Башир Усмон
180 subscribers
6 photos
71 links
Аз дидаву шунидаҳо...
Download Telegram
Forwarded from Ашъору афкор
Он тоифае, ки огаҳибунёданд,
Фориғ зи ғами тааллуқи эҷоданд.
Чун партави шамъ аз сабукрӯҳиҳо
Дар пираҳану зи пираҳан озоданд.


Абдулқодири Бедил
9👍4
Forwarded from Ашъору афкор
👍12🔥5🥰2
Forwarded from КАВСАР
Қуввати дил аз солим нигаҳ доштани ақлу ҳуш, андешаву афкор аст, ки ба сурати шуҷоат зоҳир мегардад.

– Порча аз китоби "Дили бедор"

#тоҷикӣ
👍124
👍14🔥53
👍15🔥42
👍10🔥54
👍15🔥53
– Ҳой, майдаяк! Пойфзол харидан мехостӣ? Пойафзолҳои имсола хеле босифатанд...
Писарак ба вай нигариста, бо табассум гуфт:
– Дар ҳақиқат зебоянд. Лекин як пои ман аз таваллуд...
– Боке не, – сухани ӯро бурида, гуфт дӯкондор, – Ҳеҷ кас комил нест, ҳамаамон камбудие дорем. Яке аз даст, дигаре аз пой, сеюмӣ аз ақл, он дигарӣ аз имону инсоф маҳрум аст.
Писарак чизе намегуфт. Дӯкондор идома дод:
– Эй кош, ба ҷойи виҷдону инсоф аз пой маҳрум мебудем.
Писар аз ин суханони пойафзолфурӯш гаранг шуд. Ӯ каме наздик омада, гуфт:
– Нафаҳмидам. Чаро ин тавр гуфтед?
– Охир, виҷдон надошта бошем, ба инсони сангдилу бешафқат мубаддал мегардем... Оҳи мардум ба сарамон мерезад, мудом носазо ва дуои бад мешунавем. Аз ин рӯ, бе пой ва ё бе даст будан ба қадри бе виҷдон ва бе инсоф будан сахту ваҳмовар нест.
Дар чеҳраи писарак боз табассум пайдо шуд.

– Порае аз ҳикояи “Тахфиф” дар китоби “Шоха бишканад, дил не”
🔥11👍53🕊1