Шеърҳои тоҷикӣ
1.83K subscribers
614 photos
107 videos
5 files
141 links
💕Омаден хуш омаден🤗
💕Ба канал мепартоем👍
💌Шерхой ошики👍
🎵Музика👍
📸Суратхо👍
📽Видие👍
Фаолияти канал 🇹🇯🇹🇷🇺🇿🇷🇺
┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄┄
🖤 @Sherhoi_TJ 🖤
┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄
Админ @wzadham
Инстаграм @adkxo_
Download Telegram
🇹🇯 TAJ MEGA Каналхои бо сифатро пешкаши шумо мегардонад

VIP CHANNEL
@BEDIL_0001
@OSHIKTV
@Necatop
@MAYDON_TJK


👑 CHANNEL SPONSOR 👇
@AlisaDirilisFilm - Основание Осман
@DunyoMedia - Ҷаҳони Мусиқи
@Ozodi_Tojik - Ахбори Радиоӣ Озоди


Пайваст шудан ба мега
Майда майда умр рафту окибат чоям кучост,
Дар даруни хонаи танг обу маъвоям кучост.
Хайфи он рухсори зебоям ки ёри ман надид,
Баъди рехлат аз чахон он руи зебоям кучост.
Эй дӯстони ҷонӣ боҳам будан ғанимат
Як лаҳза шоду хандон беғам будан ғанимат
Умри равон равон аст хоҳем ё нахоҳем
Рӯи гул ҳавасҳо ин суҳбатҳо ғанимат...
Моро зи орзӯи ту парвои хоб нест,
Бе рӯи дилфиреби ту будан савоб нест.
Дар даври чашми масти ту ҳушёр кас надид,
Ку дида, к-аз тасаввури чашмат хароб нест?
Дар ҳар кӣ бингарӣ, ба ғаме аз ту мубталост,
Як дил надидаам, ки зи ишқат кабоб нест.
Ҳар к-ӯ ба теғи ишқи ту шуд кушта рӯзи ҳашр,
Ӯро дар он ҷаноб суолу ҷавоб нест.
Ҳофиз, чу зар ба бӯта дарафтоду тоб ёфт,
Ошиқ набошад он, ки чу зар ӯ ба тоб нест.
Аз дида хуни дил ҳама бар рӯи мо равад,
Бар рӯи мо зи дида, чӣ гӯям, чиҳо равад?
Мо дар даруни сина ҳавое нуҳуфтаем,
Бар бод агар равад дили мо, з-он ҳаво равад,
Хуршеди ховарӣ кунад аз рашк ҷома чок,
Гар моҳи меҳрпарвари ман дар қабо равад.
Бар хоки роҳи ёр ниҳодем рӯи хеш,
Бар рӯи мо равост, агар ошно равад.
Сел аст оби дидаву ҳар кас, ки бигзарад,
Гар худ дилаш зи санг бувад, ҳам зи ҷо равад.
Моро ба оби дида шабу рӯз моҷарост,
3-он раҳгузар, ки бар сари кӯяш чаро равад?
Ҳофиз ба кӯи майкада доим ба сидқи дил,
Чун сӯфиёни савмаадор аз Сафо равад.
Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
Ба бӯи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.
Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.
Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.
Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.
Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳвӣ даиддунё ва аҳмилҳо.
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.
Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб
Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом аст.
Дар мазҳаби мо бода ҳалол аст, валекин
Бе рӯи ту, эй сарви гуландом, ҳаром аст.
Гӯшам ҳама бар қавли наю нағмаи чанг аст,
Чашмам ҳама бар лаъли лабу гардиши ҷом аст.
Дар маҷлиси мо атр маёмез, ки моро
Ҳар лаҳза зи гесуи ту хушбӯй машом аст.
Аз чошнии қанд магӯ ҳеҷу зи шаккар
3-он рӯ, ки маро аз лаби ширини ту ком аст.
То ганҷи ғамат дар дили вайрона муқим аст,
Ҳамвора маро кӯи харобот мақом аст.
Аз нанг чӣ гӯй, ки маро ном зи нанг аст
В-аз ном чӣ пурсӣ, ки маро нанг зи ном аст.
Майхораву саргаштаву риндему назарбоз,
В-он кас, ки чу мо нест дар ин шаҳр, кадом аст?
Бо мӯҳтасибам айб магӯед, ки ӯ низ
Пайваста чу мо дар талаби айши мудом аст.
Ҳофиз, манишин бе маю маъшуқ замоне,
К-айёми гулу ёсуману иди сиём аст.
Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,
Нақши ҳар нағма, ки зад, роҳ ба ҷое дорад.
Олам аз нолаи ушшоқ мабодо холӣ,
Ки хуш оҳангу фараҳбахш ҳавое дорад!
Пири дурдикаши мо, гарчи надорад зару зӯр
Хуш атобахшу хатопӯш Худое дорад.
Мӯҳтарам дор дилам, к-ин магаси қандпараст
То ҳавохоҳи ту шуд, фарри ҳумое дорад.
Аз адолат набувад дур, гараш пурсад ҳол,
Подшоҳе, ки ба ҳамсоя гадое дорад.
Ашки хунин бинамудам ба табибон, гуфтанд:
«Дарди ишқ асту ҷигарсӯз давое дорад».
Ситам аз ғамза маёмӯз, ки дар мазҳаби ишқ
Ҳар амал аҷреву ҳар карда ҷазое дорад.
Нағз гуфт он бути тарсобачаи бодапараст:
«Шодии рӯи касе хӯр, ки сафое дорад»
Хусраво, Ҳофизи даргоҳнишин фотиҳа хонд
В-аз забони ту таманнои дуое дорад.
Эй боди насим ёр дорӣ,
3-он нафҳаи мушкбор дорӣ.
Зинҳор макун дароздастӣ,
Бо турраи ӯ чӣ кор дорӣ?
Эй гул, ту куҷову рӯи зебош?
Ӯ мушку ту хор бор дорӣ.
Райҳон ту куҷову хатти сабзаш,
ӯ тозаву ту ғубор дорӣ.
Наргис ту куҷову чашми масташ,
ӯ сархушу ту хумор дорӣ.
Эй сарв, ту бо қади баландаш,
Дар боғ чӣ эътибор дорӣ?
Эй ақл, ту бо вуҷуди ишқаш
Дар даст чӣ ихтиёр дорӣ?
Рӯзе бирасӣ ба васл, Ҳофиз,
Гар тоқати интизор дорӣ.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
* * *
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.

Шукр гӯям ҳар дарахтеро, ки бошад дубара,
Шукр гӯям ҳар ниҳолеро, ки навгонӣ диҳад.
Шукр гӯям ҳар сабоҳеро, ки хуршед аз уфуқ
Пайки рӯзи нав зи бахши умри инсонӣ диҳад.

Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан.
Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон, вале
Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам бе Ватан.

Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст,
Ҳеҷ напсандад ҳуҷуми нокасу ночизҳо.
Шиквае аз кас? Фақат аз хештан дорам гила
То намонад шеъри ман чун лошаи полезҳо.

Шукр гӯям обу нонеро, ки аз ранҷи ман аст,
Гарчи дастам ҷӯ наканду дона дар хоке накошт.
Шарм медорам ба ҷои он ҳама бемоягон,
Ки ба як мисқоли худ хирворҳо хоҳанд дошт.

Шукр гӯям толеамро, ки насибам сохтаст
Ҳамзамонии ҳама эъҷозҳо, парвозҳо.
Чун Гагарин гар набошам аввалин кайҳонкушо,
Кардаам парвозҳое дар ҷаҳони розҳо.

Шукр гӯям ҳастиро, к-аз шавқ меҷӯшад дилам,
Гар наҷӯшад дил, бисоти умр рангин аз куҷост?
Шукр гӯям ҳар тапишро, ки нидои зиндагист,
Гар набошам, ин ҳама эҳсоси ширин аз куҷост!?
Лоик Шерали
Ғазали зебое аз Хоҷа Ҳофиз.

Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломеву каломе нафиристод.
Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон
Пайке надавониду саломе нафиристод.
Сӯи мани ваҳшисифати ақлрамида,
Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.
Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст
В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.
Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст
Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.
Чандон, ки задам лофи каромоту мақомот,
Ҳеҷам хабар аз ҳеҷ мақоме нафиристод.
Ҳофиз, ба адаб бош, ки вохост набошад,
Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
#қиссаи_ҳазрати_Нуҳ

Пайғамбар Нуҳ, алайҳиссалом, занеро дид, ки гиря мекунад ба назди зан рафт ва пурсид:
- Чаро гиря мекунӣ?
Зан гуфт:
- Эй пайғамбар, ман барои писарам ки дар хурдӣ мурда буд гиря мекунам ӯ дар ҷавони рафт.
Ҳазрати Нуҳ (а) аз зан пурсид:
- Писари Шумо дар синни чандсолаги вафот кард?
Зан гуфт:
- Танҳо 300 сол умр дошт!
Ҳазрати Нуҳ хост ғуссаи занро сабук созад, гуфт:
- Шумо чӣ кор мекунед? Агар Шумо дар замоне зиндагӣ кунед, ки синни мардумонаш ҳадди ниҳоияш аз шаст боло набошад?
Зан гуфт:
- Ё касе ҳаст, ки ҳамагӣ шаст сол умр бубинад?
Пайғамбар Нуҳ (а) гуфт:
- Бале.
Зан гуфт:
- Оё мардумоне ҳастанд, ки дар ин муддати кутоҳ ба Худо нофармонӣ кунанд?
Пайғамбар гуфт:
- Аксари онҳо нофармонӣ мекунанд.
Зан бо ҳисси кунҷкоби идома дод:
- Оё онҳо дунёро дӯст медоранд?
Пайғамбар ҳазрати Нуҳ (а) гуфт:
- Бале, танҳо ташвиши онҳо муҳаббати ҷаҳон ва касоне ҳастанд, ки дар бораи ояндаи пас аз марг фикр намекунанд.
Зан аз ин суҳбат ба шавқ омада гуфт:
- Оё онҳо байни худ дар масъалаҳои оддитарин баҳс мекунанд?
Ҳазрати Нуҳ пайғамбар гуфт:
- Балки онҳо бар сари хурдтарин масъалаҳо мубориза мебаранд.
Боз зан савол дод:
- Оё онҳо дар ин муддати кутоҳ барои худ ва зиндагии худ кулбаҳо месозанд?
Пайғамбар идома дод:
- Балки онҳо қасрҳоро солҳо обод мекунанд, сипас бе ҳеҷ роҳате дар қаср онро тарк мекунанду мераванд.
Зан гиря кард гуфт:
- Эй азизам пайғамбар ҳазрати Нуҳ (а), агар ман ба ҷои ин мардум мерафтам, тамоми умрамро дар зери сояи дарахти Худо мегузаронидам ва тамоми умр дар назди Худои Қодир саҷда мекардам...

_Пайғамбар ҳазрати Нуҳ (а) дар қиссаи худ замони пас аз Муҳаммад (с) пайғамбари охирадзамонро дар назар дошт...
Тамоми умр меҷустам туро аз кӯчаҳои ишқ
Вале пайдо намудам, ки насиби дигаре будӣ.
Сари танҳо, дили танҳо ба кӯят омадам, аммо
Дилеро раҳбаре будӣ, сареро сарваре будӣ
Ману ту сахт монандем дар тақдиру дар қисмат,
Ману ту сахт метарсем аз ворафтани исмат
Ману ту сахт пайвандем дар дунёи рӯёӣ
Худоё, кош, бедорӣ намедидему дунёӣ.
Дилам фармон намегирад, вале водор месозам
Зи дунёи муҳаббат чашмро пӯшида мемонам.
Барои вақти ту эҳсоси худро карда қурбонӣ
Гули хоҳам нахоҳам дар мазори ишқ мемонам.
Баҳор асту ҳама дилро хаёли ишқ мегирад,
Хумори ҷон тапидан дар канори ишқ мегирад.
Фақат метарсам аз рӯзе, ки ногаҳ аз гиребонам
Уболи ишқ мегирад, уболи ишқ мегирад.
Гуфтам: Худоё чи гуна оғоз кунам?
Гуфт: ба номи ман!
Гуфтам: Худоё чигуна ором гирам?
Гуфт: ба ёди ман!
Гуфтам: Худоё хеле танҳоям,
Гуфт: танҳотар аз ман?
Гуфтам: Худоё ҳеҷ кас канорам намондааст,
Гуфт: ба ҷуз ман!
Гуфтам: Худоё аз баъзеҳо дилгирам,
Гуфт: ҳато аз ман?
Гуфтам: Худоё қалбам холист,
Гуфт пур кун аз ишқи ман!
Гуфтам: дасти ниёз дорам,
Гуфт: бигир дасти ман!
Гуфтам: бо ин ҳама мушкил чи кунам?
Гуфт: тавакал кун ба ман!
Гуфтам: эҳсос мекунам хеле аз тӯ дурам,
Гуфт: не наздиктарин ба ту ман!
Гуфтам: барои орзуҳоям чи кунам?
Гуфт: талош кун ба умеди ман!
Гуфтам: чигуна аз ин дунё дил биканаму биравам?
Гуфт: ба умеди дидори ман!
Гуфтам: Худоё чаро ин қадар мегуи ман?
Гуфт: чун ман аз ту ҳастаму ту аз ман.
НОНИ ОСИЁ

Агар хоҳӣ бубинӣ навбаҳорони Самарқандам,
Дурахши барқу
Ҳусни лолазорони Самарқандам.
Дар ин ҳангом туғёни Зарафшони Самарқандам,
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.

Агар хоҳӣ шавӣ хуррам зи оҳанги хуши суғдӣ,
Ба ту бахшад ҷавонӣ ҷилваи ранги хуши суғдӣ,
Нигоҳи гарму духти чеҳрагулранги хуши суғдӣ,
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.

Дар он бинӣ ту қурси офтоби зиндагониро,
Дар он бинӣ баландиҳою парвози ҷавониро,
Биёбӣ оташи рухсору тафси меҳрубониро,
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.

Дар он мавҷи зафармандӣ,
Худ он рамзи хирадмандӣ,
Дар он авҷи ҳунармандии
дастони самарқандӣ,
Ба рўи нони якрўза
Навишта нақши дилбанде,
Бигўяд «хуни мою дилбарӣ
доранд пайвандӣ»…
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.
В А Ъ Д А Б О З
Сӯхтам аз ваъдаҳои пучу қоқи ваъдабоз,
Ваъдаҳои бе сару нӯгу чатоқи ваъдабоз.
Барра аз модар назода ваъдаи пашмаш диҳад,
То ба кай ин ваъдаҳои тумтароқи ваъдабоз?
Ончунон андар гулӯяш ваъдаҳо ҷамъ омада,
Ҷои ҳар гап ваъда резад аз буқоқи ваъдабоз.
Гӯшт ваъда, пахта ваъда, мева ваъда, хона ҳам,
Пур шуда олам зи ҷоғи садямоқи ваъдабоз.
Дар сари минбар барояд қӯша-қӯша ваъдаҳо,
Дил - ба зад, аз ростӣ, ин ҷуфту тоқи ваъдабоз.
Ӯ бағалҳоро зи ваъда пур кунад аз чормагз,
Пучу холӣ лек бошад ҳар чамоқи ваъдабоз.
Кош андар зиндагӣ як ваъдааш иҷро шавад,
Умрҳо ҳастем бар ин иштиёқ, эй ваъдабоз.

Боқӣ Раҳимзода