Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
645 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
ПАҲЛАВОНИ ХУШНОМ ТЕМУР РАҲИМОВ БАРОИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ СЕЮМИ ОЛИМПӢ ОВАРД

Паҳлавони хушноми 27-солаи тоҷик ва парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистони олимпӣ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар мусобиқоти гуштини ҷудо (дзюдо) дар вазни аз ҳама гарон, яъне беш аз 100 кило, сазовори нишони биринҷӣ шуд. Ин алакай сеюмин медали тими Тоҷикистон дар Олимпиадаи Порис аст. Чунин комёбиро тими олимпии Тоҷикистон дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/03/pahlavoni-hushnom-temur-rahimov-baroi-tojikiston-medali-sejumi-olimpi-ovard/
👏4
МАРГИ РОНАНДАИ “ТИКО” ДАР ПАЙИ БАРХӮРД БО МОШИНИ БОРКАШ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 474 ҲАЗОР СОМОНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 августи соли 2024

Ҳалокати ронандаи “Тико” дар садамаи нақлиётӣ

Шаби 1-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Бобоев Ҷонибек, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи…

https://www.bomdod.com/2024/08/03/margi-ronandai-tiko-dar-paji-barhurd-bo-moshini-borkash-va-qallobi-ba-mablaghi-474-hazor-somoni/
ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР МИНТАҚАИ ЛЮБЛИНОИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Шоми 1 августи соли 2024 дар минтақаи Люблино, дар ҷанубушарқи пойтахти Русия байни муҳоҷирон боз як занозании гуруҳӣ рух додааст. Пулиси Маскав хабар дод, ки як нафарро дар пайи ин занозанӣ дар бемористон бо захми корд бистарӣ кардаанд.

Расонаҳои Русия аз қавли шоҳидон хабар доданд, ки занозании шоми панҷшанбе, 1 август, дар боғи “Татьянин парк”…

https://www.bomdod.com/2024/08/03/zanozani-bajni-muhojironi-tojiku-qirghiz-dar-mintaqai-ljublinoi-maskav-video/

👍2🤔1🤬1
ПИСАРИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН БО ЯК БОШГОҲИ ФУТБОЛИ ОЛМОН ҚАРОРДОД БАСТААСТ (ВИДЕО)

Маҳмудҷон Наҷмуддинов, фарзанди овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин, орзуи падари худро ҷомаи амал пӯшонд ва футболбоз шуд.

Маҳмудҷон, ки дар Канада ба воя расида, қадамҳои аввалини худро дар майдони футбол дар ҳамин кишвари то чанд соли пеш на бо футбол, балки асосан бо хоккей машҳур гузоштааст моҳи июли соли 2024 ба як бошгоҳи футболи…

https://www.bomdod.com/2024/08/04/pisari-ovozhoni-shinohta-sadriddini-najmiddin-bo-jak-boshgohi-futboli-olmon-qarordod-bastaast-video/
👍6👏1
АЗ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ 1000 НАФАРРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДААНД. НИМИ ОНҲОРО – БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки дар нимаи аввали соли 2024 қариб 1000 нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд. Беш аз нисфи онҳо ба далели даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир шаҳрвандии русиашонро аз даст додаанд. Қарори маълум, моҳи апрели соли 2024 ба қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” як…

https://www.bomdod.com/2024/08/04/az-avvali-soli-jori-1000-nafarro-az-shahrvandii-rusija-mahrum-kardaand-nimi-onhoro-baroi-qochoqi-mavodi-muhaddir/
👍1
ЯК ШЕЪРИ ҲАҶВӢ ДУ СОКИНИ МАСТЧОҲРО ПАСИ ПАНҶАРА БУРД… (ВИДЕО)

Нисбат ба ду сокини ноҳияи Мастчоҳ бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бадномкунанда нисбат ба аҳли як хонавода аз шаҳраки Бӯстон, маркази ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” бархе ҷузъиёти ин парвандаро ошкор кард. Бино ба иттилои подполковник Шарифӣ, шаҳрвандон Самиев…

https://www.bomdod.com/2024/08/04/jak-sheri-hajvi-du-sokini-mastchohro-pasi-panjara-burd-video/
👍3🤔2🤬2
САВОРИ ВЕЛОСИПЕДИ СИЁҲ БУД… БАРОИ ЁФТАНИ БЕҲЗОД ВАЛИЕВ КУМАК КУНЕД!

Валиев Беҳзод Манучеҳрович, рӯзи 3 августи соли 2024 аз хонаашон дар шаҳри Душанбе берун баромада ба самти номаълум рафтааст. Дар ин бора дар Фейсбук падари Беҳзод Манучехр Валиев хабар дод. Бино ба иттилои падараш, Беҳзод дар тан майкаи сафеди беостин ва шортик (шими кӯтоҳ) дорад. Беҳзод савори велосипеди сиёҳ буд.

Лаҳзаи аз хона баромадани Беҳзод…

https://www.bomdod.com/2024/08/04/savori-velosipedi-siyoh-bud-baroi-yoftani-behzod-valiev-kumak-kuned/
👍1👏1
ДАВЛАТ БОЛТАЕВ ДАР НИМФИНАЛ ШИКАСТ ХӮРД ВА СОҲИБИ НИШОНИ БИРИНҶИИ ОЛИМПИДАИ ПОРИС ШУД

Муштзани 25-сола аз Тоҷикистон Давлат Болтаев шоми 4 августи соли 2024, дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило дар Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Порис аз рақибаш Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва бо нишони биринҷии олимпӣ иктифо кард. Давлат Болтаев ҳунарнамоии арзанда нишон дод ва бар Муллоҷонов бартарӣ ҳам дошт, вале…

https://www.bomdod.com/2024/08/04/davlat-boltaev-dar-nimfinal-shikast-hurd-va-sohibi-nishoni-birinjii-olimpidai-poris-shud/
🤔1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 5 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 5 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР МИНТАҚАИ ЛЮБЛИНОИ МАСКАВ

1000 НАФАР АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУДААНД. НИМАШ – БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР

ПАҲЛАВОНИ…

https://www.bomdod.com/2024/08/05/hulosai-habarhoi-muhimi-5-avgusti-soli-2024-video/

👍2
БОЗДОШТИ 9 КОРДФУРӮШ ВА МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 300 КОРДУ ДИГАР СИЛОҲҲОИ САРД ДАР ДУШАНБЕ (7 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 5 августи соли 2024 аз боздошти дастикам 9 тоҷири кордфурӯш ва мусодираи беш аз 300 адад корд ва дигар навъҳои силоҳи сард дар идомаи амалиёти вижа таҳти унвони шартии “Корд” дар пойтахт хабар дод. Гуфта мешавад, яке аз ин тоҷирони кордфурӯш дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, 3 нафар дар ноҳияи…

https://www.bomdod.com/2024/08/05/bozdoshti-9-kordfurush-va-musodirai-besh-az-300-kordu-digar-silohhoi-sard-dar-dushanbe-7-aks/
👍1🤔1
3 АКС АЗ ҶОИ САДАМА ДАР БОХТАР: РОНАНДАИ “ОПЕЛ” ҲАЛОК ШУД, ДУХТАРУ НАБЕРААШ – ДАР БЕМОРИСТОН…

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи барвақти 3 августи соли 2024, соати 05:30 дар натиҷа ба мошини боркаши “Дулан” бархӯрдани “Опел” дар назди автовокзали шаҳри Бозтар дар ҷануби ҷумҳурӣ ронандаи мошини сабукрав дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири ин мошин – духтару набераи ронандаи ҳалокшуда – ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ҳарсе дар дохили…

https://www.bomdod.com/2024/08/05/3-aks-az-joi-sadama-dar-bohtar-ronandai-opel-halok-shud-duhtaru-naberaash-dar-bemoriston/
👍1🤔1
ЯК ЗАН ДАР УРМЕТАН ҲАНГОМИ АЛАФДАРАВӢ БА ДАРЁ АФТОДА, ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳати 3 ва 4 августи соли 2024 дар вилояти Суғд се нафар ғарқ шудаанд. Аз ҷумла рӯзи 3 август як зани 37-сола дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ҳангоми алафдарафӣ ба дарёи Зарафшон афтода, ғарқ шудааст. Ҷасади як марди 65-солаи гирифтори бемории рӯҳиро ҳамон рӯз дар маҳаллаи…

https://www.bomdod.com/2024/08/05/jak-zan-dar-urmetan-hangomi-alafdaravi-ba-daryo-aftoda-gharq-shudaast/
😢3
САРВАЗИРИ БАНГЛАДЕШ ШАЙХ ҲАСИНА ЗЕРИ ФИШОРИ ЭЪТИРОЗГАРОН АЗ КИШВАР ФИРОР КАРД (ВИДЕО)

мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар шуд, аз мақом истеъфо дода, аз кишвар фирор кардааст. Бино ба хабарҳо, Шайх Ҳасина савори чархбол ба кишвари ҳамсояи Ҳиндустон паноҳ бурдааст. Шайх Ҳасина – духтари раҳбари ҳаракати озодихоҳӣ ва ҷудо шудани Бангладеш аз Покистон Мууибурраҳмон – 15 сол боз сарвазири Бангладеш буд ва ба тозагӣ, моҳи январи соли ҷорӣ,…

https://www.bomdod.com/2024/08/05/sarvaziri-bangladesh-shajh-hasina-zeri-fishori-jetirozgaron-az-kishvar-firor-kard-video/
👍2👏1🤔1
5 КУШТА ДАР 4 САДАМА ДАР ВОСЕЪ ВА ЗУМРАДУ ГАНҶОБОД ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 2 “МЕРСЕДЕС”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 5 августи соли 2024

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар тайи ду рӯз

3-юми августи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев Саидмаъруф Ҳалимович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати…

https://www.bomdod.com/2024/08/06/5-kushta-dar-4-sadama-dar-vose-va-zumradu-ganjobod-va-qallobi-bo-puli-2-mersedes/
ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МАВРИДИ БОЗДОШТИ ВАЗИРИ СОБИҚ: ЗАНГ ЗАДЕМ, ДАР ҶОИ КОРАШ БУД… (ВИДЕО)

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 5 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш гузориши пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи моҳе пеш барои чанд рӯз боздошт шудани раҳбари қаблии вазорати тандурустӣ Насим Олимзодаро рад кард, вале ягон далели қотеъ наовард ва забон хоид, ки “вазорат оид ба боздошти ин ягон иттилоот надорад”. Ғайри чашмдошти вазири кунунӣ,…

https://www.bomdod.com/2024/08/06/vaziri-tandurusti-dar-mavridi-bozdoshti-vaziri-sobiq-zang-zadem-dar-joi-korash-bud-video/
🤔1
ДАР НИМ СОЛ АЗ РУСИЯ 17 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ДЕПОРТАТСИЯ КАРДААНД (ВИДЕО)

Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 6 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимаи аввали соли ҷорӣ мақомоти Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ (депортатсия) кардаанд.

Гулнора Ҳасанзода дар ин робита гуфт: “Бо назардошти ҳодисаҳои охир санҷишу рейдҳо дар сарҳад ва дохили Русия, ба таври бошиддат ва…

https://www.bomdod.com/2024/08/06/dar-nim-sol-az-rusija-17-hazor-muhojiri-tojikro-deportatsija-kardaand-video/
👏2

ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ ХУДОЙҚУЛ ҲАМРОҚУЛОВ, НАХУСТИН РАҲБАРИ БОҶХОНАИ ТОҶИКИСТОН

Генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов, собиқадори Кумитаи давлатии амният (КГБ), яке аз бунёдгузорони ниҳодҳои боҷхона, ё гумруки Тоҷикистон, раҳбари нахустини Кумитаи гумруки ин ҷумҳурӣ, субҳи 6 августи соли 2024 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Наздиконаш бидуни ироаи ҷузъиёт гуфтанд, ки генерали собиқадор чанд вақти охир бемор буд.

Маросими намози ҷанозаи марҳум нимаи дуюми рӯзи 6…

https://www.bomdod.com/2024/08/06/darguzashti-general-hudojqul-hamroqulov-nahustin-rahbari-bojhonai-tojikiston/