Башир Усмон via @like
Telegraph
Ба ҷои ҷазо
Ҷэк, пеш аз он ки суръати ҳаракатро паст кунад, нигоҳе ба суръатсанҷ андохт. Дар ҷое, ки суръати ҳаракат 80 километр иҷозат дода шудааст, ӯ бо суръати 120 километр мерафт ва давоми чор моҳи охир бори чорум буд, ки мошинашро нозири роҳ нигоҳ медошт. Мошинро…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Биҳишт ва дӯзах
Ҳанӯз хеле ҷавон буд, вале пайваста дар бораи пас аз марг, биҳишту дӯзах меандешид. Аз фикри зиёд шабе хоб дид, ки фавтидаст ва фариштае ӯро гирифта, ба олами дигар парвоз мекунад. - Ҳозир ба ту маконеро нишон медиҳам, ки тамоми умр дар фикри дидани он будӣ…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Маро чӣ гуна ёфтед?
Киштие, ки дар уқёнуси нопайдоканор шино мекард, ғарқ шуд. Аз он танҳо як нафар зинда монд. Мавҷҳои уқёнус ӯро ба як ҷазираи хурди беодам афканданд. Рӯзҳои аввал ӯ Худоро зорӣ мекарду бо умеди «шояд ёрие пайдо карда тавонам» ба уфуқ менигарист. Лекин касе…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Се баррача
Замоне дар яке аз гӯшаҳои дурдасти Чин Зенг ном қассобе умр ба сар мебурд. Ӯ ҳар рӯз як гӯсфандро забҳ мекарду талаботи мардуми гирду атрофро бо гӯшт таъмин менамуд. Куштани гӯсфандон, мегуфт ӯ, чандон кори баде нест, зеро яке аз сабабҳои офарида шудани ин…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Парандаҳои бахтовар
Вақте ки ӯро бори аввал дар соҳили дарё - наздик ба манзили зистам дидам, шашсола буд. Ҳар гоҳ ки дилтанг шавам, ба соҳил, ки панҷ-шаш километр масофа дорад, меравам. Ӯ аз рег хона ё чизе монанд ба он месохт. Сарашро бардошта ба ман нигарист. Чашмонаш кабуди…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Хушҳолӣ
Падару духтар ба яке аз мағозаҳои бузурги шаҳр ворид шуданд. Сару либоси духтарак шаҳодат медод, ки падару модари сарватманд дорад. Вай баробари даромадан ба мағоза падарро ба қатори бозичаҳои кӯдакона бурд ва лухтаки зебову хушрангеро ба дасти росташ гирифту…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Маош. Башир Усмон
Аз нақли дӯстам Собир. Масъули идораи молия он рӯз маоши кормандони якчанд муассисаро гузаронида натавонист. Аз ҷумла, аз кормандони муассисаи таҳсилоти томактабӣ, яъне кӯдакистонро. Он рӯз кораш нисбат ба рӯзҳои дигар бештар буд. Гузаронидани маоши чанд…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Дар роҳ. Башир Усмон
Соат аз 22 гузашта буд. Аз шабнишинии дӯстон ба хона мерафтам, ки дар роҳ шиноси деринаам Рустамро дидам. Ӯ ҳам ҷониби истгоҳ равон буд. Дар даст шишаи об дошт. Роҳгардиаш аз дур аҷиб намуд, монанди одамони сархуш. Мегуфтӣ, масту айёшест бо шишаи шароб дар…
👍9
Башир Усмон via @like
Telegraph
Facebook
Рӯзе тасмим гирифтам, ки берун аз сомонаи иҷтимоии Фейсбук, вале бо ҳамон меъёри ошнопайдокунӣ ба худ дӯст ёбам. Аз ин рӯ, ҳар рӯз ба кӯча баромада, ба раҳгузарон дар бораи хӯрокҳои истеъмолкардаам, ҳолати рӯҳии онлаҳзаинаам, машғулияти шоми гузашта ва нақшаҳои…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Таъсири як табассум
Духтарак дар боғча хушҳолона бозӣ дошт, ки диққаташро марде, ки дуртар аз ӯ рӯи харак нишаста буд, ҷалб кард. Мард бо ҳар ду даст сарашро дошта, маҳзунона ба андеша рафта буд. Кӯдак андешид, ки ба марди ғамгин чӣ гуна ёрӣ расонад. Баъд, боло-боло парида,…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Бадгумонӣ. Башир Усмон
Фаррух беист занг мезад, аммо телефон ҷавоб намедод. Ниҳоят занг заданро бас кард. Дилаш монд, дар чеҳрааш ноумедӣ, балки асабоният хонда мешуд. “Рост, охир. Чаро ба телефонам ҷавоб диҳӣ?! Медонӣ, ки ба ту корам афтодааст... Худо касеро муҳтоҷи касе нагардонад!”…
👍5
Башир Усмон via @like
Telegraph
Ҳафт ҳақиқат
Роҳиби буддоӣ шогирдашро, ки таҳсилро ба поён расонда, азми рафтан дошт, даъват карда, пурсид: ‒ Бист сол боз ҳамроҳи моӣ, бигӯ, ки чӣ омӯхтӣ? ‒ Ҳафт ҳақиқат омӯхтам, ‒ гуфт шогирд. ‒ Дар муддати бист сол танҳо ҳафт ҳақиқат омӯхтӣ? ‒ Бале. ‒ Ку бишмор. ‒…
👍5
Forwarded from Hafizulloh Tohiri via @like
Telegraph
БАРГАШТ АЗ НИМАРОҲ
Пас аз хатми донишгоҳ муддате ба тиҷорат машғул шудам. Аз рӯи ихтисос кор накардан маънои нахостанро надошт, балки медонистам, ки бо маош рӯзгорро пеш бурдан мушкил меафтад ва иҷора ба иҷора саргардон мешавам. Аз ин хотир, аввал шароитамро хуб кардам ва баъд…
👍10
Башир Усмон via @like
Telegraph
Рӯҳ
...Ва Худо бахше аз рӯҳи худ ҷудо кард ва онро зебо намуд. Ӯ онро ҳамчун боди сабо нозук, ҳамчун гулҳои саҳро атрогин, ҳамчун нури маҳтоб махмалин сохт. Ва ба он ҷоми тараб ҳадя намуда гуфт: “Бинӯш аз ин, танҳо гузаштаро ба фаромӯшӣ гузор”. Сипас ҷоми ғусса…
👍4🔥1😨1
Башир Усмон via @like
Telegraph
Гумшуда. Башир Усмон
Баъзан дар рӯзҳои истироҳат низ ба ҷойи корам ‒ идораи рӯзнома меравам, то ки ягон кори нотамомро ба анҷом расонам. Ин ҳафта ҳам рӯзи истироҳатии шанбе дар утоқи корӣ будам. Рӯзи гарму фазои ором барои сомон бахшидани корҳо бисёр қулай буд. Иттифоқан ду корафтода…
👍7🌚1