Sputnik Тоҷикистон
6.16K subscribers
20.3K photos
7.43K videos
25.3K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
Аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав хостанд, ки монеи санҷиши телефонҳояшон дар метро нашаванд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, аз 4 феврал дар Метрополитени Маскав ҳангоми зарурат, иловатан ба чораҳои амалкунандаи амнияти нақлиётӣ, санҷиши телефонҳои мобилии мусофирон метавонад татбиқ карда шавад.

Тибқи фармони Вазорати нақлиёти Русия, санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Рӯзи 4 феврали соли 1945 сарони се давлати ҳампаймони зиддигитлерӣ - ИҶШС, Британи ва ИМА дар Ялта ҷамъ омаданд.

Дар конфронс нақшаҳои торумори Олмони фашистӣ ва тартиботи баъдиҷангии ҷаҳон муҳокима шуд.
Рузвелт сараввал дар Шотландия, нуқтаи мобайнии байни Русия ва ИМА гузаронидани мулоқотро пешниҳод кард.

Аммо Сталин бо баҳонаи нақши худ дар роҳбарӣ ба ҳуҷуми Артиши Сурх ин пешниҳодро рад кард.

▪️Дар арафаи вохӯрӣ 4 полки комиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ва беш аз 160 ҳавопаймои ҷангӣ ба Қрим интиқол дода шуда, киштиҳои ҷангии флоти Баҳри Сиёҳ ба минтақаи соҳилӣ баргардонида шуд.

▪️Вақте ки ҳайатҳо омаданд, Сталин Рузвелти бемории вазнин доштаро дар Қасри Ливадия, ки конфронс дар он ҷо баргузор шуд ва Черчиллро дар Қасри боҳашамати Воронтсов, 15 километр дуртар аз маҳалли вохӯрӣ ҷойгир кард.

▪️Ба гуфтаи таърихшиносон, маҳз дар Ялта Сталин боисрор талаб кард, ки бар зидди фашистон трибунали ҳарбӣ бо риояи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
1
Русия ва Тоҷикистон якҷоя хотираи Ғалабаи Бузургро нигоҳ медоранд, - Григорев.

Дар Русия иштироки президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷашнҳои 9 май дар Маскав баланд арзебӣ карданд, қайд кард сафири Русия дар ҶТ, Семён Григорев.

"Ин дар ҳақиқат пирӯзии умумии Ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Мо хуб мефаҳмем ва медонем, ки он бо кадом нарх ба даст омадааст. Хотираи қаҳрамонии падарон, бобоҳо, бобоҳои бузурги моро, ки барои наслҳои оянда ҳает ва озодиро ҳимоя кардаанд, қадр мекунем.

Ҷонибҳо талошҳои муштаракро барои ҳифзи хотираи таърихӣ идома медиҳанд, таъкид Кард Григорев.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍2👎1
Аз 120 корхона дар шаҳри Ҳисор соли гузашта 8 корхона фаъолият надоштанд.

Сабабҳои фаъолият накардан мухталифанд, иттилоъ дод шаҳрдорӣ зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки соли 2025 дар Ҳисор 8 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо 57 ҷойи нави кор ба истифода дода шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - ИИАО воридоти муваққатии бебоҷи гӯшту шакар чанд намуди маҳсулоти дигарро ба Қирғизистон иҷозат дод.

Дар ин бора Элимбек Канибек уулу, сардори Департаменти ҳамоҳангсозии Вазорати иқтисод бо Иттиҳод эълон кард.

"То 31 декабри соли 2026 имтиёзи боҷӣ дода шудааст... бо ҳаҷми воридот 5000 тонна муқаррар шудааст", - гуфт ӯ.

Имтиёзҳо инчунин ба равған - какао ва маҳсулоти коркарди нассоҷӣ, чарм ва пӯст низ татбиқ мешаванд.

Ғайр аз ин, Қирғизистон метавонад то соли 2028 ду ҳавопаймои мусофирбарро бебоҷ ворид кунад, то парки ҳавопаймоҳои худро нав созад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Русия замимаи нави мобилиро барои муҳоҷирон таҳия хоҳад кард.

Ин аз нақшаҳои ҳукумати Русия бармеояд, ки дар ихтиёри @rian_ru қарор доранд.

Ин барнома барои таҷриба дар ҷалби муташаккили муҳоҷирон зарур аст. Ба нақша гирифта шудааст, ки он то 1 декабр амалӣ шавад.

Кормандони хориҷӣ дар кишварҳои худ аз санҷиш мегузаронанд ва танҳо баъд аз он ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки барои кор бо корфармоёни мушаххас ба Русия сафар кунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍21
Ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли гузашта ба маблағи беш аз 1,34 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст.

Афзоиш нисбати соли пешӣ 20%-ро ташкил дод, зикр шудаст дар ҳисоботи роҳбарияти ноҳия.

Манбаъ афзуд, ки аз 102 корхонаи саноатӣ, 58 адад ҳаҷми истеҳсолотро зиёд, 36 адад кам намуда, 8 корхонаи дигар фаъолият надоштаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон то 17 дараҷа гарм шуд.

Тафсилоти бештар дар мавриди обу ҳавою боди 5 февралро дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
То даме қарорҳои дахлдор аз ҷониби Киев қабул нашудаанд, Русия амалиёти вижаи низомии худро идома медиҳад, - Песков.

Котиби матбуотии президенти Русия афзуд, ки айни замон нақша надорад, ки дар бораи натиҷаҳои даври нави машваратҳо дар Абу-Дабӣ гузориш диҳад.

Дари ҳалли осоиштаи вазъият дар Украина боз аст ва Русия боз боқӣ мемонад, афзуд ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО тайи январ-ноябри соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 4,9% афзоиш ёфт.

Рушд қариб дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шудааст. Аз ҷумла дар Арманистон – 6,1%, Қазоқистон – 6,1%, Қирғизистон – 2% ва Русия – 5,4%, иттилоъ дод КИАО.

Дар Беларус ин рақам дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар маркази Маскав Шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Сафирони ду кишвар аз гузашта, вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русия гуфта, стратегӣ будани шарикии ду давлатро таъкид намуданд.

Дар доираи чорабинӣ барномаи ҳунарӣ пешниҳоди тамошобинон шуд. Лаҳзаҳои ҷолиби Шоми дӯстиро дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍2😱1
Нархи миёнаи манзил дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳзор сомонӣ барои як метри мураббаъ мебошад.

Кумитаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ ин нишондиҳандаро миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз арзонтаринҳо хонд.

Ҷузъиёти нарх дар шаҳрҳои алоҳидаро дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои НАТО омодаанд, ки фавран пас аз созиши сулҳ ба Украина нерӯҳои худро интиқол диҳанд. Дар бораи ҳузури низомӣ дар Украина дабири НАТО, Марк Рютте ҳангоми суҳбат назди вакилони Радаи болоӣ изҳор доштааст. "Баробари баста шудани созишномаи сулҳ, нерӯҳои…
Ҳузури нерӯҳои "эътилофи хоҳишмандон" дар Украина пас аз созишномаи сулҳ, барои Русия комилан қобили қабул нест, - Захарова.

Ин нерӯҳо аз ҷониби Маскав ҳамчун ҳадафи қонунии низомӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт сухангӯи ВУХ Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Посухи Муҷоҳид ба Лавров: Афғонистон барои ҳич кишвар таҳдид нест.

Сухангӯи Толибон* бо интиқод аз изҳороти вазири корҳои хориҷии Русияро дар бораи нигарониҳои амниятӣ аз ҷониби Афғонистон гуфт: "Дар чаҳор соли гузаштаи ҳукмронии Толибон* ҳич таҳдиде аз Афғонистон барои кишварҳои дигар набуд”.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид изҳор дошт, ки дар давраи ҳукмронии Толибон, дар Афғонистон субот ва амният нигоҳ дошта шудааст ва ин гурӯҳ нерӯҳои қавии амниятӣ дорад, ки тамоми ҷуғрофияи кишварро назорат мекунанд.

Вай изҳор дошт, ки дар ин чорюним сол Афғонистон барои ягон кишвар таҳдид накардааст ва манбаи ин нигарониҳо барои ҳукумати феълӣ номаълум аст.

*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Ҷинпин дар суҳбат бо Путин ҷонибдорияшро аз музокироти сеҷониба дар масоили Украина дар Абу-Даби баён доштааст.

Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия иттилоъ дода, афзуд, ки Путин даъвати Ҷинпинро барои боздид аз Чин дар нимаи аввали соли ҷорӣ пазируфт.

Русия ва Чин "пушт ба пушт" амал мекунанд ва метавонанд ба якдигар такя кунанд, афзуд Ушаков.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
2
✈️Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” баъди 7 сол ба Душанбе баргардонда шуд.

Ба иттилои масъулини ширкати “Тоҷик Эйр” яке аз ҳавопаймоҳои ширкат, ки аз соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои шаҳри Маскав қарор дошт, пас аз ҳаллу фасли масъалаҳои молиявӣ ба Тоҷикистон баргардонда шудааст.

таъкид шудааст, ки ҳавопаймо аллакай ба Душанбе интиқол ёфта, дар ангари ширкати ҳавонавардӣ ҷойгир шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
Элитаҳои кишварҳои Ғарб тибқи "Парвандаҳои Эпштейн" куштори кӯдаконро дар Украина маблағгузорӣ мекунанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт.

"Шумо аз онҳое, ки солҳо, даҳсолаҳо кӯдаконро таҳқир ва фасод кардаанд, чӣ интизор доред... Онҳо касоне ҳастанд, ки дар паси режими Киев ҳастанд. Онҳо барои куштори кӯдакон ва шаҳрвандон маблағҳои бузург медиҳанд", - таъкид кард вай.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 176,9 миллиард сомонӣ расид.

Ин афзоиш аз ҳисоби саноат (+22,1%), кишоварзӣ (+9,5%) ва сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ (+23%) сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон, нархҳо бештар барои хизматрасониҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ афзоиш ёфтанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
1
🇷🇺🇹🇯Соли равон Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хабар дод.

"Роҳи фарҳангӣ ва башардӯстона барои муносибатҳои ду кишвар мунтазам тақвият меёбад", - гуфт сафир.

Вай инчунин хотиррасон кард, ки соли гузашта Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав ва Қазон бомуваффақият баргузор шуданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
👍21👎1
1,3 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз вилояти Суғд боздид карданд.

Тавре раиси вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, соли сипаришуда ба вилоят зиёда аз 1,3 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд.

Вай гуфт, ки дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳа фаъолият мебаранд.

Ҳамзамон дар вилоят 210 хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият мебаранд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX
2
🇷🇺🇺🇦Бӯҳрони энергетикӣ дар Украина натиҷаи фасод дар дохили режими Киев аст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова мақомоти Украинаро ба қаллобӣ ва ҷиноят дар робита бо таҷҳизоти барқ, гармидиҳӣ ва об айбдор кард.

Дипломат барои мисол маълумоти маркази зиддикоррупсионии Межаро овард. Ин марказ дар бораи ҳафт шартнома бо ширкати "Киевтеплоэнерго" ба маблағи 800 ҳазор доллар хабар дод. Шартномаҳо барои таъмири нерӯгоҳи гармидиҳӣ ба ширкати "New Perspective Lux" дода шудаанд, ки аз ҷониби ошпазе, ки дар Словакия зиндагӣ мекунад ва дар бахши энергетика таҷриба надорад, идора мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед

🔶 @SputnikТj дар MAX