dushanbepolice
6 subscribers
1 link
Download Telegram
Channel created
Channel photo updated
Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии ТоҷикистонБаланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирии содиршавии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон, мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқоти кормандони милитсия бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯён, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳама макотиби олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, сардори хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзода Маҳкам ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ширкат намуданд. Нахуст Гулзода Маҳкам, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо барои рушди зеҳниву ҷисмонии наврасону ҷавонон тамоми шароитҳои зарурӣ таъкмин карда шудааст. Дар ин замина наврасонро мебояд танҳо ба андухтани илму дониш машғул гардида, вақти пурқиммати худро беҳуда сарфи амалҳои ношоям нагардонанд. Дар идомаи мулолоқот, полковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён зимни суханронии худ бо овардани факту рақамҳои дақиқ аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ки бевосита аз ҷониби наврасону ҷавонон содир гардидаанд, ба донишҷӯён мисолҳо оварда, дар баробари ба андухтани илму дониш даъват намудани ҷавонон, ҳамзамон онҳоро аз оқибатҳои нангини ҷинояткорӣ ҳушдор намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз ҷавонони бо илму дониш ва дорои малакаи баланди касбӣ метавонанд саҳми бештари худро дар рушду нумуи кишвари азизамон гузоранд. Ҳамзамон зимни мулоқоти мазкур як қатор масъалаҳои марбут ба наврасону ҷавонон аз ҷумла, муҳтавои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуда, иброз гардид, ки дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар ба шумор меравад.
Вохурии навбатӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.ОсимӣДар идомаи силсилавохуриҳо имрӯз (18.10.2023) дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мулоқоти навбатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Ширкатдорони мулоқот ҳар кадоме зимни суханронии худ ҷавонону донишҷӯёнро ба омӯхтани илму дониш, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии кишвар даъват намуда, иброз доштанд, ки даврони донишҷӯӣ қимматарин айёми умри инсон ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро мебояд ҳар лаҳзаи онро пурсамар истифода баранд. Доим аз пайи таҳсилу хондани китоб ва аз худ намудани илмҳои замона шуда, пурқимматтарин айёми зиндагониро беҳуда сипарӣ накунанд. Зеро маҳз донишу маърифат ва ахлоқу одоби ҳамида инсонро воломақому дар ҷамъият пурэҳтиром месозад.Воқеан имрӯз ҷавонони саъодатманди миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоиштаҳолӣ зиндагонӣ намуда, ҷиҳати ба илм фаро гирифтани онҳо тамоми шароитҳои лозима таъмин карда шудааст. Дар ин радиф ҷавононро мебояд аз ин ҳама имконият ва шароитҳои фароҳамгашта самаранок итифода баранд.
Имрӯз аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Миҷгона Самадова, корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки дар бозиҳои Осиёӣ дар риштаи бокс сазовори мақоми сеюм ва медали биринҷӣ гардида буд, калиди хонаи якҳуҷрадорро дар пойтахт тақдим намуд.
Ошкор шудани тақаллубкориҳо вобаста ба хариду фурӯши автомашинаЗимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, автомашинаи тамғаи “Авалон”-ро 205 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда қисман маблағашро пардохт карда, автомашинаи мазкурро ба гарав гузошта маблағи ба даст овардашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.Инчунин, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро 741 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, онро ба гарав гузошта маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2023, марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Киа-Спортеж» арзишаш 150 ҳазор сомонӣ ва «Тайота Кемри-2» арзишаш 140 ҳазор сомониро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 3 рӯз маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда аз ин маблағ 107 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 183 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонида, фиреб карда гаштааст.Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.