Шеърҳои точики
1.83K subscribers
761 photos
162 videos
19 files
38 links
Дар ин канал фақат шеърҳову мусиқахои тоҷики навишта ва гузошта мешавад! (txt. mp3. Video. jpg.)
Чи таклифе ёки шикояте доред
Касе мехоҳад админ шудан
Марҳамат нависед!
@tojikemoo
Download Telegram
Ҳеҷ як зуру тавоно соҳиби дунё нашуд,
Ҳеҷ як доро, зи дорогиаш дастболо нашуд.
Ҳеҷ як мутриб ба оҳангаш саре соҳиб нашуд,
Ҳама рафтанд зери хоку, ибрате бар мо нашуд
Бедил
Навбаҳор аст дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,
Ки басе гул бидамат бозу ту дар гил бошӣ.
Ман нагӯям, ки ту бо кӣ бинишину чӣ бинӯш,
Ки ту худ дони агар зираку оқил бошӣ.
Дилам хоҳад равад бар кӯйи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯйи модар.
Тамоми рӯйи дунёро бигаштам,
Надидам рӯйи хуш ҷуз рӯйи модар.
Аз барои ғами ман, синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
Сар ба домони ту з- ин пас ниҳаму нола кунам,
Баҳри нолидани ман домани саҳро танг аст.
Аё модар дуоям кун, ки мӯҳтоҷам дуоятро,
Аё модар садоям кун, ки пазмонам садоятро.
Биё модар, биё модар, бибӯсам хоки поятро.

Ҷаҳони модарон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Бимирам ман ҷаҳонатро, бинозам номи покатро.
Аё модар, аё модар, куҷо ёбам суроғатро.

Надорад зиндагӣ маъно бароям бе ту, ай модар,
Биё сӯям нигоҳе кун, ки сер бинам нигоҳатро.
Аё модар дуоям кун, ки мӯҳтоҷам дуоятро.
#қиссаи_кутоҳ_аммо
#_пур_аз_дард...
Кудаке ки падараш вафот карда буд лой бози дошт.
Модараш ӯро дид, ки бо лой бозӣ дорад.
Ба фарзандаш гуфт:
- Бархез, духтарам, бархез, бо лой бозӣ накун либосатро лой ва ифлос мекунӣ.
Кудак ба модараш гуфт:
- Модарҷон, нагуфта буден, ки мо аз лой сохта шудаем?
Модар гуфт:
- Бале, духтаракам!
Кудак бо чашмони пур азашк ба модари худ гуфт:
- Модарҷон, илтимос ба ман кумак кун, ки боз Падарамро бисозем...😢😢😢💔
____
Худоё ба ҳар фарзанде ки Падару модар гум кардааст ту худ меҳратро кам масоз...
Ё Раб ба ҳар Падару модаре ки ба зери хок афтодааст ту раҳм бикун...
Амин!!! 🤲🏻🤲🏻

Худоё афтодаям дастам бигир🥀
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҳоҷи мирзо
Барои модар
ТУ ҲАСТӢ

Он ки дар хотир нигаҳ дорам, ту ҳастӣ,
В-он киро бо ҷон харидорам, ту ҳастӣ.

Рӯзҳоям бо ту гардад офтобӣ,
Машъалафрӯзи шаби торам ту ҳастӣ.

Кай қалам дорад маҷоле бар навиштан?
Боиси эҷоди ашъорам ту ҳастӣ.

То ки бошад қомати дил чун алиф рост,
Чун нафас ҳар лаҳза даркорам ту ҳастӣ.

Гӯӣ аз ман фикр месозӣ ту оё?
Чун наандешам? Дар афкорам ту ҳастӣ.
Хусрав
Дунёро ларзон карди.
Пиронро гирён карди.
Ёшонро гамнок карди.
Ей баскун коронавирус,

Зодгохад мулки чин буд.
Магзад чун аз бедин буд.
Чангад хамчун бетир буд.
Ей баскун коронавирус,

У́збекистон юрти мост.
Чун зодгохи авлиёст.
Ин мулк мулки синост.
Ей баскун коронавирус.

Гуфти синоро кардем.
Исфандро чун дудкардем.
Туро чун бехуш кардем.
Ей баскун коронавирус.

Ту аз нутфайи шайтони.
Бар чашм наменамойи.
Зулму ситамро ори.
Ей баскун коронавирус.

Мо АЛЛОХИ пок дорем.
Зикре аз куръон дорем.
Дасте бар дуо дорем.
Ей баскун коронавирус,
📚📚📚📚📚📚📚📚📚📚📚📚📚📚

ДАР БОРАИ КИТОБҲО!



ЗАБОНИ МОДАРӢ!

"З" - Забони ширину гуворои ман,
"А" - Аз садоят барно шавад ҷони ман.
"Б" - Баҳри миллат ту бимонӣ ҷовидон,
"О" - Ояндаи дурахшони тоҷикон.
"Н" - Набошад дар ҷаҳон ҳеҷ монанди ту,
"И" - Иборат аз ганҷу дурдонаи ту.

"М" - Миллати тоҷик абад поянда бод,
"О" - Офтоби пурнури мо тобанда бод.
"Д" - Дар дилу дар дидаи мо ҷост забон,
"А" - Аз ин рӯ, гаҳвораи фанҳост забон.
"Р" - Роҳсипор шав бар диёри тоҷикӣ,
"Ӣ" - Ифтихори мо забони тоҷикӣ!



МАТЕМАТИКА!

"М" - Медонӣ ту дар олам,
"А" - Амири фанҳо кадом?
"Т" - То бикунӣ он аз бар,
"Е" - Эҳтиёҷат нест мудом.
"М" - Масъалаҳои мушкил,
"А" - Аз он мешавад ҳосил
"Т" - То дурахшон шавад рӯз
"И" - Илми ҳисобро омӯз.
"К" - Кони саволу ҷавоб -
"А" - Аз МАТЕМАТИКА ёб!



КИТОБИ ХОНИШ!

"Х" -Хонам китоби хониш,
Аз он бигирам дониш.
"О" -Онро хонам ман бурро,
Аз ёд кунам шеърҳоро.
"Н" -Намекунам фаромӯш,
Шеъру ҳикояҳоро.
"И" -Иншо менависам ман,
Бехатову бомазмун.
"Ш" -Шояд ки дар оянда,
Ман бишавам талаба!




ОДОБНОМА!

"О" - Одоб ҳусни инсон аст,
"Д" - Дӯсти мададрасон аст.
"О" - Одами хуб дар ҷаҳон
"Б" - Ба ҳама меҳрубон аст.
"Н" - Намон аз даст ин китоб,
"О" - Одоб диҳад беҳисоб.
"М" - Моро кунад тарбият,
"А" - Абад монад қадрият!



📓📓📓📓📓📓📓📓📓📓📓📓📓📓

(Маҷмӯаи шеърҳо барои наврасон).

🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃

Намуна аз эҷодиёти омӯзгори таълими ибтидоии мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё, Акрам Бобоев.
______________________
" Сухан"шеъри Болтабоева Асалой Сархатовна Хонандаи Синфи 10А-и мактаби умумтаълими раками 39- и нохияи Самарканд

Эй дил ,ба хакки дустон макун нодуруст сухан, Бояд ин суханро худ бифахму бигу. Эй дил, аз хар як гунохат битарс , Гунохи душвор нодуруст сухан рондан аст.Эй дил, хар як суханро дониста бигу , Вакт меояд,ки ба ин сухан жавоб медихи.Бар сар рузи гамгин биёяд хам, Доимо рост сухан кун ,рост бигу. Агар ту доимо рост сухан рони, Доим шод хастам бар сухани ту.
Аз Душанбе то Душанбе , Чашмонатон бо шоди, Калбатон бо хурсанди, Хонадонатон бо хотиржами , Хамрох бошад доим! Асалой Сархатовна.
Як рузи хуб,
Як дили хуш ,
Як лаби хандон
Як тани солим
Дуъои имрузи ман Ба Шумо!

Болтабоева Асалой Сархатовна
ДАР ХОНААТ МОН

Эй чашми гирён, дар хонаат мон,
Эй қалби вайрон, дар хонаат мон.

Ин озмоиш бар якдилӣ аст,
Эй синабирён, дар хонаат мон.

Ҳаргиз надорад раҳме куруно,
Эй тифли ҳайрон, дар хонаат мон.

Баҳри ҳабибон, баҳри қарибон,
Баҳри табибон дар хонаат мон.

Мову ту гуфта карданд, ҳайфо,
Ҳатто фидо ҷон, дар хонаат мон.

Дар дасти ман, дар дасти ту, эй дӯст,
Тақдири инсон, дар хонаат мон.

Баъде, ки кардӣ гум кас, надорад
Суде пушаймон, дар хонаат мон.

Мон, то барояд шамси раҳоӣ
Бар Ӯзбекистон, дар хонаат мон.


Дилафрӯз Муқимова
ДУБОРА СОЗАМАТ ВАТАН

Дубора созамат Ватан,
Ба хишти ҷони хештан.
Сутун занам ба сақфи ту,
Ба устухони хештан.
Сатили обу гил маро
Барои сохтори ту.
Ду панҷа хуни дил маро
Барои рангу бори ту.
Барои дар чаҳор сӯ
Навиштани шиъори ту,
Бародарӣ - баробарӣ,
Баробарӣ - бародарӣ.
Агар чу шиша чашми манн,
Ба кор меравад, бимон.
Ба кор меравад агар
Сарам чу санги сохтмон,
Бимон, бимон, бимон.
Дубора созамат Ватан,
Ба хишти ҷони хештан,
Сутун занам ба сақфи ту
Ба устухони хештан
.

Бозор СОБИР
"Бахшиш"
Ба сохил по ниходам гиря кардам,
Ба дарё дил кушодам гиря кардам,
Ман ба он кас нофахмо сухан рондам,гиря кардам,
Он шишаи дилашонро бишикастам ,гиря кардам,
Ман то хаёт хастам намебахшам худро,
То он ки , дили касро биранжондам,
Номи он касро доим вирди забон дорам,
То ман зинда бошам ,он касро эхтиром дорам,
Агар он кас аз тахти дил бахшанд маро,
Аз гулуям намегузашт чакраи об,
Он кас маро бахшанд аз тахти дил,
Ман дар хаёт шод хастам,шод мебошам доимо.

Болтабоева Асалой Сархатовна хонандаи синфи 10А-и мактаби 39-и Нохияи Самарканд