ГЕОГРАФИЯИ ҶАҲОН
483 subscribers
824 photos
3 videos
395 files
37 links
Калонтарин ва беҳтарин канали ГЕОГРАФИЯ дар Тоҷикистон ҳаррӯз маълумотҳои ҷолиб ва тестҳо
https://t.me/geographytj
МАСЪАЛАҲОИ ГЕОГРАФӢ 🧠🤓
СТАТИСТИКА | 📈📉📊
МАЪЛУМОТҲОИ ГЕОГРАФИ | 🌏
ОЁ МЕДОНЕД | 💡
АҶОИБОТИ ОЛАМ | 🖼️
ИЛМ | 🔬
КАЙҲОН 🔭
Download Telegram
Оё дар Миррих нишонаҳои ҳаёт ёфт шуданд

Олимони NASA ва Коллеҷи Империалии Лондон нишонаҳои равандҳои микробиро дар Миррих ошкор карданд 👣. Тадқиқотчиён минералҳо ва моддаҳои органикии сангҳои кратери Езерo-ро омӯхта, далелҳое пайдо карданд, ки нишон медиҳанд дар он ҷо як вақтҳо кӯли қадим ва реаксияҳои биохимиявие, ки ба Замин монанданд, вуҷуд доштаанд. Дар бораи ин кашфиёт мақола дар маҷаллаи Nature нашр шудааст 📌.

🔬 Олимон сангҳои минтақаи дурахшони “Bright Angel” (Фариштаи дурахшон) номдодаро таҳлил намудаанд ва муайян кардаанд, ки онҳо дар муҳити ороми об — дар соҳил ё дар таги кӯл ташаккул ёфтаанд. Дар таркиби ин сангҳо сохторҳои миллиметрӣ бо минералҳои фосфати оҳан ва сулфиди оҳан ғанӣ шудаанд. Онҳо бо карбони органикӣ вокуниш нишон дода, ба равандҳое монанданд, ки дар фаъолияти микроорганизмҳои Замин мушоҳида мешаванд 👀.

“Ин дастоварди бисёр бузург аст. Намунаҳое, ки мо тавсиф кардем, яке аз боэътимодтарин далелҳо дар бораи мавҷудияти чунин равандҳо то имрӯз ба ҳисоб мераванд,”
5