Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
645 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
СЕЛИ САХТ ДАР ДЕҲАИ ЗУГВАНДИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ ДАҲҲО ХОНАРО ЗЕРИ ОБ КАРД (ВИДЕО)

Шоми 4 августи соли 2024, соати 19:08, бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво, дар деҳаи Зугванди ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сатҳи об дар дарёи ин деҳаи кӯҳистонӣ низ хеле боло рафт ва даҳҳо манзилу ҳавлӣ ва боғу роғи сокинони Зугванд зери об монд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки…

https://www.bomdod.com/2024/08/06/seli-saht-dar-dehai-zugvandi-nohijai-ishkoshim-dahho-honaro-zeri-ob-kard-video/
👍2
ВИЗА БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН АЗ 10 АВГУСТ БЕКОР МЕШАВАД, ВАЛЕ ҲАНӮЗ БА ЯК ШАКЛИ НИМКОЛА

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6 августи соли 2024 дар як иттилоияи расмӣ хабар дод, ки шурӯъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид (виза) барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад. Аммо маълум мешавад, ки виза байни ду кишвар пурра…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/viza-bajni-tojikistonu-jeron-az-10-avgust-bekor-meshavad-vale-hanuz-ba-jak-shakli-nimkola/
БАНГ ЗАДА БУД… ЯКБОРА 4 ҚОНУНШИКАНИИ ЯК РОНАНДА ДАР БОХТАР (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи августи соли 2024 дар бораи ошкор шудани якбора 4 қоидавайронкунии як ронанда хабар дод. Маркази матбуоти милитсияи Хатлон гуфт, сокини 39-солаи шаҳри Бохтар Дилшод Азизқулов дар ҳолати истеъмоли маводи мухаддир пушти фармони мошин нишастааст. Бар илова, ӯ мошинашро бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва бо рақами бегона мероннд. Ба болои ин…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/bang-zada-bud-jakbora-4-qonunshikanii-jak-ronanda-dar-bohtar-aks/
👍5
ЯҲЁ СИНВОР ДАР ПАЙИ КУШТА ШУДАНИ ИСМОИЛ ҲАНИЯ РАҲБАРИ НАВИ ҲАМОС ЭЪЛОН ШУД

Раҳбарони ҲАМОС рӯзи 6 августи соли 2024 исми раҳбари нави қаноти сиёсии ин гуруҳи фаластиниро эълон карданд. Ба ҷои Исмоил Ҳания, ки шаби 31 июли соли 2024 дар Tеҳрон кушта шуд, Яҳё Синвори 61-сола, ки то кунун раҳбарии дафтари сиёсии ҲАМОС дар навори Ғазаро бар уҳда дошт, раҳбари нави тамоми ин ҳаракат эълон шуд.

“Ҷунбиши…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/jahyo-sinvor-dar-paji-kushta-shudani-ismoil-hanija-rahbari-navi-hamos-jelon-shud/
БОЗДОШТИ ХУРШЕД БАРОИ ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ҚАЛЛОБ БО ҚИТЪАИ ЗАМИН ДАР ТУРСУНЗОДА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 6 августи соли 2024

Дастгир гардидани марди 28-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми августи соли 2024, тахминан соати 16:00, дар кӯчаи Н.Ҳувайдулоеви шаҳри Душанбе “Хуршед” ном шахс бе ягон асос бо ӯ…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/bozdoshti-hurshed-baroi-ghoratgari-dar-pojtaht-va-qallob-bo-qitai-zamin-dar-tursunzoda/
👍2🤔1
ВИДЕО+18: МИЛЛАТЧӢ НЕСТЕМ, ВАЛЕ… ЛАТТУКӮБИ ЯК ҶАВОНИ МУҲОҶИР БАРОИ ГАППАРТОӢ БА ДУХТАРИ ЧЕЧЕН

Телеграм-канали “Тут Чечня” рӯзи 6 августи соли 2024 ду видеои такондиҳандаи латтукӯби як ҷавони муҳоҷир барои гап партофтанаш ба як духтари чеченро нашр кард. Дар видеои аввал дида мешавад, ки се нафар як ҷавони ришаш кӯтоҳро ба канори ҷангалзор ё боғ мебаранд ва яке аз онҳо он ҷавонро ба замин афтонда, зери мушту лагат мегирад.…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/video-18-millatchi-nestem-vale-lattukubi-jak-javoni-muhojir-baroi-gappartoi-ba-duhtari-chechen/
👍1
ВИДЕО+18: МИЛЛАТЧӢ НЕСТЕМ, ВАЛЕ… ЛАТТУКӮБИ ЯК ҶАВОНИ МУҲОҶИР БАРОИ ГАППАРТОӢ БА ДУХТАРИ ЧЕЧЕН

Телеграм-канали “Тут Чечня” рӯзи 6 августи соли 2024 ду видеои такондиҳандаи латтукӯби як ҷавони муҳоҷир барои гап партофтанаш ба як духтари чеченро нашр кард. Дар видеои аввал дида мешавад, ки се нафар як ҷавони ришаш кӯтоҳро ба канори ҷангалзор ё боғ мебаранд ва яке аз онҳо он ҷавонро ба замин афтонда, зери мушту лагат мегирад.…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/video-18-millatchi-nestem-vale-lattukubi-jak-javoni-muhojir-baroi-gappartoi-ba-duhtari-chechen/
👍2🤔2
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 7 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 7 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

МИЛЛАТЧӢ НЕСТЕМ, ВАЛЕ… ЛАТТУКӮБИ ЯК ҶАВОНИ МУҲОҶИР БАРОИ ГАППАРТОӢ БА ДУХТАРИ ЧЕЧЕН

ЯҲЁ СИНВОР ДАР ПАЙИ КУШТА ШУДАНИ ИСМОИЛ ҲАНИЯ РАҲБАРИ НАВИ ҲАМОС…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/hulosai-habarhoi-muhimi-7-avgusti-soli-2024-video/
👍3
КАСЕРО ҶАЗО НАДОДАНД: АЗ МАРГИ ФОҶИАВИИ БАҲРОМИ ҒАФУРӢ ЧОР СОЛ ГУЗАШТ…

Чор сол пеш, субҳи барвақти 7 августи соли 2020, соати 04:00, бар асари дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдани як мошини ҷипи “Тойота Ланд Крузер-200” Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ҷип муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Ислом Анварзода ва…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/kasero-jazo-nadodand-az-margi-fojiavii-bahromi-ghafuri-chor-sol-guzasht/
👍3
КАСЕРО ҶАЗО НАДОДАНД: АЗ МАРГИ ФОҶИАВИИ БАҲРОМИ ҒАФУРӢ ЧОР СОЛ ГУЗАШТ…

Чор сол пеш, субҳи барвақти 7 августи соли 2020, соати 04:00, бар асари дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдани як мошини ҷипи “Тойота Ланд Крузер-200” Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ҷип муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Ислом Анварзода ва…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/kasero-jazo-nadodand-az-margi-fojiavii-bahromi-ghafuri-chor-sol-guzasht/
👍3
ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХОВАЛИНГУ ИСТАРАВШАН ВА ДУЗДИИ ҶАВОНЗАНУ ДУХТАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 7 августи соли 2024

Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар Ховалинг ва Истаравшан

5-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Камолов Аҳтам Исупович, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷомбахти…

https://www.bomdod.com/2024/08/07/du-sadamai-margovar-dar-hovalingu-istaravshan-va-duzdii-javonzanu-duhtar/
👍3🤔1
СЕҲРУ ҶОДУ БО … ХУНИ МУРҒ: БОЗДОШТИ БОЗ ДУ ЗАНИ ФОЛБИН ДАР ҚУБОДИЁН (3 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 7 августи соли 2024 аз боздошти ду зани фолбин дар ноҳияи Қубодиён хабар дод, ки ба гуфтаи милитсия, аз ҷумла ба воситаи рехтани хуни мурғ ба бахткушоӣ ва сеҳру ҷодугарӣ машғул будаанд.

Милитсияи Хатлон гуфт, “имрӯзҳо мутаассифона, бо вуҷуди ҳама таъкидҳо ва нашру намоиши барномаҳои зиёд оид ба мардумфиребии…

https://www.bomdod.com/2024/08/08/sehru-jodu-bo-huni-murgh-bozdoshti-boz-du-zani-folbin-dar-qubodiyon-3-aks/
🤬1
ДАР ДУ РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 3 НОБОЛИҒ ҒАРҚ ШУДААНД

7 августи соли 2024, тахминан соати 00:31, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Як мошини тамғаи ВАЗ 2114, ки аз ҷониби як сокини 38-солаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати Лахш идора мешуд, ҳангоми убур аз пули мошингузари деҳаи Каёндеҳ ба канали Ғулама сарозер гашт.

Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи…

https://www.bomdod.com/2024/08/08/dar-du-ruzi-ohir-dar-tojikiston-4-nafar-az-jumla-3-noboligh-gharq-shudaand/
ВАЗЪИ ҶИНОИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛ: 41 ОДАМКУШӢ, 44 РОҲЗАНИВУ ҒОРАТГАРӢ, 17 ТАҶОВУЗ, 1820 ҚАЛЛОБӢ ВА БЕШ АЗ 2 ҲАЗОР ДУЗДӢ…

Варақаи матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хидматии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2024

Дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 11 ҳазору 804 ( соли 2023-11 ҳазору 612) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 585 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шуда,…

https://www.bomdod.com/2024/08/08/vazi-jinoii-tojikiston-dar-nimai-avvali-sol-41-odamkushi-44-rohzanivu-ghoratgari-17-tajovuz-1820-qallobi-va-besh-az-2-hazor-duzdi/
🤬5👍1
ГЕНЕРАЛ АЛАМШОЗОДА ДАР БОРАИ ПЕШГИРӢ ШУДАНИ 3 АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ, БОЗДОШТИ 27 СОКИНИ ЯЗГУЛОМ ВА АФВИ 1589 ҶАНГҶӮИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 августи соли 2024 дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, дар нимаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3 амали террористӣ ва 2 ҳолати сӯиқасд ба терроризм ошкор карда шудааст. Генерал Аламшозода бидуни овардани ҷузъиёт гуфт, ин амалҳои террористӣ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва…

https://www.bomdod.com/2024/08/08/general-alamshozoda-dar-borai-peshgiri-shudani-3-amali-terroristi-bozdoshti-27-sokini-jazgulom-va-afvi-1589-jangjui-tojik-video/
🤔3
ЗУБАЙДУЛЛОҲИ РОЗИҚРО ДАР ШИФОХОНАИ ЗИНДОН БИСТАРӢ КАРДААНД

- Мирзонабии Холиқзод

-------------

Зубайдуллоҳи Розиқ, узви пешини раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро дар бемористон зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ кардаанд. Мақомот ва наздиконаш гуфтанд, ин рӯҳонии 80-сола мубталои бемории дил аст ва як ҳафта боз маризияш шиддат гирифта.

Як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазо бо шарти зикр нашудани номаш 7-уми август ба Радиои Озодӣ…

https://www.bomdod.com/2024/08/08/zubajdullohi-roziqro-dar-shifohonai-zindon-bistari-kardaand/
🤔1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 8 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 8 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ГЕНЕРАЛ АЛАМШОЗОДА ДАР БОРАИ ПЕШГИРӢ ШУДАНИ 3 АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ, БОЗДОШТИ 27 СОКИНИ ЯЗГУЛОМ ВА АФВИ 1589 ҶАНГҶӮИ ТОҶИК

ВАЗЪИ ҶИНОИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМАИ…

https://www.bomdod.com/2024/08/08/hulosai-habarhoi-muhimi-8-avgusti-soli-2024-video/
👍2
ДАР БАЙНИ 17 ҲАЗОР ТОҶИКИ АЗ РУСИЯ ИХРОҶШУДА ЯГОН ИФРОТӢ ПАЙДО НАКАРДААНД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар байни шаҳрвандони тоҷике, ки аз Русия ба далели вайрон карлани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ карда шуданд, ягон нафари дар ҷиноятҳои ифротӣ дастдошташро пайдо накардаанд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 августи соли 2024 дар нишасти хабарии вазораташ дар посух ба суоли хабаргузории русии ТАСС гуфт: “Ягон ҳолати…

https://www.bomdod.com/2024/08/08/dar-bajni-17-hazor-tojiki-az-rusija-ihrojshuda-jagon-ifroti-pajdo-nakardaand/
👍3
7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ МАСТЧОҲ БАРОИ ТАБЛИҒИ АҚИДАҲОИ ДОИШ (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Рустам Мирзоев, сокини 45-солаи шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳро бо иттиҳоми тарафдорӣ ва таблиғи ақидаҳои созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯи ДОИШ (ба ном “Давлати исломии Ироқу Шом”) ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Додгоҳ Мирзоев Рустам Авазбоқиевич, соли таваллудаш 1979-ро бар аосси иловаи якуми моддаи 179 ба мусоидат ба фаъолиятҳои…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/7-sol-hukmi-zindoni-jak-sokini-mastchoh-baroi-tablighi-aqidahoi-doish-video/
👍2🤔2
“БО УСМОНЗОДА АЛОҚАИ ЗИЧ ДОШТАНД…” ШАРҲИ ДОДСИТОНИ КУЛ ДАР БОРАИ ҲАБСИ ИСКАНДАРОВУ ЗАРИФӢ ВА АҲМАДЗОДАВУ ҲАКИМОВ

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 9 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш ифтитоҳи парванда ба зидди Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо бо Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари собиқи Ҳизби демократ ва вакили парлумон, ки моҳи июн бо иттиҳоми “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” боздошт шуд, “дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/bo-usmonzoda-aloqai-zich-doshtand-sharhi-dodsitoni-kul-dar-borai-habsi-iskandarovu-zarifi-va-ahmadzodavu-hakimov/
🤔1🤬1
ҲУШДОР АЗ ОМАДАНИ СЕЛ ДАР РӮЗҲОИ 8-10 АВГУСТ ДАР БАРХЕ МАНОТИҚИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки рӯзи 9 августи соли 2024 ба сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимол дорад.

Рӯзҳои 8-10 август…

https://www.bomdod.com/2024/08/09/hushdor-az-omadani-sel-dar-ruzhoi-8-10-avgust-dar-barhe-manotiqi-tojikiston/
🤔1