Sputnik Тоҷикистон
5.86K subscribers
21.4K photos
7.71K videos
27.6K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
Нархи сомонӣ дар бозори арзи Русия каме боло рафт.

Феълан сад сомонӣ дар Русия 824 рубл қимат дорад.

Тафсилоти тағйирёбии қурб дар тасвирбаëни @Sputnik_Tajikistan.

🔶 @SputnikТj дар MAX
3👎1
Эрон ва ИМА барои оташбаси дуҳафтаина созиш кардаанд.

Раисҷумҳури ИМА гуфт, бо дархости Покистон ба ин кор розӣ шуда, аз ҷониби Эрон пешниҳоди иборат аз 10 бандро гирифтаанд, ки замина барои музокирот хоҳад буд.

"Бо назардошти ризоияти Эрон ба кушодани пурра, фаврӣ ва бехатари гулӯгоҳи Ҳурмуз, ман розӣ ҳастам, ки бомбаборон ва ҳамлаҳоро ба Эрон барои ду ҳафта қатъ кунам", - навиштааст Трамп дар шабакаи иҷтимоӣ.

Сарвазири Покистон ҷонибҳоро ба музокироти мустақим дар Исломобод даъват кард, ки 10 апрел дар назар аст.

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍1🔥1
Рубл, доллар ва евро дар Тоҷикистон арзон шуданд.

Тафсилоти бештар дар мавриди нархи асъори хориҷиро дар тасвирбаён бубинед.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Эрон пас аз эълони оташбаси Трамп пирӯзии худро бар ИМА эълон карда, пешниҳоди даҳбандияшро баён дошт.

Дар изҳороти Шӯрои амнияти кишвар бандҳои пешниҳодшуда зикр гардидаанд.

🔸 Теҳрон назорати гулӯгоҳи Ҳурмузро нигоҳ медорад.

🔸Ҳаққи Эрон барои идома додани ғанисозии уран эътироф шавад.

🔸ИМА ҷубронпулӣ пардохт кунад, таҳримҳоро бекор кунад ва нерӯҳоро аз Ховари Миёна берун кунад.

🔸Эрон музокиротро бо Иёлоти Муттаҳида дар Исломобод 10 апрел оғоз мекунад. Онҳо ду ҳафта давом мекунанд ва дар ин муддат оташбас муқаррар карда мешавад.

🔸Агар Иёлоти Муттаҳида дар музокироти дарпешистода иштибоҳе кунад, Эрон бо тамоми қувва посух хоҳад дод.

🔶 @SputnikТj да
р MAX
14👍2🏆1
Дар ноҳияи Панҷ пайдоиши малахи марокашӣ сабт шудааст.

Барои нобуд намудани ин ҳашароти зараррасон техника ва мутахассисон равона гардидаанд, иттилоъ дод ҳукумати Хатлон.

Таъкид шуд, ки агар саривақт бо ин ҳашарот мубориза бурда нашавад, хисороти зиёде ба зироатҳо ворид хоҳад шуд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1👎1
Теҳрон дар тӯли оташбаси дуҳафтаина назорати гулӯгоҳи Ҳурмузро нигоҳ медорад, - Ароқчӣ.

Убури бехатар аз гулӯгоҳи Ҳурмуз барои ду ҳафта танҳо "бо ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва бо назардошти маҳдудиятҳои техникӣ" имконпазир аст, изҳор дошт вазири умури хориҷаи Эрон.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Оташбас ба Лубнон дахл надорад, - дафтари сарвазири Исроил.

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф қаблан изҳор дошта буд, ки оташбас фавран эътибор пайдо мекунад ва ба Лубнон низ дахл хоҳад дошт.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😡81
Теъдоди бекорон дар Тоҷикистон тайи як моҳ 10% кам шудааст.

Шумораи бекорони расман сабтшуда дар охири январи соли равон ба 52 ҳазор нафар баробар шудааст, ки нисбати декабри соли гузашта қариби 10% кам мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😁5
Нархи нафт пас аз хабарҳо дар бораи оташбаси дуҳафтаина байни ИМА ва Эрон 13-17% коҳиш ёфт.

Бушкаи навъи Brent камтар аз 92 доллар барои як баррелро ташкил медиҳад, омадааст дар додаҳои бозорҳои ҷаҳонӣ.

🔶 @SputnikТj дар MAX
2
Тоҷикистон аз оташбаси байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида истиқбол мекунад.

Душанбе умедвор аст, ки музокироти дарпешистода ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонад, изҳор дошт ВУХ Тоҷикистон.

Ин низоъ роҳи ҳали низомӣ надорад. Идомаи он танҳо вазъиятро дар Ховари Миёна бадтар хоҳад кард, таъкид кард ин ниҳод.

Тоҷикистон аз ҷонибҳо даъват кард, ки аз истифодаи зӯроварӣ даст кашанд ва ба ҷои ин аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бар асоси қавонини байналмилалӣ истифода баранд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Аксари роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба сулҳ дар Украина манфиатдор нестанд, - сафири Русия дар Олмон.

Сергей Нечаев изҳор дошт, ки ҳукуматҳои Аврупои Ғарбӣ минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки Русияро тавассути таҳримҳо ва амалиёти низомӣ "заиф" кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Аврупо бори дигар мекӯшад, ки "таҳдиди Шарқ"-и афсонавиро барои сафед кардани афзоиши хароҷоти низомӣ ва сафарбар кардани интихобкунандагон барои маъракаи зидди Русия истифода барад.

"Барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, давлатҳои Ғарб бояд сиёсати душманонаи худро нисбат ба кишвари мо аз нав дида бароянд", - таъкид кард дипломат дар мусоҳиба бо портали олмонии NachDenkSeiten.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Бо бейҷики тақаллубӣ ба Хонаи Худо: Гуруҳи тоҷикистониҳоро бо фиреб ва бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ бурдаву сарсон кардаанд.

Айни замон ин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Кумитаи дин ва сафорати Тоҷикистон дар Саудӣ барои баргаштан ба Ватан кумак мехоҳанд, иттилоъ дод Кумитаи дини ҷумҳурӣ.

Манбаъ афзуд, афроде барои ба даст овардани фоида бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ шаҳрвандонро бовар кунонидаанд, ки барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ ба онҳо кумак менамоянд, ки дурӯғ аст.

Кумитаи дин ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки ба ваъдаи бардурӯғи шахсони манфиатхоҳ бовар накунанд, зеро тибқи талаботи Вазорати ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зоирони мавсими имсолаи ҳаҷ  кайҳо анҷом ёфтааст ва пас аз ин ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ё афроди миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надоранд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
😱2
ФСБ як зани қримӣ, ки ҳамлаи мушакиро ба пароми қатора дар бандари Қафқоз ҳамоҳанг карда буд, дастгир кард.

Ин зани қримӣ бо хадамоти иктишофии Украина тамос гирифт ва дар бораи иншооти низомӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ ва киштиҳо дар гулӯгоҳи Керч маълумот додааст, иттилоъ Хадамоти федералии амнияти Русия.

Ҳоло ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Русия аз Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар рушди IT ва зеҳни сунъӣ иштирок кунад.

Муовини вазири рушди рақамии Русия, Сергей Кучушев ин пешниҳодро зимни ҳамоиш дар Душанбе баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, Русия алакай ду модели бузурги забонӣ дорад, ки бо ҳамтоёни ҷаҳонӣ муқоисашавандаанд, 10 суперкомпютер ва барномаи топ зеҳнисунъиро барои 26 донишгоҳ роҳандозӣ кардааст.

"Ман итминон дорам, ки як маркази додаҳо таъсис дода мешавад, ки аз ҷумла корхонаҳои муштараки мо метавонанд аз он истифода баранд", - таъкид кард муовини вазир.

🔶 @SputnikТj дар MAX
3👎1
Ҳайати Эронро дар музокирот бо ИМА дар Исломобод раиси парлумони ҶИЭ, Муҳаммад Боқир Қолибоф, роҳбарӣ хоҳад кард, - хабаргузории ISNA.

Хабаргузории Тасним хабар дод, ки ҳанӯз қарори ниҳоӣ дар бораи роҳбари ҳайат қабул нашудааст.

🔶 @SputnikТj дар MAX
2👍1
Нерӯҳои дифои ҳавоӣ шабона 73 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар фазои минтақаҳои Русия сарнагун карданд, - Вазорати дифои Русия.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Савдои чаканаи ғизою ашё дар Тоҷикистон тайи ду моҳ ба 8,7 млрд сомонӣ баробар шудааст.

Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариби 30% арзон мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
"Қрим Сталингради дуюм аст, эълон кард Гитлер ва ба қӯшунҳои немис фармон дод, ки нимҷазираро ҳарҷониба нигоҳ доранд ва ин корро на танҳо вазифаи стратегӣ, балки идеявӣ ҳам ҳисоб мекард.

Қӯшунҳои артиши 17-уми олмонӣ, ки ба ҳайати он қисмҳои ҳарбии Руминия низ дохил буданд, кӯшиш карданд, ки Қрими ишғолшударо муҳофизат кунанд.

Шумораи умумии фашистон 200 ҳазор нафар буд.

8 апрели соли 1944 амалиёти ҳуқуми Қрим оғоз ёфт. 15-16 апрел қӯшунҳои шӯравӣ ба Севастопол расида, 9 май шаҳрро озод карданд. 12 май қӯшунҳо ниҳоят истилогаронро дар Қрим торумор карданд.

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома бо ҳукумати Русия дар мавриди муҳоҷиратро ба тасвиб расонд.

Дар иҷлосияи парлумон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи дуҷониба оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия қабул шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон.

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои офтобии Тоҷикистон соли равон қариби ду баробар афзудаст.

Тайи феврал - январ дар ҷумҳурӣ нерӯгоҳҳои офтобӣ 0,2 млн кВт*соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 0,1 млн кВт*соат баробар буд, бармеояд аз додаҳои Агентии омори Тоҷикистон.

🔶 @SputnikТj дар MAX
Зиёда аз 120 ҳазор иштирокчиро дар ду сол лоиҳаҳои созмони ғайритиҷоратии "Авруосиё" муттаҳид кардааст.

Вакили Думаи давлатӣ ва раиси Шӯрои ин созмон, Алёна Аршинова, дар ҷамъбасти фаъолияти дусола гуфт, ки ин як талоши ҳамаҷониба ва системавӣ аст.

"Ҳадафи мо аз ибтидо фароҳам овардани муҳите буд, ки дар он одамон аз кишварҳои гуногуни АвруОсиё бо ҳам муошират кунанд, таҷриба мубодила кунанд ва ташаббусҳои муштаракро амалӣ намоянд. Маҳз ҳамин робитаҳо асоси ҳамкории устуворро ташкил медиҳанд", - таъкид кард сиёсатмадор.

🔶 @SputnikТj дар MAX