ХУШБАХТӢ ДАР КУҶОСТ?
Рӯзе фариштагон бекор буданд ва дар ҷустуҷӯи маҳфил буданд. Пас яке аз онҳо гуфт:
"Биёед чизеро аз одам дуздем ва пинҳон кунем"...
Фариштагон муддати тӯлонӣ баҳс карданд ва розӣ шуданд, ки хушбахтии мардро бидузданд. Аммо Шумо инро дар куҷо пинҳон карда метавонед?
Фаришта пешниҳод кард:
- Беҳтараш ӯро ба қуллаи баландтарини кӯҳи баландтарин баред,
мо пинҳон мекунем.
- Не, ин тавр намешавад. Инсоният метавонад ба қуллаи кӯҳ барояд.
"Агар касе онро ёбад, дигарон метавонанд дар як лаҳза хушбахтиро пайдо кунанд" - гуфт дигаре.
- Пас мо дар поёни баҳр пинҳон мекунем.
- Не, ин тавр намешавад. Инсонҳо ақлу заковаташонро
истифода бурда ба поёни баҳр мерасанд.
- Ба сайёраҳои дигар...
- Не, бо зиракӣ низ метавонад ба он ҷо бирасад.
Вақте, ки онҳо аз баҳс дар бораи пинҳон кардани хушбахтии одам хаста шуданд, фариштае гуфт:
"Ман медонам, ки хушбахтиро дар куҷо пинҳон кунем!" Онро бояд дар дили худи инсон пинҳон карда шавад. Баъд инсон хушбахтиашро аз берун меҷӯяд.
Фариштагон ба ин розӣ шудаанд.
Аз он вақт инҷониб инсоният шомил карда шудааст
ба ҷои нигоҳ кардан ба хушбахтӣ ба олами беруна нигариста хушбахтӣ ҷӯё мешавад...
Азизон, ин ХУШБАХТИИ бузург аст, ки мо дар ин дунёи равшан зиндагӣ мекунем. Саломатии мо, осудагии оила, ҳузури наздикон - ХУШБАХТИСТ!
Ҳар як рӯзро пурмазмун гузарондан, худро хушбахт ҳис кардан ба худи мо вобаста аст...
Хушбахтӣ ҳамроҳатон бод!

Гуед, дигар номи Худоро нафурӯшанд,
Гӯед, ки виҷдону сафоро нафурӯшанд.
Эй он, ки таманнои ту дар ҷони малакҳост,
Ман ошиқи ту, гӯй, ки моро нафурӯшанд.
Донишгаҳи мо, мӯъҷизаи илму амал шав,
Бар пири хирад гӯ, ки баҳоро нафурӯшанд.
Адвор тамаддуни фиреб асту фиребо,
Эй кош, ба бозор риёро нафурӯшанд.
Ман омадам аз дуртарин уфқи забарҷад,
Он ҷо, ки ба зар ишқу вафоро нафурӯшанд.
Ин аҳли тиҷорат, ки фурушанд ҳама чиз,
Аз баҳри Худо, гӯ, ки ҳаворо нафӯрӯшанд.
Қонуни заминро ҳама бишкаста чу савганд.
Гӯед, ки қонуни саморо нафурӯшанд.
Аз гумшудаҳо, кош шуниданд табибон,
"Гӯед дилу гурдаи моро нафурӯшанд".
Дар тоқи фалак шамс диҳад дарси накӯӣ, -
Ин аҳли фалак нуру зиёро нафурӯшанд.
Бар дилсияҳоне, ки фурӯшанд ҳама кас,
Гӯед, ки имони шуморо нафӯрӯшанд.
Адиба Хуҷанди.

ДАР ЗОДРӮЗИ ПРОФЕССОР АББОС АЛИЕВ
(Аз ёддоштҳои Ҷалол Икромӣ «Он чӣ аз саргузашт»)
…Давлати туркии ҷумҳурияти халқии Бухоро то ба охирҳои сол 1924, то ба тақсимоти ҳудудҳои миллим ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна давом кард. Дар ин муддат ҷадидҳо, ҳукуматдорони ҷумҳурияти халқии Бухоро дар байни худ созиш карда натавонистанд (ё ки онҳоро ба ҳамдигар махсусан ҷанг меандохтанд). Файзулло Хоҷаев бо Абдуқодир Муҳиддинов, Усмон Хоҷа бо Аббос Алиев, Мирзо Иззуталло бо Порсо Хоҷа ва ҳоказо ғӯрру пис доштанд. Фитрат дар як тараф, Қорӣ Юлдош (нозири маориф) дар як тараф, Мукаммил Махсум дар як тараф, Оқчурин дар як тараф! Худи ҳамин кашмакашҳо ҳам то як дараҷа ба нест шудани Ҷумҳурияти халқи Бухоро сабаб шуданд…
…Ман афсӯс мехурам, ки Ф. Хоҷаев, А. Муҳиддинов, Фитрат ва Аббос Алиев барин одамони боақл бо ҳам дӯстона, ба иттифоқ зиндагӣ карда натавонистанд. Агар иттифоқ мешуданд, шояд зиндагии халқи Бухоро беҳтар ва хуррамтар мегашт. Баъд Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ташкил шуд ва ҳамаи хоки Бухоро ба Ӯзбекистон мулҳақ гашт. Нагуфтанд, ки дар ин сарзамин тоҷикон аз қадим зиндагӣ доштанд, давлат доштанд, маданият доштанд, забон ва фарҳанг доштанд! Қисми калони ҳукуматдорони Бухоро бо сардории Файзулло Хоҷаев ба Ӯзбекистон гузаштанд. Москва шояд маҷбур шуд, ки аввал Бухорои Шарқиро, кӯҳистонро ҷумҳурияти мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон монад ва баъд дид, ки намешавад (ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати сотсиологӣ) ва дар дарвозаи Шарқи мазлум, дар сарҳади Ҳинду Афғону Эрон як давлати мустақил – Ҷумҳурияти шӯроии Тоҷикистонро насозанд, хуб нест, Тоҷикистони имрӯзаро ба майдон оварданд, ки он аз
марказҳои маданият ва таърихи худ ҷудо монд. Ба ман мешуд, ҳамон хок ва сарзамини ҷумҳурияти халқии Бухоро, Самарқанду Хуҷанд илова карда ҷумҳурияти Тоҷикистон месохтам, ки кори дуруст ва баинсофона мешуд. Дар он ҳол забон ва миллияти мардумон намекоҳид, ҷумхурияти Тоҷикистон ҳам – ҷумхурияти пурра, ҷумхурияти ҳақиқатан мустақил ва аз ҳар ҷиҳат асоснок мегашт. Афсӯс, ки ин нашуд!
Инқилоби соли 1920 Бухоро вазифаи худро то ба охир адо карда натавонист. Алҳақ ин инқилобро давом додан, вусъат додан ва ба охир расонидан лозим буд. Мо мардуми Бухоро рӯзҳои аввали инқилоб умедҳои калон доштем. Аз зулми амир ва истибдод наҷот ёфта, ба роҳи нав, ба ҳаёти нав қадам монда будем. Аз мактабҳои кӯҳна халос шуда, бо шавқу завқ ба мактабҳои нави шӯроӣ даромадем. Ҳарчанд ки мактабҳо туркӣ буданд, лекин ба усули нав буданд. Муаллимҳои мактабҳо, ки аксарашон бухороӣ буданд, тоҷикиро медонистанд, агар лозим шавад, ба мо ба забони тоҷикӣ фаҳмонда медоданд…
…Ҳамон соле ки (1928) ман аз мактаби олии Самарканд нағз имтиҳон дода, ба рӯйхати аз мактаб хориҷкардашудагон набуданамро дониста хурсанду шод ба Бухоро баргаштам, Аббос Алиев дар Бухоро мудири илмии курси тобистонаи такрории муаллимон тӯда будааст. Ман, ки пештар каме шиносоӣ доштам, рафиқонам маро ба назди вай бурданд. Вай маро хуш қабул карду дарҳол муаллими адабиёти ӯзбек таъйин намуд. Ман ки то ба он дам муаллимӣ накарда будам ва усули тадрисро дуруст намедонистам, ҳайрон будам, ки ба муаллимҳо чӣ тавр карда аз адабиёти ӯзбек дарс диҳам. Аз ҷиҳати назария тайёр будам, маълумоти кофӣ доштам, вале таҷриба надоштам.
Аббос Алиев гуфт, ки шарм накарда дарс додан гиред, инҳо муаллим бошанд ҳам, дуруст намедонанд.
Рӯзи аввали ба синф даромаданам ва дарси аввал ҳанӯз ҳам аз хотирам нарафтааст. Ба синф ҳамроҳи Аббос Алиев даромадем. Бинам, ҳамон муаллимҳои калонсол, ки баъзе аз онҳо дар вақташ ба худи ман дарс дода буданд, болои партаҳо нишастаанд. Аббос Алиев маро шиносонда, муваффақияти дарсро хоҳон баромада рафт. Ман мондаму як синф пур аз муаллимҳои калонсол, ки бисёрии онҳо ба ман падар ва бародари калон шуда метавоинстанд. Ба рӯи онҳо нигоҳ карда, аввал ман даступо хӯрдам ва дақиқае чӣ гуфтани худро надониста мондам. Дақиқае гузашт ва ман худро ба даст гирифта, мақсадамро гуфтам: Мо аз адабиёти ӯзбек, аз таърихи адабиёти ӯзбек сӯҳбат мекунем, гуфтам ва cap кардам аз таърих, вале бесарунӯк гуфтан гирифтам. Хайрият, ки занг шуду ман халос хӯрда баромадам. Дар дарси дуюм яке а

з муаллимҳои куҳансол ба ман мактубе оварда дод, ки дар он навишта буд: – Муаллим Икромӣ, асло мулоҳиза накарда дарс додан гиред. Дунё ҳамин хел сохта шудааст: мо муаллимҳо дар вақташ ба шумо дарс медодем, акнун шумо хонда, илм гирифта омада ба мо дарс медиҳед, ҳеҷ гaп не!
Ман ин меҳрубонӣ ва ёрии он муаллимро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Дар ҳақиқат, пас аз ин хеле далер шудам ва озодона дарс додан гирифтам...
Модоме ки гaп дар бораи Аббос Алиев рафт, мехоҳам дар бораи ин шахси машҳур чизе гӯям: Аббос Алиев аз эрониҳои Бухорост. Дар куҷо таҳсил карда, илм омӯхтааст, намедонам, фақат ҳамин қадар медонам, ки вай яке аз инқилобчиҳои Бухоро буда, ҳанӯз пеш аз инқилоб аъзои партияи коммунистӣ будааст. Дар корҳои тайёрӣ ба инқилоби Бухоро хизматҳои намоёне дорад. Дар Чорҷӯй ба корҳои ташкили аввалин анҷумани партияи коммунистии Бухоро иштирок карда, фаъолият нишон додааст.
Пас аз инқилоби 1920 дар комитети марказии партияи коммунистии Бухоро кор карда, ба гумонам шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботро идора мекард. Аз ҳамон рӯзҳо як чиз ба хотирам мондааст: соли 1924, моҳи январ дар Бухоро кадом як дастаи артистони тотор ба гастрол омада, песаи «Йӯлбосар Алим» ва чанд песаи дигарро нишон медоданд. Як шаб дар посоҷ, дар бинои театр ба тамошои «Йӯлбосар Алим» машғул будем, ки нохост дар байни рафта истодани бозӣ, пардаро пӯшонданду ба пеши саҳна Аббос Алиев баромад ва гиря карда истода хабар дод, ки «доҳии меҳнаткашони олам», «падари бузургвори мо» – Владимир Илич Ленин аз дунё чашм пӯшид!».
Мо ҳама маъюс ва ғамгин шудем. Театр ва саҳнаро фаромӯш карда, аз ҷо бархостем ва хона ба хона шудем. Рӯзи дигар митинги калоне барпо шуд. Дар ин ҷо ҳам Аббос Алиев ба сухан баромад. Ман, ки Ленинро медонистам, (бори аввал дар бораи ӯ аз падарам шунида будам) ва доҳӣ, роҳбар будани ӯ ба шуури ҳамонвақтаи ман даромада монда буд ва, хусусан, пас аз нутқҳои оташбори Аббос Алиев вафоти ӯро дониста хафа шуда будам.
Аббос Алиев дар ҳақиқат нотиқи зӯр буд. Вай ҳам ба тоҷикӣ, ҳам ба русӣ, ҳам ба ӯзбекӣ нутқ карда метавонист. Ҷавони базеб, далер ва боақл буд. Ҳамин қадар айб дошт, ки дар як ҷо ором кор карда наметавонист. Албатта ба яке аз калонҳо мечаспид ва танқид мекард ва бо оппозитсия бармехост. Дар Бухоро бо Файзулло Хоҷаев ва дигарон дастбагиребон буд ва бинобар он бисёр кор карда натавонист, гӯё ба Масков ба хондан рафт. Пас аз ташкили Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муаллимӣ машғул шуд. Дар хотир дорам, ки боре бо рафиқонаш дар Бухоро шӯриш барин ҳодисаро барпо кард. Ҳамаи мактабҳо ва одамони гузарҳоро ба пo хезонда ба кӯча намоиш ташкил дод. Мақсад ҳамин буд, ки мактабҳои Бухороро тоҷикӣ кунанд! Дар ҳақиқат, пас аз намоиш тақрибан ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд.
Аббос Алиев дар Масков кадом як мактаби олии партиявиро тамом кард, ё худаш ҳаракат карда маълумоти олӣ гирифт ва чанд гоҳ дар мактабҳои олии Тошканд (дар дорулмуаллимини тоҷикон, ки дар Тошканд буд) дарси таърихи партия ва ленинизм медод. Дар соли 1937 ӯро ҳам ҳабс карданд. Ман дар ҳабсхонаи умумии шаҳри Душанбе, аз тирезаи яке аз хуҷраҳо ӯро дидам. Пас аз соле озод шуду дар Масков, дар Днепропетровский ва Алмаато кор кард, чун профессор дарс дод ва дар Алмаато нохост дилаш кафида мурд…

Ман дигар мафтуни чашми пуршарорат нестам,
Ман дигар он содалавҳи беқарорат нестам.
Ман саги кӯйи ту будам, сангсорам кардаӣ,
Ҳамчу саг дигар бидон дар раҳгузорат нестам.
Гуфтамат: “Як бӯса деҳ” , гуфтӣ: “ту лоиқ нестӣ”
Ман дигар зори лабони шаҳдборат нестам.
Гуфтамат: “аз ман марав!” гуфтӣ ки: “бо ту ман хазон”
Рав, кунун ҳарҷо, ки хоҳӣ кордорат нестам.
Интизорӣ мекашидам дар раҳи ту субҳу шом,
Ман дигар дар кӯю барзан интизорат нестам.
Гар маро ту ёр пиндорӣ ба роҳи зиндагӣ,
Ман ба роҳи зиндагӣ дилдору ёрат нестам.
Ошиқон гарчи барои дилбарон ҷон медиҳанд,
Маъзарат, аммо дигар ман ҷоннисорат нестам.
Гарчи мехоҳӣ бидонӣ холи ёри дилфигор,
Ман ҳамон инсон аммо дар канорат нестам....***
Кӯҳзод

Мухаммад рафту, динаш дар чахон монд.
Хадисхояш хама вирди забон монд.
Агар чанде ки рафт аз байни мардум.
Нишонаш дар забони мардумон монд.
Нишони уст чу Куръони Шарифаш.
Хазорон хофизу Куръон хон монд.
Нахуст у буд Имоми чумла Уммат.
Дар олам чун Имом у човидон монд.
Чахон шуд шуълавар аз Нури руяш.
Камар бо шамс гуё ноаён монд.
Шудан пайрав ба у халкони олам.
Ба мисли нахли дусти бехазон монд.
Ду се руз дар ин кухнасаро буд.
Бирафту илму таълимаш хамон монд.
Хадисхояш хама вирди забон монд.
Агар чанде ки рафт аз байни мардум.
Нишонаш дар забони мардумон монд.
Нишони уст чу Куръони Шарифаш.
Хазорон хофизу Куръон хон монд.
Нахуст у буд Имоми чумла Уммат.
Дар олам чун Имом у човидон монд.
Чахон шуд шуълавар аз Нури руяш.
Камар бо шамс гуё ноаён монд.
Шудан пайрав ба у халкони олам.
Ба мисли нахли дусти бехазон монд.
Ду се руз дар ин кухнасаро буд.
Бирафту илму таълимаш хамон монд.
Амир Насруллоҳи манғитиро надиме буд муллақаб ба Махдуми Гов, ки аз ин лақаб зиёда аламнок буд. Амир Насруллоҳро расм чунин буд, ки ҳар ҳафта як мартаба ба зиёрати ҳазрати Нақшбанд бо чанд нафаре аз хоссони худ мерафт. Дар айёми тирамоҳ, ки деҳқонон ҳайвоноти худро дар биёбон раҳо кунанд, амир Насруллоҳ қасди зиёрати бузургвор кард.
Дар аснои роҳ фавҷе аз говон ба расми маъмул дар биёбон машғули чаро буда, ба садоҳои муҳиб фарёд ба фалак мерасониданд.
Амир ба Махдуми Гов хитоб намуда аз рӯи зарофат гуфт:
-Говон чӣ мегӯянд?
Махдум гуфт:
-Нафаҳмидам, пурсида арз мекунам.
Ин бигуфт ва ба тарафи говон равон шуд. Чанде гӯш ба даҳони говон ниҳод. Омада ба саф пайваст. Амир пурсид:
-Чӣ мегӯянд?
Махдум гуфт:
-Лоиқи арз нест.
Амир дархосту илтимоси бисёр кард. Охируламр махдум гуфт:
-Азбаски маҷбур кардед, мегӯям. Говон мегӯянд, ки:
,,Ту, ки говӣ, дар хайли мо бош, қатори харон чӣ мекунӣ?,,
Аз ,,Наводири Зиёия,, - и Садри Зиё.
Таҳияи Хайруллоҳи Басриддин.

Суҳбати омузгор ва сартарош.
Рузе омузгоре барои паст кардани муйи сар ба сартарошхона меравад. Ҳамин ки ба курси нишаст сартарош қайчиву шонаро гирифта ба кор шурӯ мекунад.
Сартарош мегуяд:солҳои охир сифати дониш дар матабҳо паст шудагӣ. Омузгорони имруза он қадар дарси хуб ҳам намедиҳанд.
Омузгор гуфт: фарз кардем ки шумо нав дуконро мекушоеду санҷишгару тафтишгарон меоянд.шумо барои як сол накшаи солонаи муйсаргири менависед.бар замми ин нақшаи яксоата менависеду мақсаду салоҳиятҳо мемонед .пеш аз паст кардани муйи сари мизоҷрн онҳоро бо мақсадҳо шинос мекунед.ҳангоми сартароши тафтишгар омада кори шуморо назорат мекунад. Аз шумо нақшаи солона ва яксоата талаб мекунад. Шуморо маҷбур месозанд ки ба рузномаҳову маҷҷалаҳо обуна мешаведу онҳоро мехонед. Баъдан оиди муйсаргири ва роҳҳои он мақола навишта ба чоп медиҳед. Рузҳои шанбе ба шанбеги рафта тозагии шаҳрро ба ҷо меоред. Баъд аз кор ва баъзан вақти кор ба маҷлиси ҳукумат ё ба театр меравед. Агар ягон бачаро мувофики табъи дили модар е падараш муйсарашро паст накардед аз болоятон шикоят ба раиси корхонатон мекунанду баёнот менависед. Бар замми хамаи ин ба корхона ашёи халанда ё буранда оварданатон катъиян манъ аст.
Сартарош гуфт: ....... БАЪД МАН КАЙ МУСАРИ МИЗОҶОНАМРО ПАСТ МЕКУНАМ?!
Омузгор :Ана акнун ба суханони худатон ҷавоб ёфтед усто!

Панду андарз аз Абӯалӣ ибни Сино
Айби мардум бипӯш! Ва дин ба дунё мафурӯш!
Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузургон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бо душманон ба ҳилм1; бо ҷоҳилон ба хомушиву бо олимон ба тавозӯъ.
Пурсид, ки дар ҳаққи дунё чӣ гӯӣ? Гуфт: — Чӣ гӯям дар ҳаққи чизе, ки ба ранҷба даст оранду ба ҳасрат бигзоранд.
Дигар фармуд: Сармояи умрро ғанимат шумор ва тоати ҳақро ғанимат дор!
Аз омӯхтан нанг мадор!
Наҷоти нафс дар ибодат ҷӯй!
Дар ҳар коре, ки бошад, ёрӣ аз Ҳақ талаб!
Аз нодони мағрур иҷтиноб2 намой!
Ношунидаю нодида маҷӯй айби касон ва ба айби худ бино бош!
То напурсанд, магӯй, то нахонанд, марав!
Баланди ба сабр ҷӯй!
Дунёпараст мабош!
Аз омӯхтани илм майосой!3
Бар тоат ҳарис бош!
Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!
Даргузар, то даргузаранд!
Аз худ лоф мазан!
Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!
Дилро бозичаи дев масоз!
Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!4
Бандаиҳирс5 мабош!
То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз хеҷ кас дареғ мадор!
Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.
Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!
Сармоя ба судӣ6 бисёр мадеҳ!
Худро асири шаҳват масоз!
Офиятро7 ба фармони нафс аз даст мадеҳ!
Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!
Бо ношинос ҳамсафар мабош!
Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!
Ҳарҷо, ки боши Худоро ҳозир дон!
Вақтро ғанимат дон!
Ёрро вақти хашму ғазаб биозмой!
То тавони ниёзи худ бар махлуқ8 арза макун.
Амонат нигоҳдор, хомуши шиор соз ва беҳудагуиро сари ҳама офатҳо дон!
Ҳоҷатравоиро кори бузург дон!
Дӯсти Худойро дар камозорӣ шинос!
Саодати дунёю охират дар муҳаббати доно дон!
Аз нодон доман даркаш!
Дар сухан касро хиҷил масоз!
Аз сухане, ки ханда ояд ҳазар кун!
Миқдори моли худ бо ҳеҷ кас магӯй!
Бо мардуми бешарму беҳаё манишин, ки дар дунёву охират мазаллату уқубат9 бошад.
То хашм нанишинад сухан магӯ!
Ҳурмати ҳама кас нигоҳ дор,то туроҳурмат бошад.
Таоми бисёр махӯр, ки дил сиёҳ кунад ва аз ибодат боз дорад.
Ботинро беҳтар аз зоҳир дон, ки зоҳир назаргоҳи халқ асту ботин назаргоҳи Ҳақ.
Коре накунӣ, ки дар назари ҳазрати Ҳак Субҳона ва Таъоло хиҷил ва шармсор гардӣ.
Чун касе сухан гуяд, хомуш бош.
Покэътиқодро безавол дон!
Ба сабр баландиҷӯй ва дунёпараст мабош!
Аз рости шафеъангез10 сухан аз шаҳодат11 гӯй.
Агар роҳат хоҳӣ ранҷ каш, бар тоат ҳарис бош!
Диҳанда Худоро дон.
Сармоя ба суд бисёр мадеҳ ки дар охират зиён дорад.
Худро асири шаҳват масоз.
Аз навқиса вом12 махоҳ!
Ками худро аз бисёри дигарон беҳтар дон!
Тадбир бо мардуми доно ҷуй.
Ҷавониро ғанимат дон. Ба ҳангоми ҷавонӣ корҳои ҳарду ҷаҳонӣ бисоз, ёрон ва дӯстонро азиз дор. Харҷ ба андозаи дахл кун, илму адаб омӯз ва тир андохтану савориҳо ёд гиру ёд деҳ.
Эй азизо! Дари зулм макшой ва аз оҳи мазлумон ҳазар намой, ки зулм намудан аз Худо бехабарист ва мазлумонро кӯ ба кӯ рондан мояи бехирадист.

ГУЛБАРФИ ГАРМ
Майда - майда барфборон сапсафед ,
Бо ҳавас аз ёр дорам ман умед :
Ғамзае аз қомати мавзуни ӯ ,
Чашмаке аз чашми пурафсуни ӯ ,
Маззае аз он лаби майгуни ӯ ,
Ман ҳаме сар то ба по мафтуни ӯ.
Майда - майда барф бо амри Худо ,
Дилбарамро бесадо кардам садо :
То бигӯям дилбари оини ӯ ,
Дасти ман бар кокули мушкини ӯ ,
Бар сари ман панҷаи нармини ӯ ,
Хушдилам аз бӯйи атрогини ӯ.
Майда - майда барф ояд чун нишон ,
Бо сафеди гуфтамаш рози ниҳон :
Гӯиё ман баста андар доми ӯ ,
Барфигул шуд аз бароям номи ӯ ,
Ташнагиро бишканам аз ҷоми ӯ ,
Чун расад бар манзили ман гоми ӯ.
Расул Додхоҳи Раҳимиён 17 . 01 .2021
Майда - майда барфборон сапсафед ,
Бо ҳавас аз ёр дорам ман умед :
Ғамзае аз қомати мавзуни ӯ ,
Чашмаке аз чашми пурафсуни ӯ ,
Маззае аз он лаби майгуни ӯ ,
Ман ҳаме сар то ба по мафтуни ӯ.
Майда - майда барф бо амри Худо ,
Дилбарамро бесадо кардам садо :
То бигӯям дилбари оини ӯ ,
Дасти ман бар кокули мушкини ӯ ,
Бар сари ман панҷаи нармини ӯ ,
Хушдилам аз бӯйи атрогини ӯ.
Майда - майда барф ояд чун нишон ,
Бо сафеди гуфтамаш рози ниҳон :
Гӯиё ман баста андар доми ӯ ,
Барфигул шуд аз бароям номи ӯ ,
Ташнагиро бишканам аз ҷоми ӯ ,
Чун расад бар манзили ман гоми ӯ.
Расул Додхоҳи Раҳимиён 17 . 01 .2021
Audio
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошной хуш намеояд маро.
Гӯиям рав з-ин дару султони вақти хеш бош!
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро.
Гуфтамаш: дар оби ораз акси ҷони мо намо!
Гуфт: ҳар дам худнамой хуш намеояд маро.
Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.
Мункири зӯҳдам ба рӯят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.
Сӯфиён гӯянд чун мо хезу дар рақси Камол,
Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.

Сафари мушкилу дур аст магар тӯша барӣ.
То дилу ҷони ту аз файзи азал шод шавад
Ёд кун аз лаҳади тор, шабе тор, шаб хез,
Нола кун, равшании гӯри ту фарёд шавад
. Ганчро дасти сахо ёфт, бидех, то ёбй,
Ки зиёда зи сахо ганҷи худодод шавад.
Тоифи каъбаи дил шав, ки гирди ҳарамаш,
Ҳар диле бастаи дун омада, озод шавад.
Золи дун ханҷари домодкуширо нагузошт,
Хун гирифта дигаре омада домод шавад.
Бе сутунвор дар ин ҷо нарасад кас ба мурод,
Зарби хар тешаи ин нолаи Фарход шавад.
Кас дами шодй дар ин гамкада чун мехохад,
Ки паи хар ғаме сад ғусса бунёд шавад.
Бурриши ҷавхарам аз оташи ишк аст, Ҷунун
Охани сард кучо ханчари фулод шавад?
Мавлави Ҷунунӣ

Рузе як сайёҳ (турист) дар кучаҳои шаҳр қадам мезад. Як гадое ба ӯ гуфт: Дар роҳи Худо кумакам кун. Сайёҳ гуфт: What? (ват? яъне, чӣ мегуӣ?), фақир такрор кард: Дар роҳи Худо кумакам кун. Сайёҳ боз гуфт: What? (ват?). Фақир беҳавсала шуд ва дигар чизе нагуфт. Баъд аз ин, ки сайёҳ аз ӯ аксе ба ёдгор гирифт, қадамзанон дур шуд. Вақте ба кишвараш бозгашт, аз як нафаре, ки аз ҳамон кишвари омадааш буд, тарҷумаи дар роҳи Худо кумакам кунедро пурсид. Он шахс гуфт, ки ин бечора аз ту кумак хоста...Дили сайёҳ ба дард омад ва барои марди фақир бо кумаки созмони хайрия муодили як милюн пули ҳамон кишвар ҳамроҳи акси марди фақир ва нишонааш фиристод то кумак ба дасташ бирасад...
Хулоса пул ба дасти созмони дар пойтахти ҳамон кишвар буда расид, масъули созмон гуфт: Як милюн баройи як гадо зиёд аст, панҷсад ҳазор барояш кофист. Панҷсад ҳазорро дод ба дасти волие, ки ба дасти гадо бирасонад ва боқиро баройи худаш бардошт. Волӣ гуфт: Панҷсадҳазор барои як гадо зиёд аст. Панҷоҳ ҳазор барояш муносиб аст. Панҷоҳ ҳазорро барои шаҳрдор фиристод ва боқиро бардошт.
Шаҳрдор гуфт: Панҷоҳ ҳазор зиёд аст барои гадо, панҷ ҳазор кофист. Панҷ ҳазорро фиристод ба ноҳияи марбута, ки ба дасти гадо бирасонанд. Раиси ноҳия ҳам гуфт: Панҷ ҳазор ҳам барои гадо зиёд аст, панҷсад сум барои гадо кофист, то як ғазо бихурад боқӣ ҳам барои ман аст. Раиси ноҳия ёрдамчии шуъбаро садо кард, гуфт: Бирав ба фулон гадойгар ин панҷсадиро бидеҳ! Он ёрдамчии шуъба ба гадо, ки расид, гуфт: Ёдат ҳаст, як сайёҳи хориҷӣ, ки ту аз ӯ кумак хоста будӣ ва аз ту як акс гирифта буд?
Марди фақир гуфт: Бале, хеле хуб ёдам ҳаст.
Он масъули шуъба гуфт: Бароят салом мерасонад ва ин аксро бароят фиристод ва гуфт дар ҳақам дуо кун.
(Достони воқеӣ, кишвар махфӣ гузошта шуд)

Дунё ки матоаш хама партофтанист
Дар ковиши у машав ки ноёфтанист
Дар у чизе талаб куни дархохи ёфт
Чуз сухбати дустон ки ноёфтанист
Дар ковиши у машав ки ноёфтанист
Дар у чизе талаб куни дархохи ёфт
Чуз сухбати дустон ки ноёфтанист
Тилисми зиндагиро бишкану аз он баро ҷоно,
Ки дунë ҳамчу зиндонест баҳри оқилу доно.
Дар ин дунë ба кори бад амал кардан хато бошад,
Қадам сӯи сироталмустақим мону сано хоно.
Вуҷудат об деҳ ҷоно ту худ бо тоъати Яздон,
Бисозад дур ҷисматро зи кору бори шайтоно.
Тафаккур кун барои чӣ дар ин дунë туро овард,
Магар мисли шикамсерию хуфту хоби ҳайвоно.
Худ ин кори хатое аст на ҳам як манфиат дорад,
Ба гуфти Ҳақ амал бинмо ба боғаш зан ту ҷавлоно.
Мапарто аз забонат ҳеҷгаҳ Ромин ту зикри Ҳақ,
Ки то корат расад бар сӯфию муллою мавлоно.
Ромини Музаффари Суғдзод (Абдуллоев).
ËДАШ БА ХАЙР!

Гуфтугўи Инсон бо Худованд
Гуфтам Худоё чигна оғоз кунам?
Гуфт ба номи ман
Гуфтам Худоё чигуна ором гирам?
Гуфт ба ёди ман
Гуфтам Худоё хеле танҳоям?
Гуфт танҳотар аз ман?
Гуфтам Худоё ҳеҷ кас канорам намонда аст
Гуфт ба ҷуз ман
Гуфтам Худоё аз баъзеҳо дилгирам
Гуфт ҳато аз ман?
Гуфтам Худоё қалбам холист
Гуфт пур кун аз ишқи ман
Гуфтам дасти ниёз дорам
Гуфт бигир дасти ман
Гуфтам бо ин ҳама мушкил чи кунам?
Гуфт тавакал кун ба ман
Гуфтам эҳсос мекунам хеле аз тӯ дурам
Гуфт не, наздиктарин ба тӯ ман
Гуфтам барои орзуҳоям чи кунам?
Гуфт талош кун, ба умеди ман
Гуфтам чигуна аз ин дунё дил биканаму биравам?
Гуфт ба умеди дидори ман
Гуфтам Худоё чаро ин қадар мегуӣ ман?
Гуфт чун ман аз тӯ ҳастаму тӯ аз ман...

#МУМСИК
#Ҳикоя
Шахсе буд сарватманд, вале хасис. Дар ҳозиру ғоибаш Мумсик ном мебурдандаш мардум. Соҳиби рамаи бузу гўсфандон буд вале хўрокаш на ҳама вақт гўшт дошт. Ҳамеша дар фикри он буд, ки аз ҳисоби дигарон кайфу сафо кунад. Якчанд мошин дошт, вале нақлиёти дигаронро истифода мебурд. Агар гоҳе худрави худро истифода карданӣ шавад, ҳам ду-се литр сўзишворӣ мерехту халос. Хуллас мумсики гузарое буд…
Боре Мумсик савори мошини худ раҳсипор шуд барои хабаргирии гўсфандонаш, ки дар чарогоҳи як ноҳияи кўҳистон буданд. Муҳаррики мошине, ки моҳҳо аз ҷояш наҷумбида буд, дар қарибии рустое аз кор монд…
Офтоб охирин нурҳои худро ҷамъ намуда, дар паси ағба пинҳон шуд. Мардуми деҳ аз кори саҳро ба хонаҳои худ бармегаштанду подаву рама аз чарогоҳ…
Марди раҳгузаре мусофир будани Мумсикро дида, наздаш омад ва аҳволпурсӣ намуд. Вазъи баамаломадаро фаҳмида, изҳор намуд, ки ҳоло дер шудаасту ба хонаи ў меҳмон шавад, пагоҳ ягон илоҷашро меёбанд…
Мизбон гўсфандеро забҳ намуд ва ду се ҳамсояашро даъват намуда, то як поси шаб зиёфат орост. Субҳи барвақт, Мумсик ҳоло дар хоб буд, ки сохибхона устоеро оварда, иллати мошинро бартараф кард.
Ҳангоми рафтан Мумсик аз мизбон пурсид:
– Бародари азиз, ман як роҳгузари ношинос. Ин лутфу меҳрубонӣ ва ин зиёфату меҳмондорӣ ба хотири чӣ буд?
Мизбон ҷавоб дод: - Аввалаш ин ки мо мардуми тоҷик меҳмоннавозем ва меҳмон атои Худост. Дувумаш ин аст, ки ман ин молу сарватро бо заҳмат наёфтаам.
Худо биёмурзадаш раҳматӣ шавҳари пешинаи ҳамин ҳамсарам бисёр марди хасис буд. На худаш мехўрду на ба дигарон медод. Ў мурду, мани муҷаррад баъди як сол ба ин занак хонадор шудам ва муфт соҳиби ин ҳама молу сарват гардидам.
Одатам ҳамин аст ки хайру саховатро аз касе дареғ намедорам ва Худованд низ, хайру баракаи давлату дороиамро дучанд гардонида истодааст…
Рангу рўи Мумсик канд, молу сарвати худаш, зану фарзанд ва мурданаш пеши назараш омаду, бо мизбон хайрухушро фаромўш карда, мошинашро ҷониби чарогоҳ ронд…
Ба назди рама расид. Нури офтоб аз паси қуллаҳои пастобаланди кўҳ ба ҳар ҷониб паҳн шуда, ҳамчун панҷаҳои зарини осмон рутубати заминро берун мекашид. Бузу гўсфандон аз гулу растанӣ ва майсаҳои чарогоҳи сералафи кўҳистон баҳра мебурданд…
Чўпонро фармуд, ки ду гўсфанди беҳтаринро забҳ намуда, як миқдор лаҳм ва дилу ҷигарашро ба дег андозаду боқимондаро ба бордони мошин гузорад.
Аз ин тасмими ногаҳонии соҳиби рама чўпон дар ҳайрат афтод. Чунки пеш вақтҳо Мумсик чунин рафтор намекард. Меомаду ба ҳисобу китоби чорво машғул мешуд ва баҳонаҳо пеш меовард, то ки дастмузди чўпонро камтар диҳад…
Гўштбирёнро хўрданду, чўпони рамузфаҳм ҳангоми гусели меҳмон оҳиста пурсид:
- Хўҷаин мебахшед ин қадар гўшти бисёрро чи кор мекунед?
Мумсик бе истиҳола ҷавоб дод:
- Ҳамроҳи зану фарзандон ва ҳамсояву дўстон нўши ҷон ва маишат мекунем. То ки баъди сари ман давлату дороии ман ба шавҳари занам нарасад…
Чўпон аз қафои мошини Мумсик дурудароз нигоҳ карда, сухани кадом бузургеро, ки боре аз ҳамсояи фозилу сухандонаш Устод Сабзаалӣ шунида буд, зери лаб такрор намуд:
Зар ҷамъ кунӣ барои се бегона,
Шўи зану домоду арўси писарат.
Афсар Сармад
Зар ҷамь куни ту барои се бегона,
Бар шуи занат ё ба ягон бехона.
Ҷамь кардиву худ нахурдиву пас мурди,
Баьди ту хурад ҳушёру сад девона.

Дустро ман шер гуфтам,рубахи айёр буд,
Чон курбонаш намудам,хуб ширингуфтор буд.
Дар никоби дусти лабханд мезад бахри ман,
Лек дар зери никоби дусти чун мор буд.
Лахзае,ки деги ман чушид чун парвона буд,
Лахзае аз чуш монд,аз руйи ман безор буд.
Лахзае,ки давлатам буд,чун асои даст буд,
Рафт давлат,рафт дуст,бо дусти давлатдор буд.
Рузи мотам тарки ман бинмуд парвое накард,
Рузи шодиям,вале аз шодихо саршор буд.
Гиря кардам,дар канори худ надидам хамдиле,
Пуштибони ман Худою,пушти ман девор буд.
Дусти чониро кучо ёби ту Махкампур,бигу!
Хар суруди ту шифои сад дили бемор буд.
Jamshedi Mahkampur!

ПАНДИ РӮЗ
Он кас, ки бидонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Худро ба баландии саодат бирасонад.
Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад,
Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бо кӯзаи об аст, вале ташна бимонад.
Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.
Он кас, ки надонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад.
Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.
Он кас, ки надонад ва нахоҳад, ки бидонад,
Ҳайф аст чунин ҷонваре зинда бимонад....
Ибни ЯМИН

ТИЛФОН АҶАЛИ МАН
***
Чун ҳамсари ман рўзу шаб андар бағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Маъшуқаи ман, ҳамнафаси ман, асали ман,
Тилфон аҷали ман.
Бо ин ҳама таъкид фитодем ба домаш,
Гаштем ғуломаш,
Ку ҳӯши худододаву ақли азали ман,
Тилфон аҷали ман.
Мағзу асабам мавҷ гирифтасту хароб аст,
Бисёр азоб аст,
Ин аст яқин иллати феъли дағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Ҳар кор кунам дасту дилам банд ба тилфон,
Ҳӯшам ҳама бар он,
Бисёр хатарнок шудаст ин касали ман!
Тилфон аҷали ман.
Тилфони муосир шуда ҳам мӯш ва ҳам гӯш,
Ҷосусаки хомӯш,
Дар ҳар қадаму ҳар сухану ҳар амали ман,
Тилфон аҷали ман.
Не хилвату не узлату не ишрату не хоб,
Корам ҳам гирдоб.
Ку роҳату ку зиндагии бехалали ман,
Тилфон аҷали ман.
Хоҳӣ, ки шавӣ бандаи бадбахт ба тилфон,
Бемору пушаймон,
Обуна шав, обун шав андар канали ман!
Тилфон аҷали ман.
Ҳам мўи сарам рехт ва ҳам мижаи чашмам,
Бисёр ба хашмам,
Аз дидаи бенуру сари тоси кали ман,
Тилфон аҷали ман.
Фарёд, ки сармояву вақтам ҳамагӣ мурд,
Тилфон ҳамаро хўрд,
Худкуштани худ нест магар ин ҷадали ман?
Тилфон аҷали ман.
Гар бар ту азиз аст пулу вақту тану ҷон,
Бигрез зи тилфон,
Ҳаҷв аст, вале рост бувад ин ғазали ман,
Тилфон аҷали ман.
Абдуллоҳи Раҳнамо