Шеър ва ғазал 🔵
1.67K subscribers
438 photos
22 videos
322 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Ғазале аз устод Лоиқ
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадийят паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.
Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷои туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.

https://t.me/gazaltj
Камоли Хуҷандӣ