Шеър ва ғазал 🔵
1.38K subscribers
390 photos
22 videos
295 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Модар, модар ёди парешон МОДАР,
Модар, модар чароги сӯзон МОДАР.
Афсурдаву хушкида дар чашми тарам.
Пайваста чу шохаи шукуфон МОДАР.

Пармоли Қизилқалъа ҳама зарду кабуд,
Зардаш ҳама зардобу кабудаш ҳама дуд.
Рӯзе, ки анори боғҳо пӯхта расид,
Зардоби дили модари ман ру зада буд.

Мегуфт балои сари ту дар ҷонам,
Носудаву саргашта балогардонам.
Дардам ба дилаш гирифту доғам ба ҷигар,
Зардобу заҳир гашта модарҷонам.

Найзори раҳи хонаи модар ҳама дам,
Фарёди найи хушки найистон ба алам.
Рафтам раҳи найзору бидидам модар,
Қадраш шуда афзуну мадораш ками кам.

Носуда замистону баҳорон МОДАР,
Нодида ҷаҳони нобасомон МОДАР.
Бишкуфта гули умеду гулдонаи ӯ,
Хушкида ба мисли шохи райхон МОДАР.
(Назри Яздони)

https://t.me/gazaltj
Барбод рафт, дар ғаму ҳасрат ҷавониям.

https://t.me/gazaltj
Себе ба даруни чорбоғ аст имсол,
Сандуқи дилам пур аз фироқ аст имсол.
Гуфтам биравам себа канам сараки сол,
Ин соҳиби себ дар зери хок аст имсол.
***
Э, очаи ҷон, чиба калонам кардӣ,
Кӯза додиву ба об равонам кардӣ.
Аввал ба ширу қаймоқ калонам кардӣ,
Кӯзача шикаст, ситам ба ҷонам кардӣ.
***
Боми ҳама бому боми мо дар соя,
Ёри ҳама дуру ёри мо ҳамсоя.
Ҳаргиз-ҳаргиз ёри ҳамсоя нагир,
А пушти дараш очаш раҳ мепоя.
***
Қади ту ниҳолаю рухат чун лола,
Як лаҳза ҷудогият ба ман сад сола.
Қасам мехӯрам, агар ту бовар накунӣ,
Ин чеҳраи зарди ман гувоҳи ҳола.
***
Ман садқа шавам бунафшаи кӯҳира,
Ман садқа шавам ҷӯраи раҳдурира.
Ҳамиҷа будем ҷангу ҷадал мекардем,
Ҳоли мекашем ҷафои раҳдурира.
 
Аз китоби «Фолклори тоҷик». 

https://t.me/gazaltj
БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛОНО

Ё ҲАЗРАТИ МАВЛОНО!

Ганҷинаи ирфонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!
Гулбоғи шукуфонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Наҷме ба Самарқандӣ, нуре ба Бухороӣ,
Хуршеди дурахшонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Бар ташнадилон наҳрӣ, бар гӯшашинон шаҳрӣ,
Шодии фаровонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Сад қарн ту барноӣ, сад қарн ту доноӣ,
Донандаи Қуръонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Дар базми тараб имрӯз, бо чеҳраи дилафрӯз,
Пайдоиву пинҳонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Эй хонаи меҳри дил, ганҷури сипеҳри дил,
Дар мағзи дилу ҷонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

«Девони кабир» ҳастӣ, бо «Маснавӣ» сармастӣ,
Ҷон нею ту дар ҷонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Ту ёри Худо бошӣ, аз ӯ на ҷудо бошӣ,
Бар ёр санохонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Дар назм зи худ растӣ, дар наср қавидастӣ,
Дурру гуҳари конӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Дур аз ҳама оинӣ, воло ту ба ҳар динӣ,
Худдону Худодонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Маъвои ту дар дилҳост, ҳар ҳарфи тарат саҳбост,
Ғамхор ба ёронӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Ихлосу вафо дорӣ, боғию сафо дорӣ,
Ин сонию инсонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Дар Вахши дилам ҷоӣ, дар Балхи дилам поӣ,
Гавҳар ба кӯҳистонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!

Дар Қуния гар хобӣ, дар дидаи мо тобӣ,
Бо мо ту ҳамемонӣ, ё Ҳазрати Мавлоно!
Иблис шабе рафт ба болини ҷавоне,
Ороста бо шакли муҳиббе сару барро.
Гуфто, ки манам марг, агар хоҳи зинҳор,
Бояд бигузинӣ ту яке з-ин се хатарро.
Ё он падари пири худатро бикушӣ зор,
Ё бишканӣ аз хоҳари худ синаву сарро.
Ё худ зи майи ноб бинӯши ду-се соғар,
То ин ки бипӯшам зи ҳалоки ту назарро.
Ларзид аз ин бим ҷавон, бар худу ҷо дошт,
К-аз марг фитад ларза ба тан зайғами нарро.
Гуфто: накунам бо падару хоҳарам ин кор,
Лекин ҳаме аз хеш кунам дафъ зарарро.
Ҷоме ду-се май хӯрд, чу шуд хира зи мардум,
Ҳам хоҳари худро заду ҳам кушт падарро.
Эй кош, шавад хушк буни току Худованд
З-ин мояи шар(р) ҳифз кунад навъи башарро.
(Эраҷ Мирзо)

https://t.me/gazaltj