Sputnik Тоҷикистон
5.62K subscribers
22.7K photos
8.16K videos
31.3K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
Ғарб ҳамкорони фашистиро ҳамчун муборизони озодӣ ситоиш мекунад, гуфт вазорати корҳои хориҷии Русия.

Бо ин кор онҳо ҷинояткорони ҷангиро ислоҳ сафед мекунанд, гуфт Григорий Лукянсев, директори Департаменти ҳамкории бисёрҷониба оид ба ҳуқуқи инсон, зимни суханронӣ дар Вена.

"Кишварҳои Ғарб таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро пайваста ва фаъолона таҳриф мекунанд",- гуфт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки Украина, кишварҳои Балтика ва Молдова дар сафи пеши ин тамоюли хатарнок қарор доранд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Тоҷикистон саршумори чорвои хушзотро аз ҳисоби бордоркунии сунъӣ афзоиш медиҳад.

Дар ҷамъбасти нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ 297 адад чунин нуқтаи бордоркунии сунъӣ фаъолият дошта, аз ин шумора 251 ададаш амалкунада буда, дар онҳо 21,6 ҳазор сар чорвои калони шохдор бо усули сунъӣ бордор карда шуданд, иттилоъ дод Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар нишасти матбуотӣ.

Аз ин ҳисоб қариби 18 ҳазор сар сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 500 сар зиёд мебошад, афзуд Кумита дар ҷамъбасти нимсола.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Лавров ду сабабро, ки Аврупо Украинаро бо силоҳ таъмин мекунад, ном бурд.

Ғарб нақша дорад, ки Русияро тавассути дасти дигарон заиф кунад ва кӯшиш мекунад, ки вазъи ногувори иқтисоди худро ба ҳамин восита пинҳон созад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Корҳо сари таҳияи Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ дар Тоҷикистон идома доранд.

Бо ин ҳадаф гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, харита доир ба мавзеъҳои таърихии шӯриш иттилоъ ироа хоҳад кард, иттилоъ дод Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон.

Ҳадаф ҷалби сайёҳон ва инчунин шиносоӣ бо ҳаёт ва зиндагии мардуми ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон арзёбӣ мешавад.

Харита аз оғоз то анҷоми шӯришро фаро гирифта, доир ба деҳаҳою мавзеъҳои таърихӣ маълумоти мушаххас медиҳад, афзуд Агентӣ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍1
Тоқаев ҳақ дорад, ки дигарбора номзадияшро ба президентӣ дар Қазоқистон пешниҳод кунад.

Дар ин кишвар аз 1 июл Конститутсияи нав эътибор пайдо кард, ки мувофиқи он сарвари давлат метавонад ба мӯҳлати ҳафт сол на бештар аз як маротиба интихоб шавад.

Аммо, Додгоҳи конститутсионии ҷумҳурӣ ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев иҷозат дод, ки дар соли 2029 дубора номзад шавад, зеро ин қонун пас аз оғози раёсати ӯ қабул шуда буд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😁41
Аз президенти бошгоҳ то сармураббӣ: Беадабҳои футзали Тоҷикистонро ҷазо доданд.

Кумитаи назорату интизоми Лигаи футзали Тоҷикистон аз ҷумла президенти клуби "Сипар" Зафар Раҳмоновро барои таҳқири масъулини бозии Ҷоми Тоҷикистон аз чаҳор бозӣ маҳрум ва ба маблағи ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Барои рафтори ғайриэтикӣ баъди бозӣ, сармураббии "Соро Компания", Пайрав Воҳидов аз ҳаққи иштирок дар ду бозӣ ва 500 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид, иттилоъ дод ФФТ.

Бозигарони дигари "Соро Компания" ва "Сипар" низ барои дашному ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ аз иштирок дар бозиҳо маҳруму ҷаримабандӣ шудаанд, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😁21
Зеленский дар зиёфати саммити НАТО дар Анқара иштирок хоҳад кард, аммо ба ӯ иҷозат дода намешавад, ки дар ҷаласаҳои иттиҳод ширкат кунад, хабар медиҳад CNN.

"Ин нишонаи он аст, ки орзуҳои Киев барои ҳамроҳ шудан ба ин иттиҳод амалинашвандаанд", - омадааст дар матлаб.
Даромади соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24% афзоиш ёфтааст, - Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Геологҳо дар Тоҷикистон ҷустуҷӯи захираҳои нафт ва газро идома медиҳанд.

Захоир дар пастии Фарғона ва Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгиранд, изҳор дошт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон.

Ӯ афзуд, ки барои муайян кардани маълумоти мушаххас дар бораи ин захоир парма кардани чоҳҳо зарур аст.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Нархи сомонӣ дар Русия поин рафт.

Сад сомонӣ муодили 820 рубл шудааст. Тафсилоти бештарро дар тасвирбаён бубинед.

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍4
Нархи рубл ва евро дар Тоҷикистон боло рафта, доллар арзон шудааст.

Тафсилоти бештар дар мавриди нархи асъори хориҷиро дар тасвирбаён бубинед.

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍21
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низоми махсуси зиддиқаллобӣ – "Антифрод" фаъол кардааст, ки дар ду моҳ беш аз 363 ҳазор зангҳои эҳтимолан қаллобиро ошкор кардааст.

Айни замон ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон ба низоми мазкур пайваст гардида, санҷиши зангҳои воридотии байналмилалӣ ба таври худкор анҷом дода мешавад, иттилоъ доданд масъулони Хадамоти алоқа зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон.

Аз 1 май то 1 июли соли 2026 низоми "Антифрод" қариби 437 ҳазор занги воридотии байналмилалиро санҷида, ба қариби 74 ҳазор занг иҷозати пайвастшавӣ дода, 363 ҳазор ё ин ки 83%-ро ҳамчун эҳтимолан қаллобӣ ё дорои нишонаҳои ивазкунии рақам рад кардааст.

Татбиқи низоми мазкур яке аз тадбирҳои муҳими амалии Хадамот дар самти ҳифзи муштариёни шабакаҳои алоқа, коҳиш додани хавфи киберқаллобӣ, пешгирии spoofing ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба хизматрасониҳои мобилӣ ба ҳисоб меравад, афзуд роҳбарияти ин ниҳод.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1👍1
Суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш дода шуд.

Дар ин бора намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иттилоъъ доданд.

Суръати интернети собит ҳоло ба 48,71 Мбит/с расонида шуда, ин нишондиҳанда дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😁5
Корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 213 ҳазор мусофирро интиқол додааст.

Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст, иттилоъ доданд масъулони КВД зимни нишасти матбуотӣ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Дар Тоҷикистон 131 истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 97 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 5, Кулоб 3 адад ва Хуҷанд 24 адад фаъоланд, иттилоъ доданд масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Мутобиқи нақша, насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ ва тибқи ҳиссаи муқарраргардида амалӣ мегардад.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Эрон ва ИМА боз табодули зарбаҳо анҷом доданд.

Нерӯҳои ИМА нахуст зарба зада, онро посух ба ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Ҳурмуз гуфтаанд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, беш аз 80 иншооти ИМА дар минтақаро ҳадаф қарор додааст.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😡1
Бору мусофирбарӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ твассути ҳама намуди нақлиёт беш аз 76 млн тонна бор ва зиёда аз 552 млн мусофир интиқол дода шудааст, иттилоъ дод вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Нисбат ба соли 2025 боркашонӣ беш аз 14% ва мусофирбарӣ 8% афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Ташкили нуқтаҳои мубодилаи интернет ё худ IXP - Internet Exchange Points дар шаҳрҳо, аз ҷумла марказҳои вилоятҳо дар назар аст.

Ин ба коҳиш додани арзиши интернет ва баланд бардоштани суръат мусоидат мекунанд, иттилоъ дод роҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

Айни ҳол IXP дар Душанбе ва шаҳри Хуҷанд татбиқ гардида, дар дигар шаҳрҳо низ роҳандозӣ мешавад, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Зарба ба корхонаи "Самсунг-Украина" дар Киев зада шуд, - Вазорати дифои Русия.

Дар корхонаи мазкур таҷҳизоти мушакҳои болдори FP-5 "Фламинго" тавлид ва нигоҳдорӣ мешуданд, афзуд манбаъ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Тоҷикистон ба 10 кишвари дигар парвозҳо роҳандозӣ карданист.

Айни замон, лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Маҷористон, Сингапур, Миср, Кипр ва Литва дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, иттилоъ доданд масъулони Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал.

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
✈️ Тоҷикистон аз Чин ҳавопаймо мехарад.

Кишвар қасд дорад аз ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои "COMAC"-и Чин ҳавопайҳомо харад.

Дар ин бора намояндагони Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иттилоъъ доданд.

Ҳамчунин миёни шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Чин хатсайрҳои нави ҳавоӣ кушода хоҳад шуд.

🔶 @SputnikТj дар MAX