Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо,
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Чандон бувад карашмаву нози сиҳиқадон,
К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.
Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
Гӯ: номи мо зиёд ба амдо чӣ мебарӣ,
Худ ояд он, ки ёд наёрӣ зи номи мо.
Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
3-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.
Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол,
Ҳастанд ғарқи неъмати Ҳоҷӣ Қавоми мо.
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад, ки мурғи васл кунад қасди доми мо.

Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз кони мурувват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай саромад, шаҳриёнро чӣ шуд?
Гӯи тавфиқу каромат дар миён афгандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
Зӯҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисӯхт,
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?
Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?

Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад,
Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар шавад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар шавад.
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд саъй беш намоӣ, батар шавад.
Аввал яке манам, ки дар ин шаҳр ҳар шабе
Фарёди ман зи ишқ бар афлоқ бар шавад.
Гар з-он, ки ман сиришқ фишонам ба Зиндарӯд.
Кишти Ироқ ҷумла ба якбор тар шавад.
Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор
Бар ҳайате, ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса», Гуфт: «не!
Бигзор то, ки моҳ зи ақраб бадар шавад!»
Эй дил, ба ёди лаъли вай ар бода мехӯрӣ,
Магзор, ҳон, ки муддаиёнро хабар шавад.
Ҳофиз сар аз лаҳад ба дар орад ба пойбӯс,
Гар хоки ӯ ба пои шумо пайсипар шавад.

Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯи рахшони шумо!
Обрӯи хубӣ аз чоҳи занаҳдони шумо!
Азми дидори ту дорад ҷони барлабомада,
Бозгардад ё барояд, чист фармони шумо?
Кас ба даври наргисат тарфе набаст аз офият,
Беҳ, ки нафрӯшанд мастурӣ ба мастони шумо.
Бахти хоболуди мо бедор хоҳад шуд магар,
3-он, ки зад бар дида обе рӯи рахшони шумо!
Бо сабо ҳамроҳ бифрист аз рухат гулдастае,
Бӯ, ки бӯе бишнавем аз хоки бӯстони шумо.
Умратон боду мурод, эй соқиёни базми Ҷам,
Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо.
Дил харобӣ мекунад, дилдорро огаҳ кунед,
Зинҳор, эй дӯстон, ҷони ману ҷони шумо!
Кай диҳад даст ин ғараз, ё раб, ки ҳамдастон шаванд
Хотири маҷмӯъи мо, зулфи парешони шумо?
Дур дор аз хоку хун доман, чу бар мо бигзарӣ,
К-андар ин раҳ гашта бисёранд қурбони шумо.
Мекунад Ҳофиз дуое, бишнав, омине бигӯ:
Рузии мо бод лаъли шаккарафшони шумо!
Эй сабо, бо соқинони шаҳри Язд аз мо бигӯ,
К-эй сари ҳақношиносон гӯи чавгони шумо.
Гарчи дурем аз бисоти қурб, ҳиммат дур нест,
Бандаи шоҳи шумоему санохони шумо.
Эй шаҳаншоҳи баландахтар, Худоро, ҳиммате,
То бибӯсам ҳамчу ахтар хоки айвони шумо.

Шаб аз мутриб, ки дил хуш бод вайро,
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро.
Чунон дар ҷони ман сӯзаш асар кард,
Ки бе риққат надидам ҳеҷ шайро.
Ҳарифе буд маро соқӣ, ки дар шаб
Зи зулфу рух намудӣ шамсу файро.
Чу шавқам дид, дар соғар май афзуд,
Бигуфтам соқии фархундапайро:
«Раҳонидӣ маро аз қайди ҳастӣ,
Чу паймудӣ паёпай ҷоми майро».
Ҳамокаллоҳ ан шарр-ин-навоиб?
Ҷазокаллоҳ фи-д-дорайни хайро.
Чу бехуд гашт Ҳофиз, кай шуморад,
Ба як ҷав мулкати Ковусу Кайро.
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро.
Чунон дар ҷони ман сӯзаш асар кард,
Ки бе риққат надидам ҳеҷ шайро.
Ҳарифе буд маро соқӣ, ки дар шаб
Зи зулфу рух намудӣ шамсу файро.
Чу шавқам дид, дар соғар май афзуд,
Бигуфтам соқии фархундапайро:
«Раҳонидӣ маро аз қайди ҳастӣ,
Чу паймудӣ паёпай ҷоми майро».
Ҳамокаллоҳ ан шарр-ин-навоиб?
Ҷазокаллоҳ фи-д-дорайни хайро.
Чу бехуд гашт Ҳофиз, кай шуморад,
Ба як ҷав мулкати Ковусу Кайро.
Зане, ки Худованд суханашро шунид
Зане дар роҳ, дар дасташ асо равон буд. Қомати ӯро пирӣ хам карда буд, аз ин рӯ бо машаққат роҳ мерафт. Пиразан Умар ибни Хаттоб (р) – ро, ки дар миёни қавм буд, бо ишора ба канори роҳ даъват кард. Умар (р) ба пиразан наздик шуда, дастонашро ба зонуҳояш гузошта, қоматашро хам намуд, то ки суханони пиразанро бишнавад. Ва ин ҳолат хеле идома ёфт, зеро овози он пиразани нотавон хеле паст буд ва Умар (р)-ро водор намуд, ки дар чунин ҳолат дуру дароз биистад. Баъди чанде, Умар (р) мушкили пиразанро ҳал намуда, аз назди ӯ бозгашт. Ҳангоме, ки Умар (р) ба сӯи қавм бозгашт, марде аз онҳо ба Умар (р) хитоб намуда, чунин гуфт:
- Эй амирулмӯъминин чаро ту бо як пиразан андармон шуда, мардони Қурайшро мунтазир кардӣ?
Умар (р) гуфт:
- Вой бар ту! Оё медонӣ ин зан кӣ буд?
Мард гуфт:
- На.
Умар (р) гуфт:
-Ин ҳамон занест, ки Худованд шикояташро аз фарози ҳафт осмон шунид. Ин зан Хавла бинти Саълаба буд. Савганд ба Худо, агар ӯ аз ман дур намешуд, то шаб ман мунтазир меистодам, то ин ки ҳоҷаташро адо намоям.[

Пиразани шоира
Дар як гӯшаи шаҳри Мадина кулбаи кӯчаке ҷойгир буд. Нури хирае чароғи кулбаро равшан мекард. Умар (р) ба он кулба наздик шуд. Пиразане бо либосҳои сиёҳ дар хона менишаст. Нури чароғ он қадар тира буд, ки дидани шахс дар хона номумкин буд. Пиразан чунин мисраҳоро замзама менамуд:
Бар Муҳаммад дуруди бепоён,
Саҳархез буду чашмаш буд гирён.
Гӯянд варо дуруд беҳтаринон,
Вале шеърам зи васфаш дар гил афтон.
Ҳамехоҳам, ки андар рӯзи маҳшар,
Ба зери байрақаш бошам санохон.
Ин мисраҳо Умар (р)-ро ба ҳаяҷон оварданд ва рӯзҳои рафта ба ёдаш омад. Ӯ беихтиёр гирён шуд ва ашки сӯзон ба рухсораҳояш равон гардид. Сипас, каме ором шуда, дари кулбаи пиразанро кӯфт. Пиразан гуфт:
- Кистӣ?
Дар ҳоле ки Умар (р)-ро гиря гулӯгир намуда буд, гуфт:
- Ин манам Умар ибни Хаттоб.
Пиразан гуфт:
- Маро ба Умар коре нест. Чӣ шуд, ки дар ин бевақтии шаб Умар омад?.
Умар (р) гуфт:
- Туро боке набошад, Худованд бар ту раҳм кунад. Лутфан дарро боз намо. Пиразан дари кулбаашро кушоду Умар (р) вориди он шуд. Ӯ бо лутф аз пиразан хоҳиш кард:
- Он шеъреро, ки пештар хондӣ, замзама бинамо. Пиразан дубора он шеърро хонд. Ҳангоме ки шеърхониро ба поён расонид, Умар (р) гуфт:
-Мехоҳам, ки маро низ дар шеър зикр кунӣ. Он пиразан гуфт:
- Ё Омурзгор! Умарро биёмурз.
Инро шунида, Умар (р) хушнуд шуд ва бозгашт.

Ишки ман ин турна не , к-ояд факат рузи бахор,
Нест ё чун кучаи сарбас дар шахри кадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рузгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун рохи азим
Дар замине сабз шуд ин ишк , к-андар руи он
Медавидам дар чавони сарбарахна пойлуч.
Рузхоро мефикандам пушти сар осон чунон,
Хар яки он буд гуё халтаи бодоми пуч,
Ишк омад. Гуфт шабхои ту аз сузу гудоз
Аз хисоби руз мегардад дарозу тиратар.
Русхоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чехраи шоми сияхруи сахар.

🌷🌷🌷🌷
Сахар мегуфт булбул богбонро
Дар ин бог чуз нихоли гам наруяд
Ба пири мерасад хори биебон
Вале чун гул чавон гардад бимирад
🌷🌷Хафиза🌷🌷
Сахар мегуфт булбул богбонро
Дар ин бог чуз нихоли гам наруяд
Ба пири мерасад хори биебон
Вале чун гул чавон гардад бимирад
🌷🌷Хафиза🌷🌷
🌷🌷🌷🌷
Ачаб рузе ачаб дуньеи армон
Яке шоду яке ободу вайрон
Яке дорову майли ишкбози
Яке нодору танхо зору хайрон
🌷🌷Хафиза🌷🌷
Ачаб рузе ачаб дуньеи армон
Яке шоду яке ободу вайрон
Яке дорову майли ишкбози
Яке нодору танхо зору хайрон
🌷🌷Хафиза🌷🌷
🌷🌷🌷🌷
Тарки ери кардию ман хамчунон ерам туро
Душмани чонию аз чон дусттар дорам туро
Гар ба сад хори чафо озурда сози хотирам
Хотири нозук ба барги гул наезорам туро
🌷🌷Хафиза🌷🌷
Тарки ери кардию ман хамчунон ерам туро
Душмани чонию аз чон дусттар дорам туро
Гар ба сад хори чафо озурда сози хотирам
Хотири нозук ба барги гул наезорам туро
🌷🌷Хафиза🌷🌷
🌷🌷🌷🌷
Макун шодмони ба марги касе
Ки дахрат пас аз вай намонад басе
🌷🌷Хафиза🌷🌷
Макун шодмони ба марги касе
Ки дахрат пас аз вай намонад басе
🌷🌷Хафиза🌷🌷
Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист,
Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист.
Парӣ нуҳуфта руху дев-дар карашмаи ҳусн,
Бисӯхт дида зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷабист.
Дар ин чаман гули бехор кас начид, оре,
Чароғи Мустафавӣ бо шарори Бӯлаҳабист.
Сабаб мапурс, ки чарх аз чӣ сифлапарвар шуд,
Ки комбахшии ӯро баҳона бесабабист.
Ба ними ҷав нахарам тоқи хонақоҳу работ,
Маро, ки мастаба айвону пои хум танабист.
Ҷамоли духтари раз нури чашми мост магар,
Ки дар ниқоби зуҷоҷиву пардаи инабист.
Ҳазор ақлу адаб доштам ман, эй хоҷа,
Кунун, ки масту харобам, салоҳи беадабист.
Биёр май, ки чу Ҳофиз ҳазорам истизҳор,
Ба гиряи саҳариву ниёзи нимишабист.