Dushanbe city
44 subscribers
55 photos
2 videos
36 links
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Download Telegram
Ифтитоҳи Тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
17.10.2022 13:08, шаҳри Душанбе
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe)-ро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, иншооти нави хизматрасонӣ, ки дар маҳалли хушбоду ҳавои соҳили “Кули ҷавонон” қомат афрохтааст, ба хотири ба мизоҷон расондани хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ ва пешниҳод кардани таъомҳои наву гуногуни болаззат бо бренди ширкати машҳури бразилиягӣ, сохта шудааст.
Соҳибкорони ватандӯст дар баробари бунёди иншооти муосири маишию хизматрасонӣ ба масъалаи таъсис ва таъмини ҷойҳои нави корӣ барои…
Муфассал: https://www.facebook.com/100063837976464/posts/pfbid02KPaVd6UEqek3Lk7mf37mWReznZYpwgadpWu93LAQRosqCyNtEvLhxHiF9igEiU2Fl/?d=n
www.dushanbe.tj
👍1
ЭЪЛОН:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» дар минтақаҳои зерин:
 -ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65 маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад, Фирдавсӣ ва Н. Қарабоев (аз 34 то 86/3);
 -ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф, А. Қаҳҳорӣ, П. Сулаймоӣ, Тургенев, Р. Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севостопол, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00 рӯзи 25 октябр то соати 24-00 рӯзи 26 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед. 
ИТТИЛОИЯ

Тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, бо назардошти расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 37 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ ҳамчун кумаки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расонида шуданд.
👍2
ЭЪЛОН:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» дар минтақаҳои зерин:
-ноҳияи Исмоили Симонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шоҳтемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрон;
-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе”, КВД “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарон, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 рӯзи 28 октябр то соати 06:00-и 29 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед.
Оғози фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе

ш.Душанбе. 02.11.2022. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, сеюмин “Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт” таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!”, ки аз 28 октябр то 14 ноябри соли 2022 соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, оғоз гардид. Оғози фестивали мазкур дар МД Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид.
Фестивал миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда шудааст….
https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02dZ2bjCiWNBwiSCGzUBBrcWNgHfkTkW6Ap36gjkHno8erUGX6gijdgVFcEjrEXN8vl&id=100063837976464
👍32
ш.Душанбе. 04.11.2022. Имрӯз ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Коститутсия ҳомии арзишҳои инсон ва сарчашмаи бахтиёрӣ» ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Ҷамъомадро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, табрикоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид…..
www.dushanbe.tj

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02ydyQyXkexkBfYonEe2YzgqAiZUo7SG1vKE97zDWnzfDBFeLJPvKBPyB942FV66mrl&id=100063837976464
👍2
ш.Душанбе. 07.11.2022. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов - узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”, барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» ҷиҳати тақдими хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев - дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ ба тасвиб расид.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои 04 то 06 ноябри соли ҷорӣ….

www.dushanbe.tj

https://www.facebook.com/100063837976464/posts/pfbid032omvYKtevgSLL4JTtumBCXoLpfg1TPPc68ETg8WsyHoKiLZF87mnwAhDREun7gGxl/?mibextid=li3ck7
👏5👍2🥰1
Ифтитоҳи бинои қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

9 ноябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд…

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02J2Jcm1it2pW4XFfVykQ65heU1BaoMuH2DLc8WBNoRmkxLE84AX1MumskuAD5Vzydl&id=100063837976464
👍4
11.11.2022. ш.Душанбе. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”, ғолиби мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев - дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе, ҷоизадори медали нуқраи мусобиқаи мазкурро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси шаҳри Душанбе варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло ва нуқра дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» ва парафшон кардани парчами Тоҷикистон таҳният гуфтанд.

www.dushanbe.tj

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0a2hfkpYT3u8e9RyvSaTtdo47QQCiF7j6HTRtasi26dfaHWWz94hKQds9jWJKnHyZl&id=100063837976464
👍6🏆1
ш.Душанбе. 12.11.2022. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси ба Шавкат Раҳимов, дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс), тақдим намудани хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт ба тасвиб расид.
Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов санаи 5 ноябр дар шаҳри Абу Дабӣ пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, дар раунди нуҳум муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро ба накаут фиристода бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик қаҳрамони IBF гардида, унвони қаҳрамониро соҳиб гашт.
Қайд бояд кард, ки IFB яке аз бузургтарин созмонҳои бокси касбӣ дар ҷаҳон дониста шуда, соли 1983 дар Амрико таъсис ёфтааст. Муштзанҳои машҳури дунё аз қабили Ҷорҷ Форман, Эвандер Холифирд, Майк Тайсон, Владимир Кличко ва….
www.dushanbe.tj

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02P3TgVW3YGAzA2sF2aF7DiDLqsvCGwWpMgnBvP8QvBwzKanMDXUguFcF9b3TJJrx8l&id=100063837976464
👍7
14.11.2022. ш.Душанбе. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, муштзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс), дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, Шавкат Раҳимовро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси шаҳри Душанбе ин варзишгарро барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF таҳният гуфта, ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба ӯ калиди хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов санаи 5 ноябр дар шаҳри Абу Дабӣ-пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб намуда, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик, унвони қаҳрамонии IBF…
www.dushanbe.tj

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0BtPjiPREnT4h8w5cdvfRZww7vKEhdTQXfnvzrHoJmF3XurWufCwPehsWh3QC9w1Nl&id=100063837976464
👍4
Дар шаҳри Душанбе нақшаи даъват санаи 10-ноябри соли равон 100% пеш аз муҳлат иҷро гардид.

Хизмат ба Ватан-Модар ва ба ин васила ҳимояи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандиву фарзандии ҳар як ҷавонписари шуҷоу далер ба ҳисоб. Бо ин мақсад ҳамасола дар кишвар зимни маъракаи даъват ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд. Ин тадбир дар шаҳри Душанбе зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта, нақшаи даъват пеш аз муҳлат иҷро шуд.
Ҳамасола дар кишвар аз санаи 1-октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Имсол низ дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-сентябри соли 2022 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, дар шаҳри Душанбе ҷавонони синни даъватӣ бо эҳсоси ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд.
👏2
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ЗИҲӢ, ЭЙ ФАРЗОНАФАРЗАНДИ МИЛЛАТ!!!
5👍2🔥1
Дар доираи иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар кишвар пайваста дастгирӣ меёбанд.
Ва инак дар доираи баргузории 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, маросими хонадории 3 нафар аз оилаҳои ниёзманд баргузор карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ташаббусҳои иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чунин тадбирҳо ҳамасола мавриди амал қарор дода шуда, роҳандозӣ намудани ин иқдом дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа ва зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба онҳо мебошад.
👍3
ш.Душанбе. 15.11.2022. Имрӯз дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибон ва ҷоизадорони Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардида, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии Фестивал аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадршиносӣ карда шуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода баромад намуда, ҳамаи иштирокчиён ва ғолибонро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрик намуданд.
Қайд бояд кард, ки бо таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллию таърихии “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии….
www.dushanbe.tj

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0MHniJyqvjr3LsGxNCcqBbTpefDRgB4qKLhuPSNPzeyuTR522Fh7JKRoZtchGGqRTl&id=100063837976464
👍2
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АРҶМАНД!!!
👏42
ТАҶЛИЛИ БОТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

ш.Душанбе. 24.11.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, донишҷӯёни макотиби олӣ, сокинони сарбаланди пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик, ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари….
www.dushanbe.tj
3👍3
Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия

4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.
👍61
Идомаи сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Шоми 4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз маркази фарҳангию маърифатии «Заряде»-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.

Маҷмааи нодири табииву фароғатии «Заряде» дар маркази таърихии шаҳри Москва, дар шафати Қасри Кремл дар майдони 13 гектар аз рӯи консепсияи манзаравию меъмории гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ бунёд ёфта, он соли 2017 дар ҳошияи таҷлили 870–солагии Москва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар ин мавзеи хушманзара шумораи зиёди майдончаҳои сабзпӯш, ки чор минтақаи махсуси табиии Федератсияи Россияро муаррифӣ мекунанд, ҷойгир карда шудааст. Бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳону меҳмонон, дар болои дарёи Москва иншоти «пули муаллақ» — майдони тамошо сохта
👍4
Нимаи аввали 5 декабр дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок карданд.
👍3
5 декабр дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.
👍4