Башир Усмон via @like
Telegraph
Дар остонаи соли нав. Башир Усмон
Ошиқон Шаби 31-уми декабр. Пас аз 15 дақиқа соли нав медарояд. Вале ошиқон дер боз ногапанд. Аз байнашон гӯё гурбаи сиёҳ гузаштааст. Ҷавон дигар тоқат накарду бо телефон ба духтар паёмак фиристод. “Чӣ шавад, ки ба соли нав ҳамроҳ ворид шавем?” Аз духтар ҷавоб…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Шитоби духтарак. Башир Усмон
Имсол дар моҳи апрел ҳаво чанд рӯз гарм буд. Пасон рӯзҳои боронӣ оғоз ёфт. Якбора тағйир ёфтани ҳаво ба саломатии одамон беасар намонд. Бисёриҳо зуком шуданд. Ман ҳам аз дасти зуком ранҷ мекашидам. Як бегоҳ барои дору харидан дорухона омадам. Одами зиёде…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Пайванд. Башир Усмон
Собир як поси шаб «Оча! Очаҷон!..» гӯён аз хоб бедор шуд. Чашмонаш тар. Рӯи бистар нишаст ва хоби дидаашро ба ёд овард. Модараш дар як биёбони сӯзон қарор дошту аз ташнагӣ даҳонаш хушк шуда буд. Ба атроф имдодталабона менигарист. Об мехост. Лек касе набуд обаш…
Forwarded from LikeBot
Telegraph
Шоҳиди хотираҳо. Башир Усмон
Сини омӯзгори номдор Моҳираи Исҳоқ кайҳо аз нафақа гузашта бошад ҳам, на роҳбарияти мактаб розӣ мешуд, ки ӯ фаъолияти меҳнатияшро хотима бахшаду на ҳамкорон аз як модари меҳрубони фариштахислат ва як роҳнамои ботаҷрибаи беминнат маҳрум шудан мехостанд. Чанд…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Нашуд, ки нашуд… Башир Усмон
Бегоҳ ният кардам, то хона пиёда равам. Шояд дар роҳ ба сарам андешаи тоза биёяду супориши идораро иҷро намоям. Зеро дар кишвар Рӯзи забон таҷлил мешаваду барои рӯзнома ягон мақола навиштан даркор. Чӣ нависам, гуфта чанд рӯз ғарқи андеша будам. Тавба, гӯё…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Дузди шинос. Башир Усмон
Дари дӯконро баста, ба хӯроки нисфирӯзӣ мебаромадам, ки садои телефони дастӣ баланд шуд. Аз хона занг мезаданд. Ана, боз ҳамсари қайсарам ду по ба як мӯза халонда, мегӯяд, ки хӯроки нисфирӯзиро ҳатман дар хона хӯрам. “О, гапи духтура фаромӯш кардӣ?! Нагуфта…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Оптимист. Башир Усмон
- Хуш омадед, бачаҳо, - ба навбат чашм ба ҳар кадом кормандаш давонда, гуфт муҳаррири солманд, ки онҳоро ба ҷаласаи ҳафатинаи рӯзнома даъват карда буд. «Ташаккур, устод», «саломат бошед, устод», гуфтанд онҳо ба як овоз. - Аз саҳар боз фикр дорам, ҳамин рӯзноманигорӣ…
❤1
Башир Усмон via @like
Telegraph
Муҳаббат
Марди миёнасоле дар ошёнаи якуми бинои истиқоматиаш устохона дошт. Шуғли ӯ дуредгарӣ буд. Дар сохтани дару тирезаҳо устои моҳир ба ҳисоб мерафт. Аммо, ҳамин ки дару тирезаҳои пластикӣ пайдо шуданду ҳама ба онҳо рӯ оварданд, бозори усто нисбатан хунук шуд.…
🔥1
Башир Усмон via @like
Telegraph
Дар интизори навзод
Чанд нафар мардон бо ҳаяҷону беқарорӣ кушода шудани дар ва шунидани хабари хушро дар ҳуҷрае дар таваллудхона нигарон буданд. Ниҳоят дар кушода шуду ҳамширае хушҳол ворид гашт ва ба ҷавонмарде, ки дар курсии аввал нишаста интизорӣ мекашид, хабари хушро расонид.…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Соҳиби дили бузург
Ҳаво беҳад гарм буд... Духтараки хурдсоле пулҳояшро дар кафи дасташ маҳкам дошта, ба дӯкони яхмосфурӯшӣ ворид шуд. Ҳанӯз даҳон кушода чизе нагуфта буд, ки фурӯшанда дағалона амр кард, ки ба берун баромада, лавҳаи пушти дарро хонад ва то ба пояш чизе напӯшад…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Дар панҷаи тақдир. Башир Усмон
Маҳина тифлаш дар бағал ба дари баста менигарист. Шавҳараш онҳоро ба кӯча бароварду дарро пӯшид. Бо хотири парешон ба атроф чашм давонд ҷавонзан. Чӣ кор кунад, намедонист. Кӯча ба назараш майдони васеъро мемонд. Одамон ҳама соҳибу сарпаноҳ доштанд, танҳо…
👍1
Башир Усмон via @like
Telegraph
Ба ҷои ҷазо
Ҷэк, пеш аз он ки суръати ҳаракатро паст кунад, нигоҳе ба суръатсанҷ андохт. Дар ҷое, ки суръати ҳаракат 80 километр иҷозат дода шудааст, ӯ бо суръати 120 километр мерафт ва давоми чор моҳи охир бори чорум буд, ки мошинашро нозири роҳ нигоҳ медошт. Мошинро…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Биҳишт ва дӯзах
Ҳанӯз хеле ҷавон буд, вале пайваста дар бораи пас аз марг, биҳишту дӯзах меандешид. Аз фикри зиёд шабе хоб дид, ки фавтидаст ва фариштае ӯро гирифта, ба олами дигар парвоз мекунад. - Ҳозир ба ту маконеро нишон медиҳам, ки тамоми умр дар фикри дидани он будӣ…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Маро чӣ гуна ёфтед?
Киштие, ки дар уқёнуси нопайдоканор шино мекард, ғарқ шуд. Аз он танҳо як нафар зинда монд. Мавҷҳои уқёнус ӯро ба як ҷазираи хурди беодам афканданд. Рӯзҳои аввал ӯ Худоро зорӣ мекарду бо умеди «шояд ёрие пайдо карда тавонам» ба уфуқ менигарист. Лекин касе…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Се баррача
Замоне дар яке аз гӯшаҳои дурдасти Чин Зенг ном қассобе умр ба сар мебурд. Ӯ ҳар рӯз як гӯсфандро забҳ мекарду талаботи мардуми гирду атрофро бо гӯшт таъмин менамуд. Куштани гӯсфандон, мегуфт ӯ, чандон кори баде нест, зеро яке аз сабабҳои офарида шудани ин…
Башир Усмон via @like
Telegraph
Парандаҳои бахтовар
Вақте ки ӯро бори аввал дар соҳили дарё - наздик ба манзили зистам дидам, шашсола буд. Ҳар гоҳ ки дилтанг шавам, ба соҳил, ки панҷ-шаш километр масофа дорад, меравам. Ӯ аз рег хона ё чизе монанд ба он месохт. Сарашро бардошта ба ман нигарист. Чашмонаш кабуди…