Sputnik Тоҷикистон
6.1K subscribers
16K photos
5.94K videos
15.4K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
🇹🇯Аз 12 июн то 4 август кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 12 июн то 4 август зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
4
🇹🇯Оҷонсии "Тоҷикстандарт", аз ошкор шудани 191 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар чор моҳи аввали соли равон бештар аз ҳама маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшокиҳо ва ҳатто намаки бесифат ошкор шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Ятимов: Мо ба бозӣ бо Филиппин омода ва то дақиқаи охир мубориза мебарем.

Дар остонаи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бо тими миллии Филиппин, дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов изҳори назар кард.

“Мо ба бозии дар пешистода тайёрии ҷиддӣ дида истодаем. Мефаҳмем, ки дар меҳмонӣ натиҷаи мусбӣ ба даст овардан то чӣ андоза муҳим аст. Дастаи мо ба бозӣ бо Филиппин марҳила ба марҳила ҳафтаҳо омодагӣ дид. Бозигарон солиманд ва барои рақобат омодаанд. Мо то дақиқаи охирин, то садои ҳуштаки ниҳоӣ дар майдон мубориза мебарем”, - гуфт ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
👍41
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар Лос-Анҷелес задухӯрдҳои шадид бо полис идома доранд - нерӯҳои амниятӣ аз норинҷакҳои гичкунанда ва тирҳои резинӣ истифода доранд.

Трамп гуфт, ки бидуни Горди миллӣ шаҳрро комилан нобуд мекарданд. Вай ҳамчунин аз боздошти волии Калифорния Гэвин Нюсом пуштибонӣ кард, зеро ӯро масъули ташдиди вазъ ва барангехтани эътирозҳо медонад.

Дар навбати худ волӣ изҳороти раисиҷумҳурро як қадам ба сӯи иқтидоргароӣ номид.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
3
Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус гуфт, ки обшавии босуръати пиряхҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Вай гуфт, дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки тайи чанд даҳсолаи охир, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
3
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, соҳиби сертификати Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) гардид.

Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
👍51
🇹🇯🇮🇷Гуфтугӯи телефонии муовини амниятии вазири кишвари Эрон бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Муовини амниятӣ ва интизомии вазорати кишвари Эрон оқои Пурҷамшедиён дар тамоси телефонӣ бо Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, бо таъкид бар аҳамияти субот ва амнияти Тоҷикистон барои Эрон, пешрафтҳои ин кишварро моя хурсандӣ донист.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
👍5
Тағйироти кадрӣ дар Исфара

Бо розигии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Хуршедзода Парвина муовини раиси шаҳри Исфара таъин гардид.

Ба иттилои мақомоти Исфара дар ин хусус қарори марбута ба имзо расид.

Хуршедзода Парвина фаъолияти кориашро дар вазифаи нозири калони гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии шуъбаи корҳои дохилии №1 шаҳри Исфара оғоз карда буд.

Аз моҳи апрели соли 2022 то имрӯз Раиси ҷамоати деҳоти Навгилем кор мекард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
2👎1
Кишварҳои ИДМ - ҳамсояҳои наздиктарин ва муттаҳидони асосии Русия мебошанд, гуфт сарвазири Русия Михаил Мишустин.

"Амиқтар шудани шарикӣ дар доираи Иттиҳод ба манфиатҳои куллии мардуми кишварҳои мо мувофиқат мекунад. Муҳим он аст, ки тавофуқоти ҳосилшуда пурра амалӣ шаванд", - таъкид кард ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
👍4😁1
Қазоқистон қасд дорад либосеро, ки рӯйро пинҳон мекунад дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кунад.

Чунин тағйирот ба қонун "Дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" пешниҳод шудааст.

"Ба хотири пешгирӣ кардан аз ҳуқуқвайронкуниҳо бо истифода аз либосе, ки ба шинохти чеҳра халал мерасонад," - тавзеҳ дод сенатор Науризбой Бақадамов.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
👎2
Тоҷикистон дар мусобиқаи тенниси "Ҷоми СҲШ Пекин - 2025" таҳти шиори "Якҷоя ба сӯи ояндаи устувор" ширкат кард.

Дабири кулли созмон Нурлан Эрмекбоев аҳамияти варзишро ҳамчун яке аз навъҳои дипломатия, василаи таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо таъкид кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA U-20 муайян шуданд.

Мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Афғонистон (10 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ мекунад, хабар дод ФФТ.

Бозиҳо аз 10 то 17 июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
3👍2
Барои супоридани имтиҳонҳои мутамарказ беш аз 107,4 ҳазор довталаб номнавис шудаанд.

Дар даври аввал 19,6 ҳазор хонандаи синфи нӯҳум ва беш аз 87,8 ҳазор хонандаи синфи 11 ариза пешниҳод карданд, хабар медиҳад ММТ.

Бар хабари манбаъ, имрӯз марҳилаи дуюми сабти ном оғоз мешавад, ки то 30 июн идома хоҳад кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Тирпарронии оммавӣ дар Австрия: шумораи кушташудагон бар асари тирпарронии як хонанда дар мактаби шаҳри Гратсия ба 8 нафар расид.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки "як хонанда дар яке аз мактабҳои шаҳр оташ кушод, ки дар натиҷа 8 нафарро кушт.

Шумораи зиёди одамон дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуданд, вале теъдоди дақиқи он гуфта нашудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
😱21
Дар Бохтар бо харҷи 19 млн сомонӣ Бемористони маризиҳои дил бунёд мекунанд.

Маблағ аз ҳисоби буҷаи вилоят ҷудо шуда, иншоот бояд то таҷлили 35 - умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

Бар хабари дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, бемористон аз 4 ошёна иборат буда, бо 40 кати хоб муҷаҳҳаз мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🔥53👍1
Дар Суғд як зан талош дошт, фарзанди 4 - солаи худро бар ивази пул ва хона фурӯшад.

Бар хабари Раёсати ВКД дар ин вилоят, зан сокини 27 - солаи деҳоти Овчӣ-Қалъача буда, хост духтари хурдсолашро бар ивази 14,8 ҳазор сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар Хуҷанд фурӯшад.

"Зан ҳангоми гирифтани маблағ аз сӯи кормандони милитсия боздошт шудааст", - омадааст дар хабар.

Ҳоло нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯро аз 5 то 8 соли зиндон интизор аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
😱2😭2
ИДМ+. Иттиҳод платформаеро бо номи "ИДМ плюс" эҷод мекунад: кишварҳо метавонанд ба формати нав ҳамчун шарик ё нозир ҳамроҳ шаванд.

Ин платформа ба БРИКС+ шабоҳат хоҳад дошт, гуфтааст созмон ба "Известия".

Масалан, кишварҳои узви СҲШ ё дар маҷмӯъ созмон метавонанд иштирокчиёни формати нав шаванд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
👍1
Соли гузашта дар кишварҳои ИДМ аз 550 ҷинояти террористӣ пешгирӣ карда шуд, гуфт директори ФСБ-и Русия Александр Бортников.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
👍1
Ҳавои рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон ноустувор хоҳад шуд.

Шабона дар баъзе минтақаҳо эҳтимол борони кӯтоҳмуддат борад. Бо вуҷуди ин рӯзона ҳаво то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Тафсилоти бештарро аз тасвирбаён бинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
1👍1😱1
Мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамин ҳайат бо тими Филиппин бозӣ мекунад.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Ню-Кларк-Сити" аллакай оғоз шуд.

Ба футболбозони тоҷик пирӯзӣ мехоҳем.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
5👍1