Шеър ва ғазал 🔵
1.65K subscribers
437 photos
22 videos
319 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Сангеву гиёҳе, ки дар он хосияте ҳаст,
Аз одаме беҳ, ки дар он манфияте нест.
Роҳи адаб ин аст, ки Қуръон бар ту омӯхт,
Гар гӯш бидорӣ, беҳ аз ин тарбияте нест!
Шайх Саъдии Шерозӣ

https://t.me/gazaltj
Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасад,
Дуррест адаб, ба ҳар гадое нарасад!
Сарриштаи мулки подшоҳӣ адаб аст,
Тоҷест, ки ба ҷуз ба подшоҳӣ нарасад.

https://t.me/gazaltj
Шеър ва ғазал 🔵 pinned «Мухаммаси Баҳоӣ бар ғазали Хаёлии Бухороӣ То кай ба таманнои висоли ту ягона, Ашкам шуда аз ҳар мижа чун сел равона. Хоҳад ба сар ояд, шаби ҳиҷрони ту ё на? Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона, Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна. Рафтам ба дари савмаъаи…»
Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ҳамон як лаҳзаи аввал,
Ки аввал зулмро медидам аз махлуқи бевиҷдон,
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ,
Ба рӯйи якдигар вайрона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна, чанд базме гарми айшу нуш медидам,
Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам, бар лаби паймона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам яке урёну ларзон, дигаре пӯшида аз сад ҷомаи рангин
Замину осмонро
Вожгун, мастона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
На тоат мепазируфтам,
На гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда,
Пора-пора дар кафи зоҳиднамоён,
Сабҳаи сад дона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Барои хотири танҳо яке Маҷнуни саҳрогарди бесомон,
Ҳазорон Лайлии нозофаринро кӯ ба кӯ,
Овораву девона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба гирди шамъи сӯзони дили ушшоқи саргардон,
Саропойи вуҷуди бевофо маъшуқро парвона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба Арши Кибриёӣ бо ҳама сабри худоӣ,
То ки медидам азизи нобаҷое ноз бар як нораво гардида хорӣ мефурӯшад,
Гардиши ин чархро
Воруна бесаброна мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам мушаваш орифу омӣ зи барқи фитнаи ин илми оламсӯзи мардумкуш,
Ба ҷуз андешаи ишқу вафо, маъдуми ҳар фикре,
Дар ин дунёи пурафсона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Чиро ман ҷойи Ӯ бошам?!
Ҳамин беҳтар, ки Ӯ худ ҷойи худ биншаставу
Тоби тамошои тамоми зишткориҳои ин махлуқро дорад!
Вагарна, ман баҷойи Ӯ чу будам,
Якнафас кай одилона созише
Бо ҷоҳилу фарзона мекардам.
Аҷаб сабре Худо дорад!
Аҷаб сабре Худо дорад!
©  РАҲИМ МУЪИНИИ КИРМОНШОҲӢ

https://t.me/gazaltj
Муноҷот

Худоё, туӣ бандаро дастгир,
Бувад бандаро аз Худо ногузир.
Туӣ холиқи будаву буданӣ,
Бубахшӣ бар хок бахшиданӣ.
Ба бахшоиши хеш ёрим деҳ,
Зи ғавғои худ растагорим деҳ.
Typo хоҳам аз ҳар муроде, ки ҳаст,
Ки ояд ба ту ҳар муроде ба даст.
Ту мустағнӣ аз ҳар чӣ дар роҳи туст,
Ниёзи ҳама сӯи даргоҳи туст.
Суруши маро девмардум макун,
Сари ришта аз роҳи худ гум макун.
Чу бар ошноӣ кушодӣ дарам,
Макун хоки бегонагӣ бар сарам..
Ба чашми ман аз худ фурӯғе расон,
Ки ёбам фароғе зи чашми касон.
Зи фазлат дилам шод кун, эй Худо,
Ду дунёям обод кун, эй Худо!

https://t.me/gazaltj