#Тӯҳфаи_нашриёт
«АБАДЗИНДА»
Ба ифтихори 70-солагии шоири шодравон Абдулло Раҳмон нашриёти «Mahorat» китоберо бо номи "Абадзинда" нашр намуд. Масъули маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" дар Сурхондарё Маҳками Абдуғафур Ҷаъфарзода мураттиби китоб аст.
Дар ин китоб доир ба ҳаёту фаъолияти шоири шуҷоъ Абдулло Раҳмон сухан меравад. Нигоштаҳои дӯстон, шогирдон ва пайвандони шоир доир ба ҳаёти пурбаракат, фаъолияти эҷодӣ ва роҳи пурибрати устод дар ин китоб гирд оварда шудааст.
Марги нобаҳангом ӯро дар айни камолоти эҷодӣ аз байни дӯстон бурда бошад ҳам, рӯҳи ӯ дар шеърҳояш бо аҳли адаб аст. Ёдаш ба хайр!
👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:
Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ

Forwarded from АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН
ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ "ТАЗМИН БА БАЙТИ АБДУЛЛОҲИ РАҲМОН" МУАЙЯН ШУДАНД
Мухлисони шеъру адаб хуб дар хотир доранд, ки Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон якҷо бо таҳририяти маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” ба муносибати 70-умин солгарди шоири шаҳир АБДУЛЛОҲИ РАҲМОН таҳти унвони “Сайқали истеъдод” озмун эълон намуда буд.
Шарти озмун тазмин бастан ба байти зерини устод Абдуллоҳи Раҳмон буд:
Рӯйи сурхи одамӣ дар ору номус асту бас,
Кӯрдил дар доми нафси хеш маҳбус асту бас.
Ба озмун тазмину ҷавобияҳои зиёд фиристода шуданд. Аз байни онҳо даҳ тазмини беҳтар интихоб ва пешниҳоди доварон шуданд. Ҳама эҷодкорон дар тазмин бастан заҳмати фаровон кашидаанд, ки аз якоякашон сипосгузорем. Бигзор, сафи чунин шоирони бедору огоҳ боз ҳам афзун шавад. Аммо шарти озмун талаб мекунад, ки аз ин миён се нафар интихоб ва соҳиби ҷой гарданд. Дар сурате, ки ба эҷоди ҳамаи иштироккунандагони озмун эҳтиром қоилем, ногузир ба меъёрҳои озмун риоя мекунем. Ҳамин тавр, бо кӯмаки аъзои ҳакамон, ки аксари онҳо эҷодкорони боиқтидору босалоҳият буданд, ғолибони озмун ба тариқи зерин муайян гардиданд:
1. ҶОЙИ АВВАЛ: Фозил ШУКУРЗОД - шоир ва адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд (шаҳри Самарқанд)
2. ҶОЙИ ДУВУМ: Исмоил ЗАРИФӢ - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
3. ҶОЙИ САВУМ: Сиёвуши ҚОДИРӢ - шоир ва омӯзгори ҷавони деҳаи Нилу (ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё)
Аз ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ", ки маводи озмунро дар маҷалла эълон карданд, аз аъзои ҳакамони арҷманд, аз иштирокдорон ва ташаббускорони озмун самимона сипосгузорӣ мекунем. Фикр мекунам, мо ба он ҳадафе, ки барои ташкили озмун дар пеш гузошта будем, қисман бошад ҳам, расидем. Боқӣ ғолибонро самимона муборакбод гуфта, барояшон пешрафтҳои эҷодӣ масъалат дорем.
Хусрав САЪДУЛЛОҲ,
раиси Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон
https://t.me/adabiyotitojik_uz

Forwarded from ОРИЁН
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from ДУРДОНАИ ШАРҚ
Имрӯз шоираи ширинсухан, олимаи адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, раиси маҳфили адабии "Қофилаи Рӯдакӣ" Дилшодаи Фарҳодзод зодрӯз дорад
ПУРРА : 👉👉👉 https://telegra.ph/Imr%D3%AFz-shoirai-shirinsuhan-olimai-adabiyotshinos-ustodi-Donishgo%D2%B3i-davlatii-Samar%D2%9Band-raisi-ma%D2%B3fili-adabii-%D2%9Aofilai-R%D3%AFdak%D3%A3-Dilshod-05-30
Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Дилшодаи Фарҳодзодро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд.
Ҷафодида диле, ки шод бошад,
Зи ғам обастану озод бошад.
Шикофад кӯҳи ғам бо тешаи шеър,
Ҳамон Дилшодаи Фарҳод бошад!
Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 @DURDONAI_SHARQ

МУКОФОТОНИДАНИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ "ТАЗМИН БА БАЙТИ АБДУЛЛОҲИ РАҲМОН"
Ба ғолибони озмуни мазкур, ки таҳти унвони "Сайқали истеъдод" Шӯрои адабиёти тоҷики Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" ташкил карда буданд, туҳфаҳои арзишманди Бунёди Нурсултон Азимов, китобҳои аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон нашргардида ва дипломҳо супурда шуд.

«МАН, МАҲАЛЛАТӢ!»
Б о ин ном китоби яке аз мардони зарифтабъи Самарқанд шодравон Баҳодури Ҷаббор аз нашриёти «МAHORAT» рӯйи чопро дид.
Ин китоб дардномаи як марди зариф аст, ки бо гиряҳои беҳисоб хандида-хандида навиштааст. Дар ин китоб қаҳрамони асосӣ худи муаллиф асту ҳаёту мардуми маҳаллаи истиқоматкардаи худро хеле моҳирона ба қалам додааст. Шодравон Баҳодури Ҷаббор марди зарофатгӯю ҳозирҷавоб ва дорои хотираи қавӣ буд. Номи варзишгарони зиёдеро медонист ва бо намояндагони мамлакатҳои гуногун доир ба қаҳрамонҳои варзиши он кишвар баҳс намуда, ғолиб омадааст. Ҳангоми мутолиаи китоб Шумо тафсилоти ин баҳсҳоро мехонед ва ба соддагию хушбоварӣ ва дилсафедии мардуми Маҳалла қоил мемонед.
Шояд барои Маҳаллатӣ дар даромадгоҳи Маҳалла пайкараи азиме гузоранду сайёҳон ба тамошои он раванд. Зеро латифаҳои ҳаётии Маҳаллатӣ баъзан Афандию гобровийҳоро ҳам дар ҳайрат мегузорад.
Китобро хонед, худатон ба хуллосаи дуруст меоед.

7-уми июн зодрӯзи олими адабиётшинос, академики Академияи илмҳои Турон, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон марҳум Абдусалом САМАДОВ
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Ҳақ асту рост аст, ки медонем, “Куллу нафсин зоиқат-ул-мавт”, яъне хамеша ғайричашмдошту ғайриинтизор, ногаҳон дармерасад марг ва дили хешу пайвандон, ёру дӯстонро реш-реш мекунад. 12 августи соли 2021 хабари шуми фавтидани олими адабиётшинос, академики Академияи илмҳои Турон, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон марҳум Абдусалом САМАДОВ, ки тайи беш аз сӣ сол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд мақом ва ҷойгоҳи хосса дошту маҳфили адабу фарҳанги тоҷикро зинат мебахшид, бештар дар ҳайрату тааҷҷуб гузошт.
Соли гузашта анҷумани байналхалқие бо иштироки олимону аҳли адаби ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар савияи баланд гузашта буд Дар ин ҷо мақолаи яке аз шогирдони устод А. Самадов олимаи забоншинос устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Сабоҳат Маҷидоваро, ки пур аз зикри хайр аст, ин ҷо бознашр намуданро ҷоиз донистем.
Охирати ин марди хирад обод бошад.
Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ,
илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ”
Telegram | Web-сайт | Facebook

АЗ Ӯ “НИШОНИ МЕҲР” МОНД...
ПУРРА : 👉👉👉 https://durdonaisharq.uz/index.php?newsid=83
✍️ Сабоҳат МАҶИДОВА,
муаллимаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Telegram | Web-сайт | Facebook
ПУРРА : 👉👉👉 https://durdonaisharq.uz/index.php?newsid=83
✍️ Сабоҳат МАҶИДОВА,
муаллимаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Telegram | Web-сайт | Facebook
Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷимон ва ношир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад
ПУРРА: 👉👉👉 https://durdonaisharq.uz/index.php?newsid=84
Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадулло Шукуровро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд.
Зодрӯзатон муборак бод, шоири тозанигору ҷавҳарбин!
Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 @DURDONAI_SHARQ
ПУРРА: 👉👉👉 https://durdonaisharq.uz/index.php?newsid=84
Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадулло Шукуровро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд.
Зодрӯзатон муборак бод, шоири тозанигору ҷавҳарбин!
Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 @DURDONAI_SHARQ
Имрӯз яке аз фарзандони обрӯманди Самарқанд, олим, шоир ва тарҷумони шинохта, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” БАҲОДУРИ УБАЙДУЛЛОҲ (Раҳмонов) зодрӯз дорад.
Аз номи тамоми фарҳангдӯстони Самарқандӣ ва муштариёни бешумори маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Баҳодури Убайдуллоҳро бо зодрӯз муборак намуда, ба ӯ иродаи мустаҳкам, ҷӯши илҳом ва комёбиро таманно дорем.
Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"
👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:
Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Аз номи тамоми фарҳангдӯстони Самарқандӣ ва муштариёни бешумори маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Баҳодури Убайдуллоҳро бо зодрӯз муборак намуда, ба ӯ иродаи мустаҳкам, ҷӯши илҳом ва комёбиро таманно дорем.
Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"
👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:
Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
УНВОНИ МО
То ба кай, эй чарх, пушти шиша монад ҷони мо?!
Косаи тоқат шикаст андар сари ҳайрони мо!
Чарх зад ақлам, вале дигар нашуд мазмуни рӯҳ,
Маънии умр аст бемазмунии даврони мо.
Аз парешонии фикри худ парешонем боз,
Вақт ҷӯяд ҳар нафас андешаи сомони мо!
Ку ҳиҷобат? Ҳастии мо сӯхт аз тоби назар,
Заъфаронрез аст акнун чеҳраи тобони мо.
Ақломӯзии мо бар ҳукми дил маҳкум намуд,
Рӯҳ ҳам бигзашт баҳри ишқ аз фармони мо.
Ин ҷаҳони бекаронро ҷустуҷӯ кардем бас,
Умри мо поён биёфт аз майли бепоёни мо.
Манфиат аз эҳтиёҷи ишқварзӣ шуд баланд,
Ишқ ҳам рағбат накард аз дарду аз дармони мо.
Як назар сӯйи таманнои ситора – ормон,
То хаёли ишқомӯзӣ бишуд унвони мо!
✍️ БАҲУДУРИ УБАЙДУЛЛОҲ

Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#гузориш
Ҷашни 70-солагии шоири зиндаёд Абдулло Раҳмон дар зодгоҳаш воҳаи Сурхон оғоз ёфта, дар шаҳри донишҷӯиаш Самарқанд ҷамъбаст гардид.
(То наворҳоро бо рухсати махсус ба даст овардан, фурсати тӯлонӣ гузашт. Барои наворҳо ба телевизиони вилоятии Сурхондарё ва муҳаррири он С.Норманова миннатдорӣ баён мекунем)
Бо мо бошед:👇👇👇
✅https://t.me/oriyonsamarqand

#ЗОДРЎЗ_МУБОРАК
ОЛИМАИ СУХАНДОН
Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат, масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад.
Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон:
Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад.
Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон,
Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад.
Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"
👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:
Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
ОЛИМАИ СУХАНДОН
Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат, масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад.
Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон:
Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад.
Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон,
Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад.
Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"
👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:
Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Forwarded from ОМЎЗГОРИ ТОҶИК (Muhammadiqbol Shukurov)
#ТАБРИК
Муборак, иду айёми ниёгон,
Муборак, чеҳраҳои шоду хандон.
Намозу ҳам дуои мо қабулаш,
Муборак бар Шумо ин иди Қурбон!
Азизони дил иди Қурбон ба Шумо ва аҳли байтатон муборак бошад! То идҳои дигар Худованд мою Шуморо сиҳату саломат нигаҳ дорад!
Бо ниятҳои нек Асадуллоҳ Исмоилзода.
✅ @TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g