Sputnik Тоҷикистон
5.62K subscribers
22.6K photos
8.14K videos
31.1K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
Зеленский дар зиёфати саммити НАТО дар Анқара иштирок хоҳад кард, аммо ба ӯ иҷозат дода намешавад, ки дар ҷаласаҳои иттиҳод ширкат кунад, хабар медиҳад CNN.

"Ин нишонаи он аст, ки орзуҳои Киев барои ҳамроҳ шудан ба ин иттиҳод амалинашвандаанд", - омадааст дар матлаб.
Даромади соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24% афзоиш ёфтааст, - Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Геологҳо дар Тоҷикистон ҷустуҷӯи захираҳои нафт ва газро идома медиҳанд.

Захоир дар пастии Фарғона ва Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгиранд, изҳор дошт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон.

Ӯ афзуд, ки барои муайян кардани маълумоти мушаххас дар бораи ин захоир парма кардани чоҳҳо зарур аст.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Нархи сомонӣ дар Русия поин рафт.

Сад сомонӣ муодили 820 рубл шудааст. Тафсилоти бештарро дар тасвирбаён бубинед.

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍4
Нархи рубл ва евро дар Тоҷикистон боло рафта, доллар арзон шудааст.

Тафсилоти бештар дар мавриди нархи асъори хориҷиро дар тасвирбаён бубинед.

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍21
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низоми махсуси зиддиқаллобӣ – "Антифрод" фаъол кардааст, ки дар ду моҳ беш аз 363 ҳазор зангҳои эҳтимолан қаллобиро ошкор кардааст.

Айни замон ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон ба низоми мазкур пайваст гардида, санҷиши зангҳои воридотии байналмилалӣ ба таври худкор анҷом дода мешавад, иттилоъ доданд масъулони Хадамоти алоқа зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон.

Аз 1 май то 1 июли соли 2026 низоми "Антифрод" қариби 437 ҳазор занги воридотии байналмилалиро санҷида, ба қариби 74 ҳазор занг иҷозати пайвастшавӣ дода, 363 ҳазор ё ин ки 83%-ро ҳамчун эҳтимолан қаллобӣ ё дорои нишонаҳои ивазкунии рақам рад кардааст.

Татбиқи низоми мазкур яке аз тадбирҳои муҳими амалии Хадамот дар самти ҳифзи муштариёни шабакаҳои алоқа, коҳиш додани хавфи киберқаллобӣ, пешгирии spoofing ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба хизматрасониҳои мобилӣ ба ҳисоб меравад, афзуд роҳбарияти ин ниҳод.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1👍1
Суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш дода шуд.

Дар ин бора намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иттилоъъ доданд.

Суръати интернети собит ҳоло ба 48,71 Мбит/с расонида шуда, ин нишондиҳанда дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😁5
Корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 213 ҳазор мусофирро интиқол додааст.

Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст, иттилоъ доданд масъулони КВД зимни нишасти матбуотӣ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Дар Тоҷикистон 131 истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 97 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 5, Кулоб 3 адад ва Хуҷанд 24 адад фаъоланд, иттилоъ доданд масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Мутобиқи нақша, насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ ва тибқи ҳиссаи муқарраргардида амалӣ мегардад.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Эрон ва ИМА боз табодули зарбаҳо анҷом доданд.

Нерӯҳои ИМА нахуст зарба зада, онро посух ба ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Ҳурмуз гуфтаанд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, беш аз 80 иншооти ИМА дар минтақаро ҳадаф қарор додааст.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😡1
Бору мусофирбарӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ твассути ҳама намуди нақлиёт беш аз 76 млн тонна бор ва зиёда аз 552 млн мусофир интиқол дода шудааст, иттилоъ дод вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Нисбат ба соли 2025 боркашонӣ беш аз 14% ва мусофирбарӣ 8% афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Ташкили нуқтаҳои мубодилаи интернет ё худ IXP - Internet Exchange Points дар шаҳрҳо, аз ҷумла марказҳои вилоятҳо дар назар аст.

Ин ба коҳиш додани арзиши интернет ва баланд бардоштани суръат мусоидат мекунанд, иттилоъ дод роҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Айни ҳол IXP дар Душанбе ва шаҳри Хуҷанд татбиқ гардида, дар дигар шаҳрҳо низ роҳандозӣ мешавад, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Зарба ба корхонаи "Самсунг-Украина" дар Киев зада шуд, - Вазорати дифои Русия.

Дар корхонаи мазкур таҷҳизоти мушакҳои болдори FP-5 "Фламинго" тавлид ва нигоҳдорӣ мешуданд, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Тоҷикистон ба 10 кишвари дигар парвозҳо роҳандозӣ карданист.

Айни замон, лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Маҷористон, Сингапур, Миср, Кипр ва Литва дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, иттилоъ доданд масъулони Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
✈️ Тоҷикистон аз Чин ҳавопаймо мехарад.

Кишвар қасд дорад аз ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои "COMAC"-и Чин ҳавопайҳомо харад.

Дар ин бора намояндагони Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иттилоъъ доданд.

Ҳамчунин миёни шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Чин хатсайрҳои нави ҳавоӣ кушода хоҳад шуд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Аксари парвозҳоро ба Тоҷикистон ширкатҳои ҳавопаймоии Русия анҷом медиҳанд.

Парвозҳои мунтазам бо шумораи умумии 275 парвоз дар як ҳафта анҷом дода мешавад, иттилоъ доданд намояндагони Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Аз ҷумла 72 парвози ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, 159 парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, 44 парвозҳои дигар ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар як ҳафта ба 57 самт анҷом мешавад, афзуд Агентӣ.

Парвозҳо дар 5 самти маҳаллӣ, 32 самти Русия ва 20 самт ба дигар кишварҳои хориҷӣ амалӣ мегарданд, илова намуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
👎1
Тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ним сол 579 ҳазор мусофир омада,  592 ҳазор мусофир рафтаанд.

Дар умум фурудгоҳи пойтахт дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба 1,17 млн мусофир хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 ҳазор мусофир, ё 13% зиёд мебошад, иттилоъ доданд масъулони Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсола.

🔶 @SputnikТj дар MAX
✈️ Эҳтимол дорад, ки миёни Тоҷикистон ва Миср парвозҳои боркашонӣ роҳандозӣ шавад.

Дар ин бора намояндагони Авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иттилоъ доданд.

Ин масъаларо директори Авиатсияи граждании Тоҷикистон бо намояндагони Миср ва ширкатҳои ҳавопаймоии "Air Cairo" ва "EgyptAir" баррасӣ кардааст.
1
Тоҷикистонро боз селу обхезӣ таҳдид мекунад.

Бинобар гармии доимӣ, дар ду рӯзи оянда дар минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ селҳои яхӣ пешбинӣ мешаванд, иттилоъ дод Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон.

Мақомот аз сокинон даъват карданд, ки эҳтиёткор бошанд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
2
Мусофирбарии "Тоҷик Эйр" дар хатсайрҳои дохилии Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Ширкат дар ним сол дар хатсайри Душанбе - Кӯлоб, Душанбе - Панҷакент, Душанбе - Рашт, Душанбе-Ховалинг, Душанбе - Хоруғ ба зиёда аз 1,4 ҳазор мусофир хизмат расондааст, иттилоъ доданд масъулони Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Мусофирбарӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 426 нафар, ё 23% кам мебошад, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Нархи нафт пас аз эълони Трамп дар бораи қатъи оташбас байни ИМА ва Эрон боло рафт.

Нархи нафти Brent аллакай то 78 доллар барои як баррел боло рафтааст, бармеояд аз додаҳои бозори ҷаҳонӣ.

🔶 @SputnikТj дар MAX