HIDOYAT.TV.TJ
24 subscribers
435 photos
218 videos
1 file
594 links
АССАЛАМУ АЛАЙКУМ БЕ ПУЛ КАНАЛОИ ИСЛОМИ РЕКЛАМА МЕКУНЕМ 5КАНАЛДА ШУМО ФАКАТ ОДАМ ДОБ КНЕН ГРУПАДА ТАМОМ
Download Telegram
Forwarded from . (Эҳсонҷон)
#Шайх Фаридуддини Аттор

Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,
То бияндозанд андар чаҳ туро.
Нафсро сар кӯбу доим хор дор,
То тавонӣ, дураш аз мурдор дор.
Нафси бадро ҳар кӣ сераш мекунад,
Дар гунаҳ кардан далераш мекунад.
Хулқи худро дур дор аз ҳар маза,
То наяфти дар балову дар база¹.
Зи обу нон то лаб шикамро пур масоз,
Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз.
Рӯз кам хур, гарчӣ соим² нестӣ,
Пур махур, охир баҳоим³ нестӣ.
Дил дар ин дунёи дун бастан хатост,
Доман аз вай гар ту барчинӣ равост.
Аз чӣ бандӣ дил ба дунёи дунӣ,
Чун наӣ ҷовид дар вай буданӣ.
Толиби ҳар сурати зебо мабош,
Дар ҳавои атласу дебо мабош⁴!


¹База – хато, гуноҳ.
²Соим – рӯзадор.
³Баҳоим – ҳайвон, чорпо.
⁴Дебо – ҳарир
https://t.me/rohnajot