Sputnik Тоҷикистон
6.15K subscribers
20.3K photos
7.43K videos
25.3K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - ИИАО воридоти муваққатии бебоҷи гӯшту шакар чанд намуди маҳсулоти дигарро ба Қирғизистон иҷозат дод.

Дар ин бора Элимбек Канибек уулу, сардори Департаменти ҳамоҳангсозии Вазорати иқтисод бо Иттиҳод эълон кард.

"То 31 декабри соли 2026 имтиёзи боҷӣ дода шудааст... бо ҳаҷми воридот 5000 тонна муқаррар шудааст", - гуфт ӯ.

Имтиёзҳо инчунин ба равған - какао ва маҳсулоти коркарди нассоҷӣ, чарм ва пӯст низ татбиқ мешаванд.

Ғайр аз ин, Қирғизистон метавонад то соли 2028 ду ҳавопаймои мусофирбарро бебоҷ ворид кунад, то парки ҳавопаймоҳои худро нав созад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Русия замимаи нави мобилиро барои муҳоҷирон таҳия хоҳад кард.

Ин аз нақшаҳои ҳукумати Русия бармеояд, ки дар ихтиёри @rian_ru қарор доранд.

Ин барнома барои таҷриба дар ҷалби муташаккили муҳоҷирон зарур аст. Ба нақша гирифта шудааст, ки он то 1 декабр амалӣ шавад.

Кормандони хориҷӣ дар кишварҳои худ аз санҷиш мегузаронанд ва танҳо баъд аз он ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки барои кор бо корфармоёни мушаххас ба Русия сафар кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍21
Ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли гузашта ба маблағи беш аз 1,34 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст.

Афзоиш нисбати соли пешӣ 20%-ро ташкил дод, зикр шудаст дар ҳисоботи роҳбарияти ноҳия.

Манбаъ афзуд, ки аз 102 корхонаи саноатӣ, 58 адад ҳаҷми истеҳсолотро зиёд, 36 адад кам намуда, 8 корхонаи дигар фаъолият надоштаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон то 17 дараҷа гарм шуд.

Тафсилоти бештар дар мавриди обу ҳавою боди 5 февралро дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
То даме қарорҳои дахлдор аз ҷониби Киев қабул нашудаанд, Русия амалиёти вижаи низомии худро идома медиҳад, - Песков.

Котиби матбуотии президенти Русия афзуд, ки айни замон нақша надорад, ки дар бораи натиҷаҳои даври нави машваратҳо дар Абу-Дабӣ гузориш диҳад.

Дари ҳалли осоиштаи вазъият дар Украина боз аст ва Русия боз боқӣ мемонад, афзуд ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО тайи январ-ноябри соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 4,9% афзоиш ёфт.

Рушд қариб дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шудааст. Аз ҷумла дар Арманистон – 6,1%, Қазоқистон – 6,1%, Қирғизистон – 2% ва Русия – 5,4%, иттилоъ дод КИАО.

Дар Беларус ин рақам дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар маркази Маскав Шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Сафирони ду кишвар аз гузашта, вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русия гуфта, стратегӣ будани шарикии ду давлатро таъкид намуданд.

Дар доираи чорабинӣ барномаи ҳунарӣ пешниҳоди тамошобинон шуд. Лаҳзаҳои ҷолиби Шоми дӯстиро дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍2😱1
Нархи миёнаи манзил дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳзор сомонӣ барои як метри мураббаъ мебошад.

Кумитаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ ин нишондиҳандаро миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз арзонтаринҳо хонд.

Ҷузъиёти нарх дар шаҳрҳои алоҳидаро дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои НАТО омодаанд, ки фавран пас аз созиши сулҳ ба Украина нерӯҳои худро интиқол диҳанд. Дар бораи ҳузури низомӣ дар Украина дабири НАТО, Марк Рютте ҳангоми суҳбат назди вакилони Радаи болоӣ изҳор доштааст. "Баробари баста шудани созишномаи сулҳ, нерӯҳои…
Ҳузури нерӯҳои "эътилофи хоҳишмандон" дар Украина пас аз созишномаи сулҳ, барои Русия комилан қобили қабул нест, - Захарова.

Ин нерӯҳо аз ҷониби Маскав ҳамчун ҳадафи қонунии низомӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт сухангӯи ВУХ Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Посухи Муҷоҳид ба Лавров: Афғонистон барои ҳич кишвар таҳдид нест.

Сухангӯи Толибон* бо интиқод аз изҳороти вазири корҳои хориҷии Русияро дар бораи нигарониҳои амниятӣ аз ҷониби Афғонистон гуфт: "Дар чаҳор соли гузаштаи ҳукмронии Толибон* ҳич таҳдиде аз Афғонистон барои кишварҳои дигар набуд”.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид изҳор дошт, ки дар давраи ҳукмронии Толибон, дар Афғонистон субот ва амният нигоҳ дошта шудааст ва ин гурӯҳ нерӯҳои қавии амниятӣ дорад, ки тамоми ҷуғрофияи кишварро назорат мекунанд.

Вай изҳор дошт, ки дар ин чорюним сол Афғонистон барои ягон кишвар таҳдид накардааст ва манбаи ин нигарониҳо барои ҳукумати феълӣ номаълум аст.

*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Ҷинпин дар суҳбат бо Путин ҷонибдорияшро аз музокироти сеҷониба дар масоили Украина дар Абу-Даби баён доштааст.

Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия иттилоъ дода, афзуд, ки Путин даъвати Ҷинпинро барои боздид аз Чин дар нимаи аввали соли ҷорӣ пазируфт.

Русия ва Чин "пушт ба пушт" амал мекунанд ва метавонанд ба якдигар такя кунанд, афзуд Ушаков.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
2
✈️Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” баъди 7 сол ба Душанбе баргардонда шуд.

Ба иттилои масъулини ширкати “Тоҷик Эйр” яке аз ҳавопаймоҳои ширкат, ки аз соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои шаҳри Маскав қарор дошт, пас аз ҳаллу фасли масъалаҳои молиявӣ ба Тоҷикистон баргардонда шудааст.

таъкид шудааст, ки ҳавопаймо аллакай ба Душанбе интиқол ёфта, дар ангари ширкати ҳавонавардӣ ҷойгир шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Элитаҳои кишварҳои Ғарб тибқи "Парвандаҳои Эпштейн" куштори кӯдаконро дар Украина маблағгузорӣ мекунанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт.

"Шумо аз онҳое, ки солҳо, даҳсолаҳо кӯдаконро таҳқир ва фасод кардаанд, чӣ интизор доред... Онҳо касоне ҳастанд, ки дар паси режими Киев ҳастанд. Онҳо барои куштори кӯдакон ва шаҳрвандон маблағҳои бузург медиҳанд", - таъкид кард вай.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 176,9 миллиард сомонӣ расид.

Ин афзоиш аз ҳисоби саноат (+22,1%), кишоварзӣ (+9,5%) ва сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ (+23%) сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон, нархҳо бештар барои хизматрасониҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ афзоиш ёфтанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
🇷🇺🇹🇯Соли равон Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хабар дод.

"Роҳи фарҳангӣ ва башардӯстона барои муносибатҳои ду кишвар мунтазам тақвият меёбад", - гуфт сафир.

Вай инчунин хотиррасон кард, ки соли гузашта Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав ва Қазон бомуваффақият баргузор шуданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍21👎1
1,3 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз вилояти Суғд боздид карданд.

Тавре раиси вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, соли сипаришуда ба вилоят зиёда аз 1,3 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд.

Вай гуфт, ки дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳа фаъолият мебаранд.

Ҳамзамон дар вилоят 210 хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият мебаранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
2
🇷🇺🇺🇦Бӯҳрони энергетикӣ дар Украина натиҷаи фасод дар дохили режими Киев аст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова мақомоти Украинаро ба қаллобӣ ва ҷиноят дар робита бо таҷҳизоти барқ, гармидиҳӣ ва об айбдор кард.

Дипломат барои мисол маълумоти маркази зиддикоррупсионии Межаро овард. Ин марказ дар бораи ҳафт шартнома бо ширкати "Киевтеплоэнерго" ба маблағи 800 ҳазор доллар хабар дод. Шартномаҳо барои таъмири нерӯгоҳи гармидиҳӣ ба ширкати "New Perspective Lux" дода шудаанд, ки аз ҷониби ошпазе, ки дар Словакия зиндагӣ мекунад ва дар бахши энергетика таҷриба надорад, идора мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
🇹🇯🇷🇺Русия ва Тоҷикистон бояд барои мубориза бо барангехтани нафрат байни мардум якҷо кор кунанд.

Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор дошт.

"Дар солҳои охир мо шоҳиди барангехтани қасдан таҳаммулнопазирӣ дар фазои иттилоотӣ аз ҷониби мухолифони иттиҳоди мо ҳастем. Мо бояд муттаҳид шавем, то ин кӯшишҳоро аз байн барем", - хабар дод хабарнигори @Sputnik_Tajikistan дар истинод ба суханони сафир.


Дипломат таъкид кард, ки ҷинояткорон на дин доранд ва на миллат ва масъулияти амалҳои як нафарро ба дӯши тамоми миллат гузоштан ғаллат аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍5😁3
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар Маскав як чархболи нави ояндадори сохти Русия муаррифӣ шуд.

Ҳавопаймои беназире, ки барои истифодаи шаҳрвандӣ тарҳрезӣ шудааст, дар бузургтарин намоишгоҳи бахшида ба рушди авиатсияи шаҳрвандӣ, фурудгоҳҳо ва иншооти фурудгоҳӣ, дар Crocus Expo, ба намоиш гузошта шуд, хабар медиҳад хабарнигори @SputnikLive.

Дар видеои мо бубинед, ки ин чархбол ба чӣ қодир аст ва чӣ имкониятҳоро пешниҳод мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон, дар ин корхонаҳои нав беш аз 2400 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
3
Нархи сомонӣ дар бозори арзи Русия андаке поин рафт.

Феълан сад сомонӣ дар Русия қариби 821,7 рубл қимат дорад. Тафсилоти тағйирёбии қурб дар тасвирбаëни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
4