Dushanbe city
44 subscribers
55 photos
2 videos
36 links
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Download Telegram
ТАҶЛИЛИ БОТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

ш.Душанбе. 24.11.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, донишҷӯёни макотиби олӣ, сокинони сарбаланди пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик, ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари….
www.dushanbe.tj
3👍3
Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия

4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.
👍61
Идомаи сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Шоми 4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз маркази фарҳангию маърифатии «Заряде»-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.

Маҷмааи нодири табииву фароғатии «Заряде» дар маркази таърихии шаҳри Москва, дар шафати Қасри Кремл дар майдони 13 гектар аз рӯи консепсияи манзаравию меъмории гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ бунёд ёфта, он соли 2017 дар ҳошияи таҷлили 870–солагии Москва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар ин мавзеи хушманзара шумораи зиёди майдончаҳои сабзпӯш, ки чор минтақаи махсуси табиии Федератсияи Россияро муаррифӣ мекунанд, ҷойгир карда шудааст. Бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳону меҳмонон, дар болои дарёи Москва иншоти «пули муаллақ» — майдони тамошо сохта
👍4
Нимаи аввали 5 декабр дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок карданд.
👍3
5 декабр дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.
👍4
Нимаи дуюми 5 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии аъзои АП СААД масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти Созмон ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
👍4
ш.Душанбе. 16.12.2022. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Тибқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласа иборат аз 43 масъала тасдиқ гардида, мавриди баррасии аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Нахуст, дар доираи масъалаҳои ташкилӣ лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси интихоби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баррасӣ гардиданд.
https://www.facebook.com/100063837976464/posts/pfbid02G5Hwsmv5JpQAacMSXj7ZEbxmNGXtJVtV3NZx6QCWvLuPFyV6z5U9C3wiojHMbp8Cl/?d=n&mibextid=qC1gEa
👍2
ш.Душанбе. 16.12.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 40 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шурӯъ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 26 августи соли 2022 ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда доир гардид.

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0fd5LhZXivoAH3mAxNj6Ky2RxCgsgqcNf9dGRZA3Wwz4U63zX84Q33VQcDNqDrepPl&id=100063837976464&mibextid=qC1gEa
👍2
20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.
👍1
ш.Душанбе .20.12.2022. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи дар ноҳияи Сино будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
👍1
ш.Душанбе . 20.12.2022. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба истифода доданд.
👍2
ш.Душанбе. 22.12.2022. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
www.dushanbe.tj
https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid08sTdehxRMQBHuDcw6wDWgf8D2HZm3ykAzcdnbcnPZrjSVMbBki4Jw1jUHxwduBYrl&id=100063837976464&mibextid=qC1gEa
👍41
ш.Душанбе. 29.12.2022. Имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони "Шаҳри муъҷизаҳо" доир гардид.
Намоишномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавии “Шаҳри муъҷизаҳо” бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2023 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдаки, ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок доштанд.
www.dushanbe.tj

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0333tjwhPXcoTsQKrcxbz6VWPAAnHV75jG1cuGtcYoRnLsf9yRagjRymtn1AjQmATcl&id=100063837976464&mibextid=qC1gEa
3
ш.Душанбе. 26.01.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ Хусейн Ал Мусаллам мулоқот анҷом доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.
Президенти Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ Хусейн Ал Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан варзиши обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ ибрози назар намуда, зикр карданд, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Қайд гардид, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.
👍5
ш.Душанбе. 26.01.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ Хусейн Ал Мусаллам мулоқот анҷом доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.
Президенти Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ Хусейн Ал Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан варзиши обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ ибрози назар намуда, зикр карданд, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ ба таври муфассал баррасӣ гардид….
https://www.facebook.com/100063837976464/posts/pfbid02bt6b6LWpATY4YEd44DwLbmjny62nEVGWdLWU8rpVh6RnjXt3JStdxqhdjaCuRCB1l/?mibextid=cr9u03
👍51
ш.Душанбе. 17.02.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2022 нишасти матбуотӣ доир гардид.
https://www.facebook.com/100063837976464/posts/pfbid0214VCWDkZAtGoSobyW4dX7fwp5kExHFD54HEiKjVkvehZgWFaxPgQXpLVMyTWZU6Xl/?mibextid=cr9u03
ш.Душанбе. 24.02.2023. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои нодири сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ, оғози корҳои мавсими баҳорӣ, вусъати тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02meaxEWddX8fYLgCJLb7Ta7k2LUFxTmYcW2CMSpKCsBkn3VDn9TxprZqsiNtXAmVNl&id=100063837976464&mibextid=qC1gEa
👍32
ш.Душанбе.02.03.2023. Имрӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин дар шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Русия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ барои фанҳои алоҳидаи ба номи Юрий Гагарин» дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02dc3XpA26HXjTHgSWyqv13WT7Cd5AMKmby1UhQU3i4cuGpiXwjZxRV8re2K7Cav5Vl&id=100063837976464&mibextid=qC1gEa
👍6
ш.Душанбе.03.03.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо иштироки ҳайатҳо мулоқот анҷом доданд.

https://www.facebook.com/100063837976464/posts/pfbid036gA9q9V1HxDDYLifnhAMMmswYCrWZDz6agpCNANPhrkKrrrJ3UfSMgJ51ShgAcxFl/?d=n&mibextid=qC1gEa
👍5
15 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

https://www.facebook.com/100063837976464/posts/pfbid02CMe3D16zwrCx6scfHJ2DzghZcc6j2BNQR3Yo5DPoToFAohiRNYmW8sS5XxhQiskl/?mibextid=afzh1R
👍4