Sputnik Тоҷикистон
5.47K subscribers
14.5K photos
5.37K videos
12.5K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
🇹🇯🇧🇾Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад.

Тавре вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Солҳои оянда дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳҳо, пулҳо ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇷🇺🇦🇫Лавров: Озмоиши демократия дар Афғонистон ноком шуд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки озмоиши маҷбурӣ ҷорӣ кардани демократия дар Афғонистон ноком шудааст.

"Як мисол меорам - Афғонистон. Озмоиши ҷорӣ кардани демократия комилан ноком шуд, зеро урфу одатҳо ва қоидаҳои нонавиштаи ин тамаддун комилан нодида гирифта шуданд", - гуфт Лавров дар мусоҳиба блогерони амрикоӣ Эндрю Наполитано, Ларри Ҷонсон ва Марио Науфал.

Вай илова кард, ки кишварҳо бояд аз ҳама гуна маҷбурсозӣ хеле эҳтиёткор бошанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҳуҷҷати сиёсати ҷанги сард. 12 марти соли 1947 ИМА «доктринаи Трумэн»-ро қабул кард.

Самти нави сиёсии кишвар бо суханони зебо рупӯш карда шуд, ки Иёлоти Муттаҳида вазифадор аст ба «халқҳои озод» дар муборизаашон муқобили «режимҳои тоталитарӣ» кӯмак расонад, зеро паҳн шудани авторитаризм «асосҳои сулҳро вайрон мекунад».

Он аслан рӯҳияи ошкорои зиддишӯравӣ дошт ва ба он нигаронда шуда буд, ки ИҶШС-ро аз мавқеъҳое, ки дар натиҷаи торумор кардани фашизм дар ҷанги дуюми ҷаҳон ишғол карда буд, танг намояд.

«Доктринаи Трумэн» мавҷи низоъҳои мусаллаҳи аз ҷониби ИМА дастгиришавандаро дар саросари ҷаҳон оғоз бахшид: тақрибан 200 ҷанг ва амалиёти низомӣ.

Ин ҳуҷҷат сиёсати расмии берунии ИМА гардид. Идомаи мантиқии он «нақшаи Маршалл», ташкили блоки Атлантикаи Шимолӣ ва дигар иттиҳодҳои ҳарбӣ гардид.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Раҳмонро дар Бишкек Ҷабборов шахсан пешвоз гирифт.

Ҷолибтарин лаҳзаҳо аз истиқболи кишвардори Тоҷикистонро аз видео тамошо кунед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Замони дақиқи саҳархӯрию ифтори 13 мартро бо вақти Душанбе ва Маскав дар тасвирбаён бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇹🇯Соли гузашта аз 119 корхонаи Ҳисор 11-тоаш пурра аз кор монд. Миёни онҳо:

🔸 ҶСК "Шири Покиза" ва "Бунафша-2013" - соҳибкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

🔶 ҶДММ "Тиллои Ҳоди Ҳисор" - ба шаҳри Турсунзода гузаронида шуд, вале то ҳол дар Ҳисор сабти ном шудааст.

🔶 ҶСК «Пахтаи Ҳисор» бинобар мушкилоти молиявӣ фаъолияташро қатъ кард.

🔶 ҶДММ "Ҳотами Давлат" ба далели надоштани муҷаввиз барои истихроҷ ва коркарди қуму шағал фаъолияташро мутаваққиф карда, кор намекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Арабистони Саудӣ афродеро, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ё ҳабс мекунад. Инчунин ғайр аз ҷарима ин шахс аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол маҳрум мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇹🇯Иҷлосияи якуми парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон 19 март баргузор мегардад.

19 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад.

Иҷлосияи якуми парлумон соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз да шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд.

Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир шуда, дар он варзишгарони давлатҳои гуногун иштирок менамоянд.

Тафсилоти бештарро дар сомонаи Sputnik Тоҷикистон бихонед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Раҳмон 12 -умин сафари худ ба Қирғизистонро анҷом дод.

Нахустин сафари ӯ ба кишвари ҳамсоя соли 1998 дар замони раёсатҷумҳурии Аскар Акаев сурат гирифта буд.

Охирин сафари ӯ ба Қирғизистон соли 2023 анҷом ёфт.

Дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan сафарҳои президент дар 30 соли охир ба ин кишвар ҷамъ оварда шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Дар Ёвон як мақомдор барои заминфурӯшӣ боздошт шуд.

Номбурда 0,15 га заминро бар ивази 166 000 сомонӣ фурӯхта, ба корафтода ваъда додааст, ки ин миқдор заминро ба номи хешованди ӯ ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, вале пас аз пурра гирифтани пул дигар кореро ба нафъаш анҷом надод.

Оҷонсии мубориза алайҳи фасод мегӯяд, акнун нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт ва ё аз 8 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Арзиши сомонӣ дар Русия андак тағйир ёфт.

Чанд рӯз аст, ки қурби сомонӣ дар бозори арзи Русия тамоюли поинравӣ дошт, вале акнун каме тағйир ёфт.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Раҳмон ва Ҷабборов аз Боғи миллии "Алла Арча" ва намоишгоҳи фарҳангие, ки махсус барои сафари президенти Тоҷикистон омода шуда буд, дидан карданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ҷониби Қирғизистон ба истиқболи раисиҷумҳури Тоҷикистон барномаи рангинӣ фарҳангӣ доир кард.

Чорабинӣ дар Боғи миллии "Алла Арча" доир шуда, дар он расму оинҳо ва фарҳанги мардуми қирғиз барои раҳбарони кишварҳо ба намоиш гузошта шуд.

Бештарро аз навори омодакардаи дафтари матбуоти раисҷумҳур бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Дар Тоҷикистон қимати рубл коҳиш ёфта, аммо рублу доллар гарон шудаанд.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇹🇯 Миҷгона ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс расид.

Муштзанбонуи тоҷик дар рӯзи чаҳоруми мусобиқа, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Чеге Паолин Вандия аз Кенияро шикаст дод.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Миҷгона Палома Диана Пересии мексикоиро шикаст дода буд.

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Ниши Сербия идома дорад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед