Дар Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF), ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бештари коршиносон ба ин назар буданд, ки бахши осебпазири бехатарии сайберӣ корбарон ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ зарур аст ки таваҷҷуҳ на танҳо ба системаҳои таъмини бехатарӣ, балки ба баланд бардоштани малакаҳои истифодаи бехатари дастгоҳҳои ҳушманд аз сӯйи корбарон нигаронида шавад.
#CAIGF
#CIPI
#CAIGF
#CIPI
❤1👍1
ГУЗОРИШИ ТАСВИРӢ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ CAIGF-2026
Шаҳри Душанбе мизбони 10-умин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) буд.
Имсол форум таҳти унвони “Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ” баргузор гардид.
“Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем”, – таъкид намуд Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи форум.
Коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии додаҳо ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аз мавзӯъҳои калидии форум ба ҳисоб рафт. Бар илова иштирокдорони ҳамоиш ба мавзӯъҳои истифодаи ҳуши маснӯӣ дар рушди устувор ва таҳкими амнияти сайберӣ ҳам дахл карданд.
ГУЗОРИШИ ТАВСИРИИ RUSHNOI.ORG АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ CAIGF-2026
Аксҳо аз тасвирбардори касбӣ Нозим Қаландаров
https://rushnoi.org/post/3078

👍2❤1
Новобаста аз муносибати мо имрӯз ҳуши маснӯӣ/ҳушвора/зеҳни сунъӣ дар бештари бахшҳо ворид шудааст ва ҳеч шакке нест ки нуфузи он ҳарчӣ бештар мешавад. Истифодаи дуруст ва муассири он бар суди инсонҳо хоҳад буд...
#CIPI
#CIPI
🔥1
Дар Тоҷикистон беҳтарин ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар соли 2025-ро маълум карда, ба онҳо ҷоиза доданд.
Маросими супоридани ҷоизаҳои бахши мухобиротии Тоҷикистон (Telecom Awards Tajikistan 2025) шоми 7 май дар Душанбе сурат гирифта, ба иттилои масъулин, ғолибон дар 16 бахш бар асоси раъйи муштариён ва ченакҳои техникии ширкатҳои байналмилалии “Ookla” (Speedtest) ва “DMTEL”, ки суръату сифати интернетро месанҷанд, муайян шудаанд.
🔸Ширкати “Tcell” беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и алоқаи мобилӣ ва ширкати “Babilon-T” беҳтарин таҳвилдиҳанда (провайдер)-и интернети ноқилӣ дар соли 2025 дониста шуда, шоҳҷоиза ба даст овардаанд.
🔸Ҳамчунин, ба қавли масъулин, интернети мобилии “Babilon-M” ва интернети ноқилии “Babilon-T” беҳтар эътироф шуда, ин ширкат соҳиби ҷоизаҳои бахши “Сареътарин ширкати алоқаи мобилӣ (вобаста ба суръати интернет)” ва “Сареътарин шабакаи ноқилӣ (вобаста ба суръати интернет)” низ шудааст.
Ғолибони 12 бахши дигар ба таври зайланд:
🔸Ҷоизаи “Пешрафти сол”: “Tcell”;
🔸 Ҷоизаи “Интихоб ва эътирофи муштариён” (байни ширкатҳои алоқаи мобилӣ): “Babilon-M”;
🔸 Ҷоизаи “Интихоб ва эътирофи муштариён” (миёни ироадиҳандагони интернети ноқилӣ): “Babilon-Т”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин хидматрасонӣ ба муштариён”: “Tcell”;
🔸Ҷоизаи “Беҳтарин роҳкори созмонӣ (қарори корпоративӣ)-и сол”: “МегаФон Тоҷикистон”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин ширкат дар самти масъулияти иҷтимоӣ”: “Nets”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин қарори навоварона (инноватсионӣ)-и соҳа дар соли 2025”: “Тоҷиктелеком”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин таносуби нарх ва сифат”: “Babilon-M”;
🔸 Ҷоизаи “Саҳмгузорӣ дар рушди соҳа”: “Тоҷиктелеком”;
🔸Ҷоизаи “Беҳтарини хизматрасонии рақамии сол”: “МегаФон Тоҷикистон”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и зудрушдёбанда”: “Tcell”;
🔸 Ҷоизаи “Беҳтарин лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа”: “Тоҷиктелеком”
Азия+

😁3
#дар_як_сатр
#Рушноӣ
Донишгоҳи давлатии Маскав имсол қабули донишҷӯён ба факултаи ҳуши маснӯиро оғоз мекунад.
Феълан дар ду муассисаи олии таълимии Русия факултаҳои ҳуши маснӯӣ амал мекунад: Донишгоҳи дӯстии халқҳо ва Донишкадаи радиотехника, электроника ва автоматикаи Маскав.
📸 РУДН.МЕДИА

Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст, зеро ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар ин бора Шариф Маҳмадзода, муовини вазири энерҷӣ ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар Ҳамоиши энергетикии Боку зикр кардааст.
📸 kmt.tj

"Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз ҷумла телевизион, радио ва пойгоҳҳои хабарӣ пеш гузаштанд.",- натиҷаи гузориши солонаи Digital News Report-и Донишгоҳи Оксфорди Британия чунин аст.
Тадқиқот бар асоси назарсанҷии тақрибан 100 ҳазор истеъмолкунандаи хабар дар 48 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки 54 дарсади пурсидашудагон дар як ҳафтаи охир хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас кардаанд, дар ҳоле ки 51 дарсад аз расонаҳои анъанавӣ истифода бурдаанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, агарчи шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои охир миёни ҷавонон ҳамчун манбаи хабар маъруф буданд, ҳоло онҳо дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ ва дар аксари кишварҳо ба яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоото табдил ёфтаанд.
jom.tj

👍1