ТУ ДАР КУҶОӢ, ЭЙ МЕҲР?
Оби ҳаётӣ, эй меҳр
Замзамсифотӣ, эй меҳр.
Ҳотамбисотӣ, эй меҳр,
Ту дар куҷои, ей меҳр?
Xуршеди қудси олам,
Қаҳрӣ шуда зи одам.
Эй нусрати Исодам,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Ҳастӣ сароб бе ту,
Ранҷу азоб бе ту.
Имон xароб бе ту,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Зиндонӣ шуд ҳавасҳо,
Дар панҷаи қафасҳо.
Эй шокири нафасҳо,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Чеҳра намекушоӣ,
Дилро намерабоӣ.
Шавқам намефизоӣ,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Юсуфи ҳақ ба чоҳ аст,
Ҳоли падар табоҳ аст.
Ду чашми ў ба роҳ аст
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Зиндаҷудоӣ дар авҷ,
Беэътиноӣ дар авҷ.
Ҳам бевафоӣ дар авҷ,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Зоғу заған суxангўй,
Мушу гурба зану шўй.
Гулxори кина бадбўй,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Аз мо баробарӣ рафт,
Қурби бародарӣ рафт .
Иxлосу боварӣ рафт,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Бе ту ҳаёт беҷўш,
Сидқу сафо фаромўш.
Сарбори таъна бар дўш,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Бар мо, биё, назар кун,
Аз ҳастиат xабар кун.
Ноҷўриро бадар кун,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Муҳаммадҷон Раҷабӣ
14.03.2019 й
Оби ҳаётӣ, эй меҳр
Замзамсифотӣ, эй меҳр.
Ҳотамбисотӣ, эй меҳр,
Ту дар куҷои, ей меҳр?
Xуршеди қудси олам,
Қаҳрӣ шуда зи одам.
Эй нусрати Исодам,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Ҳастӣ сароб бе ту,
Ранҷу азоб бе ту.
Имон xароб бе ту,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Зиндонӣ шуд ҳавасҳо,
Дар панҷаи қафасҳо.
Эй шокири нафасҳо,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Чеҳра намекушоӣ,
Дилро намерабоӣ.
Шавқам намефизоӣ,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Юсуфи ҳақ ба чоҳ аст,
Ҳоли падар табоҳ аст.
Ду чашми ў ба роҳ аст
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Зиндаҷудоӣ дар авҷ,
Беэътиноӣ дар авҷ.
Ҳам бевафоӣ дар авҷ,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Зоғу заған суxангўй,
Мушу гурба зану шўй.
Гулxори кина бадбўй,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Аз мо баробарӣ рафт,
Қурби бародарӣ рафт .
Иxлосу боварӣ рафт,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Бе ту ҳаёт беҷўш,
Сидқу сафо фаромўш.
Сарбори таъна бар дўш,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Бар мо, биё, назар кун,
Аз ҳастиат xабар кун.
Ноҷўриро бадар кун,
Ту дар куҷоӣ, эй меҳр?
Муҳаммадҷон Раҷабӣ
14.03.2019 й
Нияти Рӯзаи Рамазон.
Валисавмин ғадин мин шаҳри Рамазоналлази фаризатан навайту.
Нияти кушодани Рӯзаи Рамазон.
Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва аълайка таваккалту ва аъла ризқиқа афтарту.
Валисавмин ғадин мин шаҳри Рамазоналлази фаризатан навайту.
Нияти кушодани Рӯзаи Рамазон.
Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва аълайка таваккалту ва аъла ризқиқа афтарту.
Ай навбаҳори ошиқон, дорӣ хабар аз ёри мо?!
Ай аз ту обастан чаман в-ай аз ту хандон боғҳо!
Ай бодҳои хушнафас, ушшоқро фарёдрас,
Ай поктар аз ҷону ҷон, охир куҷо будӣ, куҷо?!
Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам, ч-ин бӯйи
Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Мустафо?!
Ай ҷӯйбори ростӣ, аз ҷӯйи ёри мостӣ,
Бар синаҳо Синостӣ, бар ҷонҳойӣ ҷонфазо!
Ай қилу ай қоли ту хуш в-ай ҷумла ашколи ту хуш,
Моҳи ту хуш, соли ту хуш, ай солу маҳ чокар туро!
Ҷалолиддини Румӣ

Мардҳои воқеъи зеботарин духтари дунёро дӯст надоранд... Онхо духтареро дӯст доранд, ки битавонад дунёяшонро ба зеботарин шакл бисозад!!!!
Кош шоҳи шаҳри ишқ мебудаму ба хастадилон кумак мекардам ва касоне ки тарк мекунанд онҳоро ба зиндон мепартофтам.😔❤
Умри одам қиммат асту лек дар бозор нест,
Бесамар будан варо бар одамон душвор нест.
Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар,
Лек, умри рафтаро дар зиндагӣ такрор нест.......
Бесамар будан варо бар одамон душвор нест.
Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар,
Лек, умри рафтаро дар зиндагӣ такрор нест.......
Дунё хеле ачиб аст руи хок, ки хастам хеч касе Ёдам намекунад,
Вале вакте зери хок шудам хама бароям гиря мекунанд.
Вале вакте зери хок шудам хама бароям гиря мекунанд.
Як чи гуям беҳтараш, ки нагуям зеро бо ғами дили худ ғами дили дигаронро дарёдашон овардан намехоҳам ва нагуфтанам беҳтар аст😔
Одамҳо ҳамеша ниёз ба насиҳат надоранд.
Гоҳе танҳо чизе, ки воқеан ба он муҳтоҷанд,
дастест, ки бигирад, гӯшест, ки бишнавад ва қалбест, ки онҳоро дарк кунад
Гоҳе танҳо чизе, ки воқеан ба он муҳтоҷанд,
дастест, ки бигирад, гӯшест, ки бишнавад ва қалбест, ки онҳоро дарк кунад
Вакте касе ба ман суол медихад :
Хуб хасти?
Мегуям, хубам,
Аммо
Мехохам Яке ба чашмонам нигарад ва гуяд, росташро гуй ..💔😔
Хуб хасти?
Мегуям, хубам,
Аммо
Мехохам Яке ба чашмонам нигарад ва гуяд, росташро гуй ..💔😔
Гуфтаҳоро гуфтам, аммо ногуфтаҳо ҳануз ҳам зиёданд. Зиёдиҳо шуниданд ҳарфомо, вале ҳоло ҳам шунавандаҳои бисёре миход дардҳои ногуфтаю нуҳуфта..... Ҳайфо, ки ин ҳарфҳоро боз ҳам ҳамун дардмандо мешунаванду дардҳоро ҳам уно дарк мекунанд....
Шабе аз сузи дил гуфтам каламро.
бийо тадбир дех сузи диламро.
Калам гуфто бирав бечора ошик.
Надорам токати ин гуна гамро.
бийо тадбир дех сузи диламро.
Калам гуфто бирав бечора ошик.
Надорам токати ин гуна гамро.
♡♡♡♡М♡♡♡♡
Гар надорӣ шеваи мардонагӣ ту гап назан,
Шишаи қалби касеро ба рӯй ин санг мазан.
Гар шумори ту худатро байни мардумон мард,
Ту бародар байни мардон лофи номарди мазан.
Гар надорӣ шеваи мардонагӣ ту гап назан,
Шишаи қалби касеро ба рӯй ин санг мазан.
Гар шумори ту худатро байни мардумон мард,
Ту бародар байни мардон лофи номарди мазан.
♡♡♡♡М♡♡♡♡
Мадоме, ки дар роҳи рост меравам ,аҳамият намедиҳам, ки сояи ман барои мардум каҷ бошад.
Мадоме, ки дар роҳи рост меравам ,аҳамият намедиҳам, ки сояи ман барои мардум каҷ бошад.
Forwarded from ЛюБоВь ТоЛьКо К АлЛаХу
Надорам дар канорам дӯсти ҷони,
Ҳама буданд нониву забони.
Бирафтанд зархаридон аз канорам,
Ба худ андеша кардам ногаҳонӣ.
Дилам сард гашт аз ду рӯя дӯстон,
Чӣ лофи дӯсти,лофи ҷавонӣ?
Чӣ менози дар- ин умри ду рӯза?
Баҳори умри мо,дорад хазонӣ!
Ба монанди дили мардонаӣ худ,
Наёфтам ҳамдиле дар зиндагонӣ!
Ҳар-ончӣ бар сарам ояд зи қисмат, Намегӯям,ки бо айби фалонӣ!
Ягона модари ҷонпарваре буд,
Ҳамеша менамуд ӯ меҳрубони.
Ғами дунё ба қалби ӯ нағунҷид,
Намуд тарки чунин дунёи фони.
Зи баъди марги ӯ рӯзе надидам,
Ғами ӯ бар дилам дорад гарони.
Ба сахтии ҳаёт Маҳкампуриро, Худовандо,намои пуштибони.

Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васалам (с.а.в)
Зи Макка сӯи саҳро шуд Муҳаммад
Ба Ясриб роҳпаймо шуд Муҳаммад
Худо дар ғори Савраш кард пинҳон
Сипас чу Моҳ пайдо шуд Муҳаммад
Чу Уқёнус буд аз илму аз ҳилм
Ба ҳар дилташна дарё шуд Муҳаммад
Чу ангуштар ба гирдаш халқ омад
Нигиносо дар он ҷо шуд Муҳаммад
Нағунҷида миёни мушти мушрик
Азизи халқи дунё шуд Муҳаммад
Зи Макка сӯи саҳро шуд Муҳаммад
Ба Ясриб роҳпаймо шуд Муҳаммад
Худо дар ғори Савраш кард пинҳон
Сипас чу Моҳ пайдо шуд Муҳаммад
Чу Уқёнус буд аз илму аз ҳилм
Ба ҳар дилташна дарё шуд Муҳаммад
Чу ангуштар ба гирдаш халқ омад
Нигиносо дар он ҷо шуд Муҳаммад
Нағунҷида миёни мушти мушрик
Азизи халқи дунё шуд Муҳаммад
Рӯзе хоҳад расид,!.
Дигар на садоямро мешунави, на нигоҳамро мебини!.
Ва на вуҷудамро ҳис мекуни!.
Ва бо ашкҳоят хоки санги қабри маро мешуйи!.
Он лаҳзае ҳаст, ки маънии тамоми розҳои ногуфтаи маро мефаҳми.....!!!💔💔💔
Дигар на садоямро мешунави, на нигоҳамро мебини!.
Ва на вуҷудамро ҳис мекуни!.
Ва бо ашкҳоят хоки санги қабри маро мешуйи!.
Он лаҳзае ҳаст, ки маънии тамоми розҳои ногуфтаи маро мефаҳми.....!!!💔💔💔
Шеърҳои точики via @like
♡♡♡♡М♡♡♡♡
Зану шавҳар бояд ба монанди даст ва чашм бошанд...Вақте даст дар мекунад чашм мегиряд.Ҳамгоме ки чашм мегиряд,даст ашкро тоза мекунад.
Зану шавҳар бояд ба монанди даст ва чашм бошанд...Вақте даст дар мекунад чашм мегиряд.Ҳамгоме ки чашм мегиряд,даст ашкро тоза мекунад.