Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
645 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ МАСТЧОҲ БАРОИ ТАБЛИҒИ АҚИДАҲОИ ДОИШ (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Рустам Мирзоев, сокини 45-солаи шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳро бо иттиҳоми тарафдорӣ ва таблиғи ақидаҳои созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯи ДОИШ (ба ном “Давлати исломии Ироқу Шом”) ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Додгоҳ Мирзоев Рустам Авазбоқиевич, соли таваллудаш 1979-ро бар аосси иловаи якуми моддаи 179 ба мусоидат ба фаъолиятҳои…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/7-sol-hukmi-zindoni-jak-sokini-mastchoh-baroi-tablighi-aqidahoi-doish-video/
👍2🤔2
“БО УСМОНЗОДА АЛОҚАИ ЗИЧ ДОШТАНД…” ШАРҲИ ДОДСИТОНИ КУЛ ДАР БОРАИ ҲАБСИ ИСКАНДАРОВУ ЗАРИФӢ ВА АҲМАДЗОДАВУ ҲАКИМОВ

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 9 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш ифтитоҳи парванда ба зидди Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо бо Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари собиқи Ҳизби демократ ва вакили парлумон, ки моҳи июн бо иттиҳоми “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” боздошт шуд, “дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/bo-usmonzoda-aloqai-zich-doshtand-sharhi-dodsitoni-kul-dar-borai-habsi-iskandarovu-zarifi-va-ahmadzodavu-hakimov/
🤔1🤬1
ҲУШДОР АЗ ОМАДАНИ СЕЛ ДАР РӮЗҲОИ 8-10 АВГУСТ ДАР БАРХЕ МАНОТИҚИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки рӯзи 9 августи соли 2024 ба сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимол дорад.

Рӯзҳои 8-10 август…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/hushdor-az-omadani-sel-dar-ruzhoi-8-10-avgust-dar-barhe-manotiqi-tojikiston/
🤔1
3 СОЛ ҲУКМ ВА 1,8 МИЛЛИОН РУБЛ ҶАРИМАИ РАФИҚҶОН ЮСУПОВ БАРОИ ХАБАРИ ДУРӮҒИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲАВОПАЙМОИ ПЕТЕРБУРГ-ХУҶАНД

Додгоҳи ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 8 августи соли 2024 Рафиқҷон Юсупов, як муҳоҷири 30-солаи зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми додани маълумоти бардурӯғ дар бораи вуҷуди бомба дар бағочи ҳамсари ҳомилааш, ки шаби 24 феврали соли 2024 аз фурудгоҳи Пулковои Петербург ба Хуҷанд парвоз мекард, ба 3 солу 3 моҳи маҳбаси сукунутӣ (колония – поселение)…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/3-sol-hukm-va-1-8-million-rubl-jarimai-rafiqjon-jusupov-baroi-habari-durughi-hamlai-terroristi-dar-havopajmoi-peterburg-hujand/
👍1🤔1
ДУЗДИИ 124 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ НОНИ ДАҲОНИ АСКАРБАЧАҲОИ ТОҶИК

- Алишер Зарифӣ

-------------

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯзи 9 августи соли 2024 аз тасарруфи беш аз 120 миллион сомонӣ дар сохторҳои вазорати дифоъ хабар дод. Ба иттилои агентӣ, барои ин ҷиноят 52 масъули ин ниҳод ва дигар идораҳои муҳими давлатӣ боздошт шудаанд.

Пулеро, ки бояд барои либосу хӯроку…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/duzdii-124-million-somoni-az-noni-dahoni-askarbachahoi-tojik/
👍2
НОЗИРИ ФИРОРКАРДАИ “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР МАРЗИ РУСИЯВУ ҚАЗОҚИСТОН БА ДАСТ АФТОД

Додситонии вилояти Саратови Русия аз анҷоми баррасии парвандаи истирдоди шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, нозири собиқи ширкати барқ хабар дод. Ӯ дар Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 245 Кодекси ҷиноятии ин ҷумҳурӣ ба тасарруфи маблағҳо айбдор мешавад.

Додситонӣ гуфт, тафтиши анҷомёфта ягон монеа дар роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани ин шаҳрвандро намебинад ва ба ин далел…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/noziri-firorkardai-barqi-tojik-dar-marzi-rusijavu-qazoqiston-ba-dast-aftod/
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 9 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 9 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

“БО УСМОНЗОДА АЛОҚАИ ЗИЧ ДОШТАНД…” ШАРҲИ ДОДСИТОНИ КУЛ ДАР БОРАИ ҲАБСИ ИСКАНДАРОВУ ЗАРИФӢ ВА АҲМАДЗОДАВУ ҲАКИМОВ

ДУЗДИИ 124 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ НОНИ ДАҲОНИ…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/hulosai-habarhoi-muhimi-9-avgusti-soli-2024-video/
👍2
ВИКТОР РАССАДИН БА ДАВРИ НИМАНИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС РОҲ ЁФТ!

Виктор Рассадин, паҳлавони 30-сола аз ҷумҳурии Ёқутистони Русия, ки ҳоло дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳуранамоӣ мекунад, рӯзи 9 августи соли 2024 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис дар мусобиқоти гуштини озод дар вазни то 74 кило ду рақибашро шикаст дода, ба нимфинал баромад.

Виктор Рассадин дар нахустин рақобаташ дар марҳалаи ҳаштякниҳоӣ бо паҳлавони…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/viktor-rassadin-ba-davri-nimanihoii-olimpiadai-poris-roh-yoft/
👍7
ТАЛАВУ ТОРОҶИ МОЛҲОИ МУҲОҶИРОН ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ АЗ СӮИ МИЛЛАТГАРОЁН. ПУЛИС НИЗ ОНҶО БУД, ВАЛЕ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия миллатгароён аз созмони “Русская община. Екатеринбург” дар пеши чашми кормандони пулиси меваву сабзавот аз дӯконҳои муҳоҷирони боздоштшударо ба раҳгузарон таҷсим карданд, вале пулис ин талаву тороҷ (мародёрство)-и молу маҳсулоти муҳоҷиронро нодида гирифт.

Рӯзи 8 августи соли 2024, дар ҷараёни рейди муштараки пулис, Роспотребнадзор ва … созмони миллатгарои “Русская община. Екатеринбург” дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/10/talavu-toroji-molhoi-muhojiron-dar-ekaterinburg-az-sui-millatgaroyon-pulis-niz-onjo-bud-vale-chashm-pushid-video/
🤬3👍1🤔1
ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР, АЗ ҶУМЛА ПАДАРУ ПИСАР, ДАР 4 САДАМА ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар се рӯзи охир бар асари 4 садама дар ҷануби ҷумҳурӣ дастикам 5 нафар, аз ҷумла падару писар ҷон додаанд.

Шоми 8-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Мазда”, Шералиев Маҳмадсаид Усмонҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ,…

https://www.bomdod.com/2024/08/10/halokati-5-nafar-az-jumla-padaru-pisar-dar-4-sadama-dar-janubi-tojikiston/
👍1😢1
ДАР ОЛИМПИАДА БА ҶОИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМИ … ТАИЛАНДРО ОВЕХТАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 10 августи соли 2024 дар Олимпиадаи Порис дар маросими супоридани медалҳо ба ғолибони мусобиқаи муштзанӣ (бокс) дар вазни то 92 кило ташкилкунандагон ба иштибоҳ роҳ дода, ба ҷои парчами Тоҷикистон дар болои сари муштзани тоҷикистонӣ Давлат Болтаев прачами Таиландро овехтанд.

Ёдрас мекунем, ки дар ин вазн медали тило ва унвони қаҳрамони олимпиро Лазизбек Муллоҷонов…

https://www.bomdod.com/2024/08/10/dar-olimpiada-ba-joi-parchami-tojikiston-parchami-tailandro-ovehtand-video/
👍2🤬2🤔1
ИСЁН ДАР КИШТИИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК: ҶУНБИШИ ГАДОЕВ ДАР ПЕШИ КАБИРӢ УЛТИМАТУМ ГУЗОШТ

Шаби 10 августи соли 2024, соати 22 ба вақти Амстердам, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, як ҳаракати оппозитсионии таҳти раҳбарии Шарофиддин Гадоев бо нашри як изҳороти вижа хабар дод, ки то ҳалли шартҳои гузоштааш муваққата узвияти худро дар Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи Тоҷикистон феълан мамнӯи умдаи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо бозмедорад.…

https://www.bomdod.com/2024/08/11/isyon-dar-kishtii-oppozitsijai-tojik-junbishi-gadoev-dar-peshi-kabiri-ultimatum-guzosht/
😢1
СОКИНИ 57-СОЛАИ ГУЛИСТОН СОБИРҶОН БОБОҶОНОВ АЗ РӮЗИ 3 АВГУСТ БЕДАРАК ШУДААСТ

Шуъбаи милитсияи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд рӯзи 11 августи соли 2024 бо нашри як эълон дар асоси муроҷиати пайвандон аз ҳама барои ҷустуҷӯи як сокини 57-солаи бедаракшудаи ин шаҳр кумак хост.

Гуфта мешавад, Бобоҷонов Собирҷон Баҳодурович, санаи таваллудаш 13 майи соли 1967, сокини маҳаллаи Дӯстии халқҳои шаҳри Гулистон, тақрибан соати сеи рӯзи 3…

https://www.bomdod.com/2024/08/11/sokini-57-solai-guliston-sobirjon-bobojonov-az-ruzi-3-avgust-bedarak-shudaast/
МАСЪУЛОНИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС АЗ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТ БОЛТАЕВ УЗР ХОСТАНД (ВИДЕО)

Масъулони Бозиҳои олимпии Порис рӯзи 10 августи соли 2024 дар як номаи расмӣ аз Тоҷикистон барои ба ҷои парчами Тоҷикистон овехтани парчами Таиланд расман узр пурсиданд.

Дар номае, ки президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ Тони Эстанге ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристодааст, гуфта мешавад, ки рӯзи 9 август дар маросими супоридани медалҳо ба ғолибони…

https://www.bomdod.com/2024/08/11/masuloni-olimpiadai-poris-az-tojikiston-va-davlat-boltaev-uzr-hostand-video/
🤔1🤬1
ИН КАМ АСТ Ё ЗИЁД? ТОҶИКИСТОН АЗ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС БО 3 МЕДАЛ БАРМЕГАРДАД

Олимпиадаи тобистонаи Порис, ки 26 июл оғоз ёфт, 11 август ба поён расид.

Рӯзи 10 август, дар охирин рӯзи мусобиқоти олимпӣ, ду намояндаи охирини тими Тоҷикистон қувваозмоӣ карданд, вале муттаассифона, ҳарду аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Таэквондочии 26-солаи тоҷик Мунира Абдусаломова дар нахустин рақобаташ аз қаҳрамони соли гузаштаи ҷаҳон Алтея Лорин аз Фаронса ва дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/11/in-kam-ast-yo-ziyod-tojikiston-az-olimpiadai-poris-bo-3-medal-barmegardad/
👏2😢2
БАЙНИ КАБИРӢ ВА ГАДОЕВ КАДОМ ГУРБАИ СИЁҲ ГУЗАШТ? БАРХЕ ҶУЗЪИЁТИ МОҶАРОИ БАЙНИ РОҲБАРОНИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ДАР АВРУПО

Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, рӯзи 11 августи соли 2024 дар як изҳороти кӯтоҳ бидуни овардани кадом ҷузъиёт рӯ задани моҷаро дар байни роҳбарони ин созмонро тасдиқ кард.

Дар баёнияи кӯтоҳи департаменти иттилооти паймон чунин омадааст: “Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз 10.08.…

https://www.bomdod.com/2024/08/11/bajni-kabiri-va-gadoev-kadom-gurbai-siyoh-guzasht-barhe-juziyoti-mojaroi-bajni-rohbaroni-oppozitsijai-tojik-dar-avrupo/
👍1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 12 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 12 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ИСЁН ДАР КИШТИИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК: ҶУНБИШИ ГАДОЕВ ДАР ПЕШИ КАБИРӢ УЛТИМАТУМ ГУЗОШТ

БАЙНИ КАБИРӢ ВА ГАДОЕВ КАДОМ ГУРБАИ СИЁҲ ГУЗАШТ? БАРХЕ ҶУЗЪИЁТИ МОҶАРОИ…

https://www.bomdod.com/2024/08/12/hulosai-habarhoi-muhimi-12-avgusti-soli-2024-video/
👍2
8 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ РАИСИ ДОДГОҲИ ПАНҶ: ДАР НИМ СОЛ 10 СУДЯРО БА ҶАВОБГАРӢ КАШОНДААНД

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш тасдиқ кард, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ 3 додрас (судя) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва 7 додраси дигар ба ҷавобгарии интизомӣ кашонда шудаанд.

Аз ҷумла, Шоҳиён хабар дод, ки раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода бо ҳукми додгоҳ ба 8…

https://www.bomdod.com/2024/08/12/8-sol-hukmi-zindoni-raisi-dodgohi-panj-dar-nim-sol-10-sudjaro-ba-javobgari-kashondaand/
👍2
РОҲЗАНӢ ДАР ПОЙТАХТ, ЗАНОЗАНӢ ДАР ҲИСОР ВА 4 ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 4 МИЛЛИОН ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 12 августи соли 2024

Ошкор шудани ҳодисаи роҳзанӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 7-уми августи соли 2024, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Борбади пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди истифода аз корди ошхонагӣ телефони…

https://www.bomdod.com/2024/08/12/rohzani-dar-pojtaht-zanozani-dar-hisor-va-4-qallobi-ba-mablaghi-qarib-4-million-dollar/
МАРГИ 7 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ РӮЗҲОИ 9 ВА 10 АВГУСТ ДАР МАРКАЗ ВА ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 9 ва 10 августи соли 2024 дар 6 садама дар манотиқи марказ ва ҷануби Тоҷикистон 7 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Аз ҷумла рӯзи 9-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Қурбоналӣ Қиёмиддин, соли таваллудаш 1992,…

https://www.bomdod.com/2024/08/12/margi-7-nafar-dar-6-sadamai-ruzhoi-9-va-10-avgust-dar-markaz-va-janubi-tojikiston/
👍1😢1
СОКИНИ ВАҲДАТ ҲАМСАРАШРО АЗ РАШК ЧАНД КОРД ЗАДА, СИПАС ХУДРО ОТАШ ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қасди куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳараш дар заминаи рашк хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, ба шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат зани 37-солаи сокини шаҳри мазкур бо ариза дар ин хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 9-уми августи соли 2024, тахминан аз соати 22:00, шавҳараш, марди 39-солаи…

https://www.bomdod.com/2024/08/12/sokini-vahdat-hamsarashro-az-rashk-chand-kord-zada-sipas-hudro-otash-zadaast/
👍2