Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
644 subscribers
6.4K photos
21 videos
1 file
6.55K links
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Download Telegram
ВИДЕО ВА АКСҲО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 7 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 5 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ЯК САДАМА ДАР МАСТЧОҲ

Рӯзи 24 июли соли 2024, тақрибан соати 10:30 дар роҳи Мастчоҳ Хуҷанд, дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду мошин садамаи вазнин рух дода, боиси ҳалокати 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як хонавода шудааст. “Азия Плюс” хабар дод, ин 5 узви як оила ба пешвози фарзанди муҳоҷиронашон ба фурудгоҳи Хуҷанд рафта,…

https://www.bomdod.com/2024/07/24/video-va-aksho-az-joi-hodisa-halokati-7-nafar-az-jumla-5-uzvi-jak-oila-dar-jak-sadama-dar-mastchoh/
😢2
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 24 ИЮЛИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 24 июли Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

БОЗДОШТИ РЭПСАРОИ ТОҶИК “РАЛИК” ДАР ПАЙИ НАШРИ ВИДЕОИ ТАҲҚИРИ МАНСАБДОРОНИ БАЛАНДПОЯ

МУДИРИ ШУЪБАИ ШАҲДОРИИ ИСФАРАРО БАРОИ ПОРАГИРӢ ҶАРИМА БАСТА, АЗ МАНСАБ РОНДАНД

АБДУҲАЛИМ…

https://www.bomdod.com/2024/07/24/hulosai-habarhoi-muhimi-24-ijuli-soli-2024-video/
👍2
ЛАТТУКӮБИ ЯК НАВРАС ДАР НОШИЯИ АШТ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 20 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24 июли соли 2024

Лату кӯби ноболиғи 16-сола аз ҷониби ҳамсоли худ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда шаби 11-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа,…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/lattukubi-jak-navras-dar-noshijai-asht-va-qallobi-ba-mablaghi-20-hazor-dollar/
🤔2
РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ ПАРНҶАКЕНТ ҒОЛИБ МУРОДЗОДА БА ПОРАХӮРӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23 июли соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент Ғолиб Муродзода хабар дод. Муродзода ва шариконаш ба гирифтани беш аз 58 ҳазор сомонӣ пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаҳои замин айбдор мешаванд. Хабари боздошти Ғолиб Муродзода ва сардори собиқи Идораи давлатии…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/raisi-kumitai-zamini-parnjakent-gholib-murodzoda-ba-porahuri-ajbdor-meshavad/
👍1
РАБУДАНИ ДУ РОНАНДАИ ТАКСИ ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ БО ТАЛАБИ ЯК МИЛЛИОН РУБЛ

Дар вилояти Маскави Русия се зодаи Тоҷикистонро ба рабудани ду ронандаи такси аз Қирғизистон ва тамаъҷӯӣ ба маблағи як миллион рубл муттаҳам мекунанд.

Пойгоҳи хабарии миллатгарои “Царьград” бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки одамрабоён бо зӯриву шиканҷа таксистҳоро маҷбур кардаанд, ки ҳамҷинсгаро будани худро эътироф кунанд ва ин эътирофи онҳоро…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/rabudani-du-ronandai-taksi-dar-vilojati-maskav-bo-talabi-jak-million-rubl/
🤔2
МАН МАСТУ Ӯ ДЕВОНА… ОВОЗХОНИ ТОҶИК ОСИЯ МОҶАРОИ МАСТИАШРО ШАРҲ ДОД

Овозхони 28-солаи тоҷик Ҳабиба Бозорова, ки бо тахаллуси Осия ҳунарнамоӣ мекунад, рӯзи 24 июли соли 2024 дар мусоҳиба бо нашрияи “Оила”аз ҷониби кормандони БДА ҷарима шуданаш ба маблағи 21 ҳазору 600 сомониро тасдиқ кард ва гуфт, маблағи ҷаримаро алакай пурра пардохт кардааст. Осия гуфт, ҳодиса рӯзи 19 июл дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Ҳабиба Бозорова…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/man-mastu-u-devona-ovozhoni-tojik-osija-mojaroi-mastiashro-sharh-dod/
👍1🤔1
ВАЗИРИ СОБИҚИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ АЗ ҲАБС ОЗОД ШУДААСТ

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 25 июли соли 2024 аз Душанбе хабар доданд, ки вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири собиқи ин кишвар дар Амрико ва Япония Ҳамрохон Зарифӣ баъди қариб як моҳи дар ҳабс ба сар бурданаш аз ҳабс озод шудааст. Ин манобеъ дар бораи таҳти чӣ гуна шарту шурут озод шудани Ҳамрохон…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/vaziri-sobiqi-korhoi-horijii-tojikiston-hamrohon-zarifi-az-habs-ozod-shudaast/
🤔1
СЕ ТОҶИК ДАР ДАРУНИ ТАРБУЗҲО ПИНҲОН ШУДА, МЕХОСТАНД АЗ МАРЗИ РУСИЯ ГУЗАРАНД (АКС)

Додгоҳи ноҳияи Оқболоқи вилояти Оренбурги Русия рӯзи 23 июли соли 2023 се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Русия муттаҳам мешаванд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бино ба иттилои расмӣ ин се зодаи Тоҷикистон қаблан дар Русия бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва миёна маҳкум ба зиндон шуда, баъди…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/se-tojik-dar-daruni-tarbuzho-pinhon-shuda-mehostand-az-marzi-rusija-guzarand-aks/
👍1
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 25 ИЮЛИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 25 июли Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ВАЗИРИ СОБИҚИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ АЗ ҲАБС ОЗОД ШУДААСТ

РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ ПАНҶАКЕНТ ҒОЛИБ МУРОДЗОДА БА ПОРАХӮРӢ АЙБДОР МЕШАВАД

МАН МАСТУ…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/hulosai-habarhoi-muhimi-25-ijuli-soli-2024-video/
👍2
ВКД: ДАР САДАМАИ ДАҲШАТБОР ДАР МАСТЧОҲ 8 НАФАР ҶОН ДОДА, ДУ КАСИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУД

ВКД Тоҷикистон бархе ҷузъиёти садамаи пурқурбонӣ дар километри 333-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро нашр кард. Дар он садамаи субҳи 24 июли соли 2024 бар асари бархӯрди ду “Опел” 8 нафар, аз ҷумла 5 узви оилаи Ҳасанзодаҳо аз ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расиданд. Қаблан гузориш шуда буд, ки он субҳи наҳс 5 узви оилаи Ҳасанзодаҳо аз ҷамоати Фотеҳобод…

https://www.bomdod.com/2024/07/25/vkd-dar-sadamai-dahshatbor-dar-mastchoh-8-nafar-jon-doda-du-kasi-digar-zahmi-shud/
👍2
МАСТӢ БА ПАСТӢ МЕБАРАД: 15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ САРХАТИБИ ВИЛОЯТИ ҚУСТАНАЙ

Идораи мусулмонон, ё муфтиёти Қазоқистон рӯзи 25 июли соли 2024 бо нашри як изҳорот дар Фейсбук барои рафтори шармовари сархатиби вилояти Қустанай Бахитбек Тоҷимбет узр пурсид ва ӯро аз ин мақом барканор кард. Бахитбек Тоҷимбет соати қариб сеи шаби 23 июл дар назди клуби шабонаи “Регион 3” дар шаҳраки курортии Бӯробой (Боровое) дар ҳудуди вилояти…

https://www.bomdod.com/2024/07/26/masti-ba-pasti-mebarad-15-shabonaruz-habsi-sarhatibi-vilojati-qustanaj/
🤬2👍1🤔1
МОҶАРОИ ТӮЙИ АРӮСИИ ФАРАҲНОЗ: ДАЪВОИ ЧАНД ЗАН ВА ПОСУХИ ОВОЗХОН: МАН ШӮЙ Ё “КАВАЛЕР”-И ЯГОН КАСРО КАШИДА НАГИРИФТААМ! (ВИДЕО)

Инак чанд рӯз боз як мавзӯи аввали вирди забонҳо дар Тоҷикистон тӯйи арӯсии овозхони ҷавон, вале алакай шинохтаи тоҷик Фараҳноз Шарафова аст. Тӯйи арӯсии Фараҳноз шоми 22 июли соли 2024 дар пойтахт дар тарабхонаи машҳури “Яккасарой” бо ҳузури иддаи бузурге аз овозхонҳои машҳури тоҷик, аз ҷумла Фарзонаи Хуршед, Шабнами Тоҷиддин, Мино, Ситораи Кароматулло ва Зайнураву…

https://www.bomdod.com/2024/07/26/mojaroi-tuji-arusii-farahnoz-davoi-chand-zan-va-posuhi-ovozhon-man-shuj-yo-kavaler-i-jagon-kasro-kashida-nagiriftaam-video/
🤔1
ДАР МАСКАВ ЯК ҒИЗОРАСОНИ ТОҶИК ТИФЛИ НАВЗОДРО АЗ ДАСТИ КӮДАКДУЗД НАҶОТ ДОД (ВИДЕО)

Муҳаммадҷон О., ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар ширкати “Яндекс Лавки” дар Маскав ба ғайси ғизорасон (курьер по доставке продуктов) кор мекунад, як тифли навзодро аз дасти як марди кӯдакдузд наҷот дод. Дар ин бора чанд расонаи русӣ, аз ҷумла хабаргузории Регнум ва пойгоҳи хабарии “Мэш” бо нашри мусоҳибаҳои ихтисосӣ бо ин курери оддӣ аз…

https://www.bomdod.com/2024/07/26/dar-maskav-jak-ghizorasoni-tojik-tifli-navzodro-az-dasti-kudakduzd-najot-dod-video/
👍6👏3
ЧАРО НАРХИ ЯК КИЛО ГӮШТ АЗ 80 СОМОНӢ БОЛО ШУД? ВАЗОРАТ МЕГӮЯД, МАРДУМ ГӮШТХӮР ШУДААСТ…

Дар ин авохир нархи як кило гӯшти гов дар шаҳри Душанбе ҳудуди 20 дарсади дигар боло рафт. Агар то идиӣ Қурбон як кило гӯшт ҳудуди 70 сомонӣ нарх дошт, ҳоло аз 85 то 88 сомонӣ шудааст. Дар ноҳияҳои атрофи пойтахт низ нархи гӯшт боло рафта, ҳоло аз 80 сомонӣ болост.

Табиист, ки рӯзи 24 июли…

https://www.bomdod.com/2024/07/26/charo-narhi-jak-kilo-gusht-az-80-somoni-bolo-shud-vazorat-megujad-mardum-gushthur-shudaast/
ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК “АФВИ ТИЛЛОӢ” ЭЪЛОН МЕШАВАД

Қарор аст, дар арафаи солгарди 30-юми қабули Қонуни асосии Тоҷикистон дар ин ҷумҳурӣ боз як қонуни афви саросарӣ қабул шавад. Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар доираҳои ҳукуматӣ мегӯянд, ин қонун шояд алакай дар аввали моҳи октябри соли 2024, ғолибан рӯзи 5 октябр, дар зодрӯзи президент Эмомалӣ Раҳмон қабул шавад, токи маҳбусони афвшуда битавонанд аз маҳбасҳо…

https://www.bomdod.com/2024/07/26/imsol-dar-tojikiston-boz-jak-afvi-tilloi-jelon-meshavad/
👍3
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 26 ИЮЛИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони гиромӣ!

Хулосаи хабарҳои муҳими 26 июли Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК “АФВИ ТИЛЛОӢ” ЭЪЛОН МЕШАВАД

ДАР МАСКАВ ЯК ҒИЗОРАСОНИ ТОҶИК ТИФЛИ НАВЗОДРО АЗ ДАСТИ КӮДАКДУЗД НАҶОТ ДОД

ЧАРО НАРХИ…

https://www.bomdod.com/2024/07/26/hulosai-habarhoi-muhimi-26-ijuli-soli-2024-video/
👍1
ДАРГУЗАШТИ МАВЛАВӢ МУҲАММАДАЛӢ ФАЙЗМУҲАММАД ДАР ЗИНДОН

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, яке аз собиқадорон ва раҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), рӯзи 26 июли соли 2024 дар синни 65 дар маҳбас вафот кардааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, қабл аз вафоташ ҳарду пои Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба далели хуруҷи бемории қандаш аз кор монда буд.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳ…

https://www.bomdod.com/2024/07/26/darguzashti-mavlavi-muhammadali-fajzmuhammad-dar-zindon/
😢4👏1
ҲУШДОРИ КҲФ АЗ ГАРМОИ ШАДИД, ТӮФОНИ ГАРДУ ҒУБОР ВА СЕЛҲО АЗ 27-УМИ ИЮЛ ТО 1-УМИ АВГУСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 27 июл то 1-уми авггувсти соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди ниҳоӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво ба ҳадди 40-43 дараҷа дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, то 43-46 дараҷа дар қаламрави вилояти Хатлон, аз 37 то 40 дараҷа гарм дар як…

https://www.bomdod.com/2024/07/27/hushdori-khf-az-garmoi-shadid-tufoni-gardu-ghubor-va-selho-az-27-umi-ijul-to-1-umi-avgust/
👍1
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 26 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук аз боздошти 6 наврас дар пайи як занозанӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон ва боздошти як ҷавони дигар дар пайи муноқишаи шабона бо як ҷавонзан дар кӯчаи Якуми май хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахт, санаи 17-уми июли соли…

https://www.bomdod.com/2024/07/27/54013/
👍2👏1
БОЗДОШТИ 6 НАВРАС ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ ВА ҲАБСИ ЯК ҶАВОН БАЪДИ ҶАНҶОЛАШ БО ЯК ҶАВОНЗАН

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 26 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук аз боздошти 6 наврас дар пайи як занозанӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон ва боздошти як ҷавони дигар дар пайи муноқишаи шабона бо як ҷавонзан дар кӯчаи Якуми май хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахт, санаи 17-уми июли соли…

https://www.bomdod.com/2024/07/27/54013/
👍1👏1
СОКИНИ 120-СОЛАИ ХОВАЛИНГ БАСИМО ТӮРАЕВА 496 СОМОНӢ НАФАҚА МЕГИРИФТААСТ

Мақомоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб хабар доданд, ки калонсолтарин нафақахӯр дар ҷануби Тоҷикистон Басимо Тӯраева 120 сол дорад.

Бино ба иттилои масъулони раёсати агентии нафақа дар минтақаи Кӯлоб, Басимо Тӯраева, сокини деҳаи Чашмаи Бедаки Ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, соли таваллудаш 6 майи соли 1904, то соли ҷорӣ 381…

https://www.bomdod.com/2024/07/27/sokini-120-solai-hovaling-basimo-turaeva-496-somoni-nafaqa-megiriftaast/