Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
645 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
САФОРАТИ ТУРКИЯ ДАР ДУШАНБЕ АЗ 5 АВГУСТ ВИЗА НАМЕДИҲАД. БАРОИ ИН МАРКАЗИ ВИЗА ТАЪСИС ДОДААНД

Сафорати Туркия дар Душанбе рӯзи 29 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз 5 августи соли ҷорӣ дар худи сафорат қабули дархостҳо барои гирифтани виза, ё раводиди сафар ба Туркия пурра қатъ карда мешаванд ва сафорат аз 5 август дигар ба таври мустақим дархостҳо барои дарёфти раводидро қабул намекунад.
Аз ҳамаи…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/54132/
🤔3👍2
ДАРГУЗАШТИ ДОНИШНОМАНАВИСИ ТОҶИК НУРИДДИН ШАРИПОВ

Нуриддин Шарипов, донишноманависи маъруфи тоҷик, корманди Саридораи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик шаби 30 июл дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт. Хабари даргузашти Нуриддин Шариповро ба Pressa.tj пайвандонаш хабар доданд. Маросими видоъ бо Нуриддин Шарипов рӯзи 31 июл дар манзилаш дар маҳаллаи Теппаҳои шарқӣ, минтақаи 6, хонаи 142 (назди Автодроми 7-ум километр) ва маросими намози ҷанозаи…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/darguzashti-donishnomanavisi-tojik-nuriddin-sharipov/
😢2👍1
ҲАБСИ МОЛУ МУЛКИ ШАХСОНИ МУТТАҲАМ ДАР ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ “ҒАСБИ ҲОКИМИЯТ”

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҳисоби бонкии раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва наздикони онҳоро бастаанд.

Бино ба хабари манбаъҳои Радиои Озодӣ аз 30-юми июл, ҳамчунин…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/habsi-molu-mulki-shahsoni-muttaham-dar-parvandai-pursarusadoi-ghasbi-hokimijat/
🤔1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 31 ИЮЛИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 31 июли Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ҲАМЛАИ МУШАКӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ: ҚАТЛИ РАҲБАРИ ҲАМОС ИСМОИЛ ҲАНИЯ ДАР ТЕҲРОН

САФОРАТИ ТУРКИЯ ДАР ДУШАНБЕ АЗ 5 АВГУСТ ДИГАР ВИЗА НАМЕДИҲАД.…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/hulosai-habarhoi-muhimi-31-ijuli-soli-2024-video/
👍2
АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ХАБАРИ ҲАБСИ АКБАРШОҲ ИСКАНДАРОВРО ТАСДИҚ КАРД

Нозим Маҳмадизода, мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 1 августи соли 2024 дар нишасти хабарии Академия тасдиқ кард, ки Акбаршоҳ Искандаров қариб ду моҳ боз дар ҳабс қарор дорад. Аммо Маҳмадизода ба далели муҳри махфии парванда гуфт, ки аз ҷузъиёти он хабар надорад ва онҳо талош мекунанд, то ба раванди…

https://www.bomdod.com/2024/08/01/akademijai-ilmho-habari-habsi-akbarshoh-iskandarovro-tasdiq-kard/
“ҶОРӢ КАРДАНИ ТАРТИБОТ ДАР ДӮЗАХ”: ЧАНД ҶАВОНИ ТОҶИК БА ТАШКИЛИ “ПАТРУЛИ ШАРИАТӢ” ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ АЙБДОР МЕШАВАНД (ВИДЕО)

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 31 июли соли 2024 аз боздошти ду гумонбаршаванда ва таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтани якеи дигар дар чорчӯби парвандаи ҳамла ба роҳгузарон барои намуди зоҳирии онҳо дар минтақаи Митиши дар канори шаҳри Маскав хабар дод.

Кумитаи тафтишот гуфт, шахсияти се узви ин даста муайян гардидааст ва ҳамаи онҳо шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон…

https://www.bomdod.com/2024/08/01/jori-kardani-tartibot-dar-duzah-chand-javoni-tojik-ba-tashkili-patruli-shariati-dar-vilojati-maskav-ajbdor-meshavand-video/
👍2
ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАЙҲУНУ ХУРОСОН ВА ЗАМИНФУРӮШӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 31 июли соли 2024

Садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Хуросон

30-юми июли соли 2024, тахминан соати 01:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоқулов Муҳаммадюсуф Саторович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи…

https://www.bomdod.com/2024/08/01/du-sadamai-margovar-dar-jajhunu-huroson-va-zaminfurushi-dar-panjakent/
ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН (ВИДЕО)

Дар пайи занозании шоми 29 июли соли 2024 байни муҳоҷирон дар сохтмони меҳмонхонаҳо дар канори пули “Миллениум” дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, беш аз 60 нафар – 56 зодаи Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Алҷазоирро дастгир карда, ба шуъбаи пулиси “Ямашевский” овардаанд. Дар робита ба ин занозанӣ бар асоси қисми якуми…

https://www.bomdod.com/2024/08/01/zanozani-bajni-muhojironi-tojiku-uzbek-dar-jak-sohtmon-dar-shahri-qazon-video/
ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН (ВИДЕО)

Дар пайи занозании шоми 29 июли соли 2024 байни муҳоҷирон дар сохтмони меҳмонхонаҳо дар канори пули “Миллениум” дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, беш аз 60 нафар – 56 зодаи Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Алҷазоирро дастгир карда, ба шуъбаи пулиси “Ямашевский” овардаанд. Дар робита ба ин занозанӣ бар асоси қисми якуми…

https://www.bomdod.com/2024/08/01/zanozani-bajni-muhojironi-tojiku-uzbek-dar-jak-sohtmon-dar-shahri-qazon-video/
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 1 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 1 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ХАБАРИ ҲАБСИ АКБАРШОҲ ИСКАНДАРОВРО ТАСДИҚ КАРД

ҲАБСИ МОЛУ МУЛКИ ШАХСОНИ МУТТАҲАМ ДАР ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ “ҒАСБИ ҲОКИМИЯТ”

“ҶОРӢ КАРДАНИ ТАРТИБОТ ДАР ДӮЗАХ”:…

https://www.bomdod.com/2024/08/01/hulosai-habarhoi-muhimi-1-avgusti-soli-2024-video/
👍2
ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 560 ҲАЗОР СОМОНӢ ВА ДУЗДИИ АСБОБИ ОСИЁБ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 1 августи соли 2024

Бо роҳи қаллобӣ гирифтани 560 ҳазор сомонӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/qallobi-ba-mablaghi-560-hazor-somoni-va-duzdii-asbobi-osiyob/
👍2
ДАВЛАТ БОЛТАЕВ БА НИМФИНАЛ БАРОМАД ВА БАРОИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ ДУЮМИ ОЛИМПӢ ОВАРД!

Муштзани 25-сола аз Тоҷикистон Давлат Болтаев шаби 1 августи соли 2024, ки дар Тоҷикистон алакай 2 август фаро расида буд, дар даври чорякниҳоии мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило дар Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Порис рақибаш аз Ирландия Ҷек Марлиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод ва ба марҳалаи ниманиҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт. Давлат…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/davlat-boltaev-ba-nimfinal-baromad-va-baroi-tojikiston-medali-dujumi-olimpi-ovard/
👏6👍2
РУСИЯ ВА КИШВАРҲОИ ҒАРБ 24 МАҲБУСРО БО ҲАМ ИВАЗ КАРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 1 августи соли 2024 Русия бо Олмону Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб маҳбусонро иваз кард. Табодули маҳбусон дар фурудгоҳи Анкара сурат гирифт ва 10 нафар аз онҷо ба Маскав, 4 нафар ба Амрико ва 9 нафар ба Кёлни Олмон парвоз карданд.

Русия 16 нафар, аз ҷумла сиёсатмадорони мухолиф Иля Яшин ва Владимир Кара-Мурза, ҳомии…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/rusija-va-kishvarhoi-gharb-24-mahbusro-bo-ham-ivaz-kardand-video/
👍1
ҲУШДОР АЗ АЗ ИДОМАИ ГАРМОИ ШАДИД ВА ОМАДАНИ СЕЛ ДАР ЧАНД МИНТАҚАИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар медиҳад, ки аз 2 то 5 августи соли 2024 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ҳамзамон об шудани пиряхҳо бар асари гармои шадид метавонад муҷиби омадани селҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/hushdor-az-az-idomai-garmoi-shadid-va-omadani-sel-dar-chand-mintaqai-tojikiston/
🤔1
“БА ҶУЗ ОЗОДӢ, ДИГАР ШИКОЯТЕ НАДОРАМ…” ЗОДРӮЗИ АЛАКАЙ СЕЮМИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ДАР ЗИНДОН

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавон, вале шинохтаи тоҷик, ки ҳамеша барои адолат мубориза мебурд ва мехост “худро озоду баробарҳуқуқ бо дигарон ҳис кунад”, рӯзи 1 август зодрӯз дошт. Ин алакай сеюмин зодрӯзи Абдуллоҳи Ғурбатист, ки ӯ дар паси панҷараҳои зиндон таҷлил мекунад. Абдуллоҳ 28-сола шуд ва ба қавли пайвандонаш дар маҳбас, ба ҷуз аз озодӣ, дигар…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/ba-juz-ozodi-digar-shikojate-nadoram-zodruzi-alakaj-sejumi-abdulloh-ghurbati-dar-zindon/
😢2
“БА ҶУЗ ОЗОДӢ, ДИГАР ШИКОЯТЕ НАДОРАМ…” ЗОДРӮЗИ АЛАКАЙ СЕЮМИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ДАР ЗИНДОН

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавон, вале шинохтаи тоҷик, ки ҳамеша барои адолат мубориза мебурд ва мехост “худро озоду баробарҳуқуқ бо дигарон ҳис кунад”, рӯзи 1 август зодрӯз дошт. Ин алакай сеюмин зодрӯзи Абдуллоҳи Ғурбатист, ки ӯ дар паси панҷараҳои зиндон таҷлил мекунад. Абдуллоҳ 28-сола шуд ва ба қавли пайвандонаш дар маҳбас, ба ҷуз аз озодӣ, дигар…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/ba-juz-ozodi-digar-shikojate-nadoram-zodruzi-alakaj-sejumi-abdulloh-ghurbati-dar-zindon/
😢5
ШИКОЯТ БА СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ ТАЪҚИБУ ҲУКМИ ЗИНДОНИ БЕШ АЗ 20 ТАН АЗ ХЕШОВАНДОНИ ФАЪОЛОНИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бунёди Бузургмеҳр, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар як номаи саркушода ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, дар бораи аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон маҳкум ба…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/shikojat-ba-sozmoni-milal-az-taqibu-hukmi-zindoni-besh-az-20-tan-az-heshovandoni-faoloni-siyosi-dar-tojikiston/
👍4🤔1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 2 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 2 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

“БАРОИ РУСИЯ ХАТАРНОКЕД…” ҲУКМИ ИХРОҶИ БОЗ 50 МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО “ЗАПРЕТ” БА МУҲЛАТИ АЗ 20 ТО 25 СОЛ

РУСИЯ ВА КИШВАРҲОИ ҒАРБ 24…

https://www.bomdod.com/2024/08/02/hulosai-habarhoi-muhimi-2-avgusti-soli-2024-video/
👍2
ПАҲЛАВОНИ ХУШНОМ ТЕМУР РАҲИМОВ БАРОИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ СЕЮМИ ОЛИМПӢ ОВАРД

Паҳлавони хушноми 27-солаи тоҷик ва парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистони олимпӣ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар мусобиқоти гуштини ҷудо (дзюдо) дар вазни аз ҳама гарон, яъне беш аз 100 кило, сазовори нишони биринҷӣ шуд. Ин алакай сеюмин медали тими Тоҷикистон дар Олимпиадаи Порис аст. Чунин комёбиро тими олимпии Тоҷикистон дар…

https://www.bomdod.com/2024/08/03/pahlavoni-hushnom-temur-rahimov-baroi-tojikiston-medali-sejumi-olimpi-ovard/
👏4
МАРГИ РОНАНДАИ “ТИКО” ДАР ПАЙИ БАРХӮРД БО МОШИНИ БОРКАШ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 474 ҲАЗОР СОМОНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 августи соли 2024

Ҳалокати ронандаи “Тико” дар садамаи нақлиётӣ

Шаби 1-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Бобоев Ҷонибек, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи…

https://www.bomdod.com/2024/08/03/margi-ronandai-tiko-dar-paji-barhurd-bo-moshini-borkash-va-qallobi-ba-mablaghi-474-hazor-somoni/
ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР МИНТАҚАИ ЛЮБЛИНОИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Шоми 1 августи соли 2024 дар минтақаи Люблино, дар ҷанубушарқи пойтахти Русия байни муҳоҷирон боз як занозании гуруҳӣ рух додааст. Пулиси Маскав хабар дод, ки як нафарро дар пайи ин занозанӣ дар бемористон бо захми корд бистарӣ кардаанд.

Расонаҳои Русия аз қавли шоҳидон хабар доданд, ки занозании шоми панҷшанбе, 1 август, дар боғи “Татьянин парк”…

https://www.bomdod.com/2024/08/03/zanozani-bajni-muhojironi-tojiku-qirghiz-dar-mintaqai-ljublinoi-maskav-video/