Барои омӯзгорони забон ва адабиёт. Китобҳои бадеӣ, илмӣ ва дарсӣ бо забони тоҷикӣ
245 subscribers
248 photos
83 videos
1.1K files
163 links
Ба канал муаллимон ва донишҷӯён метавонанд дохил шаванд.
Download Telegram
Ғазали Иброҳими Наққош

Ба ҳаққи хешу пайвандон саҳаргоҳон дуо кардам,
Ба ҳаққи зодаи инсон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи ҷумла беморон, ба ҳаққи ҷумла бекорон,
Ба ҳаққи дарди бедармон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи он шифокорон, ба ҳаққи он мададгорон,
Ба ҳаққи нусрати онон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи он муҳоҷирҳо, ба ҳаққи он мусофирҳо,
Ба ҳаққи зумрае сарсон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи пири ботадбири бо ранҷу бало собир,
Ба ҳаққи хубиву эҳсон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи модарони пиру фарзандони бетадбир,
Пайи ислоҳи гумроҳон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи бахти духтарҳо, ки равшан бошад ахтарҳо,
Ба ҳаққи ноҷавонмардон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи беваҳою он ятимони ҷигархаста,
Ба ҳаққи модари нолон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи он ки ин дунё бувад пайваста ободон,
Ба ҳаққи ҳосили деҳқон саҳаргоҳон дуо кардам.
Ба ҳаққи ин дили Наққош, к-эмин бошад аз пархош,
Ба ҳаққи номи фарзандон саҳаргоҳон дуо кардам.
Шеъри тоҷик ифтихори тоҷик аст.
Ҳам нишони нангу ори тоҷик аст.

Ҳам китоби умри ӯ то пои марг,
Ҳам катиба дар мазори тоҷик аст.

Ҳар ки ӯ бишнид суруди аллае,
Тоҷикасту аз табори тоҷик аст.

Вазни дарди ӯ бувад дар шеъри ӯ,
Қиммати шеъраш иёри тоҷик аст.

Шеъри имрӯз нест танҳо як шиор,
Шеъри хуб гуфтан шиори тоҷик аст.

То ба ҷое меравад овозааш,
Сарҳади марзи диёри тоҷик аст.
Ассалому алайкум устозони азизу меҳрубонам! Ман Муҳаммадиева Чарос шогирди муаллимони мактаби рақами 75-и ноҳияи Сариосиё шуморо бо фарорасии соли 2021 табрик мекунам. Ба шумо ва аҳли оилаатон тинҷи, сиҳат- саломати, ободонӣ, бахт ва омад мехоҳам.
Барои омӯзгорони забон ва адабиёт. Китобҳои бадеӣ, илмӣ ва дарсӣ бо забони тоҷикӣ pinned «Ассалому алайкум устозони азизу меҳрубонам! Ман Муҳаммадиева Чарос шогирди муаллимони мактаби рақами 75-и ноҳияи Сариосиё шуморо бо фарорасии соли 2021 табрик мекунам. Ба шумо ва аҳли оилаатон тинҷи, сиҳат- саломати, ободонӣ, бахт ва омад мехоҳам.»
СОЛИ НАВИ ДУ ҲАЗОРУ БИСТУМ ТАБРИК!

Дар чеҳраи поки ту табассум, табрик,
Дил аз ғами ишқи ту занад гум, табрик!
Эй дилбари бистсола, аз ҷон гӯям:
Соли нави ду ҳазору бистум табрик!

***
Имсол, ки бо тарзи дигар омадааст,
Бо ҳусни аҷибу карру фар омадааст.
Монандаи тифлони дугоники базеб
Имсол ду БИСТ бар ба бар омадааст.

КӮҲЗОД ФАТҲУЛЛО
ХОҲИШ АЗ СОЛИ НАВИ МИЛОД !..

Ман аз Соли Нави милод, канори ёр мехоҳам,
Муҳаббатҳои ширине, ба дил бисёр мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, паси сар карда ин соле,
Ба ҳар як одами дунё, барори кор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, ба зориву таваллоҳо,
Шифойи комили ҳар бандаи бемор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, тани солими одамро,
Ба саркӯбӣ, Худогӯйӣ, ба сад зинҳор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, баройи кулли сайёра,
Фазойи беғубори орӣ аз куштор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, сари ҳар як муҳоҷирро,
Ба рӯйи зонувони модарони зор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, аз тарси Худовандӣ,
Каме инсоф, ба ҳар савдогари бозор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, ба истиқболи Наврӯзӣ,
Дили аз шодиву базму тараб, саршор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, сари ду зону бо саҷда,
Ба боғу хӯшаи гандум, сари пурбор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, ҷамоли одамиятро,
Кушода, бениқоб, бепардаву асрор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, ба васфи Модари тоҷик,
Зи дасти хомаи дил, беҳтарин ашъор мехоҳам.

Ман аз Соли Нави милод, ба ду чашми умедворӣ,
Ба Кайҳон, аз дари Яздон, дили бедор мехоҳам.
Кайҳон Суфӣ.
Ҳар чи дар соли куҳан буд бо соли куҳан рафт. Биë мо қадами нав занем.
Ту аз ман ранҷида будӣ, ман ҳам аз ту ранҷида будам. Нисбатам кина варзидӣ, ман ҳам нисбати ту кина доштам.
Ту маро бад диди, ман ҳам туро бад дидам. Ту маро озор додӣ ман ҳам туро озор додам.
Аммо...
Аммо ки ғолиб шуд?
На ман ва на ту!!!
Биë бо қадами соли ҷадид мо ҳам қадамҳои ҷадиди бекина, беозор ва бидуни бадӣ бизанем.
Биë!
Биë ба хотири банда буданамон иблисро ноумед кунем.
Ноумед кунем!
Биë!
Хештанро бо ғаму андӯҳ накуш ! Қиссаҳои воқеъӣ

Як шогирде доштам ба номи Саъдӣ, ки тақрибан як ҳафта ба дарс ҳозир нашуд. Рӯзе ӯро дар назди дорухонае дидаму гуфтам: - Саъдӣ чӣ ҳол дорӣ? Чаро як ҳафта боз дар дарс намебинамат? Гуфт : Ҳеҷ гапе нест, ҳама хуб аст. Вале аз чеҳрааш возеҳ буд, ки чӣ мусибате рух додааст. Пофишорӣ намудам, ки чӣ мусибате бошад, ба ман бигуй.
Саъдӣ гуфт : Писарам бемор аст ва ҷигараш варам кардааст. Боз чанд рӯз қабл табибон дар хунаш микроби хатарноке пайдо намуданд, ки хело манфӣ аст ва ин микроб ба димоғи писарам асари манфӣ гузоштааст. Аз ҳуш ва суҳбат намудан оҷиз аст.
Гуфтам : Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ. Сабр кун бародарам ва аз Худованд шифо талаб кун. Агар Худованд барояш шифо навишта бошад, иншоаллоҳ шифо меёбад ва агар на, пас дар рӯзи қиёмат дастгират хоҳад гашт.
Гуфт : Устод фарзандам тифл нест.
Гуфтам : Чанд сола аст?
Гуфт : Ҳабдаҳсола.
Гуфтам : Аз Худованд оҷизона талаб менамоем, ки писари шуморо шифо диҳад ва дар фарзандони дигари шумо баракат бидиҳад.
Ин ҳангом сарашро поён кард ва чунин гуфт: Устод ман ба ҷуз ин писар дигар фарзанде надорам. Худованд бароям фарзанди дигаре надодааст ва боз бинед, ки инаш ҳам дар ин ҳол аст.
Чун воқеъан дидам,ки ҳолаш хеле вазнин ва аз ҳаёт маъюс аст, ба ӯ гуфтам : "Бародари гиромиам, худро бо ғаму андӯҳи сахт маяфкан, зеро хуб медонӣ, ки моро он чизеро, ки Худованди таборак ва таъоло барои мо навиштааст, он мерасад."
Пас аз гуфтугузор дидам, ки дар чеҳрааш табассуме пайдо гардиду гуфт: Бале рост мегуед. Воқеъан чунин аст, вале инсон ҳамеша мехоҳад як коре бикунад, ноогоҳ аз он, ки "Ту мехоҳӣ ман мехоҳам, вале мекунад Худованд он чиро, ки Худаш мехоҳад." Пас вақто, ки чунон аст, чаро хешро бо ғаму андӯҳ биафканем, дар ҳоле, ки мо ба ҷуз бандагони Худо чизи дигаре нестем ва ончи Ӯ бихоҳад ҳамон мешавад, на чизи дигар.
Боз мехоҳам як фоҷеъаи дигареро дар инҷо бароятон қисса кунам, ки мусибати ин дуввумӣ хело вазнинтар аз аввалӣ аст.
Ба яке аз ноҳияҳои зебоманзари кишвар сафар доштам ва дӯсте доштам ба номи Холид. Чун бо ӯ соате нишастам ва наздики намози пешин шуд, гуфтам, биё намозро мехонем. Гуфт: биё бо ман баъди намоз ба таъзияи як рафиқе, ки хеле марди наҷибу хубест ва дар ноҳия ӯро ҳама эҳтиром мекунад ба номи Абдулғаффор биравем. Уро мусибати бузурге расидааст, хуб аст, то рафта, таъзия баён кунем. Гуфтам: майлаш меравем.
Аз Холид пурсидам, ки ба ман бигуй, ки ба чи мусибати бузурге гирифтор шудааст ин рафиқи шумо Абдулғаффор?
Холид гуфт : Писари калонаш бо ҳама аҳлу оилааш ба шаҳри Душанбе дар мошини ланкрузер сафар намуданд ва мошин бо ҳама аҳлу оилааш ба дарё рафтааст ва касе аз он 11 нафар зинда набаромадааст. Худаш ҳам бояд дар он аруси иштирок мекардааст вале коре пеш мебарояд ва ин Абдулғаффори рафиқи мо дар шаҳри Хуҷанд боқи мемонад ва чунин ҳодиса рух медиҳад аз ин оила танҳо худаш боқи мемонаду бас.
Намози зуҳрро гузоридем ва рафтем ба хони ин марди мусбатзада Абдулғаффор. Ҳангоме,ки дохил шудем як марди панҷоҳсолаи зебо сурате моро пешвоз гирифт ва бо Холид як дигарро ба оғуш гирфтанд ва осори ваҳшат ва яъс дар чеҳрааш намудор буд вале гиря ва сухани ноҷое нашунидам аз ин мард. Дар назди мо нишаст ва чунин гуфт бар сари ҳама фарзанди инсон мусибати марг меояд вале ба чунин ҳодисае бар сари ман омадааст кам ҳодисотеро дидаам, вале Худоро шукр мегуям, чун мо ҳама аз Худоем ва ба суйи Ӯ боз хоҳем гашт. То ин ҳангом ором буд вале ашк гулугираш намуд ва чунин гуфт: 4 рӯз мешавад, ки наметавонам хоб равам, чизе бихурам ва бо касе суҳбат кунам, вале чун шуморо дидам, ба худ гуфтам, мехоҳам бо шумо каме дарди дил кунам. Ман 4 рӯз аст аз сузиши дил гирди хонаам давр мезанам ва ҳолате ҳам шуд,ки хокҳоро бар сарам молидам, ки ин мусибат ва имтиҳонро Худованд насиби ман намӯд, то маро озмоиш кунад, вале ман шукр мегуям ва розиям аз ҳар чи бар сарам омада аст. Ба хонаи духтарам Суман дохил мегардам, духтарам имсол ҳаждаҳсола шуда буду сандуқҳо ва либосҳои арусиашро омода намуда будем ва пас аз 2 моҳ туй дошт, вале насибаш накард. Ду писари дигарам, ки яке 15 сола ва дигаре 13 сола
буданд ба хонаи хобашон медороям ва он ҳуҷраро мебинаму чашмонамро мепушам ва ҳардуи он писараконамро дар онҷо тасаввур мекунам,ки дадаҷон гуфта маро ба оғуш мегиранд. Ду набераи хурдакакам Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон, ки 4 сола ва 6 сола буданд, онҳо, ки медаромадам бобоҷон гуфта медавиданд ва шикоят менамуданд, ки ину он. Ин ҳангом ончунон гиря гулугираш кард, ки дигар сухан гуфта наметавонист... Ва ҳамеша шукр, эй Худовандам маро ба ин имтиҳон мубтало намуди, вале ман розиям мегуфт. Ман ва дустам Холид аз он мард карда зиёдтар мегиристем, бовар кун, касе агар тинати инсони дар ӯ бошад, дар чунин ҳодисоти талх худро дошта наметавонад. Каме нишаст ва боз бахшиш пурсон аз наздамон хест ва меҳмонони дигарро хушомадед мекард ва бо ҳама суҳбат мекард. Шахсе агар намешинохт Абдулғаффорро фикр намекард, ки ин мард азодор аст, он қадар худро ором вонамуд мекард. Бале хонандаи гироми агар ин Абдулғаффор худро ба даст намегирифт воқеъан аз ғам ва андӯҳ мемурд, вале сабр ва истиқомат дар бало ва мусибат ин кори мардон ва занони бузург аст.
Аз ин хотир моро мебояд ҳамеша дар ҳама мусибати бар сарамон меомада сабур,шакебо,пуртоқат ва ба Худо онро ҳавола кардан даркор зеро ончи бар сарат омада аст аз тоқати мо ва ту инсони заъиф берун аст ва мо ва туро тавони ду бора барқарории он нест ва ё тавони дубора зинда кардани мурдае нест барои ин набояд барои мусибате бар срамон омада ончунон ғамгин ва андуҳгин шавем,ки саломатии худро аз даст бидиҳем ва худро дар мусибат бигузорем.
Ин мардумон дар чунин мусибатанд ва мусибатҳое низ ҳастанд,ки аз ин ду қиссаи манҳам вазмин тар ва талх тар бошанд, вале занҳои мо ва шумо инҳоро на мехонанд ва на мехоҳанд, ки аз чунин ҳодисот хабар дор гарданд, доимо дар фикри чианд?
Барои чӣ хонаи мо куҳна аст? Барои чӣ асос ва лавозимоти манзиламон зебо нестанд? Барои чӣ пардаи хонаамонро як сол шуд иваз намекунем? Барои чӣ либоси зани ҳамсоя аз муди ҷадид аст аз ман не ? Барои чӣ ва барои чӣ. Вале бе хабар аз он ҳодисоти талхе мегузарад ҳар рӯз дар ҳамон шаҳре, ки зиндагони доред дар ҳамон ноҳия дар ҳамон кучае, ки зиндагони доред. Танҳо ҳаёт моддиётро медонанд бе хабар аз он,ки шавҳарат солим фарзандат солим хонаат обод шикамат сер ва ..... Вале инҳоро як чизи одди ва ночиз мешуморанд дар ҳоле, ки солимии оила ва осуда будани он худ бузургтарин неъматест,ки ҳама аз неъмат бархурдор нестанд. Намехоҳам мақоларо ба дарозо барам иншоаллоҳ, ки мақсади маро фаҳмидед ва ба он амал хоҳед кард хоссатан бонуҳои мусалмони тоҷик.
Forwarded from СУХАНВАРОНИ НИҲОН....
ЭҶОДИ
НАВ ДАР СОЛИ
2021
ШУКР МЕБОЯД КАРД.


Агар чи зиндагӣ талхасту ширин.
Ҳамеша шукр мебояд кард аз ин.
Наоем ҳамчу сабза дар баҳорон. Ба боғи Ираму ҳам кишвари Чин.

Басе золим гузашт амсоли Чингиз.
Фано гардида Намруд аз паи чиз.
Ба даръё сарнагун гардида Фиръавн.
Ҷудо аз маъбаду ҳам курсиву миз.

Наоянд бар ҷаҳон Саъдиву Бедил
Куҷо шуд?Рӯдакиву Хоҷаҳофиз
Намонд аз шавкати Рустам нишона.
Ки ӯ худ буд яктои замона.
Надида мардуми мо чеҳраи ӯ.
Бихонанд қиссаашро аз Шоҳнома.

Зи тавлид то фано як пораи роҳ.
Чу субҳи содиқу айёми бегоҳ.
Якеро дар ҷаҳон садсола бинам
Дигар дар батни модар нимаи роҳ.
Ба фармони Худо омода бошем.
Расулаш бо ваҳийяш карда огоҳ
Ҳамеша дар талоши илм кӯшем.
Накобем бар раҳи ҳар роҳгузар чоҳ.
(АСАДУЛЛО ХУДОЙДОДОВ)
1-уми январи 2021.*********!
.
Ҳақи модар

Дар замони ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) саҳобае бо исми Алкама буд, ки дар ибодат машҳур буд. Бистарӣ шуд. Саломатияш хуб набуд. Рӯзе аз Алкама хабар омад. Вазъи саломатии Алкама лаҳза ба лаҳза вазнин мешуд, аммо рӯҳашро таслим карда наметавонист. Калимаи шаҳодатро зикр кардан барояш душвор буд. Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳолати маънавии Алкамаро аз саҳобаҳо пурсид. Саҳобаҳо ҷавоб доданд, ки ибодатҳояшро ба ҷо меовард. Он вақт Расулуллоҳ (с.а.с.) амр намуд, то модари Алкамаро наздаш биёранд. Модари Алкамаро назди Расулуллоҳ (с.а.с.) оварданд. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз модари Алкама пурсид:
- Модар! Аҳволи Алкама чӣ гуна буд? Ибодаташро ба ҷо меовард? Чӣ айбе дошт? Ягон айбе дошт, магар?
Модар ҷавоб дод:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама ибодатҳояшро адо мекард, аммо ман аз ӯ ранҷида будам. Ҳамсарашро аз ман боло медонист. Хоҳишҳои маро ба ҷо намеовард.
Пас, аз шикояти модар, зикр накардани калимаи шаҳодати Алкама маълум шуд. Барои ҳали ин масъала, бояд, ки модар ҳақашро ҳалол бикунад. Модар нияти бахшидани фарзандро надорад. Пайғамбар (с.а.с.) амр кард, то ин ки чӯб биёранд ва оташ зананд. Модар сабаби оташ карданро пурсон шуд. Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуд:
- Нафаре, ки дили модарашро меранҷонад , осӣ мегардад ва ҷазои он сӯзондан аст. Ӯро бо оташ месӯзонам.
Дили модар тоқат накард ва гуфт:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.) фарзанди ҷигарпораамро месӯзонӣ?
Расулуллоҳ (с.а.с.):
- Албатту месӯзонам, зеро ту ҳам то он вақте, ки ҳақатро ҳалол накунӣ дар ҷаҳаннам месӯзад. Пеш аз он, ман месӯзонам.
Модар:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Ман ҳақамро ҳалол кардам.
Расулуллоҳ (с.а.с.):
- Рафта бубинед, ки аҳволи Алкама дар чӣ ҳолат аст?
Рафта омаданду чунин гуфтанд:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама калима шаҳодатро зикр дорад.
Бале, Алкама калимаи шаҳодатро такрор ба такрор бигуфту рӯҳашро таслим кард.
***
Набояд фаромӯш кард, ки пас аз ибодату итоати Аллоҳ Таъоло, итоат ба волидайн меояд. Аллоҳ Таъоло дар сураи Исра ояти 23 фармудааст:
"Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Ҳаргиз ба сӯи волидайн «уф» магӯ. Ҳаргиз зикр макун, ки аз хизмати волидайн хаста шудаӣ."
Баъзе аз бузургон аз қабили Увайси Қаранӣ аз оиладоршавӣ канора ҷӯст, зеро андешаи онро кард, ки шояд аз сабаби ҳамсарам дар эҳтироми модарам костагӣ меорам.
Рубоиёт

Ҳар ҳарфи ту як таронаи ман бошад,
Чашми ту чароғи хонаи ман бошад.
Эй кош падар ҳазору сад соли дигар,
Дасти ту ба рӯи шонаи ман бошад.
____________________________________

Дар ҳар нафасе, ки мебарорам, ҳастӣ,
Дар ҳар қадаме, ки мегузорам, ҳастӣ.
Танҳо набувад ҳеҷ гаҳе бандаи Ту,
Он лаҳза, ки ман ҷон бисупорам, ҳастӣ.
____________________________________

Бидон инро тақозои замон аст,
Муҳаббат нест дар дил, дар забон аст.
Чаро шоир нависӣ шеър, охир
Дигар бо шеър дилёбӣ гарон аст.

____________________________________

Ҷононаи ман, фиребу фандам кардӣ
Бемору ҳақиру мустамандам кардӣ.
Пеши ҳама гарчи нописандам кардӣ,
Дар олами шеър арҷмандам кардӣ.

КӮҲЗОД ФАТҲУЛЛО - шоири ҷавону умедбахш, ровии хушкалом...
Тамоми умр меҷустам туро аз кӯчаҳои ишқ
Вале пайдо намудам, ки насиби дигаре будӣ.
Сари танҳо, дили танҳо ба кӯят омадам, аммо
Дилеро раҳбаре будӣ, сареро сарваре будӣ
Ману ту сахт монандем дар тақдиру дар қисмат, Ману ту сахт метарсем аз ворафтани исмат
Ману ту сахт пайвандем дар дунёи рӯёӣ
Худоё, кош, бедорӣ намедидему дунёӣ.
Дилам фармон намегирад, вале водор месозам
Зи дунёи муҳаббат чашмро пӯшида мемонам.
Барои вақти ту эҳсоси худро карда қурбонӣ
Гули хоҳам нахоҳам дар мазори ишқ мемонам.
Баҳор асту ҳама дилро хаёли ишқ мегирад,
Хумори ҷон тапидан дар канори ишқ мегирад.
Фақат метарсам аз рӯзе, ки ногаҳ аз гиребонам Уболи ишқ мегирад, уболи ишқ мегирад.(?)
Эй азизу нозанин субҳат ба хайр!
Эй нигоҳи дилнишин субҳат ба хайр!

Ҳамраҳи хуршед оям ҳар саҳар,
Бо саломи оташин субҳат ба хайр!

Ҳар нафас дар маҳзани ёдам туӣ,
Эй саропо беҳтарин, субҳат ба хайр!

Ҳамчу мурғони саҳар гӯям бихез,
Бо забони шакарин, субҳат ба хайр!

Чашм бикшову бубин, ки омадам,
Эй саропо офарин, субҳат ба хайр!...

@pandhoi_buzurgon
https://t.me/pandhoi_buzurgon
ХУШ БИЁ
Омадӣ, соли муборакнафас аз дур, биё,
Чашму дил карда ҳама тозаву масрур, биё.

Хуш бирав, соли куруно, ки дилам аз ту гирифт,
Хотирам шод набуд, обу гилам аз ту гирифт.

Хуш биё соли муҳаббат, қадамат некӯ бод,
Ҳама ғамҳои ҷаҳон пеши раҳат як сӯ бод.

Хуш бирав соли куҳан, соли аҷал, ғуссаву дард,
Ки ғамат меҳри туро дар дили ман ҷой накард.

Хуш биё, соли нав, эй соли салому дари боз,
Хуш биё, қалби маро бо фараҳи хеш навоз.
31.12.2020
Сапедаи Муҳаммад
Asliddin QamarzodaГазетаи мардумии СССР
18 апреля 2020 г. ·
ЗАҲҲОКИ АСРИ XXI
(Оиди вабои коронавирус ва паҳн шудани он дар рӯйи Замин)
Дар аксар маъхазҳои динӣ ва чандин китобҳои дар асру замонҳои гуногун навишташуда, ки то ба мо омада расидаанд, аз ҷониби Худои Таъоло офарида шудани нахустини аждоди бани башар Одам Ато ва Момо Ҳаво ва пайваста бо ин пайдо шудани қувваҳои некӣ ва бадӣ дар шакли Раҳмону Шайтон низ маълумоти гуногун ба назар мерасанд. Ба туфайли хусумати шахсӣ кушта шудани Қобил аз ҷониби бародараш Ҳобил аз ифодаи нахустин муборизаҳои бадӣ бар муқобили некӣ талқин карда шудааст. Дар аксар адабиёти динӣ, бадеӣ ва илмӣ низ ҳамин маънӣ талқину ифодаи худро ёфта омадааст. Аз ҷумла дар китоби муқаддаси дини Ислом Қуръони Карим низ дар чанд ҷой ишора аз ҳамин меравад. Ба як маънӣ Қуръон ба маънои томаш китоби дарсии ҳаёти тамоми инсоният ва умуман табиату ҷамъият ба шумор меравад. Ягон масъалаи хурду калони ҳаётӣ нест, ки аз он берун монда бошад. Чӣ дар китобҳои исломшиносон ва чӣ тадҷиҷоти олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷамъиятшиносӣ дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои Муҳаммад (с.а.с.) садҳо маротиба нишонаҳои ба охир расидани замон ёдовар мешаванд. Ва бештарини онҳо дар тӯли мавҷудияти инсон дар рӯйи олам борҳо исбот шудааст. Мо мисоли инро ҳатто дар рӯйдодҳои тоисломӣ низ равшан мушоҳида карда метавонем. Ба ин пеш аз ҳама ҳодисаҳои табиат, ки бузургтаринаш Тӯфони Нӯҳ талқин карда мешавад, мисол шуда метавонад. Пайваста бо ин ҷангу хунрезиҳои байни қабилавӣ, байни давлатӣ, дохили давлатӣ ва ғайраҳо боиси қурбони миллионҳо нафар одамон шудаанд. Муаррихон ҳанӯз мобайни асри гузашта, баъди анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ маълум карда буданд, ки дар таърихи инсоният беш 15500 ҷангҳои хурду калон рух дода будааст. Бузургтарини онҳо истилогариҳои Искандару Араб ва Чингизу Темур буданд, ки дар ин хусус таърихчиён бисёр навиштаанд ва мо аз такрори гуфтаҳои онҳо дар ин маврид худдорӣ мекунем.
Малтус ном назариётчии ҳамон давр иброз дошт, ки нуфузи инсон дар ҷамъият бо усули прогресси геометрӣ афзуда, маҳсули ҳадафи истеъмоли ӯ ба тарзи прогресси арифметикӣ истеҳсол мешавад. Гарчанд ҳодисаҳои табиат аз қабили зилзила, обхезӣ, сел. барфкӯчӣ, хушксолӣ, қаҳтӣ, вабоҳои ногаҳонӣ ва ғайра барои мувозинати аҳолиро нигоҳ доштан таъсир мерасонад, лекин ин кам аст. Бинобар ин бояд ҳар сари чанд дарр ҳар ҷойи дунё ҷангҳои хурду калон бояд рух диҳад, ки ин ба кам гардидани нуфузи истеъмолгарон таъсир мекарда бошад.
Тарафдорони ана ҳамин назарияи аҳмақона аз пайи афрӯхтани оташи ҷанг ва коркарди ҳар гуна силоҳи маҳви башарро аз қабили бомбаҳои атомию водородӣ шуданд. Олимони мутараққӣ ва равшанфикр бошанд, дар фикри бунёди маводи истеъмоли халқ шуда, аз пайи обёрӣ намудани заминҳои асрҳо боз бекорхобида, ба манфиати мардум хидмат кунонидани неъматҳои табиат, инкишофи саноат, ба афзудани маҳсулоти кишоварзӣ хидмат кунонидани химия, аз бар намудани кайҳон ва мавҷудияти ҳаёт дар он шуданд. Пайваста бо ин олимони нобакоре ҳам пайдо шуданд, ки ҳар гуна силоҳи биологӣ ва қатли омро кашф намоянд.
Дар натиҷаи ҳамаи ин дар рӯйи ҷаҳон муборизаи байни ду қувваи ба маънои том раҳмонию шайтонӣ авҷ гирифт. Дар натиҷа ҳанӯз бӯйи дуди ғализи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки бистари беш аз 50 миллион аҳолии рӯйи оламро хушк кард ва таъсири бади он ба ривоҷи се насли инсоният рафта расид, аз димоғ дур нарафта, тарконида шудани бомбаи атомӣ дар Хиросимаи Япония, дере нагузашта ҷангҳои Ироқу Миср, Исроилу Фаластин, Ҳиндустону Покистон, Вьетнам, хунрезиҳои бардавом дар Афғонистон ва ғайра далели ҳамин гуфтаҳоянд.
Рух додани зилзилаҳои шадид дар Япония, Ашқобод, Тошканд, Арманистон, зери кӯҳ мондани ноҳияи Ҳоит ва деҳкадаи Шарора дар Тоҷикистон, сунами дар Индонезия, Таиланд ва ғайра, ҷангҳои шадиди солҳои охир дар Ливан, Яман, Ироқ, Украина ва ғайра боиси аз байн рафтани миллионҳо одамони рӯйи замин шуданд.
Дар урфият мегӯянд, ки агар дар оилае ҷанҷол рух диҳад, аз он ҷой чиҳил сол барака мегурезад. Пас ин гуна ҷангу ҷанҷолҳои бемаънӣ магар барои пешрафти умумии инсоняит таъсир нарасонид магар?
Пайваста ба ҳамаи ин дар ҷараёни пешрафти ҷамъият муносибати инсон нисбат ба табиат низ бераҳмонатар гардид.
Олимони соҳаҳои гуногуни табиату ҷамъият низ дар асоси ҳамон ақидаҳои дар китобҳои муқаддаси динӣ овардашуда ва дастовардҳои олимони пешина, мушоҳидаҳои худи ҳаёт муайян кардаанд. ки ҳар як ҷонзоту набототе, ки аз ҷониби Худо офарида шудааст, дар ҷойи худ мавқеи муайянеро дорад. Яке барои ҳифзи дигаре лозим аст. Танҳо инсон, албатта бо амри Худо, мӯъҷизаи муқаддасест, ки аз болои ҳама инҳо ҳукмронӣ карда метавонад,. Лекин ин чунин маъно надорад, ки Инсон ҳуқуқи ҳама чизро поймол кардан ва несту нобуд кардан дошта бошад. Дар олами ҷонзот аз мӯрча то шери жаён, аз пашша то фил– хоҳ паррандаву хоҳ хазандаю хоҳ хояндаю хоҳ чарранда - ҳар кадоме ҷойи худро дорад. Ҳатто, чунон ки дар Қуръони Карим оварда шудааст, ҳамон як зарраи ноаёне ки ба чашм наменамояд, оламро яксон карда метавонад. Ва мисоли равшани онро мо имрӯз дар ҳолати як вабои ногаҳонӣ ки бо номи коронавирус ё худ вируси тоҷдор, ки тамоми оламро ба ларза андохтааст, дида метавонем.
Ба назари мо ҳамаи ин якбора ва ё худ аз худ сар назадааст. Он омилҳои асосии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Аввало, биеёем ба вайрон шудни шуури иҷтимоӣ.
Чунон, ки дар боло ишора рафт, баробари боло рафтани тафаккури иҷтимоии мардум ҳирси дунёпарастии он ҳам афзудан гирифт, ки ин боиси афзудани ҳирс ба пулу мол, кушта шудани бародар аз ҷониби бародар, талош барои як бурда нон ё пораи замин ва ниҳоят забту истилои як кишвар аз ҷониби дигараш шуданд. Илова бар ин дар натиҷаи боло рафтани шуури иҷтимоӣ худнамоӣ, ё худ ба қавли мардуми Самарқанд бодигӣ хеле авҷ гирифт. Ин ҳолат, махсусан дар ташкили урфу одатҳои хурофӣ (пайваста бо унсурҳои динӣ) ва маъракаю тадбирҳои оилавӣ ва ҳатто давлатӣ бештар мушоҳида мешавад. Пайваста бо ин ҷавобан ба мақоли машҳури “тӯқликка шӯхлик” бунёди тӯйхонаҳо, ташкил кардани тӯйҳои серодаму бисёрхарҷ, илова шудани расму оинҳои гӯшношунид ба арши аъло рафта расиданд. Ва ҳамаи ин бо паст рафтани сатҳи маърифии мардум дар пеши назари мо рух дода истодаанд.
Ба тариқи мисол як рӯйдоди ҳаётиро ин ҷой меорем. Гап дар сари он аст, ки мо аз овони хурдсолӣ бо тақлид ба падари фарҳангу соҳибмаърифат ва тақводорамон (руҳашон шод бод) пайравӣ намуда, дар байни китобу аҳли маърифат ба воя расидем ва шиори мо дар ҷамъият байти зерини аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аст:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду маънӣ эътибори миллат аст.
Боре чунин шуд, ки бо дархости ҳокими ноҳия ба шарафи солгарди Истиқлоли Ҷумҳурият дар бораи истиқболи мардуми ноҳия дар солҳои истиқлол маҷмӯае таҳия намуда, ба ҷашни Истиқлол армуғон намоем. Албатта дар китоб дастовардҳои меҳнатии аксар соҳаҳои мардуми ноҳия даргир шуданаш лозим буд. Ва мо бо иштироки муттасаддиёни маърифату маънавияти ҳокимият, эҷодкорони фаъол, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ заҳмати зиёде ба харҷ дода, китобро дар мӯҳлати муайяншуда таҳия намудем ва бо дастгирии як-ду нафар равшанфикрон аз нашр бароваррдем. Мувофиқи фармоиши ҳокими ноҳия нусхаҳои онро ба ташкилоту корхонаҳо (бештар ба онҳое ки да китоб фаъолияти онҳо таърифу тавсиф ва суратҳошон ҷой дода шудааст) тақсим кардем. Байни онҳо як ташкилоти бонуфузе ҳам буд, ки бештар бо пулу маблағ сару кор дошт ва сарвараш ҳам шахси баруманди ноҳия буда, аз бойбачаҳои ноҳия шинохту шуда буд. Мо тақдими китобро аз ҳамин ҷой сар карда, бо камоли мамнуният назди роҳбари ҳамон идора рафта панҷ китоб тақдим кардем. Гумон доштем, ки дар ин ташкилоти бонуфузе, ки беш аз 30 нафар мутахасисси аксар соҳиби маълумоти олӣ фаъолият доранд, ягон 15-20 нафар китобхони дигар пайдо мешаваду мо ҳарчи тезтар аз қарзи нашриёт хвлос мешавем. Раис, ки ҳоло ҳозир аз хӯроки нсфирӯзӣ бармегашт, аз мошинаи хидматӣ ҳамроҳи ронанда фаромада меомад. Моро диду гуфт, ки андаке пештар меомадем, ҳамроҳ ба ошхона мерафтем. Мо ба вай барои мурооташ арзи миннатдорӣ кардему мурод аз омаданамонро изҳор кардем. Вай як китобро аз дасти мо гирифта варақ зад ва гуфт, ки кори хубе кардем, ки идораи ӯро ҳам таъриф кардем. Пас гап ба сари мақсад омада буд, ки вай гуфт: ин гапро монему ҳамроҳи вай боз ба ягон тарабхона рафта китобро “шӯйем”. Мо гуфтем, ки ба ҷойи ҳамон “шустан”, ки пули 15-20 китоб меравад, ягон 10 нусха аз ҳамин китоб гирифта ба ходимони пешқадами идораатон тӯҳфа кунед, мо хурсанд мешавем. Лекин, вай ҳамон як нусха китобро ҳам пас гардонида доду гуфт, ки барои китоб харидан пул надорад...Ва мо ҳам аз назди вай малул шуда баромада рафтем. Чӣ мегӯйед. ки ҳамин раис ҳамчун тадбиркор соҳиби якчанд дӯконҳои хусусӣ ва ду-се тӯйхонаҳои дараҷаи олист, ки дар ҳар яки он ба 500-700 нафар хидмат расониданаш мумкин. Даромади вай аз ҳар як тӯй албатта якчанд миллион бошад даркор. Худо зиёда кунад, ошаш шавад. Лекин, вай барои харидани як китоб пул надорад! Ана маърифати мардуми мо дар кадом дараҷа ва “тафовути раҳ аз куҷо то ба уҷост?!”
Мо ин хел мисолҳоро хеле бисёр оварда метавонем. албатта.
Ё худ онҳое, ки дар як зиёфати қайди никоҳи ду навҷавон аз 50 то 150 мошин (бештар 40-50-тои он як рангу як тамға буданаш шарт) киро мекунанд ва бо ҳамин каттедж атрофи шаҳррро давр зада, дар ҷойҳои лозиму нолозим сурат гирифта, барои навори видео ва албомҳои тӯёна 1000-2000 доллар сарф мекунанд, лекин барои харидани як китоб ҳикматҳо барои оилаи нав ва ё одоби оиладорӣ ба арӯсу домод пул надоранд, чӣ мегӯед?!
Ба интихоби созандаю навозанда, карнаю сурнай, лӯхтакбозу нақорачиҳоку ҷойи гап нест. Дар ҳамсоягӣ ҳофизи хушовоз, ки метавонад бо дастаи ҳунариаш, ки ба ҳама маъқул бо маблағи ночизе ба тӯй хизмат кардан (ва ҳатто баъзан тӯёна, ройгон) омода аст, ҳатто ба хабар кардан ба тӯй “аз хотир баромада мемонаду” аз Тошканд ва ё шаҳри дигар кадом як сарояндаи “номаш баромадагӣ” ба ивази фалон ҳазор доллар омада, дар ду-се соат бо фонограмма сурудҳои пойдарҳаворо хонда, баъзан боз “барои ба онҳо ба дараҷаи баланд хизмат накарданашон”, ё ки ба раққосаҳо якан кам афтоданаш оташин шуда ҳам мераванд. Ана ин маданияти соҳибтӯйҳои мо!
Сари дастурхони тӯй ва сарфи беҳудаи онро намегӯйед! Болои як миз 60-70 номгӯй нӯшокию қанду шарбату шаробу кабобу мурғу моҳию хӯришу самбӯсаю ва боз 7-8 хел таъомҳои номаш нестдарҷаҳон... Бадбахтӣ дар он аст, ки ними зиёди ин хӯришҳо ба партоб партофта мешаванд.
Яке аз чунин бойбачаҳо тӯйи хатнаи набераашро дар чунин тӯйхонаи олимақом гузаронида чӣ қадар харҷҳои беҳудаю зиёде дар он ҷо худнамоӣ накард! Вақте ба тариқи лутф гуфтем, ки барои мактаби ҳамин писарча чанд китобе тӯҳфа намо, то шарикдарсонаш хонда баҳраманд шаванд, гуфт, ки барои ин кор пул надорад! Як ҳоҷионаи дигар бошад, ба тҳйи хатнаи наберааш аз Маскаву Париж, Туркия ва Дубай, ҳатто аз Лондону Амрико одам хабар карда, ба ҳазор нафар зиёфат додаасту ҳамсояаи девор дар миёни муаллими наӣерагонашро ба тҳй хабар кардан “аз хотираш баромадааст”!
Ҳоло, ки гап дар бораи харҷҳои беҳудаи бойбачаҳои замонавӣ меравад, боз як мисоли дилхарошеро оварданӣ ҳастам.
Як рафиқи тақводор дорам, ки соҳиби як не ду маълумоти олӣ. Дар ташкилоту корхонаҳои бонуфуз кор карда, писару духтарҳояшро бо маърифату тақводор ба воя расонида, алъон гашти пиронсолӣ меронад. Ҳоло ҳам сиҳату бардам ва ба корҳои иҷтимоӣ фаъол. Аз илми кӯҳнаю нав хуб хабардор ва ба ҳурмати умум сазовор. Лекин зиндагии хоксорона ба сар мебарад. Дигаронро низ ба ҳамин тарзи зиндагӣ ҳидоят менамояд. Ба ин маънӣ ду-се китоб навишта нашр ҳам кардааст. Ҳамин кас як рӯйдоди ҳаётиро аз рӯзҳои наздик ҳикоя кард.
Аз як маҳаллаи навбунёди атрофи шаҳр, ки дар он ҷо бисёр бойбачаҳои замонавӣ хонаю дар (ба ибораи он кас қасру кошона) доранд, хабар меояд, ки марде бемор ва хоҳиш дорад, ки ду-се қуръонхонро ҳамроҳ гирифта ба хонаи он мард равем ва чилёсин (чиҳил маротиба хондани сураи Ёсин аз Қуроъон) намоем. Мувофиқи гуфти тақводорон ва таҷрибаҳои зиндагӣ маълум аст, ки баъди ин тадбир бемор “ё ин тараф ё он тараф мешавад”. Мо бо мошини ӯ нишаста рафтем. Назди як бинои сеошёнаи бузург истодем. Маро, медонед, ки баъзан ҳисси кунҷковиам мегирад. Пурсидам, ки магар мо ба бемористон омадем ё ин ҷой меҳмонхона? Беморатон дар куҷо ? Роҳбалади мо гуфт, ки не домуллобобо мо ба ҳавлии он кас омадем. Дар ҳамн ҷой истиқомат доранд. Ман табассуми малеҳе карда узр пурсидаму ҳама пасу пеш вориди ҳавлӣ шудем. Ҳавлӣ не –қаср! Ба хонаи бемор хоб карда даромадем. Ҳама чизи хонадон шоҳона! Бемор базӯр бо мо салому алейк карда, аз сиҳатиаш шикоят карда гуфт, ки сабаби бемории вай тарс аст. Чанд рӯз пеш як гурӯҳ авбошон дар торикии шаб, ки аз сафари тиҷоратӣ бармегаштааст, ӯро бо туфангча тарсонида пули бисёре пурсидаанд...
Баъди хондани Ёсин ва ба анҷом расонидани тадбир аз бемор пурсидам, ки чанд фарзанд дораду ин хонаю ҷойро барои чанд оила ва ё ба чӣ мақсад бино кардааст?
Гуфт, ки ду писар дораду 44 хона дар ин ҷост. Худаш намедонад. ки бо чӣ мақсад ин хонаҳоро сохтааст. Ва ҳатто ба дохили баъзе аз ин хонаҳо баъди рангубор кардани онҳо боре надаромадааст.... Баъди ду рӯз хабар омад, ки соҳиби он ҳавлӣ (қаср) ки 44 сол дошт, аз олам гузаштааст...
Аҷибаш он аст, ки ҳамон мард як пора замини боғчаи меросии ҳамсояашро бо макру фиреб азони худӣ карда, дар он ҷой бино сохта будааст.
Ҳоло, ки гап дар хусуси биносозӣ ва ҳирс ба иморат мондани мардум меравад, ба як масъалаи дигар таваҷҷӯҳ намоед.
Гап дар хусуси дар Самарқанд ва атрофи он несту нобуд шуда рафтани ҷӯйбору ҳавзҳо, масҷиду бино ва иншоотҳои қадимӣ меравад.
Доир ба ин масъала бисёр навиштанду навиштему навишта истодаанд. Ҳанӯз то солҳои 70-уми садаи гузашта аз наҳри Оби Раҳмат ва чандин ҳавзу ҷӯйборҳои дохили шаҳри Самарқанд оби нӯшокӣ истеъмол мекарданд. Дуруст аст, ки ба хонадонҳо лӯлаки об (қубури водопровод) кашиданд, Лекин ин маънои он надорад, ки тамоми ҷӯйборҳои шаҳр ва ҳатто Оби Раҳмати муқаддас ба партовгоҳҳо табид дода шавад. Дар гузаштаи наздик ҳатто ба рӯйи оби равон туф кардан ва ё агар оби равон набошад, ба оби ҳавз, ки аз он барои истеъмоли ҳаррӯза истифода мебурданд, даст шустан мумкин набуд. Ҳоло чӣ? Ноинсофӣ ба ҳамин дараҷа расидааст, ки дар шаҳри Самарқанд, ки замоне зиёда аз 100 ҳавз мавҷуд буд ва бисёре аз гузару маҳаллаҳои шаҳр бо номи ҳавзаш пайваста ба забон гирифта мешуданд, аз қабили Ҳази Баланд, Ҳавзи Сангин, Қӯшҳавз ва ғайра ҳатто ном ҳам боқӣ намондааст. Ёки чӣ шуд Ҷӯйи Шаҳар, Ҷӯйи Эронӣ, Ҷӯйи Мӯлиён (бо ҳамин ном ҷӯёе дар Бухоро ҳам буду дар таърифаш Рӯдакии безавол ҳазор сол пеш аз ин шеъре гуфтааст)?
Ба туфайли нест шудани ҷӯйборҳо ва ҳавзҳо вазъи экологии шаҳр низ вайрон шуда, боиси пайдо ва паҳн шудани чандин бемориҳои сирояткунанда шудаанд, ки инро ҳолдонҳо – сокинони куҳансоли шаҳр ба хубӣ медонанд.
Дар назди сарҳавзҳо чойхонаҳо буданд. Болои саратон дар шохи беду садаҳои серсоя кабку бедонаҳо дар тӯрхалтаю сабатҳо хониш доштанд. Насими тозае шилдироси обҳои софу равон ба тану бадан ҳаловате мебахшид. Баъзан аз миёни себаргаҳои серуни лаби ҷӯй бедонае аз зери ппоятон фирри парида мерафт... Канӣ ҳамин неъматҳои табиат? Ҳама нест шуда рафтанд.
Магар ҳамаи ин беэътиноӣ нисбат ба табиат нест?
Магар ҳамаи ин исрофкорӣ нест?
Ин ҷой овардани як ҳикоятро оиди даромаду саховати бойҳои пешина овардан мувофиқи маврид аст.
Дар замони пеш аз Инқилобюи Октябр, ки дар мулки мо ҳукумати подшоҳӣ, ба қавле сохтори феодалӣ, амал мекард, дар ҳар ҷой-ҳар ҷой як-ду нафар бойҳо буданд. Онҳое, ки чанд таноб замин, чанд нафар чоряккору хизматгор ё ягон корхонаи хурдакаке доштанд ва соҳиби як-ду аспу ароба, ду-се ҷуфти гов, ҳавлие ки атрофаш бо 4-5 похса девор иҳота карда шудаасту дохили боғашон сарҳавз ҳаст, бой ҳисобида мешуданд. Ана ҳамин бойҳо дар маҳаллаи зисти худ ва ё дар майдонҳои серодаму машҳури шаҳр масҷиду мадраса месохтанд, роҳу ҷӯйҳо мебароварданд, кӯпрук месохтанд ва илова бар ин ба муллобачаҳое, ки дар мадраса таҳсил мекарданд, иона-стипендияҳо медоданд, маъракаҳо ташкил карда ба мардум ош медоданд ва шикамаи онҳоро сер мекарданд.... Ва бо ҳамин онҳо номи худоро дар таърхномаҳо, дар забони мардум боқӣ гузоштаанд. Буданд, бойҳои хасис, судхӯрони мумсик ҳам, ки номи ҳамаи онҳо аксар аз хотираҳо кӯр шуда рафтаанд.
Пас ҳозир ҳам миллиардерҳои бо доллару симу зар сару кор доштаҳо ҳастанд. Номи баъзеи онҳо баъди он, ки ҳамчун ришвахӯру коррупсионер дастгир мешаванд, маълум мешавад, баъзеашон умуман ноаён мемонанд. Бойигарии онҳо, ки бештар бо роҳи ҳаром ҷамъоварӣ шудааст, танҳо баъди мурда рафтанашон аз ҷониби фарзандони ноқоболи майзадаву нашъамандашон несту нопоид шуда меравад. Ва дар ин ҷой боз як ҳикояти воқеиро аз гузаштаи наздик бароятон нақл мекунам.
Дар назди донишгоҳ як дӯкончаи корӣ буд, ки дар он як яҳудии бухороӣ бо таъмири пойафзал машғул буд. Касе агар пойафзолашро ранг молад, як миқдор танга партофта мерафт. Як ҳамкоре доштем, ки бо вуҷуди нисбат ба дигарон серпултар буданаш баъди обу ранг кардани пойафзалаш ба вай нисбати дигарон камтар музд медод. Ҳамин усто мушоҳида мекунад, ки ин мард ҳангоми дар ошхона бо ҳамроҳон таъом хӯрдан низ ҳамин тавр майдахасис аст. Рӯзе устои таъмиргар ба он мард мегӯяд:
-Домулло, ин қадар пула ҷамъ накунед. хайру эҳсон карда истед. Набошад, пули ҷамъ кардаатонро рӯзе ё дузд мебарад, ё прокурор... Дарвоқеъ ҳам баъди фавти он марди майдахасис барои пулу моли ҷамъкардааш писару духтаронаш чӣ ҷадар қозию маҳкамабозиҳо карданду гуфти он яҳудии таъмигари пойафзал пули ҷамъкардаи он мард ба суду прокурор рафт.
Боз як масъалаи дигаре аз маърифату фарҳанг дур шуда рафтани мардуми мо дарак медиҳад.
Ҳоло, ки вабо ба тамоми инсоният ва пеш аз ҳама ба наздикони ҳамон бойбачаҳои замонавӣ ҳам таъсир расонида истодааст, баъзе аз онҳо шояд ба инсоф омада хурӯс шуда ба майдони саховат баромада истодаанд. То ки ҳам ба назди ва ҳам ба назди бандагонаш саховатпеша будани худро намоиш диҳанд. Ба як маънӣ баъди тӯй нақора!...Ва баъзе аз ин бойбачаҳо онҳое ҳастанд, ки барои таъмири масҷид ягон хиште диҳанд, сад бор дуо илтиҷо мекунанд. Намедонанд магар, ки хайри бо дасти рост додаро бояд дасти чап надонистанаш лозим! Магар хайри инҳо самимист?
Имрӯзҳо баъзеҳо, боз киҳо гӯед, онҳое ки бо ҳамин таълими сохтори шӯравӣ ва билети ҳизби коммунист сари мансаб омадаанд, сохтори даврони шӯравиро лаънат мекунанд, ки ин дар баъзе мавридҳо чандон дуруст нест. Ҷиҳатҳои ҳукмфармоии тоталитарӣ, тарғиби даҳригӣ, тобеи марказ ва русҳо гардонидани сохтори роҳбарӣ аз ҷиҳатҳои тоқатшикани ин давр буданд, албатта. Лекин нисбат ба таълиму тарбия, эътибор ба сохтори саноату кишоварзӣ, электронидани кишвар барои мардуми сарзамини мо аз неъматҳои хоси даврони шӯравӣ буданд, Вагарна кишвари мо дар ҳолати Афғонистони имрӯза монданаш аниқ буд.
Ман соли 1964 дар арафаи солгарди Инқилоби Октябр дар саҳифаи матбот мақолаи кадом як олим ва ё тадқиқотгари хориҷиро хонда будам, ки дар он гуфта мешуд: “Агар мардуми Осиёи Миёна миқдоран дар ҳамон сатҳ бошад ва тарзи таълими мактабӣ ҳам ба тарзе, ки дар соли 1913 бимонад, барои саводнок шудани мардум (хонда ва навишта тавонад) 572 сол лозим мешудааст. Лекин дар соли 1962 омада дар ин минтақа шахси бесавод намонда будааст (ягон-ягон нафаре ки ноқисулақл ва ё синнаш аз 70 гузашта набошад!).” Дигар ин, ки кишваре ки то Инқилоби Октябр ҳатто мехи оддӣ ва қутии гӯгирдро аз хориҷа ба нархи тилло меовард, мошинаҳои кишоварзӣ, ҳатто ҳавопаймоҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мекардагӣ шуда буд....”
Бинобар ин ба ҳар масъала ҳам яктарафа нигоҳ кардан ғалати маҳз аст.
Дар масъалаи баробарҳуқуқии забону миллат ҳам баҳсу талошҳои зиёде ҳаст. Ба ин масъала низ дар даврони шӯравӣ ҳукмронии Маскав ва забони русӣ боло буд. Ин масъала асосан аз вақти тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Марказӣ ва қисман Кавказ ва Закавказе сар зада буд. Дар ин бобат бештар халқи тоҷик азият мекашид ва ҳоло ҳам ин ҳолат давом дорад.
Аз ин масъала мавзӯи баҳси доманадор ҳаст ва мо доир ба он дар мақолаи дигари худ васеътар таваққуф мекунем, алъон ман диққати шуморо ба давоми баъзе фазилатҳои даврони шӯравӣ кашиданӣ ҳастам.
Яке аз сабабҳои дар давоми 50 сол тай кардани роҳи беш аз 500 солаи маҳви бесаводӣ тарзи таълими шӯравӣ буд ва онро ҳатто чандин сол пештар аз солҳои Истиқлол олимони хориҷӣ тан гирифта буданд.
Масъалаи байналмилалӣ низ баъзе афзалиятҳои худро дошт. Чунончи дӯстии халқҳо бо дӯстию ҳамбастагии адабиётҳои миллӣ тавъам буданд. Аз ҷумла адабиёти ғании тоҷик, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, бештар тавассути забони русӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Садриддин Айниро Инқилоби Октябр ҳимоя кард ва дар замони шӯравӣ бо асарҳои маъқеи даврони шӯравӣ доштааш Садриддин Айнӣ – Устод Айнӣ шуд. Айнию Турсунзодаро забони русӣ, тарҷумонҳои рус машҳури олам карда буданд. Каззобу чоплусҳои худамон роҳ надоданд, ки романи Фазлиддин Муҳаммадиев “Палатаи куҷакӣ”, ки дар мавзӯи муҳими давр ва ҳатто хубтар аз романи Нодар Думбадзе “Қонуни абадият” навишта шудааст, сазовори таваҷҷӯҳи оламиён нашуда монд. Танҳо баъди чанд соли вафоти вай ҳамон як донишҷӯйи украин Александр Шокало, ки дар Самарқанд омада забонҳои тоҷикию ӯзбекиро омӯхта буд. ин асарро ба русӣ ва украинӣ тарҷума кард. Ин хел мисолҳоро хеле овардан мумкин аст.