Атри сухан
269 subscribers
1.67K photos
784 videos
170 files
502 links
📲Telegram.me/@Атрисухан
🌺 Баҳор зебост, бо мо бошед!!!
🌸 Баҳор гӯзалдир, биз билан бӯлинг!!!

Ба канал гузошта мешавад:
📜 Шеър
📃 Статусҳо
🎧 Аудио
🎥 Видео
📝 Фолнома
✏️ Ҳикоя
📝 Панди руз

Фаолияти канал:
Уз. Тҷ.
Download Telegram
Энг яхши Садака...Мехр...!

Уни хар доим хар қандай
инсонга улашиш мумкин...!
Зеро...инсон қанчалик кўп
Мехр курмасин...
шунчалик унга
мухтожлик
сезаверади...!!!

Азизларим...бир - биримизга
Мехрли бўлайлик...!!!
Зеро... дунё ўткинчи...
Умр ...Ғанимат...
Яхшилик қилайлик
Билингки...дунёда
Яхшилик қолади
Фақат...!!!
•••┈┈┈••●◆●❁✿❁●◆●••┈┈┈•••

Аз касоне, ки туро дӯст намедоранд, #ташаккур_кун!
Чун онҳо туро қавитар мекунанд...

•••┈┈┈••●◆●❁✿❁●◆●••┈┈┈•••

Аз касоне, ки туро дӯст медоранд, #ташаккур_кун!
Чун онҳо қалбатро бузургтар мекунанд...

•••┈┈┈••●◆●❁✿❁●◆●••┈┈┈•••

Аз касоне, ки туро мепартоянд, #ташаккур_кун!
Чун онҳо ба ту меомӯзанд, ки ҳеҷ чиз дар дунё монданӣ нест...

•••┈┈┈••●◆●❁✿❁●◆●••┈┈┈•••

Аз касоне, ки хатоҳоятро ба ту мегӯянд, #ташаккур_кун!
Чун онҳо туро ба фикр кардан ба корҳоят даъват мекунанд.

•••┈┈┈••●◆●❁✿❁●◆●••┈┈┈•••

@pandhoi_buzurgon
https://t.me/pandhoi_buzurgon
Forwarded from Манучеҳри Миронӣ منوچهر میرانی
ҲАКИМ ФИРДАВСӢ: ДАР ҲАҶВИ СУЛТОН МАҲМУД

Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой!

Ки пеш аз ту шоҳон фаровон буданд,
Ҳама тоҷдорони кайҳон буданд.

Фузун аз ту буданд яксар ба ҷоҳ,
Ба ганҷу сипоҳу ба тахту кулоҳ.

Накарданд ҷуз хубию ростӣ,
Нагаштанд гирди каму костӣ.

Ҳама дод карданд бар зердаст,
Набуданд ҷуз покяздонпараст.

Наҷустанд аз даҳр ҷуз номи нек,
В-аз он ном ҷустан саранҷоми нек.

Ҳар он шаҳ, ки дар банди динор буд,
Ба наздики аҳли хирад хор буд.

Гар эдун, ки шоҳӣ ба гетӣ турост,
Бигўй, ки ин хира гуфтан чарост?!

Надидӣ ту ин хотири тези ман,
Наяндешӣ аз теғи хунрези ман!

Ки баддину бадкеш хонӣ маро.
Манам шери нар-меш хонӣ маро…

…Накардӣ дар ин номаи ман нигоҳ,
Ба гуфтори бадгўй гаштӣ зи роҳ.

Ҳар он кас, ки шеъри маро кард паст,
Нагирад-ш гардуни гарданда даст.

Ман ин номаи шаҳриёрони пеш,
Бигуфтам бад-ин нағз гуфтори хеш.

Чу умрам ба наздики ҳаштод шуд,
Умедам ба якбора барбод шуд.

Басе сол андар сарои сипанҷ
Чунин ранҷ бурдам ба уммеди ганҷ.

Зи абёти ғарро ду раҳ сӣ ҳазор,
Мар он ҷумла дар шеваи корзор.

Зи шамшеру тиру камону каманд,
Зи гáполу аз теғҳои баланд.

Зи баргустувону зи хафтону хӯд,
Зи саҳрою дарёю аз хушку рӯд.

Зи гургу зи шеру зи пилу паланг,
Зи ифриту аз аждаҳову наҳанг.

Зи найранги ғӯлу зи ҷодуи дев,
К-аз эшон ба гардун расида ғирев.

Зи мардони номӣ ба рӯзи масоф,
Зи гурдони ҷангӣ гаҳи разму лоф…

Ҳамон номдорони бо ҷоҳу об,
Чу Туру чу Салму чу Афросиёб.

Чу шоҳ Офаредуну чун Кайқубод,
Чу Заҳҳоки бадкешу бе дину дод.

Чу Гаршаспу Сому Наремони гурд,
Ҷаҳонпаҳлавонони бодастбурд.

Чу Ҳушангу Таҳмураси девбанд,
Манучеҳру Ҷамшед шоҳи баланд.

Чу Кобус-Кайхисрави тоҷвар,
Чу Рустам, чу Руйинтани номвар.

Чу Гударзу ҳаштодпури гузин,
Саворони майдону шерони кин.

Ҳам он номвар шоҳ Луҳраспро,
Зарири сипаҳдору Гуштаспро.

Чу Ҷомасп, к-андар шумори сипеҳр
Фурӯзандатар буд зи тобандамеҳр.

Чу Дорои Доробу Баҳман ҳам он
Сикандар, ки буд шоҳи шоҳаншоҳон.

Чу Шоҳ» Ардашеру чу Шопури ў,
Чу Баҳрому Нўширавони накў.

Чу Парвезу Ҳурмуз, чу пураш Қубод,
Чу Хисрав, ки Парвиз номаш ниҳод.

Чунин номдорону гарданкашон,
Ки додам яко-як аз эшон нишон.

Ҳама мурда аз рўзгори дароз,
Шуд аз гуфти ман номашон зинда боз.

Чу Исо ман ин мурдагонро тамом,
Саросар ҳама зинда кардам ба ном!

Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.

Бад-ин нома бар солҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.

На з-ин гуна додӣ маро ту навид,
На ин будам аз шоҳи гетӣ умед!

Бадандеш, к-аш рўзи некаш мабод!
Суханҳои некам ба бад кард ёд!

Бари подшаҳ пайкарам зишт кард.
Фурўзанда ахгар чу ангишт кард.

Агар мунсифе буде аз ростон,
Ки андеша кардӣ дар ин достон.

Бигуфтӣ, ки ман дар ниҳоди сухан,
Бидодастам аз табъ доди сухан!

Ҷаҳон аз сухан кардаам чун биҳишт,
Аз ин пеш тухми сухан кас накишт.

Сухангустарон бекарон будаанд,
Суханҳо беандоза паймудаанд.

Валек арчи буданд эшон басе,
Ҳамоно нагуфтаст з-ин сон касе.

Басо ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!

Ҷаҳондор агар нестӣ тангдаст,
Маро бар сари роҳ буде нишаст.

Ба дониш набуд шоҳро дастгоҳ,
В-агар на, маро барнишонде ба гоҳ.

Чу дейҳимдораш набуд дар нажод,
Зи дейҳимдорон наёвард ёд.

Агар шоҳро шоҳ будӣ падар,
Ба сар барниҳодӣ маро тоҷи зар.

В-агар модари шоҳ бону будӣ,
Маро симу зар то ба зону будӣ.

Чу андар табораш бузургӣ набуд,
Наёраст номи бузургон шунуд.

Кафи шоҳ Маҳмуди олитабор:
Нӯҳ андар нӯҳ омад, се андар чаҳор.

Чу сӣ сол бурдам ба «Шаҳнома» ранҷ,
Ки шоҳам бубахшад ба подош ганҷ.

Маро з-ин ҷаҳон бениёзӣ диҳад,
Миёни ялон сарфарозӣ диҳад.

Ба подош ганҷе маро дар кушод,
Ба ман ҷуз баҳои фуқоҳе надод.

Фуқоҳе биярзидам аз ганҷи шоҳ,
Аз он ман фуқоҳе харидам ба роҳ.

Пашизе беҳ аз шаҳриёре чунин,
Ки на кеш дорад, на оину дин!

Парасторзода наёяд ба кор,
Агарчанд дорад падар шаҳриёр.

Сари носазоён барафроштан,
В-аз эшон умеди беҳӣ доштан,—

Сари риштаи хеш гум кардан аст,
Ба ҷайб андарун мор парвардан аст.

Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба
Дар Донишгоҳи Стелленбос дар Африқои Ҷанубӣ дар пештоқи он лаҳвае бо чунин навиштаҳо овезон аст:
"Барои маҳв кардани миллат бомбаи атомӣ ва ё мушакҳои дурпарвозкунанда лозим нест. Танҳо сифати таълимро паст карда, ба руйбардорӣ аз дафтар (истифодаи шпаргалка) иҷозат диҳед кифоя.
Дар натиҷа:
- беморон аз дасти чунин духтурон мемиранд;
- биноҳо аз дасти чунин меъморону муҳандисон фурӯ мераванд;
- маблағҳо аз дасти чунин иқтисодчиёну муҳосибон ба бод меравад;
- адолат аз дасти чунин қозиҳо нест мешавад;
Пастии таълим - маҳви миллат аст!"
Forwarded from ГУЛЧИНИ СУХАН (Mirzobadal Rahimov)
Итоат

“Мен сафарга кетяпман хотин,
Рухсатимсиз чиқма кўчага.”
“Хўп бўлади”- деди аёл жим,
Хотиржамлик чўкди ўртага.

Икки кунча ўтиб орадан,
Тақиллади дарвоза секин.
“Ким у”- аёл сўради ундан
“Мен отангнинг дўстиман қизим

Отанг бетоб ётибди уйда,
Шуни сенга айтгани келдим.”
Аёл деди, титроқ, куйда:
“Шифо берсин, яхшиям билдим

Боролмайман, лекин минг афсус,
Эрим кетган олис сафарга.
Чиқма деган кўчага эссиз,
Келса бориб келамиз бирга.”

Икки соат ўтмасдан яна
Таққиллади дарвоза қаттиқ.
“Ким у” – аёл деди баралла
“Укангизман” – гапирди аччиқ.

“Отам бироз оғир аҳволда,
Сизни сўраб кутяпти ҳалак.
Падарингиз ахир ҳар ҳолда,
Тош эмасдур сиздаги юрак!”

“Укажоним, хато ўйлама,
Поччанг келсин сафардан қайтиб.
Ҳеч қаерга чиқма деганда,
Шифо берсин, бориб қўй айтиб.”

Ука кетди, қайтиб ортига,
Опа бироз сиқилди, ёнди.
Алам қилди кетолмай бирга,
Садоқати туфайли қолди.

Икки кундан кейин дарвоза
Таққилларди, яқинроқ тушга.
Аёл кўнгли ўртаниб роса
Улгурмади ким у дейишга.

“Опа, отам қилдилар қазо,
Босмадингиз бир бора қадам.
Аёл йиғлаб дерди: Эй, Худо
Жаннатларга кирсинлар дадам.

Ҳеч нарсани ўйламай аёл,
Дарвозадан чиқмоқчи бўлди.
Шу пайт кетди эрига ҳаёл,
Чорам йўқ деб, ерга йиқилди.

Ука жахл қилди-ю, қайтди,
Тушунмасдан опани бир зум.
Шундай бўлган замон у пайти
Телефонлар бўлмаган удум.

Уч кун ўтиб, сафардаги эр,
Қайтиб келди соғу-саломат.
Воқеани тинглаб эри дер:
Бормабсан-да, аттанг ўша пайт.

“Гапингизни ерда қолдирсам,
Гунохидан қўрқаман буни.
Индамасдан билганим қилсам,
Қийналаман охират куни.”

Йиғлаганча ухлади аёл,
Тушга кирди ўлган отаси.
Унга кулиб қўйдида хиёл:
“Қизим, яхши деди ҳаммаси.

Бир амалинг ёқиб Худога,
Аллоҳ менга мукофот берди.
Итоатгўй бўлгандинг эрга,
Жаннатиймиз ҳаммамиз энди.

Қара, жаннат рўйхатларида:
Онанг, уканг, эринг ва ўзинг.
Қариндошлар жамдур барида,
Олдимда ҳам ёруғдир юзинг.

Қай ҳолатда ўлса ҳам бари,
Жаннатларга бўлар мушарраф.
Севинтирди жон қизим мани,
Сенинг отанг эканим шараф.”

Сесканди-да уйғониб бирдан,
Сўзлаб берди онага тушин.
Она деди: “Бу ишинг чиндан,
Таҳсинларга арзиркан қизим.” @Tojisar @Xaqon
Манучеҳри Миронӣ:
Вазири аввалини маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Аббос Алиев (Аббос Ализода; 1899 -1958) аз фарзандони арҷманди Бухорои Шариф буда, аслан аз эрониёни Бухорост. Набераи хоҳари Аббос Алиев Зулфия Раҳимова, ки дар Душанбе, дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ кор мекарду ҳанӯз дар Душанбест, ба мо гуфт, ки аҷдоди Аббос Алиев аз Ҳамадонӣ будаанд.
Солҳое, ки каминаи нигоранда донишҷӯй будам (1941-1945) ва профессор Аббос Алиев ба мо дарс медод, гумон доштам, ки ӯ аз эрониёни Марв аст. Имрӯз намедонам, ки ин пиндор аз куҷо пайдо шуда буд. Шояд, ба он сабаб пайдо шуда бошад, ки бештари эрониёни Бухоро аз Марв буданд. Амир Шоҳмуроди манғит (ҷулусаш 1199 қ. 1784 м.) чанд бор ба Хуросон, аз ҷумла ба Машҳаду Марв ҳамла бурда боре «банди султониро хароб карда, (ки об шаҳрро шуста бурд – М.Ш.), Марвро ба як сурати абадӣ ба харобӣ андохт, мардумеро, ки дар он сарзамин сукно доштанд, ба Мовароуннаҳр кӯчонида, ба атрофи Бухорову Самарқад манзил дод». (С.Айнӣ. Куллиёт ҷ. 10 (Таърихи амирони манғитияи Бухоро).- С. 17.

Ин эрониёни хуросонӣ худро тод меномиданд. Тодҳо ҳама мардуми ҳунарманд буда, дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоиву сиёсии Мовароуннаҳр ҷойгоҳе босазо ёфтанд. Ҳунари «маврихонӣ», ки аз ҷолибтарин бахшҳои санъати мусиқии тоҷикист, ба Бухоро бо ҳамин тодҳо омада, ба фолклори тоҷик омехта, жанри наве ба вуҷуд овард, ки имрӯз ҳам шуҳрат дорад.
Имрӯз маълум шуд, ки Аббос Алиев аз дигар шохаи эрониёни Бухоро, аз ҳамадониён будааст.
Эрониёни Бухоро дар гуфтору рафтор батамом бухороӣ шуда буданду дар гуфтори Аббос Алиев низ аз лаҳҷаи эронӣ нишонае боқӣ намонда буд, батамом тоҷикӣ гап мезад.

Аббос Алиев хушгапу суханвар буда, дар зебосуханӣ ва буррову пуртаъсир гап задан касеро монанди ӯ надидаам. Шунидаам, ки Абдулқодир Муҳиддинов бисёр буррову зебо ва дилнишин суҳбат мекард. Аз шахсиятҳои намоёни даврони инқилоб Абдуррауфи Фитрат суханвари забардаст буда, сухани зебо, муассир ва боварбахши ӯ дар Бухоро, Самарқанд ва Тошканд шуҳрат доштааст. Файзуллоҳи Хоҷа – пешвои инқилоби Бухоро низ санъати суханварӣ дошт. Замони талошҳои сахти таърихӣ суханварони шуълаварро ба майдон меоварад. Дар даврони дигаргуниҳои калони инқилобӣ аз миёни мардуми тоҷик низ чанд нафар суханвар пайдо шуд. Ин каминаи нигоранда аз онҳо танҳо якеро – фақат Аббос Алиевро дидааму аз гуфтори шевои ӯ, чи дар шароити расмӣ ва чи ғайрирасмӣ, бисёр ҳаловат бурдаам.

Мо, донишҷӯён, ӯро, ки устоди мо буд, муҷассамаи зебоӣ мегуфтем. Дар ҳастии ӯ ҳусни зоҳириву ботинӣ ба ҳам омада буд. Бо хушсуҳбативу базлагӯйии ширин, хушқомативу ҷомазебӣ моро мафтун карда буд. Аспрӯй, сафедпӯст, мешчашм, фарохпешонӣ ва сермӯй буд. Миёнақад, чусту чолок, ҳама ҳаракатҳояш табиӣ ва ба худаш зебанда буданд.
Аббос Алиев худу табори эрониасли худро дар санадҳои расмӣ тоҷик номидааст. Дар гувоҳиномае, ки дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон, дар парвандаи Аббос Алиев ҳаст (Справка о научно - педагогической работе профессор А. А. Алиева), гуфта шудааст: «Аббос Алиевич Алиев дар хонаводаи тоҷики коргар дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст».
Чун бо инқилоб пантуркистҳо ба сари кор омаданду тоҷиконро ӯзбак навиштан гирифтанд, ба бархе аз эрониёни Бухоро муяссар гардид, ки худро эронӣ ё форс бинависанду бархе худро тоҷик нависанд. Яке аз онҳое, ки аз аввали инқилоб худро тоҷик навиштанд, Аббос Алиев буд. Ҳамчуноне ки аз пажӯҳишҳои илмӣ бармеояд, аз як санади 20 октябри соли 1920 маълум мегардад, ки аз рӯзҳои аввали инқилоб «дар Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро танҳо се нафар аз кормандони масъул тоҷик буданд – ду тан дар Трибунали ҳарбии инқилобӣ ва як тан (Аббос Алиев) дар Нозироти маориф». Яъне, аз нахустин рӯзҳои инқилоби Бухоро (ки 2 сентябри 1920 пирӯзӣ ёфт) ба Аббос Алиеви ҷавон он саодат даст дод, ки худро аз зӯроварии турксозӣ, ки сарварони инқилоб дар ҳаққи тоҷикон раво диданд, ҳифз намояд.
Ва ҳол он ки бисёре аз онҳое, ки дар инқилоб ширкат карданд ва дар синну сол аз Аббос Алиев калонтар буда, дар зиндагии иҷтимоӣ бештар таҷриба доштанд, фиреби таблиғоти пантуркистиро хӯрда, худро ӯзбак пиндоштанд, ӯзбак навиштанд, баъзеи онҳо, пас аз ду - се сол ин хатои худро фаҳмиданду и

слоҳ намуданд. Аммо Аббос Алиев тавонист, ки аз ҷавонӣ ба ин роҳи хато пой нагузорад.

Аз гувоҳиномаи боло падидор аст, ки падари Аббос Алиев коргар будааст. Аммо чӣ коргаре будаву дар куҷо кор мекард, маълум нест.
Дар гувоҳинома гуфтаанд: «Амири Бухоро дар соли 1916 падари ӯро барои корҳои инқилобӣ дар Бухоро ба қатл расонид». Боз ҳам маълум нест, ки кадом корҳои инқилобӣ боиси таъқиб ва кушта шудани падари Аббос Алиев гардидааст. Аз номи хонаводагии Аббос Алиев метавон пай бурд, ки номи падараш Алӣ аст. Аз ҷумлаи боло ин ҳам маълум аст, ки Аббос Алиев фарзанди як муборизи зидди ситами иҷтимоӣ, фарзанди як инқилобҷӯе буда, сипас худ ин пархоши падарро давом додааст.
Аббос Алиев дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум монда, ба шаҳри Чорҷӯй, шояд ба назди хешовандонаш рафта, солҳои наврасиаш дар он ҷо гузаштаанд.

Дар гувоҳиномаи ёдшуда гуфтаанд, ки Аббос Алиев дар Чорҷӯй «дар хонаводаи болшевики рус Хрони парвариш ёфту ба ҷунбиши озодихоҳии инқилобии Бухоро ҳамроҳ шуд.
Чорҷӯй аз калонтарин вилоятҳои аморати Бухоро буда, дар шаҳру атрофи он тоҷикон бисёр буданд ва, шояд, ҳоло ҳам бошанд.
Чорҷӯй дар лаби дарёи Ому воқеъ шуда, бандари калону истгоҳи роҳи оҳан дошт. Аз ин рӯ, дар он ҷо русҳо бисёр буданду дар паҳлӯи он як шаҳри нави русӣ низ сохта буданд (ҳангоми марзбандии миллии соли 1924 Чорҷӯй ба Туркманистон гузашту соли 1991, ки Туркманистон ба истиқлоли давлатӣ расид, Чорҷӯйро Туркманобод ном карданд). Шуҳрат Саъдиев дар асоси он чӣ аз Бойгонии давлатии Тоҷикистон ба даст овардааст, мегӯяд, ки Аббос Алиев дар Чорҷӯй бо русҳо «чун коргар ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намудааст» ва «ҳамроҳи болшевикони рус ба муборизаи озодихоҳии зидди амирӣ ҳамроҳ шудааст».
Дар «Донишномаи Тоҷикистони Шӯравӣ» («Энсиклопедияи советии тоҷик») ва «Донишномаи Ӯзбакистони Шӯравӣ» («Ӯзбек совет энсиклопедияси») омадааст, ки Аббос Алиев аз соли 1917 узви Ҳизби коммунистӣ (болшевики Русия) буда, соли 1917 Ҳизби коммунисти Бухоро ҳанӯз таъсис наёфта буд. Пас, шояд, Аббос Алиев ҳангоми кор бо коргарони руси Чорҷӯй ба узвияти Ҳизби коммунисти (болшевики) Русия қабул шуда бошад.

Агар, дар ҳақиқат, чунин бошад, тавон гуфт, ки фаъолияти инқилобии Аббос Алиев соли 1917, дар 18 - солагии ӯ оғоз ёфтааст.
Тобистони соли 1918 дар Тошканд Ҳизби коммунисти Бухоро таъсис ёфта, 25 сентябри 1918 нахустин Кумитаи марказии он интихоб гардид. Аббос Алиев аз ҳамон вақт узви Ҳизби коммунисти Бухоро буда, солҳои 1918-1920 дар созмонҳои коммунистии Бухорову Когон (Бухорои Нав) кор кардааст.

Чуноне ки дар донишномаҳои номбурда омадааст, Аббос Алиев солҳои 1918 - 1920 сардори Кумитаи ҳизбии пинҳонкори Чорҷӯй буд. Созмони коммунистии Чорҷӯй аз калонтарин гурӯҳҳои ҳизбӣ буда, дар тайёрии инқилоби Бухоро фаъолона ширкат варзид ва Аббос Алиев яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро ба шумор меравад.
Ҳамаи инқилобкорони Бухоро, ғайр аз касоне чун Абдулвоҳиди Мунзим (1877 - 1934) ҷавон буданд. Чунончи, соли 1920, соли пирӯзии инқилоб Файзуллоҳи Хоҷа (1896-1938) 24 - сола буда, дар ин син Сарвазир – шахси якуми Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро шуд. Абдулқодир Муҳиддинов (1892 - 1934) 4 сентябри соли 1920, яъне дар 28 - солагӣ, Раиси Кумитаи инқилобӣ таъйин шуд, ки баробари Раиси ҷумҳурист. Аббос Алиев аз ҳамаи онҳо ҷавонтар – яке аз ҷавонтарин инқилобкорон буд.

Мутаассифона, чандон маълум нест, ки Аббос Алиев пас аз инқилоб бо чӣ корҳо машғул буду ба чӣ мансабҳо расид. Дар ин бора ҳар ҷо ишораҳои пароканда ва норавшан мавҷуд асту бас. Чуноне ки дар боло дидем, дар нахустин моҳҳои пас аз инқилоб ӯ дар нозирот (комиссариат)-и маориф кор мекардааст. Шуҳрат Саъдиев овардааст, ки Аббос Алиевро соли 1922 ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ барои таҳсил фиристоданд, лекин пас аз як сол бозпас хонданду дар Бухоро вазифаҳои ҳизбӣ доданд.
Дар Донишномаи мазкури Ӯзбекистон гуфтаанд, ки узви Кумитаи марказии комсомоли Бухоро буд. Банда шунидаам, ки котиби якуми комсомоли Бухоро буд. Дар гувоҳиномаи мазкур навиштаанд, ки ӯ котиби якуми комсомоли Бухоро буд. Лекин маълум нест, ки аз кай то кай ин вазифаро иҷро кард. Шуҳрат Саъдиев мегӯяд, ки Аббос Алиев чанд гоҳ

сармуҳаррири рӯзномаи «Озод Бухоро» ва муовини нозири маорифи Бухоро буд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалоли Икромӣ дар саргузаштномааш, ки таҳти унвони «Он чӣ аз сар гузашт» соли 2006 (пас аз вафоти муаллиф) чоп шуд, навиштааст, ки Аббос Алиев «пас аз инқилоби 1920 дар Комитети марказии партияи коммунистии Бухоро кор карда, ба гумонам, шуъбаи ташвиқот ва тарғиботро идора мекард».

Чуноне ки мебинем, дар ин бобат Ҷалол Икромӣ ҳам ба тахмин сухан рондааст. Лекин тахмини ӯ ба шуъбаи таблиғот дахл дошта, дар Кумитаи марказии ҳизб кор кардани Аббос Алиевро бидуни шакку шубҳа таъкид намудааст. Пас, ин хабарро, ки Аббос Алиев дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Бухоро кор кардааст, тавон пазируфт. Аммо боз маълум нест, ки кай ва чанд гоҳ он ҷо кор кард.
Ҳоло равшан он аст, ки Аббос Алиеви чобуку боғайрат ҳар ҷо кор кунад, аз дилу ҷон ва бо рӯҳбаландӣ кор мекард. Аз ин сабаб ва бо назардошти хидматҳои инқилобии ӯ, соли 1922 бо нишони «Ситораи зарин» («Олтин юлдуз») сарфароз гардид.

Ҷалоли Икромӣ гуфтааст: «Ҷавони базеб, далер ва боақл буд. Ҳамин қадар айб дошт, ки дар як ҷо ором кор карда наметавонист. Албатта, ба яке аз калонҳо мечаспид ва танқид мекард ва бо оппозитсия бармехост». Ба фаҳми банда, ин таъкиди Ҷ. Икромӣ чунин маъно дорад, ки Аббос Алиев дар ҳар маврид ва дар ҳар масъала фикри мустақил дошт ва ба андешаи хоси худ амал мекард. Ӯ табъи солим ва андешаи миллӣ дошта, наметавонист бо роҳу равиши нораво, судҷӯйӣ ва сиёсати пантуркистии баъзе сардорони Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро созиш бикунад.

Банда шунида будам, ки Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа – шахси якуми кишвар ихтилофи назар дошт. Ҷалол Икромӣ навиштааст, ки Аббос Алиев «бо Файзулло Хоҷаев ва дигарон даст ба гиребон буд». (Ҳамин ҷо. Дар бораи маҳви маънавии тоҷикон. Инчунин ниг: М.Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоб дар Бухоро. – Душанбе: Шуҷоъиён, 2010). Яъне, Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа сахт мубориза мекард. Гоҳо мубоҳисаву мунозираи Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа хеле тезу тунд мешуд. Хоҳарнабераи Аббос Алиев Зулфия Раҳимова ба мо аз шунидаҳояш чунин ҳикоят кард, ки боре баҳси Аббос Алиев ва Файзуллоҳи Хоҷа чунон шиддат гирифт, ки Аббос беихтиёр тапонча аз ҷайб баровард, Файзуллоҳи Хоҷа гурехт, Аббос тапонча ба даст аз паси ӯ давид, вале худро ба даст гирифту тир холӣ накард.

Ба гумони қавӣ, яке аз моддаҳои асосии ин ихтилофи назар, як сабаби ин талошу пархоши сахт масъалаи тоҷикон буд. Файзуллоҳи Хоҷа пешвои пантуркистҳои Бухоро буда, турксозии тоҷиконро як моддаи сиёсати ҳукумати шӯравии Бухоро қарор дода буд. Аммо Аббос Алиев яке аз тоҷикгароёни фидокор буда, барои ҳимояи ҳуқуқи мардуми тоҷик, барои пешгирии маҳви маънавии тоҷикон мубориза мекард.
Ин талоши Аббос Алиев боре чунон тезу тунд шуд, ки ӯ бо ҳаммаслакони тоҷикгарояш халқи Бухороро ба по хезонида, ба кӯчаҳо баровард. Ин рӯйдодро Ҷалоли Икромӣ худ дида буд ва чунин ҳикоят кардааст:
«Дар хотир дорам, ки боре бо рафиқонаш дар Бухоро шӯриш барин ҳодисаеро барпо кард. Ҳамаи мактабҳо ва одамони гузарҳоро ба по хезонда ба кӯча намоиш ташкил дод. Мақсад ҳамин буд, ки мактабҳои Бухороро тоҷикӣ кунанд! Дар ҳақиқат, пас аз намойиш тақрибан ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд». (Ҷ. Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт // «Садои Шарқ», 2008. - № 3. – С. 39 - 40).

Аз ин ҳикоят ба чанд нукта диққат ҷалб кардан мехоҳем.
Якум ин ки он намойиш на як рухнамуди андак, балки як воқеаи калон будааст, зеро чунончи Ҷ. Икромӣ мегӯяд, Аббос Алиев «бо рафиқонаш» «ҳамаи мактабҳо ва одамони гузарҳо»-ро, яъне қариб тамоми халқи шаҳрро ба по хезонида буд. Аз ин рӯ, бояд гуфт, ки он намойиш ба як шӯриши умумӣ табдил ёфт.
Аз ин мебарояд, ки дар Бухоро ба муқобили сиёсати пануркистии ҳукумати инқилобӣ шӯриш барпо шуда буд, ки намунае аз талошҳои фарзандони барӯманди миллат дар роҳи ҳифзи ҳувийяти миллӣ, дар роҳи ҳифзи забон ва фарҳанги миллист. Ин намойишу шӯриш ҳанӯз дар таърихи тоҷикони садаи бист (замони шӯравӣ) қайд нашудааст.
Дувум ин ки Аббос Алиев дар ин муборизаи қаҳрамононаи зидди пантуркизм танҳо набуд, балки «бо рафиқонаш» амал мекард ва он ҳаммаслакони тоҷикгарои ӯ, он зиёиёни талошга

ри тоҷик чунон зиёд буданд, ки тавонистанд қариб тамоми шаҳрро ба шӯр биёваранд. Яъне, он даъво, ки гӯё, зиёиёни тоҷик дар Бухоро пеш аз инқилоб ба туркони манғитӣ ва пас аз инқилоб ба пантуркистҳо фурӯхта шуда буданд ва нисбат ба ин «худфурӯхтагон» калимаҳои «предательство», «трусость», «лживость», «беспринципность»-ро бояд ба кор андохт – ин «назария» -и «худфурӯхтагии зиёиёни Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд» як пиндори ботил аст. Мо ин матлабро пеш аз ин чанд бор гӯшгузор оварда будем. (Ниг: М. Шакурии Бухороӣ. Садри Бухоро. – Душанбе: Деваштич – 2005; М. Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоб дар Бухоро. Душанбе: Шуҷоъиён, 2010) ва лозим донистем, ки ин ҷо ҳам аз гӯшрас худдорӣ накунем.
Севум. Аз ин ёдмондаи Ҷалоли Икромӣ маълум мешавад, ки Аббос Алиев муборизи шӯълавари зидди пантуркизм буда, дар роҳи ҳақ ба нотарсиву ҷонсупорӣ талош кардааст, қобилияте доштааст, ки ҷавонони ҳамиятмандро гирди худ ҷамъ биёвараду ба мубориза алайҳи душманони синфӣ сафарбар бикунад, бо санъати суханварӣ мардумони зиёдеро ба муборизаи миллии озодихоҳӣ бихезонад.

Дар ёддоштномаи Ҷалоли Икромӣ, мутаассифона, гуфта нашудааст, ки он намойишу шӯриши Аббос Алиев кай рӯй дода буд. Аз рафти сухани Икромӣ ҳам ба тахмин замони вуқӯи воқеаро дарёфтан имкон надорад. Банда дар рисолаи «Фитнаи инқилоб» фикри худро чунин баён карда будам, ки ин намойиш бояд дар миёнаи солҳои 1922 ё 1923 рӯй дода бошад. Дар овони ҷавонӣ аз хешовандон ва ҳамшаҳриҳо як - ду бор ба гӯшам расида буд, ки соли 1922 ё 1923 дар Бухоро ғалаёне сар зада, мардум, бар асари сиёсати пантуркистӣ ва зидди тоҷикии ҳукумати инқилобии Файзуллоҳи Хоҷа ба шӯр омадаанду бетартибиҳое кардаанд. Агар хато накунам, Ҷалоли Икромӣ ҳамин рухдодро дар назар дорад. Имрӯз, банда, бар ин андешаам, ки дар Бухоро – он намойиши зидди пантуркизм, ки Аббос Алиев сардорӣ кард, ба гумони қавӣ, соли 1922 рӯй дода буд.

Шояд воқеа дар нимаи аввали соли 1922 рӯй дода, дар нимаи дувуми сол, моҳи август - сентябр Аббос Алиевро ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ фиристода бошанд. Яъне, аз Бухоро дуртар ронданд, табъид карданд. Агар ин тахмини мо дуруст бошад, тавон гуфт, ба Маскав, ба таҳсил фиристода шудани Аббос Алиев як навъ ҷазо барои ташкили шӯриши зидди пантуркизм буд.
Чунончи Икромӣ мегӯяд, пас аз ин намойишу шӯриш қариб ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ – ба забони модарии аҳолии шаҳр гардонда шуд. Ин як пирӯзии бузург буд, ки Аббос Алиев ва намойишгарон ба даст оварданд. Вале ин пирӯзӣ дер напоид. Ҳукуматдорон дар андак муддат кам - кам боз мактабҳои Бухороро ба забони ӯзбакӣ гардонданд. Маълумоте ҳаст, ки соли 1924 – дар охири соли мавҷудияти Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро як мактаби тоҷикӣ боқӣ намонда буд, ҳамаро ӯзбакӣ карда буданд.
Дар даҳаи бистуму сиюми садаи бист дар Бухоро ва Самарқанд чанд бор бо ҷидду ҷаҳди зиёиён мактабҳои шаҳру атроф ё як қисми он тоҷикӣ шудааст. Лекин баъдтар боз он мактабҳоро ба ӯзбакӣ гардондаанд, зиёиёни мубориз ва ташаббускори тоҷикӣ кардани мактабро таъқиб кардаанд, ҷазо додаанд, аз шаҳр дур рондаанд ва ҳоказо. Агар таърихи мактаби тоҷикии Бухорову Самарқанди садаи бист навишта шавад, ҳама иборат аз талошу пархоши зиёиёни маорифпарвар дар роҳи ҳифзи забони модарӣ ва ҳувийяти миллӣ буда, баъзе саҳифаҳои он хунин ва ҳокӣ аз фоҷиаҳо хоҳад буд. Афсӯс, ки барои пажӯҳиш ва навиштани чунин таърихе иҷозат нахоҳанд дод.
Ҷалоли Икромӣ аз ҷузъиёти ҳаёти Аббос Алиев боз якеро ёдовар шудааст:
«Аз ҳамон рӯзҳо як чиз ба хотирам мондааст: Соли 1924, моҳи январ, дар Бухоро кадом як дастаи артистони тотор ба гастрол омада, пйесаи «Йӯлбосар Алим» ва чанд пйесаи дигарро намойиш медоданд. Як шаб, дар посоҷ, дар бинои театр, ба тамошои «Йӯлбосар Алим» машғул будем, ки нохост, дар айни рафта истодани бозӣ, пардаро пӯшонданду ба пеши саҳна Аббос Алиев баромаду гиря карда хабар дод, ки «доҳии меҳнаткашони олам», «падари бузургвори мо» Владимир Илич Ленин аз дунё чашм пӯшид!

Мо ҳама маъюсу ғамгин шудем. Театру саҳнаро фаромӯш карда, аз ҷо бархостему хона ба хона шудем. Рӯзи дигар митинги калоне барпо шуд. Дар ин ҷо ҳам Аббос Алиев ба сухан баромад». (Ҷ. Икромӣ. Он чӣ аз сар гу

зашт // «Садои Шарқ», 2008. - № 3. – с. 39).
Аз ин тасвири Икромӣ, аз ин ки Аббос Алиев ашкрезон аз даргузашти Ленин хабар дод, бармеояд, ки ӯ ба ормонҳои коммунистӣ содиқ аст, агарчи бо сиёсати пантуркистии баъзе ҳукуматдорони Бухорои шӯравӣ ва баъзе сарварони Ҳизби коммунисти Бухоро мубориза мекард ва шояд, дар бархе аз масъалаҳои дигар ҳам бо онҳо ихтилоф дошт, ба мароми коммунистӣ ва шояд, ба болшавизм низ, шак наоварда буд, ба маслаки коммунистии худ устувор буд.

Аз ин ки хабари даргузашти Ленинро Аббос Алиев ба мардум расониду рӯзи дигар ҳам дар митинги шаҳрӣ суханронӣ кард, тавон пай бурд, ки ӯ соли 1924, дар ҳақиқат, корманди шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро, ё ки мудири ин шуъба буд. Пас, он гуфтаи Икромӣ (чунончи дар боло дидем), ки Аббос Алиев, гӯё, дар шуъбаи ташвиқоту тарғиботи КМ кор мекард, аз ҳақиқат дур нест.

Соли 1924 Ҷумҳурияти Халқии Шӯравии Бухоро барҳам хӯрд. Бухороро ба импиротурии болшавикӣ илҳоқ карданд. Бо марзбандии миллии Осиёи Миёна, соли 1924, Ҷумҳурияти Шӯроии Сотсиалистии Ӯзбакистон ва дар ҳайати он Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуд. Аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ғайра, мардумоне, ки касбу кори гуногун доштанд, ба Душанбе омадан гирифтанду бештари онҳо мақсад доштанд, ки Тоҷикистон бисозанд. Бисёре аз тоҷикгароёни Бухоро, касоне чун Абдулқодир Муҳиддинов ва Аббос Алиев ба Тоҷикистон омаданд. Абдулқодир Муҳиддинов нахустин сарвазири Тоҷикистон – раиси Шӯрои комиссарони халқӣ, Аббос Алиев якумин вазири маорифи Тоҷикистон – комиссари халқии маориф шуд. Муовини вазир Аббос Алиев устод Лоҳутӣ буд.

Дар зиндагиномаи мухтасари Аббос Алиев дар донишномаҳои мазкури Тоҷикистон ва Ӯзбакистон гуфта шудааст, ки солҳои 1924-1927 вазири маориф ва дар айни замон узви Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон будааст. Банда медонам, ки Аббос Алиев он солҳо сардори якумин ятимхона (интернат)-и Тоҷикистон дар Душанбе низ буду Мирзо Турсунзода чанд гоҳ дар ин сағирхона ба дасти Аббос Алиев тарбия дидааст.
Аббос Алиев ба сифати вазири маориф ба кушодани нахустин мактабҳои шӯравӣ ва тарбияи якумин муаллимони ин мактабҳо машғул буда, барои ба вуҷуд овардани низоми нави замонии таҳсилот дар Тоҷикистон аввалин қадамҳои ҷиддӣ гузошт. Дар Донишномаи Тоҷикистони Шӯравӣ барҳақ ӯро «яке аз муассисони маорифи халқ» номидаанд.
Он солҳо, ки вазири маориф буд, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон, ки нав шакл мегирифт, ширкат дошт. Барои таъсиси якумин маҷаллаи Тоҷикистон «Дониш ва омӯзгор» бисёр давутоз кард ва соли 1926 сармуҳаррири он буд. Инчунин, нахустин рӯзномаи Тоҷикистон «Бедории тоҷик» бо ширкати фаъолонаи ӯ таъсис ёфт. (Дар ин бора ниг: П.Гулмуродзода. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. – Душанбе: Ирфон. 2006. – с. 152-158). Ш.Саъдиев мегӯяд: «Ӯ чун рӯзноманигори оташсухан бо мақолаҳои рӯзмаррааш дар ҷумҳурӣ машҳур буд».
Дар солҳои вазирӣ муборизаи зидди пантуркизмро идома дод, намунаи барҷастаи ин мубориза мақолаи машҳури ӯ «Масъалаи миллӣ дар Бухорову атрофи он» аст, ки соли 1928 чоп шуд. Дар ин мақола ӯ, чун Абдулқодир Муҳиддинов ва дигарон, кӯшидааст исбот бикунад, ки мардуми Бухорову атрофи он тоҷиканд ва бояд мактаби тоҷикӣ дошта бошанд. Ин мақолаи Аббос Алиев падидае аз ҳақталабии миллии мардуми тоҷик ва муборизаи миллии озодихоҳии эшон аст.
Пайванди Гулмуродзода ин мақоларо бори дувум чоп кард. (Ниг.: П.Гулмуродзода. Забон ва худшиносии миллӣ, қ. 1. – Душанбе, 2007. – С. 202 – 212).

Сабаби рафтани Аббос Алиев аз Вазорати маорифи Тоҷикистони мухтор маълум нест. Дар ҳамон гувоҳинома (Справка о научно-педагогической работе профессора А.А.Алиева), ки дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон, дар парвандаи Аббос Алиев ҳаст, ишора шудааст, ки ба сабаби ихтилофи назар бо И.Зеленский – котиби Дафтари осиёимиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ охири соли 1926 Аббос Алиев ба Тошканд пас хонда шуд: («В связи с его разногласием с секретарем Средазбюро ЦК Зеленским (впоследствии расстрелянным врагом народа), А.А.Алиев был отозван из Таджикстана в конце 1926 г.»).
Чуноне ки мебинем, сабаби барканор

ии Аббос Алиев аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ихтилофи ӯ бо И.Зеленский будааст. Маълум мешавад, ки на танҳо бо Файзуллоҳи Хоҷа ва раҳбарони Ҷумҳурии Бухоро, балки бо раҳбарияти созмони коммунистии Осиёи Миёна низ ихтилоф доштааст. Ин ҷо он гуфтаи Ҷалоли Икромӣ, ки Аббос Алиев ҳамеша бо сардорон даст ба гиребон буд, боз як бор тасдиқ мешавад.

Мутаассифона, аз ҳеҷ сарчашмае ошкор нагардид, ки Аббос Алиев бо И.Зеленский чӣ ихтилоф дошт. Шояд, ин ихтилоф ба табартақсими соли 1924, ки И.Зеленский яке аз сардорони он буд, алоқа дошта бошад. Маҳз дар ҳамин вақт Аббос Алиев дар бораи вазъи онрӯзаи мардуми Бухоро ҳамон мақолаи «Масъалаи миллӣ дар Бухорову атрофи он»-ро навишта буд, ки соли 1928 чоп шуд. Ё, мумкин аст, ки, баръакс, ихтилофи назар бо созмони ҳизбии Осиёи Миёна сабаби навиштани ин мақола шуда бошад. Ба ҳар ҳол, аз эҳтимол дур нест, ки талошу пархоши Аббос Алиев бо падидаҳои гуногуни пантуркизм, ки боиси душмании ӯ бо Файзуллоҳи Хоҷа шуда буд, муносибати ӯро бо И.Зеленский низ вайрон кард.

Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа ва созмонҳои ҳизбии Бухорову Ӯзбакистон, асосан дар ду масъала ихтилоф дошт: Якум, ба сари қудрат овардани пантуркизму панӯзбакизм дар Бухоро; дувум – таҳрифи таърихи инқилоби Бухоро дар навиштаҳои Файзуллоҳи Хоҷа.
Гумони банда ин аст, ки дар соли 1926 ба хашми И.Зеленский дучор омадани Аббос Алиев низ ба ҳамин масъалаҳо вобастагӣ дорад.
Инҳо ҳама тахмин аст. Асли масъала аз бойгонии Дафтари Осиёи Миёна – Средазбюро маълум хоҳад шуд. Камина ҳоло ба ин бойгонӣ дастрасӣ надорам.

Дар гувоҳиномаи мазкур таъкид шудааст, ки пас аз он ки созмони ҳизбии Осиёи Миёна Аббос Алиевро аз вазифаи вазири маорифи Тоҷикистон сабукдӯш кард, ӯ муовини вазири маорифи ҶШС Ӯзбакистон таъйин гардид.
Дар як пурсишнома (личный листок по учёту кадров), ки Аббос Алиев пур кардаасту дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, дар бораи таъйинаш чун муовини вазири маорифи Ӯзбакистон ишорае нест.
Дар ин пурсишнома ба дасти худи Аббос Алиев навишта шудааст, ки солҳои 1927-1930 дар Институти шарқшиносии Маскав таҳсилу кор кардааст. Яъне, чуноне ки соли 1922 дар Бухоро Аббос Алиевро аз кор холӣ карда ба Маскав, барои таҳсил, фиристода буданду ин як навъ ҷазо барои «гуноҳе» буд, чунин ҷазое боз ба сари ӯ омад.

Дар пурсишномаи мазкур Аббос Алиев навиштааст, ки аз соли 1927 то 1936 узви Шӯрои шаҳри Тошканд буд. Яъне, шояд, то тобистони соли 1927 дар Тошканд будаасту баъдан, ба Маскав рафта бошад ҳам, узвияти ӯ дар Шӯрои шаҳри Тошканд ҳамчунон идома доштааст.
Мо дар бораи таҳсили Аббос Алиев дар Донишкадаи шарқшиносии Маскав пойинтар сухан хоҳем ронд. Ҳоло ёдовар мешавем, ки ба гувоҳии Ҷалоли Икромӣ, тобистони соли 1928 Аббос Алиев дар Бухоро будааст. Икромӣ дар ёддоштҳои мазкури худ мегӯяд:
«Ҳамон соле (1928), ки ман аз мактаби олии Самарқанд нағз имтиҳон дода, хурсанду шод ба Бухоро баргаштам, Аббос Алиев дар Бухоро мудири илмии курси тобистонии такрории муаллимон шуда будааст. Ман, ки пештар каме шиносоӣ доштам, рафиқонам маро ба назди вай бурданд. Вай маро хуш қабул карду дарҳол муаллими адабиёти ӯзбак таъйин намуд». Ҷ.Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт // «Садои Шарқ», 2008. - № 3. С. 38.
Аз ин мебарояд, ки Аббос Алиев солҳое, ки дар Маскав, дар Донишкадаи шарқшиносӣ таҳсил дошт (солҳои 1927-1930), гоҳ-гоҳ, шояд ҳангоми таътили тобистонӣ ба Бухоро (эҳтимол ба Душанбе низ) меомад ва барои мадади маош кор мекард.

Аз як хабари рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» маълум мешавад, ки 4 январи соли 1929 Аббос Алиев дар Бухоро будааст. Ин хабари рӯзнома бисёр ҷолиб буда, вазъи Бухоро, идомаи муборизаи зидди пантуркизм ва чигунагии онро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, мо ин ҷо ин хабарро ба таври комил меоварем:
«4 январи соли 1929 дар Бухоро… бо иштироки фирқагиҳои миллатҳои майда маҷлиси умумии комиссияи мазкур нишасте кард… Зиёдтар аз 100 нафар ҷамъ шуда буд. Аз байни онҳо 14 нафар сухан кард. Ҳамаи онҳое, ки сухан карданд…, дар сухани худашон исбот мекарданд, ки аҳолии Бухоро аслан тоҷиканд, аксариятро дар ин ҷо тоҷикон ташкил мекунанд, тоҷиконро дар ин ҷо ба қатори миллатҳои майда даровардан дуруст нест ва ҳоказо…

Дар бораи таълиму тарбияи кӯ

дакони хурдсол бисёре аз нотиқон дар сухани худашон изҳор намуданд, ки бачагони Бухоро тоҷикзабон, вале дар мактабҳои ибтидоии шаҳрӣ онҳоро маҷбур мекунанд, ки ба забони ӯзбакӣ бихонанд. Чун онҳо забони ӯзбакиро намефаҳманд, корҳои таълиму тарбия бисёр сахт ва балки пешрав нест. Як қисм аз наттоқҳо дар бораи матбуот ва нашрияи миллатҳои майда сухан карда гуфтанд, ки мо аз идораи рӯзномаи «Озод Бухоро» талаб кардем, ки барои бурдани корҳои фирқавӣ дар байни миллатҳои майда як саҳифаи рӯзномаи мазкур ба забони тоҷикӣ нашр бишавад. Ин талаби моро Окружкоми фирқа ҳам қабул намуда буд. Бинобар он, мо мақолаҳое чанд ба забони тоҷикӣ навишта, ба идораи «Озод Бухоро» бурдем, ки дар рӯзнома дарҷ бикунанд. Вале аз он ҷо ба мо ҷавоб доданд, ки шрифти тоҷикӣ нест ва ҳол он ки рӯзнома бо шрифти алифбои арабӣ чоп мешуд, ки вай барои забони тоҷикӣ ва ӯзбакӣ як аст… Гуфтанд, ки дар атрофи Бухоро 11 Шӯрои тоҷикзабон ҳаст. Аввалан, ин шӯроҳо тамоман ба забони ӯзбакӣ кор мекунанд, сониян, дар ҳар ҷо, ки шӯрои тоҷикӣ ҳаст, халқи маҳаллӣ он ҷо худашонро тоҷик мегӯянд, гӯё, дар ин мобайн вайронкорӣ ҳаст…

Рафиқ Аббос Алиев дар сухани худаш баъзе аз санадҳои таърихро ёдоварӣ карда, ба таври хулоса ва асоснок нишон дод, ки халқи аслии Бухоро тоҷиконанд, тоҷиконро дар ин ҷо аз миллати майда ҳисоб кардан аз инсоф нест, чигуна ки дар аввал буданд, ҳамин тавр ҳам ҳоло ва дар оянда онҳо тоҷик мебошанд». (Қосимов. Бухоро тоҷик ё ӯзбак? // «Тоҷикистони Сурх», 1929, 12 январ).
Чуноне ки мебинем, дар охири даҳаи бист дар Бухоро мубориза зидди пантуркизм идома дошт. Он солҳо дар Бухоро, Самарқанд ва дигар манотиқи Ӯзбакистон калимаи «майдамиллат» маънои таҳқиромез пайдо карда буд ва яҳудиёну тоҷиконро ба таҳқир майдамиллат мегуфтанд ва аз бисёр ҷиҳатҳо ба миллати ӯзбак, ки гӯё, миллати асосӣ буд, баробарҳуқуқ намедонистанд. Ҳуқуқи тоҷикон поймолшуда буд, дар ҳаёти иҷтимоӣ, дар мактабу маориф ва матбуоту нашриёт батамом аз ҳуқуқ маҳрум монда буданд. Баъзе тоҷикҳо аз бадномии «майдамиллат» шармида, худро ӯзбак менависонданд. Ошкор аст, ки Аббос Алиев барои дафъи чунин ҳолати нангин мубориза кардааст. Ӯ ҳанӯз муборизи зидди пантуркизм будааст.

Аз ин хабари рӯзнома ва дигар манбаъҳо маълум нест, ки чаро он гоҳ Аббос Алиев дар Бухоро буд ва он ҷо чӣ машғулият дошт. Шояд ин бор ҳам ҳангоми таътил ба зиёрати ватан омада буд.

Имомназар Келдиев ва Салоҳ Солеҳов – муаллифони зиндагиномаи Аббос Алиев дар «Донишномаи Тоҷикистони Шӯравӣ» гуфтаанд: Аббос Алиев «мактаби олии партиявӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)-ро хатм кардааст».

Банда низ аз солҳои донишҷӯйӣ (1941-1945) медонистам, ки устоди мо дар Институти профессорони сурх таҳсили илм кардааст, вале намедонистам, ки он институтро кай ба поён расонидааст.

Шояд Салоҳ Солеҳов, ки солҳои донишҷӯйии банда низ донишҷӯй буд, аз рӯйи ҳамон пиндори донишҷӯён хабари таҳсили Аббос Алиев дар Донишкадаи профессорони сурхро дар Донишнома дарҷ карда бошад.
Пас маълум шуд, ки ин пиндор ботил аст. Чуноне ки болотар гузашт, аз пурсишномаи худнавиштаи Аббос Алиев маълум мешавад, ки ӯ солҳои 1927 -1930 донишҷӯйи Донишкадаи шарқшиносии Маскав буд.
Ш. Саъдиев дар бораи таҳсили Аббос Алиев дар Институти шарқшиносии Маскав андак батафсил сухан рондааст, ки «дар ин солҳо ӯ ҳамчун донандаи забонҳои халқҳои Осиёи Миёна, арабӣ, туркӣ, урду ном бароварда, забонҳои русӣ, лотинӣ ва инглисиро низ аз худ мекунад».

Ин маълумот аз ҳамон пурсишнома, ки дар боло аз он чанд иқтибос оварда будем, гирифта шудааст. Аббос Алиев дар боби 24-и пурсишнома аз забонҳое, ки медонаду чанде аз онҳоро дар Донишкадаи шарқшиносии Маскав ёд гирифта буд, инҳоро номбар кардааст: инглисӣ, лотинӣ, арабӣ, урду, туркӣ, форсӣ ва «забони халқҳои Осиёи Миёна». Ин ҷо мақсад аз «забони халқҳои Осиёи Миёна», пеш аз ҳама, ӯзбакӣ ва туркманӣ бояд дар назар бошад. Ба ин рӯйхат забони русиро низ илова кардан лозим аст. Пас, Аббос Алиев нуҳ забонро медонистааст. Алҳақ, Аббос Алиев дар забондонӣ дар даҳаи сиюми садаи бист дар миёни равшанфикрони тоҷик шояд ягона бошад.

Зиёда аз ин, Ш.Саъдиев порае аз назарнома (изҳори назар)-и академик В.В.Струверо дар б

ораи Аббос Алиев дар солҳои таҳсили ӯ дар Институти шарқшиносии Маскав овардааст, ки аҷаб баҳои баланд дар бораи дониши Аббос Алиев аст. Дар мақолаи Ш.Саъдиев омадааст:
«Шарқшиноси машҳур академик В. В. Струве дар бораи ӯ менависад: «Профессор Аббос Алиевро ман аз соли 1929 мешиносам. Ӯ дар таҳқиқи илмиву тарҷумаи хати қадимаи оромӣ (мехӣ) иштирок мекард ва аз фанни «Таърихи мамлакатҳои Шарқи қадим» дарс медод. Тадқиқотчии боистеъдоди тоҷик барои хидматҳояш дар тарҷумаи хати қадимаи мехӣ ду маротиба аз ҷониби роҳбарият қадршиносӣ гардид». (Ш.Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон // «Адиб», 2004. - № 6, - с. 68).
Забони оромӣ забони кӯҳнаи мурда – забони даҳум аст, ки Аббос Алиев то расидан ба синни 32-33 омӯхтааст.

Ин ҳам муҳим аст, ки дар солҳои таҳсили олӣ дар ҳамон Донишкадаи Маскав аз таърихи Шарқи қадим дарс ҳам мегуфтааст.
Пас, санаҳои асосии зиндагии Аббос Алиев, тартиби замонии рӯзгори ӯро аз нимаи даҳаи бист то нимаи даҳаи сӣ ба ин тарз метавон таъйин кард:
Солҳои 1924-1927 – вазири маорифи Тоҷикистон;
Солҳои 1927 -1930 – таҳсили илм ва кор дар Институти ховаршиносии Маскав;
Солҳои 1930 – 1936 – устоди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ, Тошканд) ва Дорулмуаллимини тоҷикон (Тошканд).
Дар бораи ин ки кори Аббос Алиев дар Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Дорулмуаллимини тоҷикон чӣ гуна буд, дар фасли шашуми ин мақола сухан хоҳад рафт.

Гӯё Аббос Алиевро ба Институти шарқшиносии Маскав ҳукуматдорони Тошканд (пойтахти нави Ӯзбакистон) фиристода буданд, ки пас аз хатми он институт ба Тошканд ба кор омад.
Дар Донишномаҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон гуфта шудааст, ки «фаъолияти илмӣ ва педагогии ӯ аз соли 1933 дар Университети давлатии Осиёи Миёна (УДОМ) сар шуд».
Ин маълумотро аз рӯйи пурсишномаи ёдшуда, ки худи Аббос Алиев пур кардааст, андак ислоҳ кардан лозим меояд. Аз ин пурсишнома дида мешавад, ки ӯ соли 1930 ба Тошканд омада, соли 1930-1931 ассистенти институт, соли 1931-1932 дотсенти САГУ – Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, соли 1932 – 1936 профессори САКУ – Среднеазиатский коммунистический университет – Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёна будааст. Чуноне ки дар гувоҳинома (справка)-и номбурда гуфта шудааст, унвони профессории Аббос Алиевро Шӯрои илмии давлатии РСФСР (Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия) тасдиқ карда буд.

Ин аст, ки Аббос Алиев аз тоҷикон якумин донишманде буд, ки ба унвони профессорӣ расид. Абдуррауфи Фитрат хеле пештар аз Аббос Алиев унвони профессорӣ дарёфт, лекин Фитрат худро турк ба қалам дода, ба сифати як донишманди ӯзбак соҳиби ин унвон гардид. Аз ин рӯ, мо на Фитрат, балки Аббос Алиевро нахустин профессори тоҷик ба шумор меоварем.

Он солҳо, ки дар Донишгоҳи Осиёи Миёна кор мекард, дар Дорулмуаллимини тоҷикон, ки дар Тошканд буд, низ дарс медод. Он солҳо, ки дар Тоҷикистон вазири маориф буд, барои таъсиси ин Дорулмуаллимини тоҷикон хеле кӯшиш карда буд ва яке аз муассисони ин Дорулмуаллимин аст, ки якумин мактаби олии Тоҷикистон, мактаби олии нопурра буд.
Аббос Алиев илми таърихро хеле ба густардагӣ фаро гирифта буд. Дар Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Дорулмуаллимини тоҷикон аз риштаҳои гуногуни таърих дарс мегуфт. Эҳтимол, чунончи Икромӣ ишора кардааст, аз таърихи Ҳизби коммунисти Русия ва назарияи марксизм низ дарс дода бошад.

Дар солҳои баъд бештар аз таърихи Шарқи қадим дарс медод.
Дарсҳои Аббос Алиев дар Тошканд шукӯҳе дошт. Ӯ бо ҳашамату пӯшоки зебо ба дарс меомад ва чун худаш ҳам зебову бархурдор аз санъати суханварӣ буд, аз тамоми он шаҳри бузург донишҷӯён ба дарси ӯ меомаданд. Дар Донишгоҳи Осиёи Миёна, чун ӯ ба дарсхона суханронӣ мекард, аз ду тарафаш ду тунднавис нишаста, дарси ӯро сабт мекарданду ба шумораи зиёде мошиннавис карда, ба донишҷӯён медоданд. Обрӯйи ӯ чун омӯзгори забардасту донишманд басуръат афзудан гирифт.

Бозмондагони Аббос Алиев, ки имрӯз дар Душанбе ҳастанд, гуфтанд, ки ӯ дар Бухоро зан гирифта буду аз он зан ду фарзанд дошт. Лекин баъд, ба чӣ сабабе аз занаш ҷудо шуд. Чун таҳсилро тамом карда ба Тошканд омад, боз издивоҷ кард. Пас аз чанде ин ҳамсараш аз ӯ худро канор гирифта, ғайб зад. Хоҳарзодаи Аббос Алиев Азим Боқиев, ки сокини Душанбест, ба мо гуфт,
​​​​🍃Ақлнинг гўзаллиги —
Фикр билан;
🍃Руҳнинг гўзаллиги —
Шукур билан;
🍃Тилнинг гўзаллиги —
Сукут билан;
🍃Қалбнинг гўзаллиги —
Зикр билан;
🍃Ҳолнинг гўзаллиги —
Ҳидоятда бўлиш билан;
🍃Сўзнинг гўзаллиги —
Ростгўйлик билан;

Буларнинг барчасини гўзаллиги —
АЛЛОҲГА БЎЛГАН МУҲАББАТ БИЛАНДИР!

@RESPUBLIKA_FILOLOGLARI
tj.yoqubjon.sarguzashti_p_1.apk
3.8 MB
Саргузашти Муҳаммад (с)
com.dev.man.paumbaratro_bishnos_3.apk
4.8 MB
Паёмбаратро бишнос!
tj.yoqubjon.zindagii_payombar_3.apk
3 MB
Зиндагонии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам
com.nopadeed.farziayn_6.apk
11 MB
Фарзи айнъи тоҷики