Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
646 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
ПАРВАНДАИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР АМРИКО БАРОИ ТАЪҚИБИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШ

Додгоҳи минтақаи шарқии аёлати Пенсилвания (The Eastern District Of Pennsylvania) ба муҳокимаи парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон сар кардааст.

Бар асоси маводи парванда, Ибодулло Муҳиддинов ба “озор ва азияти завҷаи собиқаш” гумонзад мешавад. Дар ин санадҳо гуфта шуда, ки худи Муҳиддинов иттиҳомро напазируфтааст.

AirTag; таҳдид ба нашри наворҳои маҳрамона

Мақомоти интизомии Амрико дар парванда навиштаанд, ки…

https://www.bomdod.com/2024/08/20/parvandai-jak-muhojiri-tojik-dar-amriko-baroi-taqibi-hamsari-sobiqash/
🤔2👍1
ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КОНИБОДОМУ АЙНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 августи соли 2024

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Шоми 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:15, ронандаи мошини тамғаи «Дэу-Дамас», Турсунов Мақсудалӣ Умматалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Конибодом дар шоҳроҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд-Деҳмой», аз…

https://www.bomdod.com/2024/08/20/54868/
👍1🤔1
ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КОНИБОДОМУ АЙНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 августи соли 2024

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Шоми 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:15, ронандаи мошини тамғаи «Дэу-Дамас», Турсунов Мақсудалӣ Умматалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Конибодом дар шоҳроҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд-Деҳмой», аз…

https://www.bomdod.com/2024/08/20/54868/
ЯК НАВРАСИ 13-СОЛА ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “ХОВАРОН” ДАР ПОЙТАХТ НАВРАСИ ДИГАРРО КОРД ЗАДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 августи соли 2024

Ошкор шудани ҳолатҳои авбошӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 13-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 18-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 20:10-дақиқа, ҳангоми дар таваққуфгоҳи назди бозори “Ховарон” қарор…

https://www.bomdod.com/2024/08/20/jak-navrasi-13-sola-dar-nazdi-bozori-hovaron-dar-pojtaht-navrasi-digarro-kord-zadaast/
🤔1
“ҶИН”-Е, КИ ДАР ВАҲДАТ МАРДУМРО МЕТАРСОНД, ПАЙДО ВА ДАСТГИР КАРДА ШУД!(ВИДЕО)

Махлуқи ношиносе, ки чандин рӯз сокинони шаҳри Ваҳдат ва деҳаҳои атрофи онро безобита мекарду мардум онро “ҷин” гумон мекарданд, дар асл як марди африқоитабор будааст, ки аз гуруснагӣ дар ҷустуҷӯи ягон хӯрданӣ шабҳо ба хонаҳои сокинон медаромадааст. Мардум дар Ваҳдат аз тарси ин “ҷин” ҳатто шабона дар атрофи деҳаҳо посгоҳҳо ташкил карда буданд.

Рӯзи 20…

https://www.bomdod.com/2024/08/20/jin-e-ki-dar-vahdat-mardumro-metarsond-yoft-va-dastgir-karda-shud-video/
РУСИЯ БА ЗИДДИ ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОН ТАҲРИМОТ ҶОРӢ КАРД

Русия зи 19 августи соли 2024 дар идомаи ҷанги таҳримҳо бо кишварҳои Ғарб ба зидди 32 нафар аз намояндагони марказҳои таҳлиливу машваратӣ ва дигар ниҳодҳои марпбут ба Британияи Кабир, аз ҷумла ба зидди 5 тан аз роҳбарони Бунёди Оғохон, бо шумули раҳбари ин бунёд пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони чорум, ки дар Тоҷикистон низ…

https://www.bomdod.com/2024/08/20/rusija-ba-ziddi-shohzoda-karim-oghohon-tahrimot-jori-kard/
👍1🤔1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 21 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 21 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

РУСИЯ БА ЗИДДИ ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОН ТАҲРИМОТ ҶОРӢ КАРД

“БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲАМЛА БО ТАБАР БА ЗАНУ ШАВҲАРИ СОЛХӮРДА ДАР НОВАЯ…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/hulosai-habarhoi-muhimi-21-avgusti-soli-2024-video/
👍2
МУСОДИРАИ МИҚДОРИ ЗИЁДИ ПУЛҲОИ ҚАЛБАКИИ СОМОНӢ ВА РУБЛ ДАР ДУШАНБЕ (3 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 20 августи соли 2024 аз дарёфт ва мусодираи пулҳои қалбакӣ ба маблағи бузург хабар дод.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, чандв ақт боз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз паҳншавии асъори сомонии қалбакӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳар гуна хабарҳо паҳн гардида, боиси изтироби шаҳрвандон гардида буд.

Вобаста ба ин…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/musodirai-miqdori-ziyodi-pulhoi-qalbakii-somoni-va-rubl-dar-dushanbe-3-aks/
👍2🤔1
ҶАРИМАИ ВАЗНИНИ РОНАНДАГОНИ ДУ МОШИНИ СИЁҲШИША ДАР ПОЙТАХТ (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 21 августи соли 2024 аз боздошт ва муҷозоти боз ду ронанда барои бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳояшон хабар дод. Бар илова, яке аз ин ронандаҳо дар мошинаш серена низ доштааст.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, Ғафуров Фирӯзҷон Мирзораҳимович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “КИА”, рақамҳои қайди транзитиаш С…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/jarimai-vaznini-ronandagoni-du-moshini-siyohshisha-dar-pojtaht-2-aks/
👍2
ҶАРИМАИ ВАЗНИНИ РОНАНДАГОНИ ДУ МОШИНИ СИЁҲШИША ДАР ПОЙТАХТ (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 21 августи соли 2024 аз боздошт ва муҷозоти боз ду ронанда барои бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳояшон хабар дод. Бар илова, яке аз ин ронандаҳо дар мошинаш серена низ доштааст.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, Ғафуров Фирӯзҷон Мирзораҳимович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “КИА”, рақамҳои қайди транзитиаш С…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/jarimai-vaznini-ronandagoni-du-moshini-siyohshisha-dar-pojtaht-2-aks/
ДАР ТОҶИКИСТОН НАМОИШГОҲ ВА ҶАШНВОРАИ ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ ДОИР ШУДААСТ (ВИДЕО)

Рӯзи 17 август дар Ҳисор намоишгоҳ ва ҷашнвораи байналмилалии гӯсфандони ҳисорӣ баргузор шудааст. Чорводорон аз саросари ҷумҳурӣ ба ин намоишгоҳ беш аз 500 сар намунаҳои беҳтарини ин зоти гӯсфандро барои намоиш оварданд.

Зоти гӯсфанди ҳисорӣ як мояи ифтихори чорводорони тоҷик ба шумор меравад. Ин зоти гӯсфанд зоти сергӯшту серравған дониста шуда, вазнаш то 200 кило…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/dar-tojikiston-namoishgoh-va-jashnvorai-gusfandi-hisori-doir-shudaast-video/
🤔1
ЯК СОКИНИ ВИЛОЯТИ САМАРҚАНД ДАР ОБАНБОРИ НОРАК ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 августи соли 2024 кормандони раёсати хадамоти вижаи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ ва ғаввосон аз хадамоти ҷумҳуриявӣ баъди 4 рӯзи ҷустуҷӯҳо билохира ҷасади як шаҳрванди ғарқшудаи Ӯзбекистонро дар обанбори нирӯгоҳи Норак пайдо карда, аз об берун овардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 17 августи соли…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/jak-sokini-vilojati-samarqand-dar-obanbori-norak-gharq-shudaast/
🤔1
ВИДЕО АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ: ЗАМОНИ ҲАБСИ ПАДАРУ ДУ ПИСАР ИСЛОМОВҲО ТО 3 МОҲИ ДИГАР ТАМДИД ШУД

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 20 августи соли 2024 замони ҳабси боз 4 муттаҳами дигар дар ҳамлаи хунини шоми 22 марти соли 2024 ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори пойтахти Русияро то 3 моҳи дигар тамдид кард. Дар он ҳамла 145 нафар кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/video-az-tolori-dodgoh-zamoni-habsi-padaru-du-pisar-islomovho-to-3-mohi-digar-tamdid-shud/
😢2🤔1
МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ДУ ҲАМДЕҲА ДАР ФАРХОР, ҒОРАТИ ТЕЛЕФОНИ ЯК КӮДАК ВА…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 21 августи соли 2024

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

Шаби 19-уми августи 2024, тахминан соати 21:10, марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор аз рӯи хусумат ба мағозаи фурӯши ашёҳои рӯзгор даромада, аз он ҷо як корди хоҷагиро харидорӣ кардааст ва сипас дар маркази деҳаи Гулшани…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/munoqishai-hunini-du-hamdeha-dar-farhor-ghorati-telefoni-jak-kudak-va/
🤔1
НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ НАЗАРАЛӢ СУЛТОНОВ. Ӯ ИҚРОР КАРД, КИ ПОЛКОВНИК СЕЛЕЗНЁВРО БАРОИ ПУЛ КУШТААСТ

Расонаҳои Русия номи нафари муттаҳам ба ҳамлаи ваҳшиёна бо табар ба як зану шавҳари солхӯрда дар Новая Москваро нашр карданд. Ӯ зодаи Тоҷикистон Назаралӣ Султонов, соли таваллудаш 1986 будааст. Ҷасади ба хун оғӯшта ва алакай беҷони полковники мустаъфии 84-сола Виктор Селезнёвро шоми 19 августи соли 2024 дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Полёт” дар деҳаи Яртсевои ноҳияи…

https://www.bomdod.com/2024/08/21/nashri-videoi-bozpursii-nazarali-sultonov-u-iqror-kard-ki-polkovnik-seleznyovro-baroi-pul-kushtaast/
🤔2🤬2
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 22 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 22 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ НАЗАРАЛӢ СУЛТОНОВ. Ӯ ИҚРОР КАРД, КИ ПОЛКОВНИК СЕЛЕЗНЁВРО БАРОИ ПУЛ КУШТААСТ

ЗАМОНИ ҲАБСИ ПАДАРУ ДУ ПИСАР ИСЛОМОВҲО ТО 3 МОҲИ…

https://www.bomdod.com/2024/08/22/hulosai-habarhoi-muhimi-22-avgusti-soli-2024-video/
👍1
БОЗДОШТИ 3 ҶАВОН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ ПАЙДО ШУДАНИ “ҶИН” ДАР ВАҲДАТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 21 августи солми 2024 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони милитсия манбаъҳои паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ дар бораи гӯё пайдо шудани “ҷин” дар ҳудуди ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов дар канори шаҳри Ваҳдатро муайян сохта, чанд нафарро барои паҳн кардани ин овозаҳо дастгир кардаанд.

Дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/22/bozdoshti-3-javon-baroi-pahn-kardani-ovozai-pajdo-shudani-jin-dar-vahdat-video/
👍3👏1🤔1
ҲАБСУ ҶАРИМАИ 3 АПАЮ ХОҲАР ДАЙХУДОЕВАҲО БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ДУХТАРИ ДИГАР (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 августи соли 2024 дар бораи як ҳодисаи ғайриоддӣ: аз ҷониби 3 апаю хоҳар латтукӯб шудани як духтари дигар дар кӯчаи Шириншо Шотемур дар маркази пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Лаҳзаи А.Саидоваро латтукӯб кардани хоҳарон Дайхудоеваҳоро дурбини видеокамераи назоратӣ сабт кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, дар натиҷаи…

https://www.bomdod.com/2024/08/22/habsu-jarimai-3-apaju-hohar-dajhudoevaho-baroi-lattukubi-jak-duhtari-digar-video/
ПУТИН ДАР МАСҶИДИ НАВИ ШАҲРИ ГРОЗНИЙ КИТОБИ “ҚУРЪОН”-РО БӮСИД

Видеои дар як масҷид дар пойтахти Чеченистон китоби барои мусулмонон муқаддаси “Қуръон”-ро бӯсидани президенти Русия Владимир Путин дар ин авохир дар кишварҳои мусалмоннишин ба як видеои хеле пуртамошобин, ё ба қавли дигар, вирус, табдил ёфтааст.

Рӯзи 20 августи соли 2024, Путин зимни боздиди аз масҷиди нави ба номи Паёмбар Исо дар шаҳри Грозний, пеш аз…

https://www.bomdod.com/2024/08/22/putin-dar-masjidi-navi-shahri-groznij-kitobi-quron-ro-busid/
🤬3
ШИОРҲО БО ДАЪВАТУ ТАҲДИД ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ. БОЗДОШТИ 2 ҶАВОН АЗ ЯККАТУТ

Мирзонабии Холиқзод

-------------

Маъмурони милиса дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҷавонро ба гумони навиштани “даъвату таҳдид” дар девори мактабу мағоза ва сартарошхона дастгир кардаанд.

Мақомот ба таври расмӣ маълумот намедиҳанд. Як ҳамсуҳбати радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 22-юми август боздошти ҷавонҳоро тасдиқ кард, аммо ба сабаби гуё махфӣ будани парванда ва надоштани…

https://www.bomdod.com/2024/08/22/shiorho-bo-davatu-tahdid-dar-nohijai-jomi-bozdoshti-2-javon-az-jakkatut/
🤔1
САЙРИ ШАБОНА ДАР КӮЛИ ҶАВОНОН САБАБИ МАРГИ ЯК ҶАВОН ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки сайру фароғати шабонаи ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба фоҷеа печид. Киштии тафреҳие, ки гурӯҳи ҷавонон савори он буданд ва дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд, дучори садама шуд ва аз 7 нафар як нафари онҳо ҷон бохт.

Ин ҳодиса шаби 21-уми августи соли равон, соати 23:37 рух дод. Як…

https://www.bomdod.com/2024/08/22/sajri-shabona-dar-kuli-javonon-sababi-margi-jak-javon-shud/
😢1