Шеър ва ғазал 🔵
1.66K subscribers
438 photos
22 videos
320 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад,
Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар шавад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар шавад.
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд саъй беш намоӣ, батар шавад.
Аввал яке манам, ки дар ин шаҳр ҳар шабе
Фарёди ман зи ишқ бар афлоқ бар шавад.
Гар з-он, ки ман сиришқ фишонам ба Зиндарӯд.
Кишти Ироқ ҷумла ба якбор тар шавад.
Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор
Бар ҳайате, ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса», Гуфт: «не!
Бигзор то, ки моҳ зи ақраб бадар шавад!»
Эй дил, ба ёди лаъли вай ар бода мехӯрӣ,
Магзор, ҳон, ки муддаиёнро хабар шавад.
Ҳофиз сар аз лаҳад ба дар орад ба пойбӯс,
Гар хоки ӯ ба пои шумо пайсипар шавад.
(Ҳофизи Шерозӣ)

https://t.me/gazaltj
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳи ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лўлиёни шўхи ширинкори шаҳрошуб,
Чунон бурданд бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат ҳусни зеборо!
Ман аз он ҳусни рўзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гўям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гўш кун ҷоно, ки аз ҷон дўсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гўву рози даҳр камтар ҷў,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дурр суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
(Ҳофизи Шерозӣ)

https://t.me/gazaltj
Моҳи муборак алвидо
Эй моҳи махсусӣ Худо, рафти бурун аз дасти мо
Оё зи мо ҳасти ризо, моҳи муборак алвидо.
Карди ту чун азми сафар, моро намуди хун ҷигар
Эй ҳамдами шому саҳар, моҳи муборак алвидо.
Эй маъдани ҷууду сахо, эй ҳоҷати ҳар бенаво
Аз ту таровийҳу дуъо, моҳи муборак алвидо.
Рафтӣ эй моҳи азийз, кардӣ муҳиббон ашк рийз
Эй ёрӣ рузи растахийз, моҳ муборак алвидо.
Ганҷийнаи ирфон туйи, равнақ диҳӣ қурон туйи
Сарчашмаи иймон туйи, моҳи муборак алвидо.
Ҳар кас ки хоҳони ту аст, нолон зи ҳиҷрони ту аст
Дар фикри даврони ту аст, моҳи муборак алвидо.
Эй моҳи бо ъиззу ҷалол, мақсуди ҳалли ло язол
Моро макун афсурда ҳол, моҳи муборак алвидо.
Мо ошиқи номи туем, мо ташнаи ҷоми туем
Мойил ба икроми туем, моҳи муборак алвидо.
Гашти ниҳон аз ҳар назар, ку ъумр то соли дигар
Бийнем руят чун қамар, моҳи муборак алвидо.
Эй мояи умед мо,
эй шоҳидӣ рузи ҷазо
Дарди муҳиббон кун даво, моҳи муборак алвидо.
Моҳи муборак алвидо, шаҳри таборак алвидо
Риҳлат кунад моҳи сиём, ёрон бигуен алвидо.
Қасди ҷудойи мекунад, аз беваффойи мекунад
Дил ошнойи мекунад, моҳи муборак алвидо.
Ид омаду ид омад, он бахти саид омад,
Баргир дуҳулу мезан, к-он моҳ падид омад.
Ид омад раҳҷӯён, рақсону ғазалгӯён,
К-он қайсари маҳрӯён з-он қасри машид омад.
Сад маъдани донойӣ маҷнун шуду савдойӣ,
К-он хубию зебойӣ бе мислу надид омад.
Ид омаду мо бе ӯ идем, биё, то мо,
Бар ид занем ин дам, к-он хону сарид омад.
3-ӯ заҳр шакар гардад, з-ӯ абр қамар гардад,
3-ӯ тозаву тар гардад чизе, ки қадид омад.
Бархезу ба майдон рав, дар ҳалқайи риндон рав,
Рӯ ҷониби меҳмон кун, к-аз роҳи баид омад.
Ғамҳойи ҳама шодӣ, бандаш ҳама озодӣ,
Як дона бад-ӯ додӣ, сад боғи мазид омад.
Ман бандайи он шарқам, дар неъмати ӯ ғарқам,
Ҷуз неъмати поки ӯ манҳусу палид омад.
Барбанд лабу тан зан чун ғунҷаву чун савсан,
Рав, сабр кун аз гуфтан, чун сабр калид омад.
Бар лаб, ҳала, қуфле зан, к-ин аст раҳи аҳсан,
Хомӯш шав аз гуфтан, меҳмони рашид омад..
(Ҷалолуддини Румӣ)

https://t.me/gazaltj
Мухаммаси Баҳоӣ бар ғазали Хаёлии Бухороӣ

То кай ба таманнои висоли ту ягона,
Ашкам шуда аз ҳар мижа чун сел равона.
Хоҳад ба сар ояд, шаби ҳиҷрони ту ё на?
Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.

Рафтам ба дари савмаъаи обиду зоҳид,
Дидам ҳамаро пеши рухат роккиъу соҷид,
Дар майкада руҳбонаму дар савмаъа обид
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне, ки Туро металабам хона ба хона.

Рӯзе ки бирафтанд, ҳарийфон пайи ҳар кор,
Зоҳид суйи масҷид шуду ман ҷониби хаммор
Ман ёр талаб кардаму у ҷилвагаҳи ёр !!!!
Ҳоҷӣ ба раҳи каъбаву ман толиби дидор
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Ҳар дар ки занам соҳиби он хона туйи, ту
Ҳар ҷо ки равам партави кошона туйи, ту
Дар майкадаву дайр ки ҷонона Туйи, Ту
Мақсуди ман аз каъбаву бутхона Туйи Ту
Мақсуд Туйи, Каъбаву бутхона баҳона.

Булбул ба чаман зон гули рухсор нишон дид,
Парвона дар оташ шуду асрор аён дид
Ориф сифати рӯйи Ту дар пиру ҷавон дид
Яъне ҳамаҷо акси рухи ёр тавон дид
Девона манам, ман, ки равам хона ба хона

Оқил ба қавонини хирад роҳи ту пуяд
Девона бурун аз ҳама ойин, Ту ҷуяд
То ғунчаи бишкуфтаи ин боғ ки буяд
Ҳар кас ба забоне, сифати ҳамди ту гӯяд
Булбул ба ғазалхонию қумрӣ ба тарона

Бечора Баҳоӣ, ки дилаш зори ғами туст
Ҳарчанд ки осист зи хайли хидами туст
Умеди вай аз отифати дам ба дами туст
Тақсири Хаёлӣ, ба умеди карами туст
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

(Мухаммаси Баҳоӣ бар ғазали Хаёлии Бухороӣ)

https://t.me/gazaltj
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр.
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.
Ай дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.
Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман
Чатри гул бар сар кашӣ, ай мурғи хушхон, ғам махӯр.
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доимо яксон набошад ҳоли даврон, ғам махӯр.
Ҳон машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр.
Ай дил, ар сейли фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон зи тӯфон, ғам махӯр.
Дар биёбон гар ба шавқи Қаъба ҳоҷӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр.
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр.
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуъову дарс Қуръон, ғам махӯр.

یوسف گمگشته بازآید به کنعان غم مخو

کلبه احزان شود روزی گلستان غم مخور

ای دل غمدیده حالت به شود دل بد مکن

وین سر شوریده بازآید به سامان غم مخور

گر بهار عمر باشد باز بر تخت چمن

چتر گل در سر کشی ای مرغ خوشخوان غم مخور

دور گردون گر دو روزی بر مراد ما نرفت

دایما یک سان نباشد حال دوران غم مخور

هان مشو نومید چون واقف نهای از سر غیب

باشد اندر پرده بازیهای پنهان غم مخور

ای دل ار سیل فنا بنیاد هستی برکند

چون تو را نوح است کشتیبان ز طوفان غم مخور

در بیابان گر به شوق کعبه خواهی زد قدم

سرزنشها گر کند خار مغیلان غم مخور

گر چه منزل بس خطرناک است و مقصد بس بعید

هیچ راهی نیست کان را نیست پایان غم مخور

حال ما در فرقت جانان و ابرام رقیب

جمله میداند خدای حال گردان غم مخور

حافظا در کنج فقر و خلوت شبهای تار

تا بود وردت دعا و درس قرآن غم مخور

Юсуфи гумгашта боз ояд …
(Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ)
https://t.me/gazaltj
Аз дида хуни дил ҳама бар рӯи мо равад,
Бар рӯи мо зи дида, чӣ гӯям, чиҳо равад?
Мо дар даруни сина ҳавое нуҳуфтаем,
Бар бод агар равад дили мо, з-он ҳаво равад,
Хуршеди ховарӣ кунад аз рашк ҷома чок,
Гар моҳи меҳрпарвари ман дар қабо равад.
Бар хоки роҳи ёр ниҳодем рӯи хеш,
Бар рӯи мо равост, агар ошно равад.
Сел аст оби дидаву ҳар кас, ки бигзарад,
Гар худ дилаш зи санг бувад, ҳам зи ҷо равад.
Моро ба оби дида шабу рӯз моҷарост,
3-он раҳгузар, ки бар сари кӯяш чаро равад?
Ҳофиз ба кӯи майкада доим ба сидқи дил,
Чун сӯфиёни савмаадор аз Сафо равад.

https://t.me/gazaltj
Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман,
Рӯ сӯйи ишқ кун, ки туро фурсат андак аст.
Абдулаҳмади Адо