Шеър ва ғазал 🔵
1.55K subscribers
420 photos
22 videos
310 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасад,
Дуррест адаб, ба ҳар гадое нарасад!
Сарриштаи мулки подшоҳӣ адаб аст,
Тоҷест, ки ба ҷуз ба подшоҳӣ нарасад.

https://t.me/gazaltj
Шеър ва ғазал 🔵 pinned «Мухаммаси Баҳоӣ бар ғазали Хаёлии Бухороӣ То кай ба таманнои висоли ту ягона, Ашкам шуда аз ҳар мижа чун сел равона. Хоҳад ба сар ояд, шаби ҳиҷрони ту ё на? Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона, Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна. Рафтам ба дари савмаъаи…»
Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ҳамон як лаҳзаи аввал,
Ки аввал зулмро медидам аз махлуқи бевиҷдон,
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ,
Ба рӯйи якдигар вайрона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна, чанд базме гарми айшу нуш медидам,
Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам, бар лаби паймона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам яке урёну ларзон, дигаре пӯшида аз сад ҷомаи рангин
Замину осмонро
Вожгун, мастона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
На тоат мепазируфтам,
На гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда,
Пора-пора дар кафи зоҳиднамоён,
Сабҳаи сад дона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Барои хотири танҳо яке Маҷнуни саҳрогарди бесомон,
Ҳазорон Лайлии нозофаринро кӯ ба кӯ,
Овораву девона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба гирди шамъи сӯзони дили ушшоқи саргардон,
Саропойи вуҷуди бевофо маъшуқро парвона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба Арши Кибриёӣ бо ҳама сабри худоӣ,
То ки медидам азизи нобаҷое ноз бар як нораво гардида хорӣ мефурӯшад,
Гардиши ин чархро
Воруна бесаброна мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам мушаваш орифу омӣ зи барқи фитнаи ин илми оламсӯзи мардумкуш,
Ба ҷуз андешаи ишқу вафо, маъдуми ҳар фикре,
Дар ин дунёи пурафсона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Чиро ман ҷойи Ӯ бошам?!
Ҳамин беҳтар, ки Ӯ худ ҷойи худ биншаставу
Тоби тамошои тамоми зишткориҳои ин махлуқро дорад!
Вагарна, ман баҷойи Ӯ чу будам,
Якнафас кай одилона созише
Бо ҷоҳилу фарзона мекардам.
Аҷаб сабре Худо дорад!
Аҷаб сабре Худо дорад!
©  РАҲИМ МУЪИНИИ КИРМОНШОҲӢ

https://t.me/gazaltj
Муноҷот

Худоё, туӣ бандаро дастгир,
Бувад бандаро аз Худо ногузир.
Туӣ холиқи будаву буданӣ,
Бубахшӣ бар хок бахшиданӣ.
Ба бахшоиши хеш ёрим деҳ,
Зи ғавғои худ растагорим деҳ.
Typo хоҳам аз ҳар муроде, ки ҳаст,
Ки ояд ба ту ҳар муроде ба даст.
Ту мустағнӣ аз ҳар чӣ дар роҳи туст,
Ниёзи ҳама сӯи даргоҳи туст.
Суруши маро девмардум макун,
Сари ришта аз роҳи худ гум макун.
Чу бар ошноӣ кушодӣ дарам,
Макун хоки бегонагӣ бар сарам..
Ба чашми ман аз худ фурӯғе расон,
Ки ёбам фароғе зи чашми касон.
Зи фазлат дилам шод кун, эй Худо,
Ду дунёям обод кун, эй Худо!

https://t.me/gazaltj
Forwarded from Jaloluddini Balkhi Rumi
Ман он моҳам ки андар ломаконам
Маҷу берун маро дар айни ҷонам
Туро ҳар кас ба суи хеш хонад
Туро ман ҷуз ба суи ту нахонам
Маро ҳам ту ба ҳар ранге ки хонӣ
Агар рангин агар нангин надонам
Гаҳе гуйи хилофу бевафоӣ
Бале то ту чунинӣ ман чунонам
Ба пеши кур ҳеҷам ман чунонам
Ба пеши гуши кар ман безабонам
Гулоба чанд резӣ бар сари чашм
Фуру шав чашм аз гил ман аёнам
Либосу луқмаат гулҳои рангин
Ту гулхорӣ нашоӣ меҳмонам
Гил аст ин гил дар у лутфест бингар
Чу лутф ориятро во стонам
Ман оби обу боғи боғи боғам эй ҷон
Ҳазорон арғавонро арғавонам
Сухан киштиву маънӣ ҳамчу дарё
Даро зудтар ки то киштӣ биронам

#Мавлоно

من آن ماهم که اندر لامکانم
مجو بیرون مرا در عین جانم
تو را هر کس به سوی خویش خواند
تو را من جز به سوی تو نخوانم
مرا هم تو به هر رنگی که خوانی
اگر رنگین اگر ننگین ندانم
گهی گویی خلاف و بی‌وفایی
بلی تا تو چنینی من چنانم
به پیش کور هیچم من چنانم
به پیش گوش کر من بی‌زبانم
گلابه چند ریزی بر سر چشم
فروشو چشم از گل من عیانم
لباس و لقمه‌ات گل‌های رنگین
تو گل خواری نشایی میهمانم
گل است این گل در او لطفی است بنگر
چو لطف عاریت را واستانم
من آب آب و باغ باغم ای جان
هزاران ارغوان را ارغوانم
سخن کشتی و معنی همچو دریا
درآ زوتر که تا کشتی برانم