Sputnik Тоҷикистон
6.16K subscribers
20.3K photos
7.43K videos
25.2K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар Маскав як чархболи нави ояндадори сохти Русия муаррифӣ шуд.

Ҳавопаймои беназире, ки барои истифодаи шаҳрвандӣ тарҳрезӣ шудааст, дар бузургтарин намоишгоҳи бахшида ба рушди авиатсияи шаҳрвандӣ, фурудгоҳҳо ва иншооти фурудгоҳӣ, дар Crocus Expo, ба намоиш гузошта шуд, хабар медиҳад хабарнигори @SputnikLive.

Дар видеои мо бубинед, ки ин чархбол ба чӣ қодир аст ва чӣ имкониятҳоро пешниҳод мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон, дар ин корхонаҳои нав беш аз 2400 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
Нархи сомонӣ дар бозори арзи Русия андаке поин рафт.

Феълан сад сомонӣ дар Русия қариби 821,7 рубл қимат дорад. Тафсилоти тағйирёбии қурб дар тасвирбаëни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
4
Ҳарсе асъори маъмули хориҷӣ дар қиболи сомонӣ дар Тоҷикистон каме боло рафтаанд.

Тафсилоти муфассал дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
Соли гузашта дар Тоҷикистон 212 зан худкушӣ кардааст.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 даҳ нафар камтар аст, иттилоъ дод Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз ин шумор 44 фавтида ноболиғ буд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Дар Тоҷикистон мизони зӯроварӣ дар хонаводаҳо афзудааст.

Ба гузориши Кумита занон ва оила соли гузашта 3609 шикоят аз зӯроварӣ тасдиқ шуд, ки нисбат ба соли 2024 403 ҳолат бештар аст.

Аз ин шумора 3019 шикоят алайҳи мардон аст, ки 367 адад афзоишро нишон медиҳад, афзуд ин ниҳод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
2😱1
🇮🇷🇺🇸 Вазорати корҳои хориҷии Эрон вақт ва макони музокирот бо ИМА дар бораи созишномаи ҳастаиро эълон кард.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ироқчӣ, мулоқоти намояндагони Вашингтон ва Теҳрон 6 феврал дар пойтахти Уммон баргузор мешавад.

Дар аввал ҷонибҳо бояд дар Истанбул бо нозирон мулоқот мекарданд, аммо Теҳрон дархост кард, ки музокирот ба таъхир гузошта шавад ва қатъиян дуҷониба бошад ва танҳо ба барномаи ҳастаӣ тамаркуз кунад.

Қаблан, Axios хабар дода буд, ки ИМА ба ин талабот розӣ нахоҳад шуд ва мулоқот дар хатар аст, дар ҳоле ки Доналд Трамп изҳор дошт, ки Оятуллоҳ "бояд хеле нигарон бошад".

Аммо пас аз иттилои Ироқчӣ, ба назар мерасад, ки Вашингтон шартҳои Теҳронро дар бораи музокирот қабул кардааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар
MAX
3😱1
Дар Тоҷикистон издивоҷу талоқ коҳиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон соли 2025-ум 72 ҳазору 437 никоҳ сабт шуд, ки нисбат ба соли қаблияш 760 ҳолат камтар аст, хабар дод Кумитаи кор бо занон ва оила.

Ҳамзамон шумораи бекоршавии ақди никоҳи дар ин давра 8535 ҳолат будааст, ки назар ба соли қаблияш 567 ҳолат камтар аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👩👱‍♂️ Шикояти мардон аз зӯроварии занон низ дар Тоҷикистон бештар шудааст.

Тайи соли 2025 ба Кумитаи занон 590 шикояти мардон аз зӯроварии занон сабт шудааст.

Бино ба гуфтаи Бунафша Файзиддинзода, раиси кумита, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 36 ҳолат бештар аст.

Аммо зӯроварӣ нисбати занон 367 ҳолат афзоиш ёфта, ба 3609 адад расидааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
😁5😱2
▪️ Дар Тоҷикистон имсол ҷиноятҳо нисбати занон афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила, дар соли 2025, дар кишвар 3423 ҷиноят нисбати занон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2024 177 ҷиноят зиёдтар аст.

Ҳамчунин 288 ҷиноят алайҳи духтарон сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 80 ҷиноят зиёдтар аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
🇮🇹🪽Фариштае бо чеҳраи сарвазир: Дар Италия сари наққошии деворие дар яке аз қадимтарин калисоҳои Рим, ки пас аз барқарорсозӣ ба сарвазири кишвар, Ҷорҷӣ Мелони, монандӣ пайдо кард, моҷаро сар зад.

Ин хабари пурсарусадо боиси тафтиши Вазорати фарҳанги Италия ва Ватикан гардид. Барқароркунандаи ихтиёрӣ Бруно Валентинетти аллакай вазифадор шудааст, ки тасвирро ранг кунад.

Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, ӯ як фаъоли собиқи як ҳаракати ростгарои ифротгаро буд, ки идеяҳои онро қисман ҳизби "Бародарони Италия", ки Мелони роҳбарӣ мекунад, таблиғ мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар
MAX
1
Дар Тоҷикистон соли гузашта 603 ақди никоҳ бо кам кардани синну соли никоҳ сурат гирифтааст.

Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 168 адад камтар аст, гуфт Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон.

Ба иттилои манбаъ синни никоҳӣ дар асоси қарори додгоҳ сурат гирифтааст.

Умуман ин муддат дар ҷумҳурӣ беш аз 72,4 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Дмитрий Медведев: "Кӯшиши ИМА барои сафед кардани амалҳои низомии худ бо гуфтани "дигарон ин корро мекунанд", бо ишора ба амалиёти вижаи мо, кор намекунад." Далелаш ин аст:

▪️Дар давраи амалиёти вижа, кишвари мо аз шаҳрвандони худ, ҳамватанони худ дифоъ мекунад.
▪️Амалиёт дар қаламрави таърихии он сурат мегирад.
▪️Шаҳрвандон аз таъқиби давлати ҳамсоя, ки қонунияти ҳукумати он хеле шубҳанок аст, муҳофизат карда мешаванд.
▪️Ин шаҳрвандон раъйпурсии қонунӣ баргузор карданд ва пайвастан ба Федератсияи Русияро интихоб карданд.

"Аз рӯи табиати худ, амалиёти вижа ҷанги мустамликадорӣ нест, балки амали худмудофиа аст. Мутаассифона, таркиби иҷтимоии иштирокчиёни ин низоъ ба мо имкон медиҳад, ки онро ҳамчун шакли таназзулёфтаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз поёни нокомии ИҶШС ба вуҷуд омадааст, тавсиф кунем", - навиштааст Медведев дар мақолае, ки дар ria.ru нашр шудааст.

Ӯ қайд кард, ки фаъолияти низомии Вашингтон дар Венесуэла, Эрон ё эҳтимолан Гренландия чунин нишонаҳоро нишон намедиҳад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1👍1
Футболбози тоҷик Шаҳром Самиев расман бо тими "Ал-Карма"-и Ироқ шартномаи ҳамкорӣ баст.

Ҳамакнун ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон худро дар чемпионати Ироқ идома медиҳад.

Бошгоҳи Самиев айни замон дар зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олии Ироқ қарор дорад.

Ӯ қаблан дар дастаҳои "Барқчӣ", КМВА ва "Истиқлол" бозӣ карда, таҷрибаи бозӣ дар чемпионатҳои Молдова, Беларус ва Ӯзбекистонро дорад.

Номбурда аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ карда, дар 47 бозӣ ширкат ва 13 гол задааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Муовини Рустами Эмомалӣ ҳолатҳои фурӯши як манзилро ба якчанд нафар аз ҷониби ширкатҳои алоҳидаи сохтмонӣ дар пойтахт тасдиқ ва онро нанговар хонд.

Бахтиёр Шарифӣ, зимни нишастии хабарии шаҳрдорӣ, ин кирдорро аз ҷониби баъзе ширкатҳои сохтмонӣ қаллобиву ҷинояткорӣ номид, ки мақомот барои пешгирӣ аз он кор мекунанд.

Номбурда гуфт, ки ин масъала таҳти назорати шаҳрдор Рустами Эмомалӣ қарор дорад, ва минбаъд бо чунин ширкатҳо ҳамкорӣ нахоҳанд кард.

Ба хотири пешгирӣ аз ин ҳолатҳо ба гуфтаи ӯ минбаъд дар назди нуқтаҳои фурӯши хонаҳо рамзҳои QR роҳандозӣ мешавад, ки мешавад дар бораи ширкат, фаъолияти он ва бино маълумот гирифт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
2
📡 Интернети моҳвораии Starlink ба Тоҷикистон низ расид.

Дар ин бора дар саҳифаи расмии ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон шуд.

"Интернети баландсуръати Starlink ҳоло дар Тоҷикистон дастрас аст",- омадааст дар паёми ширкат.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MA
X
👍2😱2
🤼 Дар Душанбе Қаҳрамонии куштигирӣ баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа, ки аз 10 то 11 феврал доир мегардад, беҳтарин варзишгарони кишвар ҷамъ меоянд ва барои пирӯзӣ ва ҷой дар мусобиқаи байналмилалӣ мубориза мебаранд.

Беҳтаринҳо ҳаққи намояндагии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон дар тирамоҳи имсол ба даст меоранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1👍1
🇺🇦 Зеленский аз ояндаи норавшани Украина изҳори таассуф кард.

Ба гуфтаи раҳбари режими Киев, кишвари таҳти сарпарастии Ғарб дар сурати аз бохти низоъ "истиқлолияти худро аз даст медиҳад".

Дар мусоҳиба бо France 2, ӯ инчунин умедвор буд, ки дар давоми як сол ба ҷанг хотима дода шавад, сарфи назар аз он ки Украина нияти гуфтушунид дар бораи ҳалли мусолиматомезро надорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ миёни ҷавонон кам шудааст.

Тайи соли 2025 беш аз 3,1 ҳазор ҷиноят аз тарафи ҷавонон ё бо иштироки онҳо сабт гардид, гуфт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Ба иттилои Зулфиқор Гулаҳмадзода, ин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблияш 848 ҳолат кам аст.

Ӯ ҳамзамон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон гуфт, аммо омор наовард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1