.
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
•••┈┈┈••●◆●❁✿❁●◆●••┈┈┈•••
Гар қазо бо ман нависад меҳнати айёмро,
Илтиёми захм созам панҷаи зирғомро.
Дар биёбоне, ки мурғи ваҳшати мо пар занад,
Хуни бисмил дона гардад ҳалқаҳои домро.
Аз тапиш дорад навиди бӯйи васли ӯ дилам,
Боли Ҷабрил аст гӯё шӯхии илҳомро.
Ҳеч нахле нест андар боғи имкон бесамар,
Шуҳрати Рустам намояд зинда рӯҳи Сомро.
Он қадар мастам, ки аз шавқаш надонам баъд аз ин
Сол аз маҳ, рӯз аз шаб, ҳафта аз айёмро.
Дар чаман монанди наргис пой то cap дида шав,
Гар тамошо мекунӣ он шӯхи гуландомро.
Ҳар киро бошад сулуки шеваи Маҷнун ҳасаб,
Ку тамизи он, ки созад фарқ субҳу шомро?
Сурати ӯро бибинад ҳар кӣ монанди Халил,
Бишканад дар роҳи сатват зумраи асномро.
Дар димоғат гар бувад аз хушкии савдо халал,
Аз хаёли чашми ӯ кун равғани бодомро.
Барнаёяд қатрае хун бе ризои Лайлияш,
Бар раги Маҷнун занӣ гар ништари ҳаҷҷомро.
Ҳар кӣ сармасти хаёли бодаи васлаш бувад,
Меканад мехи таноби хаймаи Хайёмро.
Дар ғами ӯ аз вуҷудам устухоне беш нест,
Кунд созад ҷисми ман сад ханҷари Баҳромро.
То шудӣ, Тӯғрал, ту андар арсаи базми вуҷуд,
Чун ту фарзанде нарӯяд модари айёмро..

Дили ман, эй дили исëнгари ман,
Ту бошӣ душмани деринаи ман.
Туро маҳкум кунам, афват насозам,
Шавӣ ҳабси абад дар синаи ман.
Намедонам чи сон созам муҷозот,
Туро, исëнгари мағруру саркаш.
Агарчӣ сӯхтам аз оташат ман,
Занам ҳардам туро бар обу оташ.
Ту исён мекунӣ дар синаи ман,
Занам ҳардам туро санги маломат .
Ҳама дору надорам рафт бар бод,
Биовезам туро бар дори қисмат.
Инону ихтиёрам рафт аз даст,
Ту аз худ рафтаӣ, бар худ наоӣ.
Нишони ин ҳама бедод рӯзе,
Битарконӣ ту худро чун фидоӣ.
Ту бошӣ душмани деринаи ман.
Туро маҳкум кунам, афват насозам,
Шавӣ ҳабси абад дар синаи ман.
Намедонам чи сон созам муҷозот,
Туро, исëнгари мағруру саркаш.
Агарчӣ сӯхтам аз оташат ман,
Занам ҳардам туро бар обу оташ.
Ту исён мекунӣ дар синаи ман,
Занам ҳардам туро санги маломат .
Ҳама дору надорам рафт бар бод,
Биовезам туро бар дори қисмат.
Инону ихтиёрам рафт аз даст,
Ту аз худ рафтаӣ, бар худ наоӣ.
Нишони ин ҳама бедод рӯзе,
Битарконӣ ту худро чун фидоӣ.
Ёддоште барои омӯзгор
Ё чанд нукта дар тарзи истифодаи таълимии ин шарҳ
(Шарҳи осонбаён бар дебочаи «Гулистон»-и
Шайх Саъдии Шерозӣ ба забони муосири тоҷикӣ)
Албатта, доираи корбарони ин навишта чӣ аз назари синнӣ ва чӣ
аз назари соҳавӣ метавонад номаҳдуд бошадвале чун мақсади аслии
кор таълими адабию ахлоқии наврасон аст, ҳангоми бо ин мақсад
истифода намудани китоб беҳтар аст ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ
шавад:
1.Бисёр беҳтар аст, ки наврасон ин шарҳро зери роҳбарии устод,
волидайн ё муаллими огоҳ таълим гиранд. Зеро фақат чун «асари
бадеӣ» хонда гузаштани он барои онҳо суди зиёде надошта, зарур аст,
ки наврасон маводи китобро дарс ба дарс таълим гиранд, яъне, пурра
фаро гиранд ва дарк намоянд. Бояд дар ёд дошт, ки байни мафҳуми
«хондан» ва «омӯхтан» фарқе азим аст.
2.Ба ҷуз пешдарси китоб, ки шарҳи банда бар ҷойгоҳи
«Гулистон» аст (ва таълимон низ ҳатмист), барои шогирдон ҳар
дарси шарҳ бояд маҳз аз рӯи чор қадами муайян таълим дода шавад.
Яъне, шогирд бояд аввал худи матни дарсро дурусту равон бихонад(1),
баъдан тамоми луғатҳои дарсро аз худ кунад(2) ва сипас шарҳи
мазмуни матнро аз бар намояд(3). Дар қадами чорум, беҳтар ё ҳатто
зарур аст, ки матни аслии китоб (ба истиснои баъзе қисматҳо мадҳиявии арабии он ва ба истиснои матни шарҳҳо) аз тараф шогирдон аз ёд карда шавад(4). Таҷрибаи дерина собит сохтааст, к маҳз дар хурдсолӣ чун шеър аз ёд кардани чунин матнҳо барои
равонии фикру забони ояндаи наврасон бисёр муҳим аст.
3.Ин шарҳ на барои таълим ба кӯдакони хурдсол, балки баро истифодаи наврасон ва ҷавонон пешбинӣ гаштааст ва таълими амалии
он низ маҳз дар миёонҳо озмоиш шудааст. Пас, беҳтарин ҳолат ин
аст, ки он ба бачагони сини 12-18 сола ё синфҳои 7 то 11-уми мактабӣ
ва аз он болотар таълим дода шавад. Агар китоб ба бачаҳои то синни
12-сола (синфҳои 1-6-ум) тадрис гардад, муаллим набояд онҳоро ба
дарки матнҳо ва шарҳҳо маҷбур намояд, зеро дар ин марҳила барои
онҳо дуруст хондани матн(1) ва аз ёд кардани он(2) бисёр муфидтар
аст. Маъно ва шарҳи матнро онҳо дар синнҳои баъдӣ фаро мегиранд.
4.Ҳангоми таълими ин шарҳ ба наврасони гурӯҳи синнии аввал,
яъне 12-16 сола ҳаргиз набояд шитоб карда, дар як рӯз ду-се дарс
гузашта шавад. Балки беҳтар аст мазмуни ҳар дарс бо сабр, бо тарбити
муайяншуда ва ба таври амиқ омӯхта шавад, то барои як умр дар
фарҳангу замири инсон кор кунад. Дар ин ҳолат, бо назардошти дк мазмуну азёди луғоту ҳифзи пурраи матн, таълими ин китоб (шарҳи
5
«Дебоча» бо замимаи шарҳи даҳ ҳикоят) ҳудудан то ду-се моҳро дар
бар мегирад.
5.Зимни омӯхтани маънии калимаю ибораҳо бояд назар
дошт, ки дар ин шарҳ мазмуни онҳо маҳз ба маъное, ки дар матни
«Гулистон» корбурд ёфтаанд, дода шудааст. Аз ин рӯ, баъзе аз
калимаҳшарҳшуда дар матнҳо ва дар китобҳои дигар метавонанд
ба маънои дигаре низ корбурд шуда бошанд, ки он баҳси ихтисоси луғатшиносист. Илова бар ин, матни аслии китоб баъзе бахшҳои
яклухти арабӣ дорад, ки онҳо ихтисор нашудаанд, балки барои хонн
ё ҳифз кардани шогирдон бо хатти сирилик дурустнависӣ шуда, дар
шарҳ тарҷума ва маънои дақиқи онҳо пешниҳод шудааст.
6.Аз сабабе, ки сохтори ин матн заргарӣ ва муҳандисии дақиқ
дорад, бояд таваҷҳ дошт, ки сохтори ҷумлаҳои матни «шарҳ»
мутобиқи таркиби ҷумлаҳои «матни аслӣ» мураттаб гаштаанд. Аз ин
рӯ, гоҳо услуби ҷумлаҳо дар «шарҳ» ба услуби қолабии забони
ҳозираи тоҷикӣ чандон мутобиқ нестанд. Вале ҳифзи ин услуб имкон
медиҳад, ки хонанда маънии ҳар калима ва ҳар ибораи матни аслиро
дар манти шарҳ бо тартиби худ ва дар ҷои худ пайдо кунад. Ибораю
ҷумлаҳое, ки дар даруни матни шарҳ дар қавсҳо омадаанд, низ ҷузъи
матни шарҳ мебошанд ва бояд фаро гирифта шаванд.
7.Ва ниҳоят, аз назари мазмунӣ, нимаи аввали дебочаи
«Гулистон» мазмуни динӣ ва ситоишию ниёишӣ дорад, ки он ҳам аз
ҷаҳони эътиқодии Саъдӣ ва ҳам аз суннати нигориши ниёгон
бармеояд. Бинобар ин, дар чопҳои шӯравӣ ин бахши китобро ихтисор
мекарданд, ки он як дасткорӣ дар матни аслӣ буд. Аммо дар ин шарҳ
бахши эътиқодию динии «Дебоча» комилан ҳифз шудааст, зеро асли
он чунин аст. Аз ин рӯ, агар касоне ошноӣ бо мафҳумҳои эътиқодиро
барои наврасони худ раво надонанд, метавонанд чанд дарси аввалро

ҳамчун матни адабӣ гирифта, таълимро рӯи ҳусни матну қудрати
забону баён равона созанд, ки дар ин сурат ҳам арзиши он аз бай намеравад. Аммо ба ҳар ҳол, ба хотири таъсири некӯи таълими ин
шарҳ бар забону равон ва ҳувияту ахлоқи наврасон, беҳтар аст, ки
таълими ин китоб дар фазои маънавӣ ва дар рӯҳияи арзишию
эҳтиромӣ сурат гирад.

Пешдарси китоб
Ё чаро «Гулистон» асаре муҳим аст?
Китоби «Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ яке
аз намунаҳои нафису зебо ва пурвазну пурарзиши осори фикриву
адабию ахлоқии тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меояд. Ин китоб чун
ҷамъи мавзуни имони амиқ ва хиради пухта ва омезиши зебои мазмуни
баланд ва ҳунари нафис дар тӯли садсолаҳо ҳамчун китоби ҳидояту
тарбият ҳамвора мавриди истифодаи васеътарини ҷомеаҳои илмию
адабӣ ва ҳавзаҳои ахлоқию тарбиятӣ қарор доштааст. Маълумотҳо таърихӣ нишон медиҳанд, ки аз тамоми осори насриву назмии
адабиёти форсию тоҷикӣ маҳз «Гулистон» беш аз ҳама нашр, тарҷума,
шарҳ, тафсир, тадрис, таълим ва паҳн шудааст. Модоме ки ин китоб
чунин ҷойгоҳи баланд ва чунин истиқболи васеъро сазовор гаштааст,
пас табиист, ки пурсида шавад, ки сирри ин мақоми китоби
«Гулистон» дар чист?
Албатта, ҷавоби ин савол метавонад бисёр васеъ ва тӯлонӣ
бошад, вале чун ин навишта як шарҳи мухтасари таълимӣ ва хоссаи
наврасон аст.

«Гулистон» китоби имонмеҳвар ва ақидабунёд аст. Вақте ба
«Гулистон» фурӯ меравед, эҳсос хоҳед кард, ки муҳити онро имону
эътиқод ва ихлосу муҳаббати илоҳӣ фаро гирифтааст. Имонмеҳварӣ ва
ақидабунёдӣ шояд яке аз муҳимтарин хусусиятҳои аксари осори
адабии гузаштагони мо бошад, ки дар канори осори ҷаҳоние чун
«Маснавии маънавӣ» ва «Девони Ҳофиз», «Гулистон» низ яке аз
рӯшантарин намунаҳои он аст. Гарчӣ дар гоҳ ҷойе аз ин китоб афкори
баҳсангезе низ пеш меоянд, вале меҳвари китобро маҳз ақидаву имон
ташкил мекунад. Илова бар ин, огоҳон ба хубӣ пай мебаранд, к хши бузурге аз андешаву ҳикматҳои бузурги Саъдбештар байту мисраъҳои машҳурӣ ӯ дар асл тобиши ҳунарӣ ва мазмуни
манзуми оёти илоҳӣ ё ҳадисҳои набавиянд. Ва машҳуртарини онҳо
ҳамон баётҳои «Бани одам аъзои як пайкаранд / Ки дар офариниш зи як
гавҳаранд…» аст, ки назмшудаи ҳадиси машҳури Паёмбар (с) мебошад.
Ин аст, ки ин «Гулистон» аз сарчашмаи баланди илоҳӣ об мехӯрад ва ба манбаъҳои абадӣ пайванд дорад ва ин воқеият яке аз заминаҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва беохири наслҳову замонҳо ба ин китоби
бузургвор аст.

«Гулистон» дастури комили ахлоқу тарбият аст. Бузургии
дигари «Гулистон» маҳз дар ҳамин аст, ки ин китоб маҷмӯаи беназири
ахлоқиву тарбиявӣ буда, асрҳо ҳамчун мактаби тарбият хидмат
намудааст ва ин аст, ки муаллифи он дар фарҳанги мо ҳамчун
«муаллими ахлоқ» шӯҳрат ёфтааст. Дар ин китоб чигунагии одоби ҳар
синну сол, ҳар касбу кор ва ҳар табақаи ҷомеа ба таври бисёр зариф
баён шуда, тариқи камоли маънавии инсон ва роҳтарбияти дурусти
ҷамъият тарҳрезӣ гаштааст. Ва вақте ба мушкилоти маънавию ахлоқӣ
ва фарҳангию сиёсии ҷомеаи имрӯзи худ менигарем, дар як сухан,
метавон гуфт, ки дар ахлоқу маънавият ва дар фарҳангу сиёсати
имрӯзи мо ва дар бофту мазмуни ҷомеаи мо ҷой«Гулистон» чӣ қадар
холист! Пас, агар ин ҷанбаи ин китоб ба забони маъмӯли имрӯз баён
шавад, «Гулистон» як «кодекси ахлоқӣ инсонӣ» мебошад. Кодекси
ахлоқи инсони мӯъмин, инсони огоҳ, инсони некӯкору нафърасон ва
кодекси ахлоқӣ ҷомеаи инсонпарвару имонмеҳвар. Ин аст, ки боз ҳам
наслҳои нав ба нав ба ин китоб рӯй меоваранд, зеро новобаста аз ин,
ки инсон ба чӣ дараҷаи рушд мерасад ва новобаста аз ин, ки ҷомеаҳо
то куҷо пеш меравад, аҳамияти ахлоқу тарбият ҳаргиз ва ҳаргиз кам
нахоҳад шуд. Зеро агар ахлоқ аз миён равад, худи башар низ аз миён
хоҳад рафт.
3.«Гулистон» оинаи рӯшани таҷрибаи рӯзгор аст. «Гулистон»
саршор аз дидаву шунидаҳои бисёр муҳимм, ҳодисаю воқеаҳои бисё ҷолиб ва ҳикояву қиссаҳои бисёр аҷибест, ки бештари онҳо дар
рӯзгори худи Саъдӣ ва ё дар зиндагии дӯстону пешиниёни ӯ дар амал
рух додаанд. Хусусан, дар сафар гузаштани ҳудуди чил соли умр муаллиф ва ошноии ӯ аз ҷомеаҳои дигар ҷаҳони ҳаводис ва саҳнаи
ҷуғрофии «Гулистон»-ро бисёр васеъ сохтааст. Ва муҳимтар аз ҳама,
чашму дили рӯшан ва нигоҳи огоҳи Саъдист, ки аз ҳар ҳодиса ва аз ҳар
воқеа таҷриба, ҳикмат ва ибрат меҷӯяд ва онро дармеёбад ва бо
и худ дар миён мегузорад. Ва тасвир то ҷое зинда аст, ки
хонанда низ дар канори Саъдӣ сафар мекунад: гоҳ бар киштӣ
нишинаду дар баҳр меравад ва гоҳ бо корвон мепайвандаду биёбон
паймояд ва ҳамроҳи муаллиф мебинад, мешунавад ва ибрат
меомӯзад. Ва ин фазилат ҷойгоҳи «Гулистон»-ро бисёр болотар аз як
асари сирфан зеҳнию тахайюлию эҷодӣузоштааст, зеро сужаю
манзараҳои ҷолиби он аз матни рӯзгор ва аз худи зиндагӣ нашъа
доранд. Ин аст, ки «Гулистон» аз назари мазмун ва манзараофарӣ низ
барои ҳамеша ҷолиб аст ва ҷолиб хоҳад буд.
«Гулистон» мактаби ҳунари баланд ва забони равон аст. Ва
ниҳоят, он чизе, ки «Гулистон»-ро дар нафси худ як асари ягонаву
беқиёс кардааст, ҳунари зебову забони волои муаллиф аст. Аз нигоҳи
8адабию ҳунарӣ «Гулистон» чӣ аз диди бофту сохтор, чӣ аз диди
«тартиби абвоб», чӣ аз диди омешиши мавзуни насру назм ва чӣ аз
диди сабку санъати сухан як падидаи нодиру беназир буда, тамоми
талошу тақлидҳое, ки баъд аз он дар ин самту дар ин сабк анҷом
шудаанд, ба сатҳи «Гулистон» ҳатто наздик наомадаанд. Ин аст, к дар канори фазилатҳои дигар, «Гулистон» ҳамеша чун як мактаби
мустақилли ҳунари адабӣ ва санъати суханварӣ хидмат намудааст.
Маҳз дар ин асар метавон дид, ки забони форсӣ чӣ санъат, чӣ латофат,
чӣ зарофат, чӣ азамат ва чӣ қудрат дорад, хусусан, агар ин абзори
тавоно бо дасти устоди тавонгар барои баёни маънии воло ба кор
баста шавад. Аз ин рӯ, имрӯз ҳам метавон гуфт, ки давои зеҳнҳои
шахина, давои нутқҳои норавон, давои забонҳои кунду гирифта мо боз
ҳам дар ҳамин «Гулистон» ва осори дигарниёкон аст. Ва агар рӯзе
ҷуръати онро ёбем, ки дар канори дарсҳои қолабии забону адабиёт,
бахшҳое аз «Гулистон» ва дигар осори гаронмояи ниёконро дар шакл матнҳои аслӣ ба наврасон таълим бидиҳем, бисёре аз мушкилоти
андешаю равон ва забону баёни ҷомеаи мо то ҷое илоҷи худро
меёбанд. Пас, худи забони «Гулистон» низ дар алоҳидагӣ ҳамчун як
мӯъҷизаи сухан ва ҳамчун як мактаби фасоҳату балоғат ҳамеш таваҷҷуҳи дӯстдорони латофату зебоиро ба худ ҷалб доштааст ва
хоҳад дошт.
Ҳамин тавр, агар ин чор фазилати ошкор ва дигар хубиҳои
бениҳояти «Гулистон» канори ҳам гузошта шавад, сабаби чунин
ҷойгоҳи баланд, сабаби чунин истиқболи васеъ ва сабаби чунин умри
тӯлонӣ ёфтани ин китоби бузургвор худ ба худ рӯшан мегардад. Ин аст

сирри азамат, сиррҷаззобият ва сирри ҳамешагии «Гулистон»-и
Саъдӣ. Пас сазост, ки «ин гулистон ҳамеша хуш бошад» ва мову шумо низ аз накҳату баракати он баҳраманд гардем.
(Давом дорад)

Forwarded from Манучеҳри Миронӣ منوچهر میرانی
Дӯстон, то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед,
Бо нигоре дар ҷаҳони пурнигор ошиқ шавед.
Пилтаҳои кокули ёре агар бар бод рафт,
Бо ҷамолакҳои мӯи обшор ошиқ шавед.
Гар саре доред сабзу лоиқи дори баланд,
Бо баёзи гардани занҷирадор ошиқ шавед.
Гар диле доред лабрези ҷунуну иштиёқ,
Бо гули рухсораи доимбаҳор ошиқ шавед.
То қароре аз сипеҳри беқарор ояд ба даст,
Бо дили дӯшизагони беқарор ошиқ шавед.
Беканориҳои дунё то бигунҷад дар канор,
Бо канори дилбарони ҷоннисор ошиқ шавед.
То ба қадри зиндагию нақдҳои он расед,
Бар ҷабини пурғами санги мазор ошиқ шавед.
Гар набитвонед аз дарёи пуртӯфон гузашт,
Лоақал як бор бо мавҷи канор ошиқ шавед.
Мисли гул як бор дар субҳи ҷавонӣ бишкуфед,
Мисли ман ҳар дам ба ҳусни рӯзгор ошиқ шавед.
Гар чу ман хоҳед ҷустан чашмаи бахти сафед,
Зинҳор, эй дилсафедон, зинҳор ошиқ шавед.
Лоиқ Шералӣ

Ҳикоят аз " Латоиф -ул -тавоиф"- и Мавлоно Фахриддин Алии Саффӣ
Луқмони Ҳаким сиёҳҷурда буд.Касе ӯро ба бандагӣ гирифт ва муддате хидмат фармуд ва аз вай осори илм ва ҳикмат мушоҳида менамуд.Рӯзе Хоҷа ба расми имтиҳон вайро гуфт:
- Гӯсфанде бикуш ва беҳтарин аъзои ӯро ба назди ман ор.
Луқмони Ҳаким гӯсфандро бикушт ва дилу забонаш пеши хоҷа овард.Рӯзи дигар гуфт:
- Гӯсфанде бикуш ва бадтарин аъзояш биёвар.
Луқмон гӯсфанде дигар бикушт ва ҳам дилу забонаш овард.
Хоҷа гуфт:
- Ин чӣ гуна аст?
Гуфт:
- Ҳеҷ чиз беҳ аз дилу забон нест, агар пок бошад ва ҳеҷ чиз бадтар аз он нест, агар нопок бошад...

УСТОД БОЗОР СОБИР
ТУ НИМИ МАНӢ
Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ
Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.
Ба ҳар куҷо, ки равӣ, дар ман аст решаи ту,
Ту, эй гул, аз қалами сабзи устухони манӣ.
Ба ҳар куҷо, ки равам, нимаи танам бе ту,
Ба ҳар куҷо, ки равам, ними одамам бе ту,
Ба ҳар куҷо, ки бибинам туро, зиёд шавам,
Ба ҳар куҷо, ки набинам туро, камам бе ту.
Ба дасти ман бирасад дасти кас, ту меларзӣ,
Расад ба дасти ту дасте, ба ларза меоям,
Ту ошёни ману ман, ки ошёни туам,
Ту ҷои ҷони ману ман, ки ҷои ҷони туам.
Тамоми неъмати дунё, чи ғам, ки моли кас аст,
Тамоми неъмати дунё ба ҳукми хору хас аст,
Туро насиб кунад ишқи ман, ҳамин кофист,
Маро насиб кунад ними бистари ту, бас аст.

Forwarded from ПАНДҲОИ БУЗУРГОН
🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹
Сухан санҷида гар гӯӣ, азизӣ,
В-агарна мисли маркаб, бетамизӣ!
Сухан гуфтӣ агар бошад ҳама рост,
Куҷо дидӣ касе аз ту қасам хост!
Суханҷӯ шав зи пургӯйӣ ҳазар кун,
Сухан гар хоҳӣ гуфтан мухтасар кун!
Сухан гуфтӣ ба ҳар сӯят назар кун,
Зи бадхоҳу рақиби худ ҳазар кун!
Сухан ҳақ гӯӣ гар ту ботамизӣ,
Барои хосу ом чун ҷон азизӣ!
💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐
Манбаъ
Сухан санҷида гар гӯӣ, азизӣ,
В-агарна мисли маркаб, бетамизӣ!
Сухан гуфтӣ агар бошад ҳама рост,
Куҷо дидӣ касе аз ту қасам хост!
Суханҷӯ шав зи пургӯйӣ ҳазар кун,
Сухан гар хоҳӣ гуфтан мухтасар кун!
Сухан гуфтӣ ба ҳар сӯят назар кун,
Зи бадхоҳу рақиби худ ҳазар кун!
Сухан ҳақ гӯӣ гар ту ботамизӣ,
Барои хосу ом чун ҷон азизӣ!
💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐
Манбаъ
Forwarded from Ҳазрати Мавлавий жомеъ масжиди
#Назм
Ҳоли дунёро пурсидам ман аз фарзонае,
Гуфт: ё об аст, ё хок аст, ё парвонае.
Гуфтамаш аҳволи умрамро бигӯ, ин умр чист?
Гуфт: ё барқ аст, ё бод аст, ё афсонае!
Гуфтамаш инҳо ки мебинӣ чаро дилбастаанд?
Гуфт: ё хобанд, ё мастанд, ё девонае.
Гуфтамаш аҳволи ҷонамро пас аз мурдан бигӯ,
Гуфт : ё боғ аст, ё нор аст, ё вайронае.
🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺
🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸

АГАР МОДАР НАБОШАД...
Фазои хона аз файзаш гулафшон аст,
Дарахти боғча аз меҳр хандон аст,
Биҳишти нақдро айвонаш айвон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Дараш боз аст, то ризқи фаровон аст,
Дар он ҷо ҳикмату шеъри ниёгон аст,
Дар он ҷо мушкили фарзанд осон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Чу чархонад ба сар ҳар гоҳ испандат,
Раҳи дарду бало дарҳол мебандад,
Ту гўӣ, хишт-хишти хона механдад,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Дар он ҷо равғани талх асту дармон аст,
Гиёҳу баргҳои хушк чандон аст,
Ва бешак, модарам Синои даврон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Сабад дар мех овезону нон дорад,
Дилам пур, хона ганҷи шойгон дорад,
Дару девору боми хона ҷон дорад,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи оташдон гули оташ намоён аст,
Ба дегаш туппаву угрову лағмон аст,
Шамими зираву кашничу райҳон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи мактаб омада тифлон варо ҷўянд,
Ба тундӣ “Модари ҷонам куҷо?” гўянд,
Давида бистару болин ҳамебўянд,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Шариат ҳаст, имон асту Қуръон аст,
На тарсу бим аз иғвои шайтон аст,
Ба дасташ субҳаи момош гардон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Ба файзаш хона чун бозор тафсон аст,
Ғиреву хандаи тифлону пирон аст,
Худоро шукр, меҳмон асту мизбон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Агар модар набошад, қуфл вайрон аст,
Ҷиҳози кулба ноҷову парешон аст,
Равоқи манзилам маъвои девон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи дуди мўрии модар дилам - равшан,
Зи хомандовааш обу гилам - равшан,
Хаёлам, чашми ў мебинад аз равзан,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Ту гўӣ, аз таҳи по раҳ гурезон аст,
На танҳо пой, дастонам шитобон аст,
Раҳамро ғайри ў дигар кӣ пазмон аст?
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Фазои хона аз файзаш гулафшон аст,
Дарахти боғча аз меҳр хандон аст,
Биҳишти нақдро айвонаш айвон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Бузургмехри Баходур
------------------------------------
Фазои хона аз файзаш гулафшон аст,
Дарахти боғча аз меҳр хандон аст,
Биҳишти нақдро айвонаш айвон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Дараш боз аст, то ризқи фаровон аст,
Дар он ҷо ҳикмату шеъри ниёгон аст,
Дар он ҷо мушкили фарзанд осон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Чу чархонад ба сар ҳар гоҳ испандат,
Раҳи дарду бало дарҳол мебандад,
Ту гўӣ, хишт-хишти хона механдад,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Дар он ҷо равғани талх асту дармон аст,
Гиёҳу баргҳои хушк чандон аст,
Ва бешак, модарам Синои даврон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Сабад дар мех овезону нон дорад,
Дилам пур, хона ганҷи шойгон дорад,
Дару девору боми хона ҷон дорад,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи оташдон гули оташ намоён аст,
Ба дегаш туппаву угрову лағмон аст,
Шамими зираву кашничу райҳон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи мактаб омада тифлон варо ҷўянд,
Ба тундӣ “Модари ҷонам куҷо?” гўянд,
Давида бистару болин ҳамебўянд,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Шариат ҳаст, имон асту Қуръон аст,
На тарсу бим аз иғвои шайтон аст,
Ба дасташ субҳаи момош гардон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Ба файзаш хона чун бозор тафсон аст,
Ғиреву хандаи тифлону пирон аст,
Худоро шукр, меҳмон асту мизбон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Агар модар набошад, қуфл вайрон аст,
Ҷиҳози кулба ноҷову парешон аст,
Равоқи манзилам маъвои девон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи дуди мўрии модар дилам - равшан,
Зи хомандовааш обу гилам - равшан,
Хаёлам, чашми ў мебинад аз равзан,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Ту гўӣ, аз таҳи по раҳ гурезон аст,
На танҳо пой, дастонам шитобон аст,
Раҳамро ғайри ў дигар кӣ пазмон аст?
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Фазои хона аз файзаш гулафшон аст,
Дарахти боғча аз меҳр хандон аст,
Биҳишти нақдро айвонаш айвон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Бузургмехри Баходур
------------------------------------
Ин мухаббат охараш афсона месозад маро
Лахза лахза аз худам бегона месозад маро
Хусни рузафзуни дилбар шабчироги зиндагист
Гирди шамъи оризаш парвона месозад маро
Гуфта будам ин,ки ишки хонамонсузаш чунин
Дар биёбони вафо девона месозад маро
Мекунад туфони ишкаш хонаи дилро хароб
Сели ашкам бе дару кошона месозад маро
Сокии симинасок аз гардиши сахбои чашм
Сокини хумхонаи майхона месозад маро
Нотавон хастам вале дар зери чатри ишки хеш
Киссагую шоъиру фарзона месозад маро
Мехри пинхон дар нигохи нофизи мастонааш
Чазби ишки чозиби чонона месозад маро
Обшори гесуе мушкини маввочи нигор
Бар сари зулфи сиёхаш шона месозад маро
Зиндагони бо фарокаш баъд азинам дустон
Хамнишини бодаву паймона месозад маро
Окибат Яхё гами хичрони туфонзои дуст
Булбуле к,овора шуд аз лона месозад маро
(Яхё)