Кӯдаке аз Худо пурсид:
- Ман фардо таваллуд мешавам. Чӣ тавр маро, ки ин қадар заиф, кӯчаку бепаноҳ ҳастам ба ҷое, ки намешиносам мефиристӣ?
Худо посух дод:
- Дар он ҷо фариштае мунтазири туст, ки аз ту мувозибат хоҳад кард.
Кӯдак дубора гуфт:
- Ман дар биҳишт ҳеҷ коре ҷуз овозхондан ва хандидан барои хушҳол будан надоштам.
Худо дубора гуфт:
- Фариштаи нигаҳбони ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯят лабханд хоҳад зад. Ту ин ишқу муҳаббатро дарк хоҳи кард ва ҳамеша хушҳол хоҳӣ буд.
Кӯдак бо ҳолати нигаронӣ гуфт:
- Ман нороҳатам чун агар ба дунё биравам дигар туро нахоҳам дид.
Худованд посух дод:
- Фариштаи нигаҳбони ту, дар бораи ман бо ту сухан хоҳад гуфт ва ба ту ёд хоҳад дод, ки чи гуна ба самти ман бозгардӣ. Ба илова, ман ҳамеша дар канори ту ҳастам.
Дар ин лаҳза садое аз замин шунида шуд. Кӯдак ба Худованд гуфт:
- Ҳоло, ки вақти рафтан расида, бигӯ номи фариштаи ман чист?
Худованд гуфт:
Ӯро МОДАР садо кун!

💐🌹Н А В Р Ӯ З Н О М А🌹💐
Ало,эй он, ки шуд иқбол ёвар,
Ба суккони дарат алтоф бовар!
Туӣ пушту паноҳи халқи олам,
Ба дилрешон туӣ пайваста марҳам.
Ба расми тӯҳфа кардам нусхае чанд,
Ба номат аз камоли лутф бинанд.
Ба ҳар соле зи ҷумъа то душанбеҳ
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.
Агар шанбеҳ ояд рӯзи Наврӯз,
Бувад он сол пурбарф,эй дилафрӯз!
Бувад он сол хушку нарх арзон,
Агарчи камтар орад абр борон.
Бувад нуқсони дахлу мева камтар ,
Шавад дар соли дигар ғалларо бар.
Валекин кӯдаконро марг бошад,
Аз он нахли падар бебарг бошад.
Агар Наврӯз дар якшанбе ояд,
Ба назми ин сухан фикре биёяд.
Зимистон тангу сармо саҳл бошад,
Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад?!
Шавад борони бисёре баҳорон,
Шавад тағйири пунба,салла арзон.
Валекин мевааш бисёр гардад,
Баҳори хуб,пур анбор гардад.
Агар душанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Ба некиҳои ғалла чашмро дӯз.
Зимистон хушку сармо сахт ояд,
Зимистон пӯстин пуррахт бояд.
Шавад он сол дахли ғалла некӯ,
Вале султон ба лашкар оварад рӯ.
Шавад он сол нархи ғалла арзон,
Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.
Намедонад касе онро, ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.
Агар Наврӯз дар сешанбеҳ ояд,
Яқин, он сол сар то сар беҳ ояд.
Шавад он сол пурборону пурбарф,
Ба арзонии ғалла меравад ҳарф.
Халоиқ ҷумлагӣ осуда бошанд,
Ҳама кас дар фароғат буда бошанд.
Шавад мева қалилу ғалла бисёр,
Бувад беморию марг андак, эй ёр.
Агар шуд чоршанбе рӯзи Наврӯз,
Мапурс аҳволи сол, эй марди дилсӯз.
Дар он сол, эй бародар, ғалла корӣ,
Шавад некӯ зи борони баҳорӣ.
Шавад ғалла талаф чунки дар он сол,
Миёна бошад исм он солро ҳол.
Набошад нархро охир қароре,
Ба мардум марг бошад бешуморе.
Агарчи мардумон гарданд беҷон,
Валекин бештар марги бузургон.
Агар Наврӯз дар панҷшанбеҳ ояд,
"Накӯ сол аст ин"гуфтан нашояд.
Зимистон сахт ояд, мева бисёр,
Валекин кори ғалла саҳл, эй ёр.
Дар он сол, эй бути фархундадидор,
Шавад нархаш гарону марг бисёр.
Агар дар ҷумъа ояд рӯзи Наврӯз,
Зи ҳайронӣ шунав, ин назм омӯз!
Зи ғалла баҳрае гиранд мардум,
Зи ҳар ҷинс аз ҳама беҳтар зи гандум.
Шавад дар мардумон кам мева хӯрдан,
Шавад бо кӯдакон бас маргу мурдан.
Ду--се байт аз Нақибе ёдгор аст,
Чаро к--ин аҳли ҳикматро ба кор аст.
Рафиқо, аз карам ҳар гаҳ ки хонӣ,
Ба сомоне дуъое мерасонӣ!
Н А Қ И Б Х О Н И
🌺🌺🌺🌺 Т У Ғ А Л
Ало,эй он, ки шуд иқбол ёвар,
Ба суккони дарат алтоф бовар!
Туӣ пушту паноҳи халқи олам,
Ба дилрешон туӣ пайваста марҳам.
Ба расми тӯҳфа кардам нусхае чанд,
Ба номат аз камоли лутф бинанд.
Ба ҳар соле зи ҷумъа то душанбеҳ
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.
Агар шанбеҳ ояд рӯзи Наврӯз,
Бувад он сол пурбарф,эй дилафрӯз!
Бувад он сол хушку нарх арзон,
Агарчи камтар орад абр борон.
Бувад нуқсони дахлу мева камтар ,
Шавад дар соли дигар ғалларо бар.
Валекин кӯдаконро марг бошад,
Аз он нахли падар бебарг бошад.
Агар Наврӯз дар якшанбе ояд,
Ба назми ин сухан фикре биёяд.
Зимистон тангу сармо саҳл бошад,
Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад?!
Шавад борони бисёре баҳорон,
Шавад тағйири пунба,салла арзон.
Валекин мевааш бисёр гардад,
Баҳори хуб,пур анбор гардад.
Агар душанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Ба некиҳои ғалла чашмро дӯз.
Зимистон хушку сармо сахт ояд,
Зимистон пӯстин пуррахт бояд.
Шавад он сол дахли ғалла некӯ,
Вале султон ба лашкар оварад рӯ.
Шавад он сол нархи ғалла арзон,
Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.
Намедонад касе онро, ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.
Агар Наврӯз дар сешанбеҳ ояд,
Яқин, он сол сар то сар беҳ ояд.
Шавад он сол пурборону пурбарф,
Ба арзонии ғалла меравад ҳарф.
Халоиқ ҷумлагӣ осуда бошанд,
Ҳама кас дар фароғат буда бошанд.
Шавад мева қалилу ғалла бисёр,
Бувад беморию марг андак, эй ёр.
Агар шуд чоршанбе рӯзи Наврӯз,
Мапурс аҳволи сол, эй марди дилсӯз.
Дар он сол, эй бародар, ғалла корӣ,
Шавад некӯ зи борони баҳорӣ.
Шавад ғалла талаф чунки дар он сол,
Миёна бошад исм он солро ҳол.
Набошад нархро охир қароре,
Ба мардум марг бошад бешуморе.
Агарчи мардумон гарданд беҷон,
Валекин бештар марги бузургон.
Агар Наврӯз дар панҷшанбеҳ ояд,
"Накӯ сол аст ин"гуфтан нашояд.
Зимистон сахт ояд, мева бисёр,
Валекин кори ғалла саҳл, эй ёр.
Дар он сол, эй бути фархундадидор,
Шавад нархаш гарону марг бисёр.
Агар дар ҷумъа ояд рӯзи Наврӯз,
Зи ҳайронӣ шунав, ин назм омӯз!
Зи ғалла баҳрае гиранд мардум,
Зи ҳар ҷинс аз ҳама беҳтар зи гандум.
Шавад дар мардумон кам мева хӯрдан,
Шавад бо кӯдакон бас маргу мурдан.
Ду--се байт аз Нақибе ёдгор аст,
Чаро к--ин аҳли ҳикматро ба кор аст.
Рафиқо, аз карам ҳар гаҳ ки хонӣ,
Ба сомоне дуъое мерасонӣ!
Н А Қ И Б Х О Н И
🌺🌺🌺🌺 Т У Ғ А Л
Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!
Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!
Лоиқ Шералӣ
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!
Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!
Лоиқ Шералӣ
Наварӯси субҳи фирӯз омадаст,
Сабза бо домони гулдӯз омадаст.
Куртаи атлас ба тан Модар Замин,
Интизори шамси дилсӯз омадаст.
Бо дили пурхаҷр бесабру шитоб,
Булбули хушхон ҷигарсӯз омадаст.
Фарши зебо маҳфилорои дил аст,
Гулбари ромишгар имрӯз омадаст.
Бо сари таъзим ба сад нозу ниёз, Лӯъбатосо пайки Наврӯз омадаст.
Омадӣ, хуш омадӣ, айёми ишқ, Ишқро фархунда ин рӯз омадаст!
ОЗАРМЕҲР

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ, оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун, ҳамеша бо ватан будам,
Агар чӣ нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт!
М. Турсунзода.
Тамоми зиндагӣ, оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун, ҳамеша бо ватан будам,
Агар чӣ нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт!
М. Турсунзода.
Бори дигар.
Бори дигар баҳор меояд,
Аз тароват шукуфад ошӯбам.
Қабзаи зулфро кунам ҷорӯб,
Хонаро баҳри ёр мерӯбам.
Бори дигар баҳор меояд,
Ҳамраҳи ёри рафта бо армон.
Боз месозамаш варо банда,
Мекунам осияш дусад чандон.
Гесувонро ба атри боронӣ,
Медиҳам ихтиёри бӯсидан
Гунаҳоям ба ламси хуршеду,
Ғунчаҳоям барои рӯидан.
Ин баҳор аз таровати қалбам,
Лолаҳои сафед мерӯянд.
Ошиқони мананд,ки бо армон,
Қиссаҳоям ба моҳ мегӯянд...
Саидаи Синавӣ
Бори дигар баҳор меояд,
Аз тароват шукуфад ошӯбам.
Қабзаи зулфро кунам ҷорӯб,
Хонаро баҳри ёр мерӯбам.
Бори дигар баҳор меояд,
Ҳамраҳи ёри рафта бо армон.
Боз месозамаш варо банда,
Мекунам осияш дусад чандон.
Гесувонро ба атри боронӣ,
Медиҳам ихтиёри бӯсидан
Гунаҳоям ба ламси хуршеду,
Ғунчаҳоям барои рӯидан.
Ин баҳор аз таровати қалбам,
Лолаҳои сафед мерӯянд.
Ошиқони мананд,ки бо армон,
Қиссаҳоям ба моҳ мегӯянд...
Саидаи Синавӣ
ТАНҲОӢ
Танҳоӣ на он аст, ки танҳою ғарибӣ,
Танҳоӣ на он аст, ки бе ёри қаринӣ.
Танҳоӣ чунон аст, ки дар байни ҳама халқ
Бошӣ, вале бе дарди ҳама халқ нишинӣ.
Танҳоӣ на он аст, ки ёрону ҳарифон
Як бор напурсанду даратро накушоянд.
Танҳоӣ чунон аст, ки дар ҳозиру ғоиб
Қадри ту надонанду ғаматро назудоянд.
[1975]

* * *
Ҷамъияти куфр аз парешонии мост,
Тарақии насоро аз ақибмонии мост.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб,ки ҳаст дар мусулмонии мост.
Ҷамъияти куфр аз парешонии мост,
Тарақии насоро аз ақибмонии мост.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб,ки ҳаст дар мусулмонии мост.
* * *
Ёре, ки аҳди ошиқӣ бо ман бубаст, рафт,
Гуфто бас аст оҳу ғам, дигар бас аст, рафт.
Болои ин ҳама ғаму дарду шикастҳо
Аз нав дили шикастаи моро шикаст, рафт.
Гуфтам, ки як дили варо ёбам, хуш орзуст,
Як дил ба даст н-омаду сад дил зи даст рафт.
Чун баста буд риштаи ҷонам ба тори мӯш,
Як худ нарафт, риштаи ҷонам гусаст, рафт.
Ишқе, ки дар фарози наҷобат мақом дошт,
Чун санги бодхурдае аз қулла паст рафт.
Ҷурми ман аст, эй худо ё ҷурми содагӣ,
Мурғе, ки дӯш дар кафи ман менишаст, рафт...
[1986]
#ғазалҳо

Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам.
Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур
Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.
Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур шавад,
То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.
Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам.
Ҳар гаҳ забони хомаам гирад зи изтироб
Лабҳои байтхони туро ёд мекунам.
То бӯи дард бишнавӣ аз шеърҳои ман,
Он дардҳои ҷони туро ёд мекунам.
Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,
Якумр остони туро ёд мекунам...
[1979]
#ғазалҳо
Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам.
Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур
Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.
Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур шавад,
То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.
Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам.
Ҳар гаҳ забони хомаам гирад зи изтироб
Лабҳои байтхони туро ёд мекунам.
То бӯи дард бишнавӣ аз шеърҳои ман,
Он дардҳои ҷони туро ёд мекунам.
Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,
Якумр остони туро ёд мекунам...
[1979]
#ғазалҳо
* * *
Ало, кайҳони дури ман, ало эй хоксори ман,
Ки ҳоло сабз медорӣ баҳори рӯзгори ман.
Шабат хуш бод боре дар канори ёри иҷборӣ,
Агарчи нестӣ дар шоми ғамҳо ҳамканори ман.
Туро ҳар бор агар бинам, ҷавонӣ боз меояд,
Ту – ишқи шуълабори ман, умеди пойдори ман.
Агар чашмат набинам, чашмаи илҳом мехушкад,
Ту – ҷони беқарори ман, ту – шеъри обдори ман.
Агар рӯят набинам, рӯи тақдирам сияҳ гардад,
Ту – ҳусни рӯзгори ман, ту ҳузни хушгувори ман.
Зи абрӯи баланди ту, зи мижгони дарози ту,
Ҳама авҷу барори ман, ҳама шӯру шарори ман.
Зи ҳар ҳарфи суруди ман фурӯзон мешавад номат,
Ту – ёду ёдгори ман, ту – зарлавҳи мазори ман.
Хушо аз кӯрии чашми касон, моро баҳоре ҳаст,
Хазонатро набинам, эй гули доимбаҳори ман!

Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🎙Далер Назаров
Суруди неки
Стихи - Лоик Шерали
Гала-концерт "Шогун-Бахор 2016"
Лужники, Москва
Daler Nazarov
Surudi Neki
Lurics - Loiq Sherali
Concert "Shogun-Bakhor 2016" Luzhniki Moscow
#наворҳо
Суруди неки
Стихи - Лоик Шерали
Гала-концерт "Шогун-Бахор 2016"
Лужники, Москва
Daler Nazarov
Surudi Neki
Lurics - Loiq Sherali
Concert "Shogun-Bakhor 2016" Luzhniki Moscow
#наворҳо
* * *
Намеарзад барои молу мансаб,
Бародарзода бифребад бародар.
Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад, бародар
Намеарзад барои молу мансаб,
Бародарзода бифребад бародар.
Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад, бародар
* * *
Дидори ту барои ман дидори зиндагист,
Ғамҳои ту барои ман ғамхори зиндагист.
Як ёди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
Ёдат чу ёди бахт мададгори зиндагист.
Ду чашми ту бас аст, ки як умр бедареғ
Донам, ки ишқ нашъаи саршори зиндагист.
Аммо дареғи дигаре дурии мову туст,
– Дурии мову туст ё асрори зиндагист.
Мо як ниҳоли дутана-ҳамреша, дар ду боғ,
Ин кори мову туст ва ё кори зиндагист?
Аз рахнае ба ҳамдигар наззора мекунем,
Зеро ки дар миёни мо девори зиндагист.

Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.
Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.
Дилам хоҳад дуоятро –
Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сӯи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,
Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гирйистаӣ дар худ фурӯ монда...
Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро,
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё сабақ хондам,
Китоби куҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.
Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кӯдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсӯс хоҳам хурд...
[1980]
#модарнома

Фалак майдони озор аст, намегӯӣ, намедонам,
Азозил аз паси кор аст, намегӯӣ, намедонам.
Дил аз девори дасти одамӣ пайваста дилтанг аст,
Чӣ ғавғо пушти девор аст, намегӯӣ, намедонам.
Ғаматро мекашад пушти хами ҷони гунаҳгорам,
Саъодат дашти пурхор аст, намегӯӣ, намедонам.
Ғазалҳоро кашидам дар варақҳои тани хотир
Нахаш аз чанги гулзор аст, намегӯӣ, намедонам.
Ниҳоле, ки маро додӣ, аз он боғи камоли худ,
Дарахти шеъри пурбор аст, намегӯӣ, намедонам.
Ба кабку булбули боғат, ки менозию мебозӣ,
Чӣ рафтору чӣ гуфтор аст, намегӯӣ, намедонам.
Камоне, ки ба дастони халоиқ додаи имрӯз,
Ки фардо мулк тирбор аст, намегӯӣ, намедонам.
Раъият хобу сарҳанг мекашад шабҳои бехобӣ,
Ки ошиқ шамъи бедор аст, намегӯӣ, намедонам.
Чӣ бошад, ҳиллати ин омаду рафте, ки мо дорем,
Ки мурдан охири кор аст, намегӯӣ, намедонам.
Сари сабзам зи гуфтори хақиқат мехӯрад санге,
Ҳақиқат рӯзи дидор аст, намегӯӣ, намедонам.
Ба Пайдовар миёни абри ялдо роҳ бинмудӣ,
Қамар он ҷо намудор аст, намегӯӣ, намедонам.
Шараф Пайдовар Умарзода
7.02.2020

Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост,
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост
Бо нури осмониву меҳри заминияш,
Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост
Модар ба илтифоти Худованди бениёз,
Дар маҳзари дуруду саломи фариштаҳост
Шоду ғамаш ба дидаи бедору меҳрубон,
Ҳамрози субҳу ҳамдами шоми фариштаҳост
Модар дар офариниши дунёи тифли ноз,
Пайваста бо марому низоми фариштаҳост
Эй Озарахш, шавкати ҳастии ҷовидон
Пайғоми модар асту ба номи фариштаҳост
Толиб Озарахш.
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост
Бо нури осмониву меҳри заминияш,
Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост
Модар ба илтифоти Худованди бениёз,
Дар маҳзари дуруду саломи фариштаҳост
Шоду ғамаш ба дидаи бедору меҳрубон,
Ҳамрози субҳу ҳамдами шоми фариштаҳост
Модар дар офариниши дунёи тифли ноз,
Пайваста бо марому низоми фариштаҳост
Эй Озарахш, шавкати ҳастии ҷовидон
Пайғоми модар асту ба номи фариштаҳост
Толиб Озарахш.
Нигоҳам маст мерақсад дар огуши нигоҳи ту,
Чу моҳи метапам дар баҳри чашмони сиеҳи ту.
Ҳадаф бинмуди ҷонамро, аё сайеди безинҳор,
Кучо бигрезам аз тири нигоҳи бепаноҳи ту.
Нишаста ру ба руям мекашӣ оҳ аз ҷигар, ҷоно,
Фитод аз по ғурури ман зи ларзишҳои оҳи ту.
Куҷо бурди ту охир сабру тамкину қарорамро,
Ба як ҳарфи ширин бигзаштам аз чандин гуноҳи ту.
Маро дар дил дигар завқу ҳавасҳои ҷавони нест,
Гузашт умрам ба завқи интизориҳои рохи ту.
Адиба, як нафас дидор меарзад ба умри Хизр,
Бувад хуштар ҳамин як лаҳза аз сад солу моҳи ту.
Адиба