Forwarded from FC Barqchi
Бо ибтикори дастаи футболи “Барқчӣ” дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии чорабинии идона баргузор гардид.
Фестивал бо бозиҳои намоишӣ, машқҳои кушод, озмунҳои шавқовар ва баромади варзишии кӯдакон ғанӣ гардид. Ҳамзамон, ба кӯдакони иштирокчӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, ки боиси эҳсоси хурсандии онҳо гардид.
Рӯзи ҷаҳонии футбол барои мо — дастаи “Барқчӣ” — илҳомбахш ва нерӯбахш аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки бо масъулияту эҳсоси баланди касбӣ дар самти рушди футбол, тарбияи насли нав ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати бозингаронамон боз ҳам талоши бештар намоем.
Чунин чорабиниҳои варзишӣ бешубҳа нақши муҳим дар пешбурди футбол дар сатҳи маҳаллӣ доранд ва бо ҷалби ҷавонон ба варзишу тарзи ҳаёти солим заминаи рушди ҳамаҷонибаро фароҳам месозанд.
#РузиЧахонииФутбол #ВсемирныйДеньФутбола #WorldFootballDay #barqchi
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM