Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
646 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
ГӮШИ ЯКЕ АЗ МАҲБУСОНИ ОШӮБГАРРО ДАР ЗИНДОНИ РУСИЯ БУРИДАНД

Расонаҳои миллатгарои Русия, аз ҷумла Телеграм-каналҳои “Поздняков 3.0” ва “Мигранты. Все как есть”, аксу видеоҳои ҷасадҳои маҳбусони рӯзи 23 августи соли 2024 дар ҷараёни саркӯб кардани ошӯб дар маҳбаси №19 (ИТК-19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград кушташударо нашр карданд.

Дар як видеоҳо дида мешавад, ки нирӯҳои қудратӣ гӯши яке аз маҳбусонро буридаанд ва яке аз…

https://www.bomdod.com/2024/08/25/gushi-jake-az-mahbusoni-oshubgarro-dar-zindoni-rusija-buridand/
👍1
ТЕМУР ВАРҚӢ БА ҶОИ ШЕРЗАМОНОВ РАҲБАРИ АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК ИНТИХОБ ШУД

Шоир ва рӯзноманигори тоҷики муқими Фаронса Темур Варқӣ ба ҷои Алим Шерзамонов разбари нави Анҷумани озодандешони тоҷик (АОТ), яке аз 3 созмони узви Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи дар худи Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, интихоб шуд. Раҳбарии ин созмони оппозитсиониро то кунун Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон ба дӯш дошт. Дар ин…

https://www.bomdod.com/2024/08/25/temur-varqi-ba-joi-sherzamonov-rahbari-anjumani-ozodandeshoni-tojik-intihob-shud/
👍1🤔1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 26 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 26 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ОШӮБИ ХУНИНИ МАҲБУСОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ЯК МАҲБАС ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАДИ РУСИЯ

БА МОДАРАШ 15 ҲАЗОР РУБЛ ФИРИСТОД: ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/hulosai-habarhoi-muhimi-26-avgusti-soli-2024-video/
👍1
НИГАРОНИҲО АЗ ФИШОРҲОИ НАВ БА МУҲОҶИРОН ДАР РУСИЯ ДАР ПАЙИ ОШӮБИ ХУНИН ДАР ЗИНДОНИ ВОЛГОГРАД (ВИДЕО)

Иштироки зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ошӯби пурқурбонӣ дар маҳбаси Русия муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Русия ва ҳамин тавр, хонаводаҳои онҳоро сахт нигарон кардааст. Ҳама дар ташвишанд, ки ин қазия боиси мавҷи нави бархӯрди шадиди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирон хоҳад шуд. Амре, ки муҳоҷирони тоҷик баъди ҳамлаи “Крокус” дучор шуданд.

Эҳтимоли баъди ошӯб дар зиндони…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/nigaroniho-az-fishorhoi-nav-ba-muhojiron-dar-rusija-dar-paji-oshubi-hunin-dar-zindoni-volgograd-video/
👍2
ДУ ҶАВОН БО ҶИПИ “ПРАДО” СОКИНИ ҲИСОРРО РАБУДА, АЗ Ӯ 50 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАЛАБ КАРДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24 августи соли 2024

Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо мақсади тамаъҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ӯро бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди корд дастгир…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/du-javon-bo-jipi-prado-sokini-hisorro-rabuda-az-u-50-hazor-somoni-talab-kardaand/
👍2
МАРГИ ТИФЛИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ СЕЧАРХАИ МОДАРАШ ДАР ИСТАРАВШАН

ВКД Тоҷикистон дар бораи як ҳолати аз беэҳтиётии модари ҷавон ҷон бохтани як кӯдаки сесола дар шаҳри Истаравшан хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва дар хатар монондан дастгир карда шуд.
Худи ин зан…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/margi-tifli-sesola-dar-zeri-charhi-secharhai-modarash-dar-istaravshan/
ҶАНҶОЛИ ЗАНУ МАРДИ ҲАМСОЯ АЗ ПУШТИ КӮДАКОНАШОН ДАР ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 26 августи соли 2024 дар бораи дар пайи дар Интернет роҳ ёфтани видеои ҷанҷоли ду зану марди ҳамсоя бо иттиҳоми майдаавбошӣ боздошт шудани ҳарду иштирокчии ин муноқиша хабар дод.

Маркази матбуоти милитсия и пойтахти Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт, навори муноқишаи ҳамсоягон, ки санаи 25-уми августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/janjoli-zanu-mardi-hamsoja-az-pushti-kudakonashon-dar-dushanbe/
👍5
ОВОЗХОНИ ТОҶИК НИГИНА АМОНҚУЛОВА САЗОВОРИ УНВОНИ БАЛАНДИ ҲУНАРМАНДИ ХАЛҚИИ ӮЗБЕКИСТОН ШУД

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 24 августи соли 2024, дар остона солгарди истиқлоли кишвараш, як идда аз намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла аҳли фарҳангро бо унвонҳо ва нишонҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Дар баробари чеҳраҳои шинохтае, чун овозхони шинохтаи ӯзбек Озода Севархон, овозхони маъруфи тоҷик, солисти ансамбли “Дарё” Нигина Амонқулова низ бо фармони Мирзиёев сазовори унвони…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/ovozhoni-tojik-nigina-amonqulova-sazovori-unvoni-balandi-hunarmandi-halqii-uzbekiston-shud/
🤔2👏1
САРКАРДАИ ОШӮБГАРОН ДАР МАҲБАСИ ВОЛГОГРАД ШОҲАБДУЛКАРИМХОН КАРИМОВ БУДААСТ?

Бо гузашти чанд рӯз аз ошӯби хунини рӯзи 23 августи соли 2024 дар маҳбаси №19 (ИТК-19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгогради Русия дар бораи шахсияти иштирокчиёни ин ошӯб то ҳол маълумоти мухталиф ва гоҳо зиддунақиз ба даст мерасад.

Қаблан гуфта мешуд, ки ин ошӯбро 4 маҳбус – ду зодаи Ӯзбекистон Рамзидин Тошев ва Темур Хусинов…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/sarkardai-oshubgaron-dar-mahbasi-volgograd-shohabdulkarimhon-karimov-budaast/
АВБОШӢ ДАР ХУҶАНДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР ИСФАРА, ДУЗДИИ 25 ҲАЗОРУ ТАСАРРУФИ 57 ҲАЗОРИ “ТАҶЭРО” ВА САДАМА ДАР ДЕВАШТИЧ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 26 августи соли 2024

Дастгир гардидани марди 62-сола барои авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда шаби 21-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар назди ошхонаи…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/avboshi-dar-hujandu-ghoratgari-dar-isfara-duzdii-25-hazoru-tasarrufi-57-hazori-tajjero-va-sadama-dar-devashtich/
👍1
МИЛИТСИЯ БАРОИ ҶУСТУҶӮИ ҶИНОЯТКОР АЗ МАРДУМ КУМАК ХОСТ. ҚУРБОНАЛӢ ХОЛБОБОЕВ БА ОДАМКУШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

ВКД Тоҷикистон бо нашри як эълон аз шаҳрвандон барои ҷустуҷӯи як ҷинояткор, ки барои одамкушӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад, кумак пурсид.

Бино ба эълони ВКД, Холбобоев Қурбоналӣ Суюнович, соли таваллудаш 1965, зодаи ноҳияи Хуросон, муваққатан сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Пахтакор, бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ…

https://www.bomdod.com/2024/08/26/militsija-baroi-justujui-jinojatkor-az-mardum-kumak-host-qurbonali-holboboev-ba-odamkushi-ajbdor-meshavad/
👍1🤔1
БОЗДОШТИ КОРМАНДИ МИЗИ ҲАРБӢ ДАР ХУҶАНД БАРОИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли 2024 дар бораи ошкор шудани боз ду ҳолати тасарруфи маблағи шаҳрвандон барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим аз ҷониби як корманди мизи ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўӣ муайян карда…

https://www.bomdod.com/2024/08/27/bozdoshti-kormandi-mizi-harbi-dar-hujand-baroi-giriftani-pora/
👍1
8 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ БА СУРИЯ БА МОДАРАШ ФИРИСТОДАНИ 15 ҲАЗОР РУБЛ

Додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия дар шаҳри Маскав рӯзи 26 августи соли 2024 Нозимова ном як зан аз Тоҷикистонро ба далели ба модараш ба Сурия фиристодани 15 ҳазор сомонӣ ба маблағгузории терроризм гунаҳкор шинохта, ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора аз толори ин додгоҳ хабарнигори хабаргузории русии ТАСС хабар дод.

Евгений…

https://www.bomdod.com/2024/08/27/8-sol-hukmi-zindoni-jak-zani-tojik-dar-rusija-baroi-ba-surija-ba-modarash-firistodani-15-hazor-rubl/
😢1
ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН, ПАДАРИ 10 ФАРЗАНД ВА ДОНАНДАИ 10 ЗАБОН: АБДУЛҲАЙ ИМОНҚУЛОВ МУФТИИ АЪЗАМИ ХАБАРОВСК ШУД

Абдулҳай Имонқулов, рӯҳонии 42-солаи зодаи Тоҷикистон муфтии аъзами Хабаровск таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 26 августи соли 2024 хадамоти матбуоти Идораи мусулмонон, ё муфтиёти минтақаи Шарқи дури Русия хабар дод. Бино ба ин манбаъ, маҷлиси идораи мусулмонони ин минтақа Абдулҳай-ҳазратро рӯзи 10 август ба мақоми муфтии аъзами кишвари Хабаровск таъйин кард. Домулло Абдулҳай то…

https://www.bomdod.com/2024/08/27/zodai-tojikiston-padari-10-farzand-va-donandai-10-zabon-abdulhaj-imonqulov-muftii-azami-habarovsk-shud/
👍2
ЗАМИНЛАРЗАИ ПАНҶБАЛЛӢ ДАР НАЗДИКИИ ХОРУҒ

Рӯзи 27 августи соли 2024, соати 12:29 ба вақти маҳаллӣ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарҳи Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон, як заминларзаи иқтидораш тибқи ҷадвали Рихтер, 5 балл рух додааст. Дар ин бораи марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла Маркази зилзиланигории Аврупо ва ҳавзаи баҳри Миёназамин, хабар доданд.

Бино ба иттилои зилзиланигорон, маркази…

https://www.bomdod.com/2024/08/27/zaminlarzai-panjballi-dar-nazdikii-horugh/
👍1
ЯК ШАҲРВАНДИ ХИТОЙРО СОАТИ СЕИ ШАБ ДАР НАЗДИ ЯК КЛУБИ ШАБОНА ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 27 августи соли 2024 дар бораи оғози тафтиши қазияи занозании як сокини маҳаллӣ бо як шаҳрванди Хитой хабар дод. Ин муноқиша соати сеи шаб дар назди як клуби шабона дар маркази пойтахти Тоҷикистон рух додааст.

Гуфта мешавад, Ли Каикианг шаҳрванди 36-солаи Ҷумҳурии мардумии Чин (Хитой) ба шуъбаи милитсияи ноҳияи…

https://www.bomdod.com/2024/08/27/jak-shahrvandi-hitojro-soati-sei-shab-dar-nazdi-jak-klubi-shabona-lattukub-kardaand/
👍3
НАЗАРАЛӢ СУЛТОНОВ БА ҲАБС ГИРИФТА ШУД, ПАДАРАШРО АЗ РУСИЯ ИХРОҶ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 27 августи соли 2024 додгоҳи ноҳияи Троитски шаҳри Маскав Султонов Назаралӣ Бозорович, нафари муттаҳам дар ҳамлаи хунин ба зану шавҳари солхӯрда дар Новая Москваро барои як моҳу 29 рӯз, яъне то 20 октябри соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Султонов, ки 38 сол дорад, бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия ба…

https://www.bomdod.com/2024/08/27/nazarali-sultonov-ba-habs-girifta-shud-padarashro-az-rusija-ihroj-mekunand-video/
СОКИНИ ҲИСОР АЗ ҲИССИЁТИ РАШКУ ХУСУМАТ ҲАМСАРИ СОБИҚАШРО КУШТААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 27 августи соли 2024

Куштори собиқ ҳамсар аз ҳиссиёти рашк

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 26-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри…

https://www.bomdod.com/2024/08/28/sokini-hisor-az-hissiyoti-rashku-husumat-hamsari-sobiqashro-kushtaast/
👍1
БОЗ “ОБЛАВА”? ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ФАРМОНИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИРО ИМЗО КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 августи соли 2024 фармон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”-ро имзо кард. Бар асоси ин фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли…

https://www.bomdod.com/2024/08/28/boz-oblava-jemomali-rahmon-farmoni-davati-tiramohiro-imzo-kard-2/
👍2🤬2
ҲУШДОР БА СОКИНОН: КАСЕ ПЕШИ ФОЛБИНУ ҶОДУГАР РАФТ, ДАР ВКД РӮЙХАТ КАРДА МЕШАВАД!

ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 августи соли 2024 бо нашри як иттилоияи алоҳида шаҳрвандонеол, ки “ба фолбинону ҷодугарон ва сеҳру ҷодуи онҳо боварӣ доранд”, ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд онҳоеро, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд ва “барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд”, низ ба шуъбаҳои…

https://www.bomdod.com/2024/08/28/hushdor-ba-sokinon-kase-peshi-folbinu-jodugar-raft-dar-vkd-rujhat-karda-meshavad/
👍5🤔1
НАВРӮЗИ РУСТАМҶОН ВА НАЗИРҶОН ТОШОВ. ДУ “ГАРАВГОНГИР” АЗ ТОҶИКИСТОН КИСТАНД?

- Алишер Зарифӣ
- Амир Исоев

-------------

Пайвандони Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ, ба раиси зиндони №19 дар вилояти Волгоград ҳамла карда, зиндонбонҳо ва чанде аз маҳбусонро гаравгон гирифтаанд, аз ин хабар такон хӯрдаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин хабарҳо бовар надоранд.

Шабакаҳои русӣ гуфтаанд, дар ошӯби рӯзи…

https://www.bomdod.com/2024/08/28/navruzi-rustamjon-va-nazirjon-toshov-du-garavgongir-az-tojikiston-kistand/
🤔1