Sputnik Тоҷикистон
5.4K subscribers
12.4K photos
4.67K videos
7.83K links
Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем

Бо забони русӣ: @SputnikTj

Сомона: https://sputnik-tj.com/

ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot
Download Telegram
Ошкорсозии ҳолатҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия афзудаст.

Аз аввали соли 2024 Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаҳои муҳоҷирати ғайриқонунии созмонёфта аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноиро нисбат ба соли 2023 5,5 маротиба бештар ошкор кардааст, иттилоъ дод Колоколтсев.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Тоҷикистонро дар Чемпионати бокси ҷаҳонӣ 9 нафар муаррифӣ мекунанд.

Мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Будваи Черногория байни варзишгарони 17-18-сола баргузор мегардад.

Аз Тоҷикистон ба ин мусобиқа Муинхӯҷа Муминов, Меҳроҷ Суфиҷонов, Анӯшервон Фозилов, Шодмеҳр Давлатов, Дамир Мубайлихонов, Руслан Ғафуров, Муҳаммадсултон Султонов, Баҳромбек Ҳотамов ва Зиёратшо Қосимов мераванд, гуфт Федератсияи бокси ҷумҳурӣ.

Дар ин мусобиқа 660 варзишгар аз 88 кишвар иштирок мекунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Ҷавонон барои Тоҷикистон нерӯи тавонои пешбарандаи кишвар мебошанд.

Ин нуктаро Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни як нишаст дар Душанбе таъкид намуд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои марбут ба зиндагӣ ва тарбияи насли нав яке аз авлавиятҳои асосии сиёсати давлат мебошад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Русия барои тарҳи ғизои мактаббачагон дар Тоҷикистон $28 млн ҷудо кард - Захарова.

Маблағ дар чаҳорчӯби Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ҷудо шудааст.

"Бо дастгирии молиявии Русия аз соли 2013 то инҷониб тақрибан 450 ҳазор мактаб дар 53 ноҳияи Тоҷикистон ба таври доимӣ бо хӯроки гарм таъмин шудаанд. Ҳамчунин 55 ошхонаи мактабҳо таъмир шудаанд",
- афзуд сухангӯи ВКХ Русия.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Сокинони деҳоти Суғд аз шиддати пасти барқ шикоят доранд.

Хабарнигори @Sputnik_Tajikistan навореро сабт кард, ки шиддати пасти барқрасонӣ дар рустоҳои ноҳияи Девашти вилояти Суғдро инъикос мекунад.

Илова бар ин, сокинон мегӯянд барқрасонӣ дар шабонарӯз ба 6 соат маҳдуд шудааст.

“Рӯзона аз соати 05:00 то 08:00 ва бегоҳ аз соати 18:00 то 21:00 барқ меояд, дигар вақт барқ нест”, – иброз мекунанд, сокинони навоҳии Суғд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Дар Бохтар 14 ҳазор тон маҳсулоти “хатарнок” аз муомилот гирифта шуд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр мегӯяд, дар 10 моҳи соли равон ин миқдор маҳсулот бинобар гузаштани муҳлати истеъмолаш аз бозорҳо гирифта шуд.

Санҷиш дар 183 иншооти зериназоратӣ гузаронда шуда, ҳоло фаъолияти 17 иншоот муваққатан то бартараф кардани камбудиҳо боздошта шуд, афзуд манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Чаро меваю сабзавоти Куҳистони Мастчоҳ таъми хоса дорад?

Ҳавои тоза, офтоб ва иқлими мусоид шарти асосии парвариши сабзавот ва меваҳои аз нигоҳи экологӣ тоза мебошанд.

Сокинони Куҳистони Мастчоҳ ба боғдорӣ машғул буда, маҳсулоти худро дар манотиқи мухталифи кишвар ва ҳамчунин дар Русия ба фурӯш мегузоранд.

Ин минтақа барои рушди соҳаи кишоварзӣ хеле мусоид аст ва маҳсулоти парвардаи деҳқонони маҳаллӣ бо таъми хоси худ фарқ мекунанд.

Хабарнигори @Sputnik_Tajikistan бо шеваи парвариши боғҳо дар доманакуҳҳо шинос шуд. Навори комилро аз пайванди зер тамошо кунед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Моҳи ноябр дар Русия бо ҳафтаи шашрӯзаи корӣ оғоз мешавад.

Сокинони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирон, рӯзи шанбеи 2 ноябр низ кор хоҳанд кард.

Аммо ҳафтаи нав барои ҳама бо рӯзи истироҳат дар рӯзи душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати мардумӣ оғоз мешавад.

Тафсилоти тақвими кору истироҳати моҳи ноябр дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия дар қиёс ба соли 2015 чаҳор баробар коҳиш ёфт.

Дар ин бора Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия хабар дод.

Ӯ гуфт, ин ниҳод низ 1,5 маротиба бештар вуруди хориҷиёнро ба Русия манъ кардааст.

Вазир гуфт, дар соли 2024 шумораи ҳолатҳои роҳ надодани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия 50% афзуда, қариб 180 ҳазор нафар имкони ворид шудан ба ин кишварро пайдо накарданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇺🇦 🇺🇸 Зеленский хафа шуд, ки дар ИМА бандҳои "нақшаи ғалаба"-ашро ошкор кардаанд.

Вай иқрор шуд, ки аз Иёлоти Муттаҳида мушакҳои "Томагавк" дархост кардааст ва аз Вашингтон барои "ифшо"-и маълумоти махфӣ изҳори норозигӣ намуд.

"Ин паёмҳоро чӣ гуна бояд фаҳмид? Пас, дар байни шарикон ҳеҷ чизи махфӣ вуҷуд надорад", - гуфт ӯ.

Маълумот дар бораи дархости Зеленский ахиран дар New York Times нашр шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Ғарб бо раҳбарии Амрико дар се соли ахир талошҳои зидди Русияро даҳ маротиба афзоиш додааст - Лавров.

Изҳороти вазири умури хориҷии Русия дар ифтитоҳи Конгресси VIII умумиҷаҳонии ҳамватанон:

▪️Вашингтон ва ҷиноҳи НАТО дар бораи нияти худ, ки Русияро ба канори рушди ҷаҳонӣ партофт, ошкоро мегӯянд.

▪️Ниятҳои тақсим кардани ҷаҳони Русия, новобаста аз он, ки кӣ онҳоро ба вуҷуд меорад, комилан бефоида аст. Инро натоиҷи нишасти БРИКС дар Қазон нишон дод.

▪️Бехатарии Русия, ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳамватанони мо барои зиндагӣ дар сарзамини аҷдоди худ, бо забони модарии худ сухан гуфтан боэътимод таъмин карда мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Ҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи тоҷиктабори толибон* аз Эмомалӣ Раҳмон узр хост.

Қаблан, ин фармондеҳи тоҷиктабор бар зидди Тоҷикистон “ҷиҳод” эълон карда буд, аммо ҳоло бо нашри як видео изҳор дошт, ки бар асоси иттилооти ғалат он замон шинохти дуруст аз мардум ва раисҷумҳури Тоҷикистонро надошт.

“Бар асари таҳқиқот ва иттилооте, ки мо дарёфт кардем, давлати Тоҷикистон як давлати исломӣ ва мардумаш мардуми мусулмон ҳастанд. Дар тӯли таърих тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон ифтихороте овардаанд, ки содиқона бигӯям, ҳеҷ қавми дигар надошт”, - мегӯяд Хуросонӣ.

Ӯ зикр намуд, ки барои ҳар он чӣ ки дар гузашта гуфт қалбан аз мардуми Тоҷикистон ва давлати муҳтарамашон пӯзиш мехоҳад ва илова кард, ки Тоҷикистону Афғонистон як миллатанд ва соҳиби тамаддуни олӣ ҳастанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Сомонӣ дар Русия рӯ ба арзоншавӣ ниҳод.

Рӯзи панҷшанбе арзиши 100 сомонии тоҷикӣ ба 910 рубл баробар хоҳад шуд.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.
Дар шабонарӯзи ахаир ҳарсе асъори маъмул дар қиболи сомонӣ каме гарон шудаанд.

Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.
🇺🇸 Интихоботи ИМА ба Фаластин кӯмак намекунад, ҳарду номзад аз Исроил пуштибонӣ мекунанд

Ин андешаро нависанда ва сиёсатшиноси фаластинӣ Акрам Аталла баён кардааст.

"Фаластиниҳо ҳар дафъа интихоботи Амрикоро интизоранд ва интизори чизи нав ҳастанд, аммо дар асл дар мавриди Фаластин ҳеҷ чиз тағир намеёбад",- гуфт ӯ ба РИА "Новости".

Ба гуфтаи коршинос, манофеъи ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон бо Исроил иртибот доранд ва аз эҳтимол дур нест, ки ба хотири ҳалли қазияи Фаластин аз онҳо даст кашанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Пулиси Тоҷикистон ба манъи GTA ва Counter Strike даъват мекунад.

Раёсати ВКД дар Душанбе изҳор дошт, ки ҳарду бозиҳои маъмули компютерӣ дорои унсурҳои зӯроварӣ, куштор ва ғоратгарӣ буда, "баъзе ҷавонон, ки пайваста ба онҳо гирифтор мешаванд, зери таъсири манфӣ қарор мегиранд ва ҷиноятҳои гуногун содир мекунанд".

Дар робита ба ин, Раёсати ВКД дар Душанбе аз соҳибони салонҳои компютерӣ ва бозӣ тақозо кардааст, ки ба паҳн кардани ин бозиҳо ва наворҳои марбут ба хусусияти хушунатомез роҳ надиҳанд ва аз шаҳрвандон хостааст, фарзандони худро зери назорат гиранд.

Ба сифати чораи пешгирикунанда пулис рейду тафтишҳои иловагиро ваъда медиҳад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇰🇵🚀Кореяи Шимолӣ як мушаки нави баллистикии байниқитъавӣ партоб кард.

Хабаргузории марказии Корея навиштааст, ки Пхенян бо партоби мушак бо фармони Ким Чен Ун як “озмоиши хеле муҳим”-ро анҷом дод ва таъкид кардааст, ки аҳамияти партоб “навсозии рекорди қудрати мушакҳои стратегӣ” аст.

Партоб соати 07:10 ба вақти маҳаллӣ ба сӯи баҳри Ҷопон сабт шудааст.

Қаблан, хадамоти иктишофии Кореяи Ҷанубӣ аллакай эътироф карда буд, ки ҶМК метавонад як мушаки нави баллистикии байниқитъавии сахтро партоб кунад.

Дар навбати худ вазири дифоъи Ҷопон гуфт, ки баландии парвози мушак аз 7 ҳазор километр гузашт, ки ин баландтарин нишондод дар тамоми давраи парвоз аст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Раҳбари нави "Ҳизбуллоҳ" мегӯяд, ки то пирӯзӣ омодаи муқовимат ҳастанд.

Наим Қосим дар аввалин изҳороташ гуфт, ки агар Исроил қасди қатъи ин ҷангро дошта бошад, мо онро қабул хоҳем кард, аммо бо шарту шароите, ки мо онро муносиб мешуморем, навиштааст ИРНА аз суханони вай.

Ӯ гуфт, ки муқовимат тавонотар мешавад ва ҳар қадар, ки вақт дароз шавад, талафоти Исроил ҳамон қадар бештар мешавад.

Вай афзуд, ки ҳамеша гуфтанд, мо дунболи ҷанг нестем, аммо инро болои мо таҳмил карданд ва мо низ барои озодии хоки худ мубориза хоҳем бурд.

Бар асоси омори утоқи амалиёти муқовимат ба гуфтаи вай, дар ин моҳ 90 низомии исроилӣ кушта ва 750 захмӣ, 38 тонки Меркава тахриб ва чаҳор ҳавопаймои бидуни сарнишин сарнагун шудаанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб доир мекунад.

Ба гузориши ФФТ ин дидорҳо дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 сурат мегирад.

Рақобатҳои санҷишӣ рӯзҳои 15 ва 18 ноябр дар шаҳри Дубай сурат мегирад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇹🇯🇨🇳Теъдоди бештару бештари соҳибкорони хориҷӣ барои ворид шудан ба МОИ "Суғд" талош мекунанд.

Ҳамин тавр, дар ин минтақа тоҷирони чинӣ мехоҳанд, истеҳсоли мошинҳои ҷомашӯӣ, яхдон ва асбобҳои рӯзгорро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, ширкатҳои консалтингии чинӣ метавонанд ба хидматрасонӣ дар соҳаи маориф шурӯъ кунанд, хабар медиҳад маъмурияти Суғд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Трамп бар қасди Байден ронандаи мошини партовкаш шуд.

Пас аз суханони президенти ИМА дар бораи "партов", миллиардери амрикоӣ тасмим гирифт, ки бо рондани чунин мошин дар Висконсин рақибони худро бо бештар масхара кунад.

"Дар бораи мошини партовкашии ман чӣ фикр доред? Ин ба шарафи Камала ва Ҷо Байден аст", - афзуд ӯ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед