Rushnoi | Рӯшноӣ | (CIPI)
200 subscribers
359 photos
35 videos
95 links
Ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон...
Download Telegram
DeepSeek барқасдона "код"-и бад менависад агар фаҳмад ки шумо аз Тайван ё Тибет ҳастед. Аммо агар шумо худро амрикоӣ муаррифӣ кунед, он "тамоми нерӯ"-яшрои барои анҷом додани дархости шумо сарф мекунад.
🤔2
"Грокипедия" аз Илон Маск

Ширкати xAI донишномаи нави онлайнро фаъол мекунад. Он Grokipedia ном дорад ва ба гуфтаи Илон Маск, бар хилофи "Википедиа" он ҳеч маҳдудият надорад ва ҳама сарчашмаро истифода мекунад.

Ба иддаои ӯ, лоиҳа барои "гирдоварии тамоми донишҳои инсоният" сохта мешавад.
🔥2
"Urban Vibes: Шаҳр макони идеяҳо"

Мубоҳиса дар мавриди шаҳрнишинӣ. Ин мубоҳиса дар доираи ҷашнвораи "Go viral" баргузор мешавад, ки баргузоркунандаи он "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мебошад.

Сухангӯён дар мавзӯи муҳити зист, рушди сайёҳӣ ва тиҷорати онлайн, мушкили тамбашавии роҳҳо, чангу ғубор ва талошҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар пойтахт гуфтанд.
👍2
Илон Маск дар ҷаласаи саҳҳомони Teslа бо роботи "Optimus" рақсид

"Ин роботҳо мерақсанд. Бидуни ҳеч симу ноқиле. Инҳо роботҳои воқеиянд", — изҳор доштааст Маск ҳангоми рақсидан.

Хотиррасон мекунем, ки пештар саҳҳомони ширкат ризоият доданд, ки ба Маск $1 триллион пардохт шавад.
👍1
Дар Тоҷикистон акнун соҳибкорон ҳангоми зикр накардани номи шахси ҳуқуқӣ ва ё ному насаби соҳибкор, сана ва вақти додани расид, номгӯи мол, воҳиди ченак, миқдор, нарх ва маблағи ҳар як намуди мол, кор ва ё хидматрасонӣ дар расид (чек) то 7 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Бо ин мазмун вакилони парлумон рӯзи 3-юми декабр ба моддаи 614-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, онро дар таҳрири нав пешниҳод карданд.

Қаблан, ин модда танҳо барои таъмин накардани мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ (дастгоҳе, ки баъди харид расид медиҳад) бо расид то 7,5 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекард.

Манбаъ: Азия+
👍1
Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд

Дар муқоиса бо меъёри пешина, барои стандартҳои 2G ва 3G пардохт тақрибан 400 маротиба, 4G ва 5G - зиёда аз 560 баробар афзуд.

“Агар пештар барои 100 басомади шартии радио ширкати мобилӣ тақрибан 3 500 сомонӣ дар як сол пардохт мекард, акнун мувофиқи қоидаҳои нав, зимни ҳисобу китоб дар шаҳри Душанбе ин маблағ барои 2G–3G метавонад то 1,4 млн сомонӣ ва барои 4G–5G - қариб то 2 млн сомонӣ зиёд шавад”, - мегӯяд намояндаи яке аз ширкатҳо.

Манбаъ: Азия+
акс аз интернет
Истифодаи ҳуши маснӯӣ бидуни интернет ва интерфейси овозӣ, муқоисаи моделҳои GPT, Gemini, Claude ва ворид намудани зеҳни сунъӣ дар низоми маориф. Мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар подкасти навбатии саҳфаи юутубии "Alifbo Comms" баррасӣ шуданд. Муаллифи ин подкаст Рустам Гулов аст

https://www.youtube.com/watch?v=z_EOEnd96Yw
1
29 январи соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд мизи гирд дар мавзӯи «Нақши иттилоот дар муколамаи оммавӣ: таҷриба ва дурнамо» баргузор шуд.
Ин чорабиниро Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор» баргузор кард ва дар он рӯзноманигорон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон даъват шуданд. Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот, таҷрибаи ҳамкории ВАО бо ниҳодҳои давлатӣ ва натиҷаҳои мониторинг баррасӣ шуданд.

https://rushnoi.org/post/3066
2
⚡️Дар Тоҷикистон “Донишкадаи фанновариҳо (технологияҳо)-и рақамӣ ва ҳуши маснуӣ (зеҳни сунъӣ)”, “Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия” ва "Академияи сайёҳӣ” бунёд мешавад.

Қарори ҳукумат дар бораи бунёиди ин муассисаҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 10-уми март имзо гузошт ва онҳо дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбанд.

Ҳадафи таъсиси ин муассисаҳо омода кардани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои сайёҳӣ, ҳуши маснуӣ, иқтисод ва дигар самтҳои ин соҳаҳо гуфта мешавад.

Азия+
👍1
Дар Самарқанд марде барои ворид намудани Starlink боздошт шуд

Кормандони шӯъбаи гумрукии "Ҷартеппа" ҳангоми санҷиши як мошин таҷҳизоти Starlink-ро ошкор кардаанд. Арзиши ин таҷҳизот тақрибан 6 миллион сум буда, онро дар эъломияи гумрукии мусофирон нишон надодаанд.

Ба иттилои Хадамоти мутобиқсозии электромагнитии Самарқанд, ворид ва истифодаи ин таҷҳизоти моҳвораӣ бидуни иҷозати махсус манъ аст.

Манбаъ: Your.tj
👍1
28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет-2026 (CA IGF) таҳти унвони “Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ ба пайвастагӣ ва ҳамгироии рақамӣ” ба кори худ оғоз мебахшад.

Он ба масъалаи асосии минтақа, яъне дурӣ ва ҷудоии ҷуғрофӣ, таваҷҷуҳ мекунад ва мехоҳад онро ба имконият табдил диҳад. Ҳадаф ин аст, ки кишварҳои минтақа тавассути технологияҳо бештар бо ҳам пайваст шуда, фазои ягонаи рақамиро ташкил диҳанд.

Дар форум, ки бо иштироки намояндаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон баргузор хоҳад шуд, роҳҳои беҳтар кардани дастрасӣ ба интернет, амният ва рушди рақамӣ баррасӣ мешаванд.

Имсол Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет ба се бахши асосӣ бахшида мешавад:
РУШДИ РАҚАМӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲО
КОҲИШИ ТАФОВУТИ РАҚАМӢ
АМНИЯТИ САЙБЕРӢ


МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР МАВРИДИ ФОРУМ ИНҶОСТ: https://rushnoi.org/post/3072
1
Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирият ё идоракунии интернет ба унвони як платформаи асосии минтақавӣ барои баррасии масъалаҳои мураккаби замони рақамӣ хидмат мекунад. Мавзӯи имсолаи форум — Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ – бевосита ба мушкилоти калидии мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ дахл дошта, ҳамзамон онро ҳамчун имконият барои ҳамгироии роҳбурдии рақамӣ муаррифӣ мекунад.

https://rushnoi.org/post/3075
👍1
Дар доираи «Ташаббус вобаста ба арзёбии устувории рақамӣ» арзёбии сатҳи амнияти рақамии 10 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд 📊

Арзёбӣ имкон дод, ки сатҳи ҷории ҳифзи маълумот муайян карда шавад, хатарҳо ва осебпазирии асосӣ ошкор гарданд ва барои беҳтар намудани амнияти рақамӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба таҳдидҳои киберӣ тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шаванд 🔐

Дар асоси натиҷаҳо, ба ташкилотҳои иштирокчӣ тавсияҳои инфиродӣ пешниҳод гардиданд, ки ба беҳтар намудани ҳифзи маълумот, равандҳои корӣ ва абзорҳои рақамӣ равона шудаанд.
Ҳамчунин, тибқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда, ташкилоти мо барои кормандони ташкилотҳои иштирокчӣ як сессияи омӯзишии ройгон баргузор менамояд.🎓

Ин сессия ба баланд бардоштани саводи рақамӣ ва малакаҳои амалӣ дар соҳаи амнияти рақамӣ равона мегардад.

Мо ба ҳамаи ташкилотҳо барои иштирок ва омодагии онҳо ҷиҳати таҳкими устувории рақамӣ изҳори сипос менамоем 🤝

Ташаббус идома хоҳад ёфт — саҳифаи моро пайгирӣ кунед.📢

МАНБАЪ: ТҶ "Рушди устувории рақамӣ" (https://t.me/po_drd)
1🤝1
Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз бахшид.

Мавзӯи имсолаи форум — Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ – бевосита ба мушкилоти калидии мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ дахл дошта, ҳамзамон онро ҳамчун имконият барои ҳамгироии роҳбурдии рақамӣ муаррифӣ мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" яке аз шарикони форум аст.

#CAIGF
#CIPI
👍3
"Мо талош мекунем тамоми фановариҳои муосирро дар кишвар мавриди истифода қарор бидиҳем".


Намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет, 28 апрели 2026, Душанбе

#CAIGF-2026
#CIPI
👍2🔥1