Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
644 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
ТАСМИМ ГИРИФТА ШУД: ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ” ВА ТЕАТРИ ЛОҲУТИРО ВАЙРОН МЕКУНАНД

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 29 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш тасдиқ кард, ки биноҳои чойхонаи машҳури “Роҳат” ва театри ба номи Лоҳутӣ, ки дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе, дар паҳлуи бинои нави ҳукумат ҷойгир шудаанд, вайрон карда шуда, ба ҷои онҳо биноҳои муосир сохта мешаванд. мешаванд. Баҳси тахриби ин…

https://www.bomdod.com/2024/07/29/tasmim-girifta-shud-chojhonai-rohat-va-teatri-lohutiro-vajron-mekunand/
👍2🤬1
АЗ АВВАЛИ СОЛ ДАР РУСИЯ 502 ТОҶИКИСТОНӢ БАРОИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАСТГИР ШУДААНД

Дар нимаи аввали соли 2024 дар Русия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд.

Зафар Самад, мудири Агентии мубориза бо маводи нашъадори Тоҷикистон рӯзи 29 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт: “Дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар кишварҳои хориҷӣ 528 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони қочоқи…

https://www.bomdod.com/2024/07/29/az-avvali-sol-dar-rusija-502-tojikistoni-baroi-mavodi-muhaddir-dastgir-shudaand/
👍1😢1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 29 ИЮЛИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 29 июли Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ФАТВОИ ШӮРОИ УЛАМО: ЛИБОСИ МИЛЛИИ БОНУВОНИ ТОҶИК ҶАВОБГӮИ ШАРИАТ АСТ!

АЗ АВВАЛИ СОЛ ДАР РУСИЯ 502 ТОҶИКИСТОНӢ БАРОИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАСТГИР ШУДААНД

ТАСМИМ…

https://www.bomdod.com/2024/07/29/hulosai-habarhoi-muhimi-29-ijuli-soli-2024-video/
👍1
ДОДАРИ САРДАБИРИ КАНАЛИ ОППОЗИТСИОНИИ “ПАЁМ ТВ” БА 12 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Аслиддин Шарипов, сокини 37-солаи деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ва бародари хурдии Шавкати Муҳаммад, сардабири канали оппозитсионии “Паём ТВ” баъди истирдодаш ба Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.

Ҳукми ӯ ҳанӯз дар моҳи марти соли 2024 содир шуда, хабараш рӯзи 29-уми июл дастраси радиои зану шӯ Аюбовҳо гардидааст. Мақомот дар ин бора иттилоъ…

https://www.bomdod.com/2024/07/29/dodari-sardabiri-kanali-oppozitsionii-payom-tv-ba-12-soli-zindon-mahkum-shud/
👍2👏1
РОҲЗАНӢ ДАР РӮЗИ РӮШАН ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДИИ 16 САР ЧОРВО ДАР ХУРОСОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 июли соли 2024

ҒОРАТ НАМУДАНИ ҶАВОҲИРОТ БА МАБЛАҒИ 180 ҲАЗОР СОМОНӢ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми феврали соли 2024, тахминан…

https://www.bomdod.com/2024/07/29/rohzani-dar-ruzi-rushan-dar-pojtaht-va-duzdii-16-sar-chorvo-dar-huroson/
🤔1
4 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЁВОНУ ҲИСОР ВА СПИТАМЕНУ КӮШОНИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки аз 26 то 28 июли соли 2024 дар 4 садама дар Ёвону Ҳисор ва Спитамену Кӯшониён дастикам 4 нафар ҷон бохта, чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои ВКД, аз ҷумла шаби 26-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Усмонзода Шаҳром Шавкат, соли…

https://www.bomdod.com/2024/07/29/4-sadamai-margovar-dar-yovonu-hisor-va-spitamenu-kushoniyon/
🤔1
ҶИНОЯТКОРЕ, КИ ТАКСИРОНИ ҶАВОН ЗИЁВИДДИН БЕКОВРО МАЪЮБ КАРДА БУД, ЁФТ ШУД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 29 июли соли 2024, ҳамагӣ 2 ҳафта баъди эълони 100 ҳазор сомонӣ мукофот барои кумак дар ёфтани ҷинояткоре, ки моҳи январ ронандаи такси Зиёвиддин Бекови 23-соларо маъюб кард, аз боздошти нафари муттаҳам дар ин ҷиноят хабар дод. Бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҷаббор Ғозиев,…

https://www.bomdod.com/2024/07/29/jinojatkore-ki-taksironi-javon-ziyoviddin-bekovro-majub-karda-bud-yoft-shud/
ЧАРО ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК БА РАҚИБИ ИСРОИЛИАШ ДАСТ НАДОД?

Байни варзишгари тоҷик ва исроилӣ чӣ гузашт? Ҳамлаи расонаӣ ба Эмомалӣ Нуралӣ

Муллораҷаб Юсуфӣ

-------------

Рақобати Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори тоҷик бо варзишгари исроилӣ Борух Шмаилов дар Бозиҳои олимпии Порис ҷанҷолӣ шуд. Рақобати ин ду варзишгар 28-уми июл бо пирӯзии ҷудокори тоҷик анҷомид.

Баъзе аз расонаҳои байнулмилалӣ навиштаанд, ки варзишгари тоҷик пас аз пирӯзӣ аз даст…

https://www.bomdod.com/2024/07/30/charo-pahlavoni-tojik-ba-raqibi-isroiliash-dast-nadod/
👍6
ГАРМОИ ШАДИД ДАР ТОҶИКИСТОН КАМАШ ТО 5 АВГУСТ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 5 августи соли 2024 дар кишвар ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад: дар водиҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 40+43, дар як қатор ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 31+36 ва дар ноҳияи Дарвоз аз 37 +39…

https://www.bomdod.com/2024/07/30/garmoi-shadid-dar-tojikiston-kamash-to-5-avgust-boqi-memonad/
🤔1
МУСОДИРАИ 30 ҲАЗОР ДОНА СИГОРИ ТАМҒАИ “ESSE CHANGE” АЗ ЯК ҚОЧОҚБАР ДАР ҚУБОДИЁН (4 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 29 июли соли 2024 бо нашри чанд акс аз мусодираи 30 000 дона тамокуи тамғаи “Esse Change” аз як қочоқбар дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён хабар дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Хатлон, дар асоси ахбороти оперативӣ ва дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои…

https://www.bomdod.com/2024/07/30/musodirai-30-hazor-dona-sigori-tamghai-esse-change-az-jak-qochoqbar-dar-qubodiyon-4-aks/
🤔1
94 ФОИЗИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН АЛАКАЙ МУШАХХАС ШУДААСТ. ПАС МАРЗИ БАЙНИ ДУ КИШВАР КАЙ БОЗ ХОҲАД ШУД?

Мансабдорони баландпояи Тоҷикистон мегӯянд, ки 94 фоиз, ё 928 километр аз 987 километр тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай мушаххас карда шуда, музокираҳо барои таъйин ва аломатгузории қисматҳои боқимонда идома дорад.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон рӯзи 29 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш ба далели, ба гуфтаи ӯ, “пеш наомадани нофаҳмӣ”аз ироаи ҷузъиёти музокироти…

https://www.bomdod.com/2024/07/30/94-foizi-marzi-tojikistonu-qirghiziston-alakaj-mushahhas-shudaast-pas-marzi-bajni-du-kishvar-kaj-boz-hohad-shud/
🤔3👍1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 30 ИЮЛИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 30 июли Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

94 ФОИЗИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН АЛАКАЙ МУШАХХАС ШУДААСТ. ПАС МАРЗИ БАЙНИ ДУ КИШВАР КАЙ БОЗ ХОҲАД ШУД?

ҶИНОЯТКОРЕ, КИ ТАКСИРОНИ ҶАВОН ЗИЁВИДДИН БЕКОВРО…

https://www.bomdod.com/2024/07/30/hulosai-habarhoi-muhimi-30-ijuli-soli-2024-video/
👍2
НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН!

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони 25-солаи тоҷик рӯзи 30 июли соли 2024 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар вазни то 81 кило дар мусобиқоти гуштини ҷудо (дзюдо) соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ин нахустин медали олимпии тими Тоҷикистон дар 8 соли охир ва нахустин медали олимпии биринҷии Тоҷикистон аз гуштини ҷудо медали биринҷии Расул…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/
ҲАМЛАИ МУШАКӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РАҲБАРИ ҲАМОС ИСМОИЛ ҲАНИЯ ДАР ТЕҲРОН

Раҳбари дафтари сиёсии гуруҳи фаластинии ҲАМОС Исмоил Ҳания ва муҳофизи ӯ шаби 31 июли соли 2024 дар натиҷаи як амалиёти вижаи Исроил дар Теҳрон кушта шуданд. Ҳания барои иштирок дар маросими адои савганди раисиҷумҳури нави Эрон Масъуди Пизишкиён ба пойтахти Ҷумҳурии исломӣ омада буд.

Хабаргузории эронии Меҳр хабар дод, ки Исмоил Ҳанияро шаби чоршанбе, 31…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/hamlai-mushaki-dar-soati-dui-shab-tafsiloti-qatli-rahbari-hamos-ismoil-hanija-dar-tehron/
БАРОДАРИ ХУДАШРО КОРД ЗАДАНИ НАВРАС, 2 АВБОШӢ ВА ДУЗДИИ 2 ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕВУ КӮЛОБ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 30 июли соли 2024

Расонидани зарари вазнин ба саломатии бародар

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумон қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 29-уми июли соли 2024, тахминан соати 02:00, ҳангоми дар манзили…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/barodari-hudashro-kord-zadani-navras-2-avboshi-va-duzdii-2-javonzan-dar-dushanbevu-kulob/
МУКОФОТ СОҲИБАШРО ЁФТ! МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ БА ЯК ШОҲИД 100 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАҚДИМ КАРД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 30 июли соли 2024, як рӯз баъди ошкор шудани нафари муттаҳам дар ҳамла ба ронандаи ҷавони такси Зиёвиддин Беков, бо нашри як акс хабар дод, ки ба шахси мусоидаткунанда 100 ҳазор сомонӣ мукофоти ваъдагӣ супорида шуд.

Милитсияи Душанбе бо нашри акси рӯи пӯшидаи ин шоҳиди муҳим иктифо карда, номи…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/mukofot-sohibashro-yoft-militsijai-dushanbe-ba-jak-shohid-100-hazor-somoni-taqdim-kard/
👍2
Сафорати Туркия дар Душанбе

рӯзи 29 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз 5 августи соли ҷорӣ дар худи сафорат қабули дархостҳо барои гирифтани виза, ё раводиди сафар ба Туркия пурра қатъ карда мешаванд ва сафорат аз 5 август дигар ба таври мустақим дархостҳо барои дарёфти раводидро қабул намекунад.
Аз ҳамаи…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/54132/
САФОРАТИ ТУРКИЯ ДАР ДУШАНБЕ АЗ 5 АВГУСТ ВИЗА НАМЕДИҲАД. БАРОИ ИН МАРКАЗИ ВИЗА ТАЪСИС ДОДААНД

Сафорати Туркия дар Душанбе рӯзи 29 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз 5 августи соли ҷорӣ дар худи сафорат қабули дархостҳо барои гирифтани виза, ё раводиди сафар ба Туркия пурра қатъ карда мешаванд ва сафорат аз 5 август дигар ба таври мустақим дархостҳо барои дарёфти раводидро қабул намекунад.
Аз ҳамаи…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/54132/
🤔3👍2
ДАРГУЗАШТИ ДОНИШНОМАНАВИСИ ТОҶИК НУРИДДИН ШАРИПОВ

Нуриддин Шарипов, донишноманависи маъруфи тоҷик, корманди Саридораи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик шаби 30 июл дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт. Хабари даргузашти Нуриддин Шариповро ба Pressa.tj пайвандонаш хабар доданд. Маросими видоъ бо Нуриддин Шарипов рӯзи 31 июл дар манзилаш дар маҳаллаи Теппаҳои шарқӣ, минтақаи 6, хонаи 142 (назди Автодроми 7-ум километр) ва маросими намози ҷанозаи…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/darguzashti-donishnomanavisi-tojik-nuriddin-sharipov/
😢2👍1
ҲАБСИ МОЛУ МУЛКИ ШАХСОНИ МУТТАҲАМ ДАР ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ “ҒАСБИ ҲОКИМИЯТ”

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҳисоби бонкии раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва наздикони онҳоро бастаанд.

Бино ба хабари манбаъҳои Радиои Озодӣ аз 30-юми июл, ҳамчунин…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/habsi-molu-mulki-shahsoni-muttaham-dar-parvandai-pursarusadoi-ghasbi-hokimijat/
🤔1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 31 ИЮЛИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 31 июли Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ҲАМЛАИ МУШАКӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ: ҚАТЛИ РАҲБАРИ ҲАМОС ИСМОИЛ ҲАНИЯ ДАР ТЕҲРОН

САФОРАТИ ТУРКИЯ ДАР ДУШАНБЕ АЗ 5 АВГУСТ ДИГАР ВИЗА НАМЕДИҲАД.…

https://www.bomdod.com/2024/07/31/hulosai-habarhoi-muhimi-31-ijuli-soli-2024-video/
👍2