Шеър ва ғазал 🔵
1.46K subscribers
397 photos
22 videos
298 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст,
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.
Ҳар дам, ки дар њузури азизе бароварӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
На ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад, одамист,
Бас девро, ки сурати фарзанди Одам аст.
Он аст одамӣ, ки дар ӯ ҳусни сирате
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви1 олам аст. Ҳаргиз ҳасад набурдаву ҳасрат нахурдаам,
Ҷуз бар ду рӯи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст.
Онон ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бӯи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.
В-он сангдил, ки дида бидӯзад зи рӯи хуб, Пандаш бидеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ сахт муҳкам аст.
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,
В-ар ҳаст, дар муҷовирати ёри маҳрам аст.
Гар хуни тоза меравад аз реши1 аҳли дил, Дидори дӯстон ки бибинанд, марҳам аст.
Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф,
Лекин рафиќ бар ҳама чизе муқаддам аст. Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба рӯи дӯст ҳамарӯза хуррам аст
Шайх Саъдии Шерозӣ
gazaltj
Сангеву гиёҳе, ки дар он хосияте ҳаст,
Аз одаме беҳ, ки дар он манфияте нест.
Роҳи адаб ин аст, ки Қуръон бар ту омӯхт,
Гар гӯш бидорӣ, беҳ аз ин тарбияте нест!
Шайх Саъдии Шерозӣ

https://t.me/gazaltj
Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасад,
Дуррест адаб, ба ҳар гадое нарасад!
Сарриштаи мулки подшоҳӣ адаб аст,
Тоҷест, ки ба ҷуз ба подшоҳӣ нарасад.

https://t.me/gazaltj
Шеър ва ғазал 🔵 pinned «Мухаммаси Баҳоӣ бар ғазали Хаёлии Бухороӣ То кай ба таманнои висоли ту ягона, Ашкам шуда аз ҳар мижа чун сел равона. Хоҳад ба сар ояд, шаби ҳиҷрони ту ё на? Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона, Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна. Рафтам ба дари савмаъаи…»
Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ҳамон як лаҳзаи аввал,
Ки аввал зулмро медидам аз махлуқи бевиҷдон,
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ,
Ба рӯйи якдигар вайрона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна, чанд базме гарми айшу нуш медидам,
Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам, бар лаби паймона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам яке урёну ларзон, дигаре пӯшида аз сад ҷомаи рангин
Замину осмонро
Вожгун, мастона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
На тоат мепазируфтам,
На гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда,
Пора-пора дар кафи зоҳиднамоён,
Сабҳаи сад дона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Барои хотири танҳо яке Маҷнуни саҳрогарди бесомон,
Ҳазорон Лайлии нозофаринро кӯ ба кӯ,
Овораву девона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба гирди шамъи сӯзони дили ушшоқи саргардон,
Саропойи вуҷуди бевофо маъшуқро парвона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба Арши Кибриёӣ бо ҳама сабри худоӣ,
То ки медидам азизи нобаҷое ноз бар як нораво гардида хорӣ мефурӯшад,
Гардиши ин чархро
Воруна бесаброна мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам мушаваш орифу омӣ зи барқи фитнаи ин илми оламсӯзи мардумкуш,
Ба ҷуз андешаи ишқу вафо, маъдуми ҳар фикре,
Дар ин дунёи пурафсона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Чиро ман ҷойи Ӯ бошам?!
Ҳамин беҳтар, ки Ӯ худ ҷойи худ биншаставу
Тоби тамошои тамоми зишткориҳои ин махлуқро дорад!
Вагарна, ман баҷойи Ӯ чу будам,
Якнафас кай одилона созише
Бо ҷоҳилу фарзона мекардам.
Аҷаб сабре Худо дорад!
Аҷаб сабре Худо дорад!
©  РАҲИМ МУЪИНИИ КИРМОНШОҲӢ

https://t.me/gazaltj